ТАРҶУМАИ ҲОЛ
«Яҳува маро фаромӯш накард»
ХОНАИ ман дар Орилла мебошад. Ин қишлоқи америндҳо дар Гайана (Амрикои Ҷанубӣ) аст, ки тахминан 2000 нафар аҳолӣ дорад. Қишлоқи мо дар ҷойи дурдаст воқеъ аст; шумо ба он ҷо танҳо бо ҳавопаймои хурд ё қаиқ рафта метавонед.
Ман соли 1983 ба дунё омадам. Дар кӯдакӣ ман солим будам, вале вақте даҳсола шудам, тамоми баданам сахт дард мекардагӣ шуд. Тахминан ду сол пас, як саҳар аз хоб бедор шуда ҳис кардам, ки ҷунбида наметавонам. Ман сахт кӯшиш кардам, ки пойҳоямро ҷунбонам, вале нашуд. Аз ҳамон рӯз сар карда ман дигар роҳ намегардам. Аз сабаби беморӣ ҷисмам аз инкишоф бозмонд ва имрӯз танам мисли кӯдак хурд аст.
Баъди бемориам ман якчанд моҳ аз хона тамоман баромада натавонистам. Ва дар ин муддат ду Шоҳиди Яҳува ба хона омаданд. Одатан вақте ба хона касе меомад, ман пинҳон мешудам, вале он рӯз ман розӣ шудам, ки яке аз он занҳо бо ман сӯҳбат кунад. Вақте онҳо дар бораи биҳишт гап заданд, ман чизеро, ки тахминан дар панҷсолагӣ шунида будам, ба ёд овардам. Он вақт Ҷетро ном миссионер, ки дар Суринам мезист, моҳе як маротиба ба қишлоқи мо меомад ва бо падарам Китоби Муқаддасро омӯзиш мекард. Ҷетро бо ман нағз муомила мекард ва ӯ ба ман хеле маъқул буд. Ҳамчунин, бибию бобоям ба вохӯриҳои Шоҳидон, ки дар қишлоқамон мегузашт, мерафтанд ва баъзан маро ҳамроҳашон мебурданд. Барои ҳамин вақте яке аз он занҳо, ки Флоренс ном дошт, пурсид, ки оё ман бисёртар фаҳмидан мехоҳам, ман «ҳа» гуфтам.
Баъдтар, Флоренс бо шавҳараш Юстус ба хона омаданд ва бо ман омӯзиши Китоби Муқаддас сар карданд. Вақте онҳо пай бурданд, ки ман хонда наметавонам, онҳо хонданро ба ман ёд доданд. Дере нагузашта ман хонданро ёд гирифтам. Як рӯз он ҳамсарон ба ман гуфтанд, ки онҳо барои хизмат ба Суринам таъйин шудаанд. Афсӯс, дар Орилла каси дигар набуд, ки бо ман омӯзишро давом диҳад. Вале хушбахтона, Яҳува маро фаромӯш накард.
Чанд вақт пас, Флоид ном пешраве ба Орилла кӯчид ва ҳангоми хизмати хона ба хона маро вохӯрд. Вақте ӯ ба ман оиди омӯзиши Китоби Муқаддас гап зад, ман табассум кардам. «Чаро ту механдӣ?»— пурсид ӯ. Ман ба ӯ гуфтам, ки аллакай брошураи «Худо аз мо чӣ талаб дорад?»-ро тамом кардам ва китоби «Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист *» сар кардаам. Ман ба ӯ фаҳмондам, ки аз кадом сабаб омӯзиш қатъ шуд. Флоид бо ман давоми китоби «Дониш»-ро омӯзиш мекард, вале баъд ӯ ҳам барои хизмат ба дигар ҷо таъйин шуд. Боз ман бе муаллими Китоби Муқаддас мондам.
Вале соли 2004 ду пешрави махсус Гранвил ва Ҷошуа ба Орилла таъйин шуданд. Онҳо хона ба хона мавъиза карда маро ёфтанд. Вақте онҳо пурсиданд, ки оё ман омӯзиш кардан мехоҳам, ман табассум кардам. Ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки китоби «Дониш»-ро аз аввалаш бо ман омӯзиш кунанд. Ман мехостам фаҳмам, ки онҳо чизҳоеро, ки муаллимони пешинаам бо ман гузаштаанд, ҳамонро меомӯзонда бошанд ё не. Гранвил ба ман гуфт, ки дар қишлоқамон вохӯриҳо мегузаранд. Ҳарчанд ман қариб даҳ сол аз хона набаромада будам, ба вохӯриҳо рафтан мехостам. Аз ин рӯ Гранвил ба хонаам омад ва маро бо аробачаи маъюбиям ба ибодатгоҳ бурд.
