Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Яҳува қарори маро хеле баракат дод

Яҳува қарори маро хеле баракат дод

Соли 1939 буд. Мо нисфи шаб аз хоб хеста, ба мошин савор шудем ва баъди як соат ба шаҳраки Ҷоплин (ҷанубу ғарбии Миссури, ИМА) равон шудем. Дар он маҳал мо дар таги ҳар як дар оҳиста рисолаҳоро мондем ва зуд ба мошин нишаста, он ҷоро тарк кардем. Баъд, мо берун аз шаҳр, дар ҷойи аниқ истода дигаронро интизор шудем. Вале шояд шумо ҳайрон шавед, ки барои чӣ мо пеш аз дамидани субҳ ба хизмат рафтем ва зуд бояд минтақаро тарк мекардем. Ман дар ин бора баъдтар нақл мекунам.

МАН соли 1934 таваллуд шудам. Вақте ки ба дунё омадам, волидонам, Фред ва Эдна Молохен, аллакай 20 сол боз Тадқиқотчии Китоби Муқаддас (Шоҳидони Яҳува) буданд. Ман аз волидонам хеле миннатдорам, чунки онҳо аз хурдӣ ба ман дӯст доштани Яҳуваро ёд доданд. Мо дар ҷанубу ғарбии иёлоти Канзас, дар шаҳраки Парсонс зиндагӣ мекардем. Дар ҷамъомади мо қариб ҳама масеҳии тадҳиншуда буданд. Оилаи мо дар вохӯриҳои ҷамъомад ва хизмати мавъиза мунтазам иштирок мекард. Рӯзҳои шанбе баъди нисфирӯзӣ мо дар кӯча мавъиза мекардем, ки ҳозир ин намуди хизматро мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ меноманд. Баъзан мо каме монда мешудем, вале падарамон ҳамеша баъди хизмат ба мо яхмос мехарид ва моро хурсанд мекард.

Ҷамъомади хурди мо минтақаи калон дошт, ки якчанд шаҳракҳо ва бисёр фермаҳоро дар бар мегирифт. Вақте ки мо ба он фермаҳо мерафтем, бисёр вақт адабиётамонро ба сабзавот, тухми нав ва ҳатто ба чӯҷаҳои зинда иваз мекардем. Азбаски падарамон барои адабиёт худаш пешакӣ хайрия мекард, мо ин хӯроквориро дар рӯзғорамон истифода мебурдем.

МАЪРАКАҲОИ ШАҲОДАТДИҲӢ

Волидони ман барои хизмати мавъиза патефон харида буданд. Ман, ки хеле хурд будам онро истифода бурда наметавонистам. Вале бо хурсандӣ ба падару модарам ёрдам медодам, ки дар вақти боздидҳо ва омӯзиши Китоби Муқаддас сабти нутқҳои бародар Рутерфордро ба одамон монанд.

Бо падару модарам назди «мошини сухангӯ»

Падарам дар болои мошини Форди соли 1936 баландгӯяки калоне часпонда буд ва мо онро «мошини сухангӯ» меномидем. Дар аввал мо барои ҷалб кардани диққати одамон мусиқие мемондем. Сипас ягон нутқи бар Китоби Муқаддас асосёфтае садо медод. Баъди тамом шудани нутқ, мо ба одамони шавқманд адабиёт пешниҳод мекардем.

Дар шаҳраки Черривейл (иёлоти Канзас) падарам «мошини сухангӯ»-ро ба парк даровард, ки дар он ҷо рӯзҳои якшанбе одамони зиёд дам мегирифтанд. Лекин корманди полис омада ба мо гуфт, ки дар даруни парки шаҳр гузоштани чунин мошин мумкин нест. Ва танҳо дар беруни парк мондани онро иҷозат дод. Падарам бе ягон баҳсу мунозира мошинро ҳай карда, ба берун баровард ва онро дар кӯчаи назди парк гузошт. Сипас дар он ҷо сабтро монд. Одамон дар парк овози онро бемалол шунида метавонистанд. Чунин лаҳзаҳо барои ман ва бародари калониям Ҷерри ҳамеша ҳаяҷоновар буд.

Дар охири солҳои 1930-юм мо дар ҷойҳое, ки мухолифон бисёр буданд, барои минтақаро зуд гузаштан, маъракаҳои махсус ташкил мекардем. Чуноне ки дар аввал гуфтам, мо нисфи шаб аз хоб хеста ба минтақа мерафтем ва дар назди дари одамон оҳиста китобча ва рисолаҳо мемондем. Баъд, аз шаҳр берун ҷамъ мешудем, то боварӣ ҳосил кунем, ки ягон аъзои гурӯҳро полис дастгир накардааст.

