МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 47
Оё шумо ба ислоҳ шудан тайёред?
«Хуллас, эй бародарон, доимо шодӣ кунед, ислоҳ шавед» (2 ҚӮР. 13:11).
СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»
ПЕШГУФТОР *
1. Мувофиқи Матто 7:13, 14 чаро гуфтан мумкин аст, ки мо дар сафар ҳастем?
ҲАМАИ МО дар сафар ҳастем — дар сафар сӯйи дунёи нав, ки дар он Яҳува бо муҳаббат ҳукмронӣ хоҳад кард. Ҳар рӯз мо кӯшиш мекунем, ки масофаеро дар ин роҳ тай кунем. Вале чуноне ки Исо гуфт, ин роҳ танг ва борик аст ва бо он рафтан баъзан душвор мебошад. (Матто 7:13, 14-ро хонед.) Азбаски мо нокомилем, аз ин роҳ дур шудани мо осон аст (Ғал. 6:1).
2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем? (Инчунин нигаред ба чорчӯбаи «Барои ислоҳ шудан фурӯтанӣ лозим аст».)
2 Роҳ сӯйи ҳаёти ҷовидона тангу борик аст ва агар хоҳем, ки дар он бимонем, бояд барои ислоҳ кардани фикрҳо, рӯҳия ва рафтори худ тайёр бошем. Павлуси расул масеҳиёни шаҳри Қӯринтро насиҳат кард, ки минбаъд низ ислоҳ шаванд (2 Қӯр. 13:11). Ин маслиҳат ба мо ҳам дахл дорад. Аз ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Чӣ тавр бо ёрии Китоби Муқаддас дигар шавем ва чӣ хел дӯстони баркамоламон ба мо ёрдам дода метавонанд, ки дар роҳи ҳаёт бимонем? Дар кадом мавридҳо мувофиқи дастуроти ташкилоти Яҳува амал кардан шояд душвор тобад? Ва чӣ тавр фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ислоҳ шавему ҳамзамон хурсандиамонро дар хизмати Яҳува гум накунем?
ГУЗОРЕД, КИ КАЛОМИ ХУДО ШУМОРО ИСЛОҲ КУНАД
3. Чӣ тавр Каломи Худо ба мо кӯмак карда метавонад?
3 Азбаски дили мо маккор аст, ба мо тафтиш кардан ва муайян намудани фикру ниятҳои аслиамон душвор мебошад (Ирм. 17:9). «Бо андешаронии бардурӯғ» худро фиреб додан осон аст (Яъқ. 1:22). Барои ҳамин мо бояд худро бо ёрии Каломи Худо тафтиш кунем. Маҳз он «фикру ниятҳои дил»-амонро аниқ ошкор карда нишон медиҳад, ки мо дар ботин чӣ гуна инсонем (Ибр. 4:12, 13). Каломи Худо мисли дастгоҳи рентгенӣ мебошад, ки бо ёрии он мо ботини худро дида метавонем. Вале, агар хоҳем, ки аз маслиҳатҳои он ё намояндагони Худо манфиат гирем, ба мо фурӯтанӣ лозим аст.
4. Мо аз куҷо медонем, ки Шоул одами мағрур шуд?
4 Мисоли шоҳ Шоул нишон медиҳад, ки агар ба кас фурӯтанӣ нарасад, ин оқибати нохуш меорад. Шоул чунон мағрур шуд, ки ҳатто дар дилаш тан намегирифт, ки бояд фикрронӣ ва рафторашро ислоҳ кунад (Заб. 35:2, 3; Ҳаб. 2:4). Ин чӣ тавр аён шуд? Вақте Яҳува ба Шоул дастуроти аниқ дод, ки баъди мағлуб кардани амолеқиён бояд чӣ кор кунад, вай ба ин дастурот итоат накард. Вақте пайғамбар Самуил дар ин бора ба ӯ гуфт, Шоул гуноҳашро ба гардан нагирифт. Ба ҷойи ин ӯ худро сафед карда гуфт, ки хатояш он қадар ҷиддӣ нест ва айбро ба гардани дигарон бор кард (1 Подш. 15:13–24). Аз ин пештар ҳам Шоул чунин беитоатӣ карда буд (1 Подш. 13:10–14). Сад афсӯс, ӯ роҳ дод, ки дилаш мағрур шавад. Шоул фикрронии худро ислоҳ накард, аз ин рӯ Яҳува ӯро сарзаниш кард ва оқибат рад намуд.
