Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Пешвои худ — Масеҳ таваккал кунед!

Ба Пешвои худ — Масеҳ таваккал кунед!

«Шумо як Пешво доред, ки Масеҳ аст» (МАТ. 23:10).

СУРУДҲО: 14, 30

1, 2. Баъди марги Мӯсо ба Еҳушаъ кадом вазифаи ҷиддӣ супорида шуд?

БА ГӮШИ Еҳушаъ суханони зерини Яҳува садо медод: «Мӯсо, бандаи Ман, вафот ёфт; ва алҳол бархоста, аз ин рӯди Ӯрдун убур намо, ту ва тамоми ин қавм, ба замине ки Ман ба онҳо, ба банӣ-Исроил, медиҳам» (Еҳ. 1:1, 2). Ин дигаргунӣ барои Еҳушаъ, ки қариб 40 сол чун ёрдамчии Мӯсо хизмат мекард, ногаҳонӣ буд.

2 Халқи Исроилро солҳои зиёд Мӯсо роҳбарӣ менамуд ва акнун ин вазифаро бояд Еҳушаъ иҷро мекард. Шояд Еҳушаъ хавотир буд, ки халқ ӯро чун пешвои худ қабул мекарда бошад ё не (Такр. Ш. 34:8, 10–12). Дар як маълумотномаи Китоби Муқаддас оиди ояти Еҳушаъ 1:1, 2 чунин қайд шудааст: «Дар ҳама давру замон барои халқ иваз шудани роҳбар вақти душвортарин ва аз ҳама хатарнок аст».

3, 4. Чӣ нишон медиҳад, ки ба Худо такя кардани Еҳушаъ хато набуд ва мо оиди кадом савол мулоҳиза карда метавонем?

3 Еҳушаъ барои хавотир шудан сабабҳои асоснок дошт (Еҳ. 1:9–11). Лекин вай ба Яҳува такя намуд ва Яҳува Еҳушаъро баракат дод. Ӯ Еҳушаъ ва халқи худро ба воситаи фариштааш роҳнамоӣ кард. Хулоса кардан дуруст аст, ки ин фаришта Калом, яъне Писари нахустзодаи Худо буд (Хур. 23:20–23; Юҳ. 1:1).

4 Яҳува ба халқи Исроил кӯмак кард, ки Еҳушаъро чун пешвои нави худ қабул кунад. Мо ҳам дар замоне зиндагӣ мекунем, ки дигаргуниҳои калон рӯй дода истодаанд ва ташкилоти Худо босуръат пеш меравад. Аз ин рӯ, шояд савол пайдо шавад: «Барои ба Пешвои худ, Исо, такя кардан мо кадом сабабҳо дорем?» (Матто 23:10-ро хонед.) Биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува дар давраҳои гуногуни таърих, ҳангоми рӯй додани дигаргуниҳо ба халқаш роҳбарӣ мекард.

ХАЛҚИ ХУДОРО БА ЗАМИНИ ВАЪДАШУДА КӢ РОҲНАМОӢ КАРД?

5. Дар назди Ериҳӯ бо Еҳушаъ чӣ рӯй дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Баъди он ки исроилиён аз дарёи Ӯрдун гузаштанд, бо Еҳушаъ воқеаи ғайриодие рӯй дод. Вақте ки ӯ дар наздикии Ериҳӯ буд, мардеро вохӯрд, ки дар даст шамшер дошт. Еҳушаъ кӣ будани ин марди бегонаро намедонист, барои ҳамин пурсид: «Оё ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?» Вақте ӯ кӣ буданашро гуфт, Еҳушаъ дар ҳайрат монд. Он фаришта «пешвои лашкари Худованд» буд ва ба муҳофизат кардани халқи Худо фиристода шуда буд. (Еҳушаъ 5:13–15-ро хонед.) Дар баъзе ҷойҳои китоби Еҳушаъ ибни Нун гуфта шудааст, ки ба Еҳушаъ худи Худо дастурот медод. Лекин шубҳае нест, ки ба воситаи фариштааш бо ӯ гап мезад, чунки Яҳува дар гузашта борҳо чунин карда буд (Хур. 3:2–4; Еҳ. 4:1, 15; 5:2, 9; Аъм. 7:38; Ғал. 3:19).