Дар он солҳо инчунин мо бо плакатҳо мавъиза мекардем, ки ин хеле шавқовар буд. Мо плакатҳоро ба гарданамон меовехтем ва қатор шуда, шаҳрро давр мезадем. Дар ёд дорам, ки боре бародарон аз дигар ҷойҳо омада, дар шаҳри мо бо плакатҳо мавъиза карданд, ки он чунин навиштаҷот дошт: «Дин — дом ва ҳиллаву найранг аст». Онҳо дар гирди шаҳр қариб 1,5 километр масофаро гашта, баъд ба хонаи мо омаданд. Хайрият, онҳо дар давоми хизматашон бо ягон муқобилият дучор нашуданд, баръакс бисёр одамон шавқ зоҳир карданд.

АНҶУМАНҲОИ АВВАЛИНИ МАН

Мо бо аҳли оила зуд-зуд аз Канзас ба Техас сафар мекардем, то дар анҷуманҳо иштирок кунем. Падарам дар роҳи оҳани Миссури-Канзас-Техас кор мекард, барои ҳамин мо метавонистем бепул бо қатора ба анҷуманҳо ва хабаргирии хешу табор равем. Бародари калонии модарам Фрэд Визмар ва зани ӯ Юлели дар шаҳри Темпли Техас зиндагӣ мекарданд. Тағоям Фрэд ҳақиқатро дар аввали солҳои 1900-ум, дар наврасиаш фаҳмида, таъмид гирифта буд. Ӯ чизҳои фаҳмидаашро ба бародару хоҳаронаш, аз он ҷумла ба модари ман нақл кард. Дар Техас аксари бародарон тағоямро хуб мешинохтанд, чунки ӯ чун ходими минтақавӣ (нозири ноҳиявӣ) хизмат мекард. Тағоям одами меҳрубону хушчақчақ ва боғайрат буд. Дар айёми наврасиам ӯ барои ман намунаи хуб буд.

Соли 1941 оилаи мо бо қатора ба шаҳри Сент-Луиси иёлоти Миссури ба анҷумани калоне сафар кард. Дар он ҷо ҳамаи наврасонро даъват карданд, ки дар ҷойи махсуси назди саҳна шинанд ва нутқи бародар Рутерфордро, ки «Кӯдакони Подшоҳ» ном дошт, гӯш кунанд. Баъди ба охир расидани нутқ 15 000 кӯдакону наврасон тӯҳфае гирифтанд, ки он барояшон ногаҳонӣ буд. Бародар Рутерфорд ва ёрдамчиёнаш ба мо китоби наверо тақдим карданд, ки «Кӯдакон» ном дошт.

Моҳи апрели соли 1943 мо ба Коффивил (Канзас), ба анҷумани «Амал кунед!» рафтем. Дар он анҷуман эълон шуд, ки минбаъд дар ҳама ҷамъомадҳо мактаби нав — Мактаби таълими мавъиза гузаронида мешавад. Ва барои ин мактаб китобчае баромад, ки он аз 52 дарс иборат буд. Чанде пас дар ҳамон сол ман дар ин мактаб бо нутқи аввалин баромад кардам. Он анҷуман барои ман боз аз он сабаб хотирмон буд, ки ман ҳамроҳи ду каси дигар дар ҳавзи обаш хунуки ферма таъмид гирифтам.

ХИЗМАТИ МАН ДАР БАЙТ-ИЛ

Соли 1951 ман мактабро хатм кардам ва бояд қарор мебаровардам, ки оянда чӣ кор мекунам. Ман орзу доштам, ки дар Байт-Ил, ки бародарам ҳам хизмат карда буд, хизмат кунам. Барои ҳамин ман зуд варақаро пур карда ба офиси Бруклин фиристодам. Дере нагузашта маро ба Байт-Ил таклиф намуданд. Ва ман аз 10-уми марти соли 1952 хизмати худро дар он ҷо сар кардам. Ин қарор ба ман хеле кӯмак кард, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунам.