5. Мо аз мисоли Шоул чӣ омӯхта метавонем?
5 Барои мисли Шоул мағрур нашудан мо ба худ чунин саволҳо дода метавонем: «Агар аз Каломи Худо фаҳмам, ки ин ё он рафторам хатост, оё худро ислоҳ мекунам ё баҳона меҷӯям, ки ин маслиҳат ба ман дахл надорад? Оё ман фикр мекунам, ки кори карда истодаам, он қадар бад нест? Оё ман айби худро ба гардани каси дигар мепартоям?» Агар ҷавоби мо ба яке аз ин саволҳо «ҳа» бошад, мо бояд фикрронӣ ва рӯҳияамонро дигар кунем. Вагарна, дили мо метавонад чунон мағрур шавад, ки оқибат метавонем дӯстиамонро бо Яҳува аз даст диҳем (Яъқ. 4:6).
6. Фаҳмонед, ки шоҳ Довуд аз шоҳ Шоул бо чӣ фарқ мекард.
6 Шоҳ Шоул аз Довуд — шоҳе, ки баъди ӯ ба тахт нишаст, аз замин то осмон фарқ мекард. Довуд «шариати Худованд»-ро дӯст медошт (Заб. 1:1–3). Ӯ медонист, ки Яҳува одамони фурӯтанро наҷот медиҳад, вале ба мағрурон муқобил аст (2 Подш. 22:28). Барои ҳамин Довуд бо ёрии шариати Худо фикрронии худро ислоҳ мекард. Ӯ навишт: «Яҳуваро, ки пандомӯзи ман аст, ситоиш мекунам. Ҳатто шабонгаҳ андешаҳои ниҳонам маро ислоҳ мекунанд» (Заб. 15:7, ТДН).
7. Агар мо фурӯтан бошем, чӣ кор мекунем?
7 Агар мо фурӯтан бошем, ба маслиҳати Каломи Худо гӯш дода фикрҳои нодурустамонро пеш аз он ки онҳо моро ба амали нодуруст тела диҳанд, ислоҳ мекунем. Каломи Худо мисли овозе хоҳад буд, ки аз қафои мо мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед». Вақте мо ба роҳи нодуруст қадам монданӣ мешавем, он моро огоҳ мекунад (Иш. 30:21). Яҳуваро гӯш карда мо аз бисёр ҷиҳат манфиат мегирем (Иш. 48:17). Масалан, вақте мо аз Каломи Ӯ хатогиамонро фаҳмида ислоҳ мешавем, ҳоҷат намемонад, ки касе моро ислоҳ кунаду аз ин мо дар хиҷолат монем. Ҳамчунин мо ба Яҳува наздиктар мешавем, зеро ҳис мекунем, ки Ӯ ба мо чун ба фарзанди азизаш муносибат мекунад (Ибр. 12:7).
8. Мувофиқи Яъқуб 1:22–25 чӣ тавр мо Каломи Худоро чун оина истифода бурда метавонем?
8 Каломи Худо мисли оина аст. (Яъқуб 1:22–25-ро хонед.) Ҳар саҳар бисёре аз мо ба оина нигоҳ мекунем, то ки пеш аз он ки дигарон моро бинанд, афту андомамонро ба тартиб орем. Ба ин монанд, ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонда мо мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат фикрронӣ ва рӯҳияамонро ислоҳ карда метавонем. Бисёриҳо аҳамият доданд, ки ҳар саҳар пеш аз он ки аз пайи кору бори худ шаванд, хондан ояти рӯз барояшон манфиат меорад. Онҳо дар давоми рӯз оиди чизи хондаашон фикр мекунанд ва мекӯшанд, ки онро ба кор баранд. Инчунин, ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас ба мо бояд одат шавад, ғайр аз хониш мулоҳиза низ зарур аст. Ин яке аз чизҳои муҳимтаринест, ки барои дар роҳи танги ҳаёт мондан ба мо кӯмак мекунад.