6–8. a) Барои чӣ баъзе дастуроти Яҳува аз нуқтаи назари одамӣ бехирадона тофта метавонист? б) Чаро ин дастурот ҳам хирадмандона буд ва ҳам дар вақти мувофиқ дода шуда буд? (Ба эзоҳ нигаред.)

6 Ин фаришта халқи Исроилро роҳнамоӣ карда, ба Еҳушаъ дастурот дод, ки чӣ тавр шаҳри Ериҳӯро забт кунад. Баъзе дастуроте, ки ӯ дод шояд аз нуқтаи назари одамӣ бехирадона метофт. Масалан, Яҳува амр дод, ки ҳамаи мардон бояд хатна карда шаванд. Ва ин маънои онро дошт, ки онҳо аз сабаби заифӣ ва дардмандии худ якчанд рӯз ҷанг карда наметавонистанд. Барои ҳамин, чунин фикр пайдо шуда метавонист: «Магар ҳозир вақти хатнакунӣ аст?» (Ҳас. 34:24, 25; Еҳ. 5:2, 8).

7 Эҳтимол он ҷанговарони исроилӣ хавотир буданд, ки дар ин вақти заиф буданашон чӣ гуна оилаҳои худро аз ҳуҷуми душман муҳофизат мекунанд. Вале воқеа ногаҳон ранги дигар гирифт. Мардуми Ериҳӯ ба ҷойи ба исроилиён ҳамла кардан аз онҳо ба тарс омаданд. Ва овоза паҳн шуд, ки дарвозаҳои «Ериҳӯ пеши банӣ-Исроил маҳкам баста шуда буд: касе аз он берун намерафт ва касе ба он дохил намешуд» (Еҳ. 5:16). Чунин ранг гирифтани воқеа шояд боварии исроилиёнро ба дастуроти Яҳува боз ҳам қавитар гардонд.

8 Илова бар ин, фаришта ба Еҳушаъ гуфт, ки исроилиён набояд ба Ериҳӯ ҳамла кунанд. Онҳо бояд дар гирди шаҳр дар давоми шаш рӯз ҳар рӯз як маротиба давр мезаданд, дар рӯзи ҳафтум бошад, ҳафт бор бояд давр мезаданд. Исроилиён чунин фикр карда метавонистанд: «Охир ин сарфи беҳудаи вақту қувват аст!» Вале Яҳува — Пешвои нонамоёни Исроил аниқ медонист, ки чӣ кор карда истодааст. Мувофиқи дастуроти ӯ амал карда, исроилиён тавонистанд, ки бе ягон муҳориба Ериҳӯро забт намоянд. Оқилона будани ин дастуротро дарк намуда имони онҳо боз ҳам мустаҳкам шуд (Еҳ. 6:1–4; Ибр. 11:30) *.

9. Чаро мо бояд аз рӯйи дастуроти ташкилоти Яҳува амал кунем? Мисол оред.

9 Мо аз ин воқеа чӣ дарс гирифта метавонем? Шояд мо баъзан сабаби дигаргуниҳоеро, ки дар ташкилоти Яҳува мешаванд, пурра нафаҳмем. Масалан, мумкин мо дар аввал фикр мекардем, ки дар гузаронидани омӯзиши шахсӣ, дар хизмат ва вохӯриҳо истифодаи таҷҳизоти электронӣ ноқулай аст. Вале ҳозир бошад, мо дарк мекунем, ки истифодаи онҳо хеле қулай ва фоиданок аст. Вақте мо манфиати ин дигаргуниҳоро мебинем, имони мо мустаҳкамтар мегардад ва мо худро ба бародарону хоҳарони тамоми ҷаҳон наздиктар ҳис мекунем.

РОҲНАМОИИ МАСЕҲ ДАР АСРИ ЯК

10. Ба вохӯрии муҳиме, ки оиди масъалаи хатнакунӣ дар Ерусалим гузашт, дар асл кӣ роҳбарӣ кард?