Ман мехостам, ки дар шӯъбаи чопкунӣ хизмат карда, дар нашри маҷаллаҳо ва китобҳо саҳм гузорам. Лекин маро аввал чун пешхизмат ва баъдтар дар ошхона таъйин карданд. Ин кор ба ман хеле маъқул буд ва ман бисёр чизро ёд гирифтам. Ҳамин тавр, ба ман муяссар нашуд, ки дар шӯъбаи чопкунӣ хизмат кунам. Лекин азбаски мо дар ошхона бо навбат кор мекардем, ман дар давоми рӯз вақти холӣ доштам, ки ба китобхонаи калони Байт-Ил рафта, дар он ҷо омӯзиши шахсӣ гузаронам. Ин ба ман кӯмак кард, ки имонамро мустаҳкам гардонам ва ба Яҳува наздиктар шавам. Дар натиҷа хоҳиши ман боз ҳам қавитар шуд, ки дар Байт-Ил муддати дарозтар бимонам. Бародарам Ҷерри соли 1949 дар Байт-Ил хизматашро тамом кард ва ӯ бо Патриша ном хоҳар оиладор шуд. Лекин онҳо дар наздикии Бруклин зиндагӣ мекарданд, барои ҳамин солҳои аввали дар Байт-Ил хизмат карданам онҳо маро хеле дастгирӣ ва рӯҳбаланд менамуданд.

Бародарон хостанд, ки аз байни байтилчиён касонеро интихоб кунанд, ки ба ҷамъомадҳо рафта нутқ гӯянд. Бародароне ки чунин таъйинот доштанд, бояд дар давоми сол ба ҷамъомадҳое мерафтанд, ки масофаашон то 320 км аз Бруклин дур буд. Онҳо бояд дар он ҷо бо нутқ баромад мекарданд ва бо воизон дар хизмати мавъиза ҳамкорӣ менамуданд. Ба ман ҳам чунин имконияти пуршараф дода шуда буд. Дар ёд дорам, ки борҳои аввал ҳангоми ба ҷамъомадҳо ташриф овардан ва нутқ гуфтан каме тарс доштам. Он вақтҳо нутқ як соат давом мекард. Ман одатан ба ҷамъомадҳо бо қатора мерафтам. Як воқеа дар хотирам сахт нақш бастааст, ки он соли 1954 дар фасли зимистон рӯй дода буд. Пас аз ташриф, рӯзи якшанбе баъди нисфирӯзӣ ман ба поезд савор шудам ва бояд бегоҳӣ ба Ню-Йорк мерасидам. Вале шамоли сахту хунук вазид ва барф борид. Мотори барқии қатора аз кор баромад ва ман ба Ню-Йорк танҳо рӯзи душанбе, соати панҷи саҳар омада расидам. Ман то Бруклин бо метро рафтам ва ба Байт-Ил расида, рост ба ошхона даромадам. Ба ҷойи кор каме дер карда омадам ва аз сабаби шабро дар қатораи вайрон гузаронданам, бисёр монда будам. Вале хизмат бо ҷамъомадҳо ва шиносоӣ бо бародарону хоҳарони нав ба ман чунон хурсандӣ меовард, ки ҳамаи ин қурбониҳо ба назарам наменамуданд.

Тайёрӣ ба барномаи радиостансияи WBBR

Дар он вақт ташкилотамон радиостансияи махсус дошт (WBBR), ки студияи он дар маҳаллаи Колумбия-Ҳайтс, 124, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буд. Ман барои дар яке аз барномаҳои ҳарҳафтаина иштирок кардан таклиф шуда будам. Дар ин барнома бо гурӯҳ омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронда мешуд. Ва ман нақши яке аз омӯзандагонро мебозидам. Бародар Александр Макмиллан, ки дар Байт-Ил солҳои дароз хизмат кардааст, дар барномаҳои ин радио мунтазам иштирок мекард. Мо одатан ба ӯ бародар Мак гуфта муроҷиат мекардем. Ӯ барои аъзоёни ҷавони оилаи Байт-Ил намунаи олиҷаноб буд, зеро ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, содиқона ба Яҳува хизмат мекард.

Даъватнома барои гӯш кардани радиои WBBR

Соли 1958 таъйиноти ман дигар шуд. Акнун ман бо хатмкунандагони Мактаби Ҷилъод аз наздик ҳамкорӣ мекардам. Вазифаи ман аз он иборат буд, ки ба он бародарону хоҳарони боғайрат барои гирифтани визаҳо ва ташкил кардани сафари онҳо кӯмак расонам. Он вақтҳо ба воситаи ҳавопаймо парвоз кардан хеле қимат буд, барои ҳамин аксари хатмкунандагоне, ки ба Африқо ва Осиё таъйин шуда буданд, ба воситаи киштиҳои боркашон сафар мекарданд. Вақте чиптаҳо арзон шуданд, аксари миссионерон ба ҷойи таъйиншудаашон ба воситаи ҳавопаймо парвоз мекарданд.