МАСЛИҲАТИ ДӮСТОНИ БАРКАМОЛРО ҚАБУЛ КУНЕД
9. Кай ба дӯстатон лозим меояд, ки шуморо ислоҳ кунад?
9 Оё шумо боре ба коре даст задаед, ки шуморо аз Яҳува дур мекард? (Заб. 72:2, 3). Он вақт шояд ягон дӯсти баркамолатон ҷуръат намуда хатогии шуморо гуфт. Оё ӯро гӯш карда аз рӯйи маслиҳаташ амал кардед? Агар ҳа, пас дуруст рафтор намудед ва бешубҳа аз дӯстатон хеле миннатдоред, ки шуморо аз хатар огоҳ кард (Мас. 1:5).
10. Агар ягон дӯстатон шуморо ислоҳ кунад, чӣ тавр рафтор кардан дуруст мебуд?
10 Каломи Худо мегӯяд: «Захме, ки дӯст мерасонад, аз вафодорист» (Мас. 27:6, ТДН). Ин суханон чӣ маъно доранд? Мисол, тасаввур кунед, ки шумо аз роҳи сермошин гузаштаниед ва ҳушатон бо телефони мобилӣ банд аст. Ба ин сӯ он сӯ нигоҳ накарда аз роҳ акнун гузаштанӣ мешавед, ки рафиқатон аз дастатон дошта шуморо ба ақиб мекашад. Зарби дасти ӯ чунон сахт буд, ки дастатон аз он кабуд мешавад, вале маҳз тез амал кардани ӯ шуморо аз фалокат наҷот дод, вагарна мошин шуморо мезад. Эҳтимол ҷойи кабудшудаи дастатон чанд рӯз дард кунад, вале оё шумо аз он рафтори дӯстатон хафа мешудед? Албатта, не! Баръакс барои ин кӯмакаш аз ӯ миннатдор мешудед. Ба ин монанд, агар дӯстатон шуморо огоҳ кунад, ки ягон гуфтор ё рафторатон аз чорчӯбаи меъёрҳои Худо берун аст, шояд дар аввал ин ба шумо сахт расад. Вале аз маслиҳати ӯ ба ғазаб наоед ё хафа нашавед, зеро ин беақлӣ мебуд (Воиз 7:9). Беҳтараш миннатдор шавед, ки ӯ ҷуръат карда дар ин бора ба шумо гап зад.
11. Чаро баъзеҳо маслиҳати дӯсташонро рад мекунанд?
11 Чаро баъзеҳо маслиҳати хуби дӯсташонро рад мекунанд? Чунки мағруранд. Ба одамони мағрур шунидани чизҳои ба гӯшашон форам маъқул аст. «Онҳо аз шунидани ростӣ рӯй» метобанд (2 Тим. 4:3, 4). Онҳо худро аз дигарон бохирад ва муҳим меҳисобанд, барои ҳамин фикр мекунанд, ки ба маслиҳате ниёз надоранд. Вале Павлуси расул навишт: «Агар касе гумон кунад, ки вай шахси муҳим аст, дар сурате ки вай ҳеҷ аст, худро фиреб медиҳад» (Ғал. 6:3). Шоҳ Сулаймон инро хеле хуб қайд кард: «Ҷавони бенаво ва хирадманд беҳ аз подшоҳи пир ва аблаҳе ки эҳтиётро дигар намедонад [“дигар ба огоҳиҳо гӯш намедиҳад”, ТДН]» (Воиз 4:13).
12. Мо Ғалотиён 2:11–14-ро хонда аз намунаи Петрус чӣ меомӯзем?
12 Оиди намунаи Петрус фикр кунед. Боре Павлуси расул ӯро дар пеши ҳама ислоҳ кард. (Ғалотиён 2:11–14-ро хонед.) Петрус метавонист аз Павлус хафа шавад, ки ӯро рӯирост сарзаниш намуд ва дар пеши ҳама танқид кард. Вале Петрус бохирад буд. Вай маслиҳати Павлусро қабул карда ислоҳ шуд ва нисбати ӯ ба дил кина нагирифт. Баръакс, вай баъдтар дар номаи худ Павлусро «бародари азиз» номидааст (2 Пет. 3:15).
