МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 48
Ба пеш — сӯйи оянда назар дӯзед
«Бигзор чашмони ту рост бингарад, ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад» (МАС. 4:25).
СУРУДИ 143 Нур дар дунёи торик
ПЕШГУФТОР *
1, 2. Чӣ тавр мо мувофиқи Масалҳо 4:25 амал карда метавонем? Мисол оред.
ҲОЛАТҲОИ зеринро тасаввур кунед: хоҳари пиронсоле вақтҳои хуби ҳаёташро ба хотир меорад. Ҳарчанд ҳаёти ҳозирааш душвортар аст, ӯ то ҳол дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад (1 Қӯр. 15:58). Ӯ ҳар рӯз тасаввур мекунад, ки чӣ хел ӯ ва наздиконаш якҷоя дар дунёи нав зиндагӣ доранд. Хоҳари дигар дар ёд дорад, ки чӣ тавр як ҳамимон ӯро ранҷонда буд, вале ӯ қарор медиҳад, ки хафагиро дар дилаш гирифта намегардад (Қӯл. 3:13). Бародаре хатоҳои гузаштаашро нағз дар ёд дорад, вале ҳозир диққаташро барои минбаъд ба Яҳува содиқ мондан равона мекунад (Заб. 50:12).
2 Байни ин се нафар чӣ чизи умумие аст? Ҳамаи онҳо дар хотир доранд, ки дар гузашта чӣ рӯй дода буд, вале онҳо бо ёди гузашта зиндагӣ намекунанд. Баръакс, онҳо на ба қафо, балки ба пеш — сӯйи оянда назар мекунанд. (Масалҳо 4:25-ро хонед.)
3. Чаро ба пеш нигоҳ кардан муҳим аст?
3 Чаро ба пеш, яъне ба оянда нигоҳ кардан муҳим аст? Агар шахс пайваста ба ақиб нигоҳ кунад, ӯ ба пеш роҳ рафта наметавонад. Ба ин монанд, агар мо дар бораи ҳаёти гузаштаамон фикр кардан гирем, дар хизмати Яҳува пешравӣ карда наметавонем (Луқ. 9:62).
4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Се чиз метавонад моро водор созад, ки бо ёди гузашта зиндагӣ кунем *. 1) Бо ҳасрат ба ёд овардани рӯзҳои гузашта, 2) хафагӣ ва 3) ҳисси гунаҳкорӣ. Дар ин мақола мо ҳар яки ин домҳоро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки диққатамонро на ба «чизҳои дар ақибмонда», балки ба чизҳое, ки «дар пешанд» равона кунем (Флп. 3:13).
БО ҲАСРАТ БА ЁД ОВАРДАНИ ГУЗАШТА
5. Воиз 7:10 моро аз кадом хатар огоҳ мекунад?
5 Воиз 7:10-ро хонед. Ин оят намегӯяд, ки ба хотир овардани рӯзҳои гузашта хатост, чунки хотираҳои хуб низ тӯҳфаи Яҳува мебошанд. Аниқтараш, дар ин оят чунин навишта шудааст: «Нагӯй: “Чаро айёми қадим аз ҳозира беҳтар буд?”» Яъне, мо бояд эҳтиёт бошем, ки вазъиятҳои пешинаамонро бо ҳозира муқоиса накунем ва фикр накунем, ки ҳозир ҳама чиз бад аст. Дар як тарҷумаи дигари Китоби Муқаддас ин оят чунин омадааст: «Ҳеҷ гоҳ оҳ кашида нагӯй, ки “чаро дар айёми пеш ҳама чиз беҳтар буд?” Чунин гуфтан аз рӯйи хирад нест».
6. Чаро доимо бо ҳасрат ёд кардани ҳаёти пешина бехирадона аст? Мисол оред.