Ман дипломи донишҷӯёни Ҷилъодро пеш аз барномаи хатмкунӣ тайёр мекунам

САФАР БА АНҶУМАНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Соли 1960 ба ман супориши дигар дода шуд. Азбаски соли 1961 дар Аврупо анҷуманҳои махсус ба нақша гирифта шуда буданд, ман бояд барои аз Иёлоти Муттаҳида ба Аврупо парвоз кардани вакилон ҳавопаймоҳоро пешакӣ дархост мекардам. Худам бошам, ҳамроҳи бародарону хоҳарон аз Ню-Йорк ба анҷумани Ҳамбург (Олмон) сафар кардам. Баъди анҷуман ман ва се бародари дигар аз Байт-Ил, мошинеро ба иҷора гирифта аз Олмон ба Итолиё сафар кардем ва ба филиали Рум меҳмон шудем. Баъд аз он ҷо ба Фаронса рафтем. Сипас аз байни кӯҳҳои Пиренея гузашта, ба Испаниё сафар кардем, ки он вақт дар он ҷо кори мавъиза манъ буд. Мо баъзе адабиётҳоро чун тӯҳфа печонда, ба бародарони шаҳри Барсилона бурдем. Бо онҳо вохӯрдан бароямон хеле хурсандибахш буд! Сипас мо ба Амстердам рафтем ва аз он ҷо ба Ню-Йорк парвоз кардем.

Тахминан баъди як сол ба ман супориш доданд, ки ба 583 нафар вакилони интихобшудаи анҷуманҳои байналхалқӣ барои гирифтани виза, харидани чиптаи ҳавопаймо ва пешакӣ банд кардани ҷой дар меҳмонхонаҳо кӯмак расонам. Ин анҷуманҳо бояд соли 1963 дар якчанд мамлакатҳо баргузор мегаштанд ва «Инҷили абадӣ» ном доштанд. Он вакилон ба саёҳати гирдиҷаҳонӣ баромада, дар анҷуманҳои Аврупо, Осиё, давлатҳои ҷануби Уқёнуси Ором ва сипас дар Гонолулу (ҷазираҳои Гавай) ва Пасадена (Калифорния) иштирок карданд. Онҳо инчунин ба давлатҳои Лубнон ва Иордания саёҳат карда, бо сарзаминҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда шинос шуданд.

ҲАМСАФАРИ НАВ

Соли 1963 дар ҳаётам боз як воқеаи хотирмон рӯй дод. 29-уми июн ман бо Лайла Роҷерс, ки дар Миссури таваллуд ёфтааст, оиладор шудам. Ӯ соли 1960, яъне се сол пеш аз ман, хизмати Байт-Илро сар кардааст. Баъди як ҳафтаи тӯямон, Лайла ва ман ба саёҳати ҷаҳон баромада ба давлатҳои Юнон, Миср ва Лубнон сафар кардем. Аз Бейрут мо ба Иордания парвоз намудем. Вале дар он ҷо фаъолияти мо маҳдуд буд ва давлат ба Шоҳидони Яҳува виза намедод. Барои ҳамин мо намедонистем, ки вақте ба он ҷо мерасем чӣ рӯй медиҳад. Вале вақте ки мо аз ҳавопаймо фаромадем, дар болои фурудгоҳ бародару хоҳарон моро пешвоз гирифтанд, ки дар даст плакати калоне доштанд. Дар он плакат чунин навишта шуда буд: «Хуш омадед Шоҳидони Яҳува!» Мо инро дида хеле хурсанд шудем. Саёҳат дар сарзаминҳое, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, бароямон хеле ҳаяҷонбахш буд. Мо бо чашмони худ ҷойҳоеро дидем, ки Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб зиндагӣ карда буданд. Ғайр аз ин дар он ҷойҳо Исову расулонаш мавъиза мекарданд ва дини масеҳӣ аз он ҷо «дар саросари замин» паҳн гардида буд (Аъм. 13:47).

Дар давоми 55 сол Лайла дар ҳама таъйиноти доштаамон маро содиқона дастгирӣ мекард. Вақте ки дар давлатҳои Испаниё ва Португалия фаъолияти мо манъ буд, мо якчанд бор ба он ҷойҳо сафар карда, бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд мекардем. Мо ба онҳо адабиёт ва дигар чизҳое, ки ба онҳо лозим буданд, меовардем. Ва ҳатто имкон доштем баъзе бародаронеро, ки дар шаҳри Кадис (Испаниё) дар ҳабс буданд, хабар гирем. Ман хеле хурсанд будам, ки бо нутқ баромад карда, онҳоро рӯҳбаланд карда тавонистам.