13. Пеш аз ба касе маслиҳат додан оиди кадом чизҳо бояд андеша кунем?
13 Агар ҳис кунед, ки ба дӯстатон маслиҳат додан лозим аст, оиди кадом чизҳо бояд андеша кунед? Пеш аз бо дӯстатон сӯҳбат кардан ба худ савол диҳед: «Оё ман одилтарошӣ накарда истодаам?» (Воиз 7:16). Шахси аз ҳад одил дигаронро на аз рӯйи меъёрҳои Яҳува, балки дар асоси нуқтаи назари худ ҳукм мекунад ва шояд ба ӯ дилсӯзӣ намерасад. Агар баъди нағзакак андеша рондан шумо то ҳол ҳис кунед, ки бояд ба дӯстатон маслиҳат диҳед, пас ба ӯ камбудиашро кушоду равшан гӯед ва бо ёрии саволҳо ба ӯ кӯмак кунед, ки хатогиашро фаҳмад. Дар ёд доред, ки вазифаи шумо на доварӣ кардани ӯ, балки фаҳмондани нуқтаи назари Яҳува оиди рафтораш аст (Рум. 14:10). Ҳангоми ба касе маслиҳат додан на ба хиради худ, балки ба Каломи Худо такя кунед ва мисли Исо фаҳмиш ва дилсӯзӣ зоҳир намоед (Мас. 3:5; Мат. 12:20). Зеро мо бо дигарон чӣ тавр рафтор кунем, Яҳува низ бо мо ҳамон тавр рафтор мекунад (Яъқ. 2:13).
АЗ РӮЙИ ДАСТУРОТИ ТАШКИЛОТ АМАЛ КУНЕД
14. Ташкилоти Яҳува барои мо чиҳоро фароҳам меорад?
14 Яҳува моро сӯйи ҳаёти ҷовидона тавассути қисми заминии ташкилоташ роҳнамоӣ мекунад. Ташкилоти Ӯ барои мо видеонаворҳо, адабиёт ва вохӯриҳои ҷамъомадро фароҳам меорад, ки онҳо ба мо барои ба кор бурдани маслиҳатҳои Каломаш кӯмак мерасонанд. Ин маводҳо бовариноканд, зеро бар Каломи Худо асос ёфтаанд. Дар бораи кори мавъиза чӣ гуфтан мумкин аст? Вақте Ҳайати роҳбарикунанда оиди чӣ тавр хубтар иҷро кардани ин кор қарор мебарорад, он ба ҳидояти рӯҳи муқаддас такя мекунад. Вале бародарон вақт аз вақт қарорҳои худро оиди тарзи иҷрои кори мавъиза аз нав дида мебароянд. Чаро? Зеро онҳо мефаҳманд, ки «саҳнаи ин ҷаҳон дигар шуда истодааст» ва ташкилоти Худо бояд ба вазъиятҳои нав мутобиқ гардад (1 Қӯр. 7:31).
15. Баъзе воизон бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуданд?
15 Вақте ташкилоти Яҳува ба ягон таълимоти Китоби Муқаддас равшанӣ меандозад ё оиди меъёрҳои ахлоқӣ дастурот медиҳад, мо онро бечунучаро қабул мекунем. Лекин, чӣ агар дар ташкилот дигаргуние ҷорӣ шавад, ки ба дигар соҳаҳои ҳаётамон таъсир мерасонад? Масалан, солҳои охир маблағи хароҷот барои сохтмон ва нигоҳубини ҷойҳои ибодатамон хеле зиёд гашт. Барои ҳамин Ҳайати роҳбарикунанда дастурот дод, ки то ҳадди имкон аз як ибодатгоҳ ҷамъомадҳои зиёдтар истифода баранд. Дар натиҷаи ин дигаргунӣ баъзе ҷамъомадҳо якҷоя карда шуданд ва баъзе толорҳои вохӯрӣ фурӯхта шуданд. Маблағҳои сарфашуда барои кӯмак ба сохтани ибодатгоҳҳо дар ҷойҳое, ки ниёз ба онҳо бештар аст, истифода мешаванд. Агар шумо
дар минтақае зиндагӣ кунед, ки толорҳоро фурӯхта ҷамъомадҳоро якҷоя кардаанд, шояд бароятон ба вазъияти нав мутобиқ шудан осон набошад. Акнун ба баъзе воизон лозим аст, ки барои ба ҷамъомад омадан масофаи дуртарро тай кунанд. Онҳое, ки дар сохтмон ё нигоҳубини он толорҳо сахт меҳнат карда буданд, шояд ҳис кунанд, ки вақту қуввате, ки онҳо дар ин кор сарф карданд, гӯё беҳуда буд. Лекин онҳо қарорҳои бародаронро дастгирӣ карда ба онҳо итоат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!16. Чӣ тавр дар ёд доштани суханони Қӯлассиён 3:23, 24 ба мо дар нигоҳ доштани хурсандӣ кӯмак мекунад?