6 Чаро доимо бо ҳасрат ёд кардани ҳаёти пешина бехирадона аст? Чунки вақте мо рӯзҳои гузаштаи ҳаётамонро ёд мекунем, одатан фақат чизҳои хуб пеши назарамон меоянд ва душвориҳоеро, ки он вақт доштем, фаромӯш мекунем. Инро дар мисоли исроилиёни қадим дидан мумкин аст. Баъди аз Миср баромадан онҳо ба зудӣ фаромӯш карданд, ки то чӣ андоза ҳаёташон дар он ҷо мушкил буд. Онҳо фақат хӯрокҳои хуби Мисрро пеши назар меоварданд. Онҳо гуфтанд: «Моҳиеро, ки дар Миср муфт мехӯрдем, ёд мекунем! Чӣ қадар бодиринг, тарбуз, пиёзи кабуд, пиёз ва сирпиёзро ёд мекунем» (Ад. 11:5, ТДН). Вале оё дар ҳақиқат он хӯрокҳоро онҳо «муфт» мехӯрданд? Не, исроилиён дар Миср сахт азоб мекашиданд; онҳо ғулом буданд (Хур. 1:13, 14; 3:6–9). Аммо чанде нагузашта онҳо душвориҳои худро фаромӯш карданд ва зиндагии пешинаашонро ёд мекарданд. Навакак онҳо шоҳиди он шуданд, ки Яҳува барояшон чӣ корҳои нек кард, аммо ба ҷойи диққаташонро ба ин чизҳо равона кардан онҳо пайваста дар бораи Миср фикр мекарданд. Яҳува аз чунин рӯҳияи онҳо норозӣ буд (Ад. 11:10).
7. Чӣ ба як хоҳар кӯмак кард, ки ба доми ҳасрату надомат наафтад?
7 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба ҳасрату надомат дода нашавем? Биёед мисоли як хоҳарро дида бароем. Ӯ соли 1945 дар Байт-Или Бруклин хизматро сар кард. Чанд сол пас, ӯ бо бародаре аз Байт-Ил оиладор шуд ва онҳо солҳои зиёд дар он ҷо якҷоя хизмат карданд. Аммо соли 1976 шавҳари ӯ бемор шуд. Вақте ӯ наздик будани маргашро ҳис кард, ба занаш чанд маслиҳати хуб дод, ки барои тоб овардан ба дарди танҳоӣ кӯмак мекард. Бародар ба ӯ гуфт: «Мо дар издивоҷ хушбахт будем. Ин чиз на ба ҳама муяссар мегардад». Вале ӯ ба занаш боз чунин гуфт: «Ҳарчанд хотираҳои гузашта бо ту мемонанд, бо ёди гузашта зиндагӣ накун. Бо мурури вақт дарди ту кам мешавад. Аз чизи рӯйдода аз ҳад зиқ нашав ва ҳасрат нахӯр. Хурсандӣ кун, ки мо ҳамроҳ чунин рӯзҳои хубро дидем... Хотираҳо тӯҳфа аз Худоянд». Ин маслиҳатҳо дар ҳақиқат хуб буданд.
8. Хоҳари мо аз маслиҳати шавҳараш чӣ манфиат гирифт?
8 Хоҳари мо аз рӯйи васияти шавҳараш амал кард. Ӯ то дами маргаш — то синни 92-солагӣ ба Яҳува содиқона хизмат кард. Чанд сол пеш аз вафоташ ӯ чунин гуфт: «Ба ақиб — ба 63 соли хизмати пурравақтам нигариста метавонам бо дилпурӣ гӯям, ки дар ҳақиқат ҳаёти хушбахтона ба сар бурдам». Чаро? Ӯ мефаҳмонад: «Ҳаёти моро бародарияти умумиҷаҳонии нотакрорамон, умеди дар биҳишти рӯйи замин бо бародару хоҳарон якҷоя зистан ва то абад ба Офаридгори бузург, Худои ягонаи ҳақиқӣ — Яҳува хизмат кардан дар ҳақиқат хушбахт мегардонад» *. Чӣ намунаи олиҷаноб аст ин хоҳар дар он ки диққати худро ба пеш, сӯйи оянда равона кунем!
ДАР ДИЛ ГИРИФТА ГАШТАНИ ХАФАГӢ
9. Мувофиқи Ибодат 19:18 хусусан кадом вақт ба мо бахшидани шахс душвор аст?