10 Тақрибан баъди 13 соли масеҳиро қабул кардани Корнилюс, баъзе масеҳиёни яҳудӣ ҳоло ҳам мегуфтанд, ки барои наҷот ёфтан хатна кардан муҳим аст (Аъм. 15:1, 2). Вақте ки дар шаҳри Антиохия оиди ин масъала гуногунфикрӣ ба амал омад, Павлус ба Ерусалим фиристода шуд, то онро бо ҳайати роҳбарикунанда муҳокима кунад. Лекин бо роҳнамоии кӣ Павлус ба он ҷо фиристода шуд? Павлус гуфт: «Ман ба он ҷо равона шудам, зеро аз тарафи Худо ба ман ошкор шуд, ки бояд ба он ҷо равам». Бешубҳа Худо ба воситаи Масеҳ роҳнамоӣ кард, ки ҳайати роҳбарикунанда ин масъаларо ҳал кунад (Ғал. 1:12; 2:1–3).

Воқеаҳои асри як равшан нишон медиҳанд, ки халқи Худоро Масеҳ роҳнамоӣ мекард (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)

11. а) Баъзе масеҳиёни яҳудӣ дар бораи хатнакунӣ то ҳол чӣ ақида доштанд? б) Чӣ тавр Павлус фурӯтанона пирони Ерусалимро дастгирӣ кард? (Ҳамчунин ба эзоҳ нигаред.)

11 Он вақт бо роҳнамоии Масеҳ ҳайати роҳбарикунанда қарори аниқу равшан баровард, ки ба масеҳиёни ғайрияҳудӣ хатнакунӣ шарт нест (Аъм. 15:19, 20). Вале баъди якчанд соли ин қарор яҳудиёни масеҳишуда фарзандони худро то ҳол хатна мекарданд. Дар байни онҳо овоза паҳн шуда буд, ки Павлус гӯё Шариати Мӯсоро риоя намекунад ва ба одамон таълим медиҳад, ки хатна кардан шарт нест. Пирони Ерусалим мехостанд, ки байни ҳамаи масеҳиён ягонагӣ бошад, барои ҳамин онҳо он овозаро шунида ба Павлус дастуроти ғайриодие доданд * (Аъм. 21:20–26). Пирон ба Павлус гуфтанд, ки чор мардро бо худ гирифта ба маъбад равад, то одамон бинанд, ки ӯ «Шариатро ба ҷо» меорад. Павлус гуфта метавонист: «Ин кори беҳуда чӣ даркор аст? Охир гап дар ман не-ку, гап дар масеҳиёни яҳудӣ аст. Чунки онҳо оиди хатнакунӣ фаҳмиши дуруст надоранд». Лекин Павлус фурӯтанона бо гуфти пирон амал кард, то байни ҳамимонон ягонагӣ бошад. Шояд дар мо чунин савол пайдо шавад: «Ҳарчанд баъди марги Исо Шариати Мӯсо бекор шуда буд, чаро Исо чун Пешвои халқи Худо роҳ дод, ки проблема оиди хатнакунӣ дурудароз тӯл кашад?» (Қӯл. 2:13, 14).

12. Чаро Масеҳ роҳ дод, ки то пурра ҳал шудани масъалаи хатнакунӣ вақт гузарад? Фаҳмонед.

12 Барои фаҳмиши навро қабул кардан ба баъзеҳо вақт лозим аст. Ба масеҳиёни яҳудӣ низ барои дигар кардани ақидаашон вақти кофӣ лозим буд (Юҳ. 16:12). Онҳо бояд мефаҳмиданд, ки хатна дигар аломати хизматгори ҳақиқии Худо нест. Лекин барои баъзе масеҳиёни яҳудӣ ин дигаргуниро қабул кардан, душвор буд (Ҳас. 17:9–12). Дигар масеҳиён бошанд метарсиданд, ки агар урфу одатҳои яҳудиро риоя накунанд, яҳудиён онҳоро таъқиб мекунанд (Ғал. 6:12). Лекин бо гузашти вақт, Масеҳ ба воситаи номаҳои зери илҳоми Худо навишташудаи Павлус ба онҳо дар ин бора дастуроти бештар дод (Рум. 2:28, 29; Ғал. 3:23–25).