16 Агар мо дар ёд дорем, ки ҳама кори карда истодаамон ба хотири Яҳува аст ва Ӯ ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад, ба мо нигоҳ доштани хурсандӣ осон мегардад. (Қӯлассиён 3:23, 24-ро хонед.) Шоҳ Довуд ба мо намунаи хуб аст. Вақте ӯ барои сохтмони маъбад пули зиёд хайрия намуд, чунин гуфт: «Ман кистам ва қавми ман чистанд, ки қувват дошта бошем чунин ионат [ҳадяҳо] диҳем? Зеро ки ҳама чиз аз ҷониби Туст, ва он чиро, ки аз дасти Ту гирифтаем, ба ту додаем» (1 Вақ. 29:14). Вақте ки мо ҳам хайрия мекунем, мо ҳам ба маъное он чизеро ки Яҳува ба мо додааст, ба Ӯ бармегардонем. Бо вуҷуди ин Яҳува вақт, қувват ва маблағеро, ки мо барои дастгирии кори Ӯ сарф мекунем, қадр мекунад (2 Қӯр. 9:7).
МИНБАЪД НИЗ БО РОҲИ ТАНГ РАВОНА ШАВЕД
17. Агар ҳис кунед, ки аз ягон ҷиҳат бояд ислоҳ шавед, чаро рӯҳафтода шудан лозим нест?
17 Барои дар роҳи танги ҳаёт мондан ба ҳамаи мо лозим аст, ки ҳарчи бештар ба намунаи Исо пайравӣ кунем (1 Пет. 2:21). Агар ба назаратон тобад, ки аз ягон ҷиҳат бояд ислоҳ шавед, аз ин рӯҳафтода нагардед. Дар асл инро дарк кардан аломати хуб аст, чунки ин нишон медиҳад, ки шумо аз рӯйи роҳнамоии Яҳува амал кардан мехоҳед. Дар хотир доред, ки Яҳува аз мо одамони нокомил интизор нест, ки ба намунаи Исо комилан пайравӣ кунем.
18. Барои ба манзили худ расидан мо бояд чӣ кор кунем?
18 Биёед, диққатамонро ба оянда равона карда бо омодагӣ тарзи фикрронӣ, рӯҳия ва рафторамонро беҳтар кунем (Мас. 4:25; Луқ. 9:62). Биёед фурӯтан монем, доимо шодӣ кунем ва ислоҳ шавем (2 Қӯр. 13:11). Агар ин тавр кунем, «Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо [мо] хоҳад буд». Ва мо на танҳо ба манзиламон — дунёи нав мерасем, балки аз худи сафар низ хурсандӣ меёбем.
СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав
^ сарх. 5 Ба баъзеи мо ислоҳ кардани фикрронӣ, рӯҳия ва рафтор шояд душвор аст. Дар ин мақола фаҳмонда мешавад, ки чаро ҳамаи мо ба ислоҳшавӣ ниёз дорем ва чӣ тавр мо дар рафти ислоҳ шудан хурсандии худро нигоҳ дошта метавонем.
^ сарх. 76 ШАРҲИ РАСМ: Бародари ҷавоне дар бораи оқибати қарори нодурусташ нақл карда истодааст. Бародари баркамол бошад, оромона ӯро гӯш карда фикр дорад, ки ба ӯ маслиҳат додан лозим аст ё не.