9 Ибодат 19:18-ро хонед. Агар касе бо мо нодуруст муносибат кунад, одатан бахшидани ӯ бароямон душвор аст, хусусан агар ӯ ҳамимон, дӯсти наздик ё хешамон бошад. Масалан, хоҳареро дар ҷамъомад як хоҳар ноҳақ айбдор кард, ки пули ӯро дуздидааст. Баъдтар, хоҳари даъвогар хатогиашро фаҳмида аз ӯ бахшиш пурсид, вале хоҳаре, ки ноҳақ айбдор шуда буд, ин ҳодисаро фаромӯш карда наметавонист. Оё бо шумо боре чунин шуда буд? Ҳатто агар бо мо айнан чунин нашуда бошад ҳам, аксарияти мо аз касе хафа шудаем ва эҳтимол боварӣ доштем, ки он шахсро ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонем.
10. Ҳангоми хафагӣ чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
10 Вақте мо хафа ҳастем, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад? Пеш аз ҳама, фаромӯш накунед, ки Яҳува ҳама чизро дида истодааст. Ӯ аз ҳама воқеаҳои ҳаёти мо, хабар дорад ва вақте одамон бо мо беадолатона муносибат мекунанд, Ӯ инро низ мебинад (Ибр. 4:13). Вақте мо азоб мекашем, дили Яҳува ба мо месӯзад (Иш. 63:9). Ӯ ваъда медиҳад, ки дар вақти муносиб ҳамаи зарареро, ки мо аз муносибати беадолатона дидем, бартараф хоҳад кард (Ваҳй 21:3, 4).
11. Дигаронро бахшидан ба худи мо чӣ манфиат меорад?
11 Ҳамчунин вақте мо дигаронро мебахшем, худро беҳтар ҳис мекунем. Он хоҳаре, ки ноҳақ айбдор шуда буд, инро дарк кард. Бо гузашти вақт ӯ хоҳареро, ки вайро дар дуздӣ айбдор кард, бахшида тавонист. Зеро вай дарк намуд, ки вақте мо аз гуноҳи дигарон мегузарем, Яҳува низ моро мебахшад (Мат. 6:14). Ӯ медонист, ки кори кардаи он хоҳар нодуруст буд, вале ӯ қарор дод, ки хафагиро ба дил гирифта намегардад. Дар натиҷа ӯ худро хушбахттар ҳис кард ва тавонист диққаташро ба хизмати Яҳува равона кунад.
ДОИМО ХУДРО ГУНАҲКОР ҲИС КАРДАН
12. Мо аз 1 Юҳанно 3:19, 20 чӣ меомӯзем?
12 1 Юҳанно 3:19, 20-ро хонед. Ҳисси гунаҳкорӣ ба ҳамаи мо шинос аст. Баъзеҳо барои гуноҳҳое, ки то фаҳмидани ҳақиқат содир карда буданд, худро то ҳол гунаҳкор ҳис мекунанд. Баъзеи дигар бошад, аз боиси хатоҳое, ки баъди таъмид роҳ доданд, зиқ мешаванд (Рум. 3:23). Албатта, мо дуруст рафтор кардан мехоҳем, вале «ҳамаи мо бисёр хато мекунем» (Яъқ. 3:2; Рум. 7:21–23). Ҳарчанд ҳисси гунаҳкорӣ ба мо хурсандӣ намебахшад, ин аз як ҷиҳат таъсири хуб дорад. Чӣ хел? Он метавонад моро ба ислоҳ шудан ва дигар такрор накардани хатоҳоямон водор созад (Ибр. 12:12, 13).
13. Чаро доимо худро гунаҳкор ҳис кардан хатарнок аст?
13 Лекин баъзеҳо худро аз ҳад зиёд гунаҳкор ҳис мекунанд, яъне ҳатто баъди он ки тавба карданду Яҳува ба онҳо нишон дод, ки гуноҳашонро бахшидааст, то ҳол худро бахшида наметавонанд. Ин гуна ҳисси гунаҳкорӣ зараровар аст (Заб. 30:11; 37:4, 5). Чаро? Мисоли хоҳареро мебинем, ки барои гуноҳҳои пешинааш доимо худро хӯрда мегашт. Ӯ гуфт: «Ман фикр мекардам, ки дар хизмати Яҳува кӯшишу ғайрат намуданам бефоида аст, чунки гумон мекардам лоиқи наҷот нестам». Шояд чунин ҳиссиёт ба бисёре аз мо шинос аст. Лекин мо бояд эҳтиёт шавем, ки ба ин дом наафтем. Чаро? Зеро агар Яҳува моро бахшида бошаду мо то ҳол худро гунаҳкор ҳис карда дар хизмати Ӯ суст шавем, Шайтон аз ин беҳад хурсанд мешавад. (Бо 2 Қӯринтиён 2:5–7, 11 муқоиса кунед.)