МАСЕҲ ТО ҲОЛ ҶАМЪОМАДРО РОҲНАМОӢ МЕКУНАД

13. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дигаргуниҳои ташкилотро қабул кунем?

13 Чӣ бояд кард, агар мо баъзан сабаби дигаргуниҳоеро, ки дар ташкилот мешаванд, пурра нафаҳмем? Дар ёд доштан лозим аст, ки Масеҳ то ҳол Пешвои ҷамъомад аст. Агар мо мулоҳиза ронем, ки чӣ тавр ӯ дар гузашта халқи Худоро роҳнамоӣ мекард, ба мо қабул кардани дигаргуниҳо осон мешавад. Ҳам дар рӯзҳои Еҳушаъ ва ҳам дар асри як Масеҳ ҳамеша дастуроти хирадмандона медод, то тамоми халқи Худоро муҳофизат кунад, имони онҳоро мустаҳкам намояд ва ягонагиро дар байни онҳо нигоҳ дорад (Ибр. 13:8).

14–16. Чӣ тавр аз дастуроти «ғуломи бовариноку боандеша» ғамхории муҳаббатомези Масеҳ аён аст?

14 Исо оиди беҳбудии рӯҳонии мо бо муҳаббат ғамхорӣ мекунад. Ин аз он аён аст, ки ӯ ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» ба мо дастуроти саривақтӣ медиҳад (Мат. 24:45). Марк, ки падари чор фарзанд аст, мегӯяд: «Шайтон кӯшиш карда истодааст, ки ҷамъомадҳоро суст кунад. Барои ин вай мехоҳад аввал оилаҳоро шикаст диҳад. Аз ин рӯ, дастурот дар бораи ҳар ҳафта гузаронидани ибодати оилавӣ сарварони оиларо бармеангезад, ки оилаҳои худро муҳофизат кунанд».

15 Роҳнамоии Исоро дида мо мефаҳмем, ки ӯ мустаҳкам будани имони моро мехоҳад. Мисол, Патрик ном пири ҷамъомад мегӯяд: «Вақте ки мо ба вохӯрӣ барои мавъиза бо гурӯҳҳои хурд ҷамъ шуданро сар кардем, дар аввал баъзеҳо аз ин рӯҳафтода шуданд. Вале манфиати инро дида мо равшантар фаҳмидем, ки Исо дар бораи ҳар як аъзои ҷамъомад ғамхорӣ мекунад. Масалан, баъзе бародарону хоҳароне, ки шармгинанд ё пеш ба мавъиза кам мерафтанд, баъди ин дигаргунӣ худро боқадру даркорӣ ҳис карданд ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ намуданд».

16 Масеҳ инчунин ба мо кӯмак мекунад, то диққатамонро ба кори аз ҳама муҳимтарине, ки ҳоло дар рӯйи замин рафта истодааст, равона кунем. (Марқӯс 13:10-ро хонед.) Андре, ки ба қарибӣ пири ҷамъомад таъйин шуд, ҳама вақт кӯшиш мекунад, то дастуроти нави ташкилоти Яҳуваро қабул намояд. Ӯ мегӯяд: «Ихтисор шудани шумораи ходимони Байт-Ил ба мо хотиррасон мекунад, ки кори мавъиза хеле муҳим аст ва қуввати бештар бояд ба он сарф карда шавад».

ЧӢ ТАВР МО МАСЕҲРО ЧУН ПЕШВОИ ХУД ДАСТГИРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

17, 18. Барои чӣ мо бояд дар бораи манфиати дигаргуниҳое, ки дар ташкилот ҷорӣ мешаванд, фикр кунем?

17 Дастуроте ки мо аз Подшоҳи худ — Исои Масеҳ мегирем, ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда ба мо кӯмак мекунад. Барои ҳамин, диққататонро ба он равона созед, ки дигаргуниҳои ба наздикӣ рӯйдода ба шумо чӣ гуна манфиатҳо оварданд. Масалан, солҳои охир ба вохӯриҳои ҷамъомад ва тарзи хизматамон бисёр тағйирот дароварда шуд. Вақте ки шумо дар ибодати оилавиатон манфиати он дигаргуниҳоро муҳокима мекунед, ин шуморо хеле рӯҳбаланд мекунад.