Бо Патриша ва Ҷерри Молохен ҳангоми сафар ба анҷумани «Осоиштагӣ дар замин», соли 1969

Аз соли 1963 сар карда ман бо ташкил кардани сафарҳо барои вакилони анҷуманҳои байналхалқӣ машғул будам. Ин анҷуманҳо дар Африқо, Австралия, Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Шарқи Дур, Гавай, Зеландияи Нав ва Пуэрто-Рико мегузаштанд. Лайла ва ман якҷоя дар бисёр анҷуманҳои фаромӯшнашаванда иштирок доштем. Яке аз онҳо дар Варшава (Полша) соли 1989 гузашта буд. Бисёр бародарону хоҳарони Русия дар чунин анҷумани калон бори аввал иштирок доштанд. Баъзеи онҳо барои имони худ солҳои зиёди умрашонро дар ҳабсхонаҳои советӣ гузаронда буданд.

Таъйиноти дигаре, ки ба ман хеле хурсандӣ мебахшид ин ташриф овардан ба филиалҳои гуногун ва рӯҳбаланд кардани аъзоёни Байт-Ил ва миссионерон буд. Охирон бор мо ба Кореяи Ҷанубӣ рафта будем ва он ҷо бо 50 бародарон, ки дар шаҳри Сувон дар ҳабс буданд, вохӯрдем. Ҳамаи он бародарон рӯҳияи хеле мусбӣ доштанд ва интизор буданд, ки кай ба озодӣ баромада аз нав ба Яҳува бемалол хизмат кунанд. Мо аз вохӯрӣ бо онҳо бисёр рӯҳбаландӣ гирифтем! (Рум. 1:11, 12).

АФЗОИШИ ХАЛҚИ ХУДО ХУРСАНДӢ МЕОРАД

Ман шоҳиди он шудам, ки чӣ тавр Яҳува дар давоми солҳо халқашро баракат медод. Вақте ки ман соли 1943 таъмид гирифтам, ҳамагӣ 100 000 воизон буданд. Ҳоло бошад, дар 240 давлат зиёда аз 8 000 000 Шоҳидон ба Яҳува хизмат мекунанд. Дар ин афзоиш саҳми хатмкунандагони Ҷилъод хеле калон аст. Ман хурсанд будам, ки дар давоми солҳо бо бисёри миссионерон аз наздик ҳамкорӣ кардам ва барои ба ҷойи таъйиноташон рафтан, ба онҳо ёрдам додам.

Ман хеле шодам, ки дар ҷавонӣ қарор додам, то хизматамро васеъ гардонам ва барои хизмат дар Байт-Ил варақа пур кунам. Дар давоми ҳаётам Яҳува маро ба таври фаровон баракат медод. Хизмат дар Байт-Ил ба ман хурсандии зиёд меовард. Ғайр аз ин ману Лайла дар давоми даҳсолаҳо имконият доштем, ки бо якчанд ҷамъомадҳои Бруклин ҳамкорӣ карда, бисёр дӯстони ҷонӣ пайдо кунем.

Бо дастгирии ҳамсарам Лайла ман имрӯз низ хизмати Байт-Илро давом медиҳам. Ҳарчанд синни ман ба 84 расидааст, ман то ҳол метавонам дар кори шӯъбаи қабулу ирсоли мактубҳо ёрдам диҳам.

Имрӯз Ману Лайла

Чӣ шарафи бузург аст аъзои ташкилоти олиҷаноби Яҳува будан! Дар тӯли ҳаётам ман ҳақ будани суханони Малокӣ 3:18-ро дидам. Он ҷо гуфта шудааст: «Шумо аз нав фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид». Ҳар рӯз мо мебинем, ки вазъият дар дунёи Шайтон бадтару бадтар шуда истодааст. Одамон дар ин ҷаҳон умед ва хурсандии ҳақиқӣ надоранд. Вале онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд ва ба Ӯ хизмат мекунанд, ҳатто дар ин замонҳои охир хушбахтанд ва ба оянда умеди воқеӣ доранд. Барои ҳамин паҳн кардани хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо кори хеле муҳим ва хурсандибахш аст (Мат. 24:14). Мо рӯзеро интизорем, ки Подшоҳии Худо ин ҷаҳони кӯҳнаро нест мекунад ва мо дар дунёи нав зиндагӣ карда, аз баракатҳои он баҳраманд мешавем. Дар он ҷо ҳамаи ваъдаҳои Худо иҷро мешаванд, аз он ҷумла орзуи мо дар бораи саломатии комил ҷомаи амал мепӯшад. Он гоҳ хизматгорони содиқи Яҳува аз ҳаёти ҷовидона дар замин баҳра мебаранд.