14. Дар кадом вақт мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба бахшидани мо тайёр аст?
*.
14 Шояд касе гӯяд: «Чӣ тавр ман боварӣ ҳосил кунам, ки Яҳува маро бахшидааст?» Агар шумо оиди ин чиз ташвиш хӯред, пас маълум, ки аз гуноҳатон бепарво нестед, аз ин рӯ ба омурзиши Яҳува умед дошта метавонед. Чанд сол пеш дар «Бурҷи дидбонӣ» гуфта шуда буд: «Шояд мо ба як хатогӣ такрор ба такрор роҳ медиҳем ва ба назарамон аз он одати баде, ки пеш аз фаҳмидани ҳақиқат доштем, халос шуда наметавонем... Ноумед нашавед! Хулоса накунед, ки гуноҳи нобахшиданӣ содир кардед. Шайтон мехоҳад, ки шумо маҳз ин хел фикр кунед. Аз хатои худ рӯҳафтода буданатон нишон медиҳад, ки шумо шахси бад нестед ва ин рӯҳияатонро дида Яҳува метавонад шуморо бахшад. Бо фурӯтанӣ боз аз Яҳува бахшиш пурсед, аз Ӯ илтиҷо кунед, ки ба доштани виҷдони пок ва такрор накардани хатоятон кӯмак кунад. Чуноне ки кӯдак дар вақти мушкилӣ ҳама вақт аз падараш ёрӣ мепурсад, шумо низ ба Яҳува муроҷиат кунед, новобаста аз он ки бори чандум ба он хатогӣ роҳ медиҳед. Ӯ аз рӯйи лутфу марҳаматаш ба шумо ҳатман ёрдам мекунад»15, 16. Баъзеҳо аз дарк кардани он ки Яҳува хизматгорони худро рад намекунад, чӣ ҳис карданд?
15 Бисёр касоне, ки аз ҳисси гунаҳкорӣ азоб мекашиданд, дарк карданд, ки Яҳува аз онҳо рӯй нагардондааст ва аз ин фикр дилашон таскин ёфт. Масалан, чанд сол пеш як бародар аз рубрикаи «Ҳақиқат ҳаётро дигаргун месозад» мақолаеро хонд. Он ҷо оиди хоҳаре гуфта мешуд, ки аз боиси корҳои нодурусти пештарааш боварӣ надошт, ки Яҳува ӯро дӯст медорад. Ҳатто баъди чандин соли таъмидаш ӯ бо ин ҳиссиёт мубориза мебурд. Лекин вақте он хоҳар дар бораи фидияи Исо чуқур мулоҳиза ронд, оҳиста-оҳиста фикраш дигар шуд ва дарк кард, ки Яҳува ӯро дӯст медорад *.
16 Мисоли ин хоҳар ба бародарамон чӣ хел таъсир расонд? Ӯ навист: «Дар ҷавонӣ ман бо одати тамошои порнография мубориза мебурдам.
Чанде пеш боз ба ин кор даст задам. Ман аз пирон кӯмак пурсидам ва то андозае ба ин одати нопок ғолиб омадам. Пирон боварӣ бахшиданд, ки Худо маро дӯст медорад ва ба ман кӯмак кардан мехоҳад. Аммо баъзан то ҳол ман худро одами паст ҳис мекунам ва чунин метобад, ки Яҳува маро дӯст намедорад. Ба ман мисоли он хоҳар бисёр ёрдам кард. Ҳозир ман мефаҳмам, ки агар фикр кунам, ки Худо маро намебахшад, бо ин ман гӯё мегӯям, ки қурбонии Писари Ӯ барои рӯпӯш кардани гуноҳҳои ман кофӣ нест. Ман он мақоларо бурида гирифтам, то ҳар вақте худро ба муҳаббати Яҳува нолоиқ ҳис кунам, онро аз нав хонам ва мулоҳиза ронам».17. Павлус чӣ кор мекард, то ҳисси гунаҳкорӣ ӯро аз по наафтонад?