Баъдтар ӯ маро ҳавасманд кард, ки худро ба «Мактаби таълимии мавъиза» нависонам. Гранвил гуфт: «Ту маъюб бошӣ ҳам, гап зада метавонӣ. Рӯзе мешавад, ки ту ҳатто бо нутқи оммавӣ баромад мекунӣ». Суханони рӯҳбаландкунандаи ӯ ба ман боварӣ бахшиданд.
Ман ҳамроҳи Гранвил ба мавъиза мерафтагӣ шудам. Лекин бисёр роҳҳо дар қишлоқ ноҳамвор буданд ва ин бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат карданро душвор мегардонд. Барои ҳамин ман аз Гранвил хоҳиш кардам, ки маро ба аробачаи боркашонӣ шинонда тела кунад. Ин тарз ба мо хеле кӯмак мекард. Апрели соли 2005 ман таъмид гирифтам. Баъд аз чанде бародарон маро дар ҷамъомад ба мизи адабиёт ва таҷҳизоти овозбаландкунанда ӯҳдадор карданд.
Афсӯс, соли 2007 падарам бо қаиқ ба фалокат дучор шуда вафот кард. Оилаи мо аз ин воқеаи мудҳиш сахт рӯҳафтода буд. Гранвил ҳамроҳи мо дуо мегуфт ва оятҳои тасаллибахшро аз Китоби Муқаддас барои мо мехонд. Ду сол пас боз як фоҷиа моро ғамгин кард,— Гранвил бо қаиқ ғарқ шуда ҳалок гашт.
Акнун дар ҷамъомади хурд ва мотамзадаи мо ягон пир намонд, танҳо як хизматгузори ҷамъомад буду халос. Марги дӯсти азизам Гранвил бароям хеле дардовар буд. Ӯ ҳамеша ба ман кӯмак мекард, ки ба Яҳува наздик шавам ва аз бисёр ҷиҳатҳои дигар низ маро дастгирӣ мекард. Баъд аз марги ӯ, дар вохӯрии навбатӣ, ман бояд сархатҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро мехондам. Ман сархатҳои якуму дуюмро хондам, вале баъд гиряам омад ва ман дигар худро дошта натавонистам. Барои ҳамин ман бояд аз саҳна мерафтам.
Вақте бародарон аз дигар ҷамъомад ба ёрдами мо ба Орилла омаданд, ман худро беҳтар ҳис кардам. Ҳамчунин филиал бародар Коҷоро чун пешрави махсус ба маҳали мо таъйин кард. Вақте модару як додарам омӯзиш карда таъмид гирифтанд, хурсандии ман ҳадду канор надошт. Соли 2015 маро хизматгузори ҷамъомад таъйин карданд. Чанде пас, ман бо нутқи аввалинам баромад кардам. Он рӯз, бо табассум ва ашкҳои шодӣ суханони зерини Гранвилро, ки чанд сол пеш гуфта буд, ба ёд овардам: «Рӯзе мешавад, ки ту ҳатто бо нутқи оммавӣ баромад мекунӣ».
Барномаҳои Бродкастингро тамошо карда ман дар бораи дигар бародарону хоҳарон фаҳмидам, ки вазъияти онҳо ба вазъияти ман монанд аст. Лекин ба маҳдудиятҳояшон нигоҳ накарда онҳо бисёр корҳоро иҷро мекунанд ва хурсанданд. Пас, ман ҳам он чи аз ман вобаста аст, карда метавонам. Ва азбаски ман ба Яҳува чизи беҳтаринамро додан мехостам, пешрави доимӣ шудам. Сентябри соли 2019 ман як хабари ҳаяҷонбахшро фаҳмидам. Маро дар ҷамъомадамон, ки қариб 40 воиз дар он хизмат мекунад, пир таъйин карданд.
Ман аз он бародарон ва хоҳарони азиз, ки бо ман омӯзиш карданд ва барои ба Яҳува хизмат карданам ёрӣ доданд, хеле миннатдорам. Вале пеш аз ҳама ман аз Яҳува сипосгузорам, зеро Ӯ маро фаромӯш накард.
^ сарх. 8 Аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шуда буд ва ҳоло чоп намешавад.