Оё шумо ба оилаатон ва дигарон кӯмак мекунед, ки ҳамқадами ташкилоти Яҳува бошанд? (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.)

18 Вақте мо дарк мекунем, ки дигаргуниҳое, ки дар ташкилот мешаванд, бар фоидаи моянд, ба мо қабул кардани онҳо осонтар мешавад. Масалан, ҳоло шумораи адабиёти чопӣ камтар шудааст ва аз ин сабаб пули ташкилот хеле сарфа карда мешавад. Ва акнун бо истифодаи технологияи нав кори мавъиза дар тамоми замин боз ҳам хубтар ба роҳ монда шудааст. Донистани ин моро бармеангезад, ки аз адабиёти электронӣ ва видеонавору сабтҳо ҳар чӣ бештар истифода барем. Ҳамин тавр, мо барои бохирадона истифода бурдани маблағи ташкилот саҳми худро гузошта метавонем. Ин ҳам яке аз роҳҳои дастгирӣ кардани Масеҳ аст.

19. Чаро мо бояд дастуроти Масеҳро қабул кунем?

19 Вақте ки мо дастуроти Пешвои худ — Масеҳро қабул мекунем, мо имони бародарону хоҳаронамонро қавӣ мегардонем ва ба ягонагӣ мусоидат мекунем. Бародар Андре дар бораи кам карда шудани шумораи байтилчиён мулоҳиза ронда боз чунин гуфт: «Касоне ки пеш дар Байт-Ил хизмат мекарданд, рӯҳияи олиҷаноб нишон дода, дигаргуниҳоро қабул карданд. Ин рӯҳияи хуби онҳоро дида, бовариву эҳтиромам зиёдтар мегардад. Онҳо дар кадом таъйиноте ки набошанд, хурсандона ба Худо хизмат мекунанд ва аз аробаи осмонии Яҳува қафо намемонанд».

БА ПЕШВОИ ХУД БО ИМОН ТАВАККАЛ КУНЕД

20, 21. а) Чаро мо бояд ба Масеҳ — Пешвои худ таваккал кунем? б) Дар мақолаи навбатӣ кадом мавзӯъ муҳокима мегардад?

20 Пешвои мо — Исои Масеҳ ба қарибӣ бар душманони худ ғалаба карда, «чизҳои аҷоиб»-ро ба амал меорад (Ваҳй 6:2; Заб. 44:5). Ҳозир бошад, ӯ халқи Худоро барои зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда истодааст. Дар он ҷо ҳар яки мо дар таълимдиҳии эҳёшудагон ва обод кардани Замин иштирок хоҳем кард.

21 Агар мо ба дигаргуниҳо нигоҳ накарда ба Подшоҳ ва Пешвои худ таваккал кунем, ӯ моро ба дунёи нав роҳнамоӣ хоҳад кард. (Забур 45:2–4-ро хонед.) Лекин, баъзан аз сабаби тағйиротҳои ногаҳонӣ, хусусан агар онҳо ба ҳаёти мо дахл дошта бошанд, мо рӯҳафтода шуда метавонем. Чӣ тавр дар чунин ҳолатҳо оромии дилро нигоҳ дорем ва пурра ба Яҳува такя кунем? Ин мавзӯъро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

^ сарх. 8 Бостоншиносон дар вайронаҳои шаҳри Ериҳӯ захираи калони ғалларо ёфтанд. Ин нишон медиҳад, ки шаҳр дуру дароз зери муҳосира қарор надошт; ва ин тасдиқ мекунад, ки исроилиён низ аз захираи ғаллаи шаҳр нахӯрданд, чунки Яҳува ғорат кардани Ериҳӯро манъ карда буд. Азбаски онҳо шаҳрро дар мавсими дарав забт карданд, онҳо бемалол аз ҳосили саҳро хӯрда метавонистанд (Еҳ. 5:10–12).

^ сарх. 11 Нигаред ба чорчӯбаи «Павлус фурӯтанона ба дастурот итоат мекунад», аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), 15-уми марти с. 2003, саҳ. 24.