17 Чунин воқеаҳо Павлуси расулро ба ёд меоранд. Пеш аз масеҳӣ шудан ӯ як қатор гуноҳҳои ҷиддӣ содир карда буд. Албатта, Павлус он корҳояшро фаромӯш намекард, вале доимо дар бораи онҳо фикр карда намегашт (1 Тим. 1:12–15). Ӯ фидияро тӯҳфаи шахсӣ аз ҷониби Худо меҳисобид (Ғал. 2:20). Павлус намегузошт, ки ҳисси гунаҳкорӣ ӯро аз по афтонад, балки диққаташро ба он равона мекард, ки ба Яҳува ҳарчи хубтар хизмат кунад.
БА ОЯНДА НАЗАР ДӮЗЕД!
18. Мо аз ин мақола барои худ чӣ дарс гирифтем?
18 Дар ин мақола мо якчанд домро дида баромада ба худ се дарс гирифтем. 1) Хотираҳои хуб тӯҳфаи Худоянд, вале новобаста аз он ки ҳаёти мо пеш чӣ қадар хуб буд, он дар дунёи нав садчандон беҳтар хоҳад шуд. 2) Касе моро ранҷонданаш мумкин, вале хафагиро дар дил нигоҳ надошта мо диққатамонро ба хизмати Яҳува равона карда метавонем. 3) Доимо худро гунаҳкор ҳис карда гаштан хурсандиро медуздад ва моро дар хизмат суст мекунад. Барои ҳамин чун Павлус бояд боварӣ дошта бошем, ки Яҳува моро бахшидааст.
19. Аз куҷо медонем, ки дар дунёи нав хотираҳо аз гузашта моро азоб намедиҳанд?
19 Мо ба зиндагии ҷовидона умед дорем. Дар дунёи нав ягон хотира аз гузашта моро ғамгин намесозад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки он вақт «чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид» (Иш. 65:17). Лаҳзае тасаввур кунед: Баъзеи мо дар хизмати Яҳува мумкин мӯйи худро сафед кардем, вале дар биҳишт Яҳува ба мо ҷавониамонро аз нав бармегардонад (Айюб 33:25). Аз ин рӯ биёед бо ёди гузашта зиндагӣ накунем, балки ба биҳишти оянда назар дӯзем ва бикӯшем, то ба он бирасем.
СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем
^ сарх. 5 Баъзан ҳаёти гузаштаро ба ёд овардан хуб аст. Вале, агар мо аз ҳад зиёд оиди гузашта фикр кунем, ин хизмати имрӯзаи моро суст мекунад ва ё мо ваъдаҳои зебоеро, ки Яҳува дар бораи оянда додааст, фаромӯш мекунем. Дар ин мақола оиди се дом гуфта шудааст, ки кас аз боиси онҳо метавонад бо ёди гузашта зиндагӣ кунад. Ҳамчунин мо баъзе принсипҳои Китоби Муқаддас ва намунаи ходимони имрӯзаи Яҳуваро дида мебароем, ки барои ба ин домҳо наафтидан ба мо кӯмак мекунанд.
^ сарх. 4 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин мақола «бо ёди гузашта зиндагӣ кардан» маънои онро дорад, ки шахс доимо дар бораи гузашта фикр мекунад, гап мезанад, худро дар он замон тасаввур мекунад ва ба назараш чунин метобад, ки ҳаёти он вақтааш беҳтар буд.
^ сарх. 14 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 декабри с. 1995 саҳ. 11 нигаред.
^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМҲО: Бо ҳасрат ба ёд овардани рӯзҳои гузашта, хафагӣ ва ҳисси гунаҳкорӣ ба борҳои вазнин монанданд, ки мо аз қафои худ мекашем. Онҳо халал мерасонанд, ки мо ба пеш ҳаракат кунем.
^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМҲО: Баъди аз ин гуна ҳиссиёти гарон халос шудан, мо худро сабук ва хурсанд ҳис карда, қуввати тоза пайдо мекунем. Он гоҳ метавонем ба пеш назар кунем.