Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Одамон бояд донанд, ки рӯзи доварии Худо чун селу гирдбод наздик шуда истодааст!

Ҳукмҳои Яҳува. Оё аз онҳо ҳамеша саривақт огоҳӣ дода мешуд?

Ҳукмҳои Яҳува. Оё аз онҳо ҳамеша саривақт огоҳӣ дода мешуд?

КОРКУНОНИ маркази обуҳавосанҷӣ аз рӯйи ҳавосанҷак муайян мекунанд, ки ба як маҳалли сераҳолӣ сели пуршиддате меояд. Онҳо ғами одамонро хӯрда аз ин офат мардумро гаштаю баргашта огоҳ мекунанд.

Ба ин монанд, Яҳува имрӯз сокинони заминро аз «селу гирдбод»-е, ки ба ҳаёти тамоми одамизод таҳдид мекунад, огоҳ карда истодааст. Бо кадом роҳ Ӯ одамонро огоҳ мекунад? Ва чаро мо дилпур буда метавонем, ки Ӯ ба одамон вақти кофӣ медиҳад, то барои наҷот ёфтан чора андешанд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед аввал баъзе огоҳиҳои Яҳуваро, ки дар гузашта дода буд, дида бароем.

ХУДО ҲАМА ВАҚТ ПЕШАКӢ ОГОҲ МЕКАРД

Дар замонҳои қадим Яҳува аз ҳукму довариҳои Худ огоҳ мекард, ки онҳо дар Китоби Муқаддас ба «гирдбод» ё «тундбод» монанд карда шудаанд (Мас. 10:25; Ирм. 30:23). Ӯ ҳар бор пеш аз ҷазо додани одамони бадкору беитоат, онҳоро аз нияташ бохабар мекард ва мефаҳмонд, ки барои ислоҳ шудан бояд чӣ кор кунанд (4 Подш. 17:12–15; Наҳемё 9:29, 30). Барои кӯмак ба одамон Ӯ пайғамбаронашро мефиристод. Онҳо ба мардум ҳукму довариҳои Яҳуваро эълон мекарданд ва мефаҳмонданд, ки барои наҷот ёфтан бояд зудтар амал кунанд (Омӯс 3:7).

Яке аз чунин шахсони содиқ ҳазрати Нӯҳ буд. Тӯли солҳои зиёд ӯ нотарсона ҳамзамононашро, ки бадахлоқ буданду дигаронро бераҳмона азоб медоданд, аз омадани Тӯфон огоҳ мекард (Ҳас. 6:9–13, 17). Ӯ ҳамчунин ба онҳо бисёр мавъиза мекард, ки барои наҷот ёфтан бояд чӣ кор кунанд. Аз ин рӯ Нӯҳ баъдтар «воизи адолат» номида шуд (2 Пет. 2:5).

Ба огоҳиҳои Нӯҳ одамон бепарво буданд ва хабари Худоро рад мекарданд. Бо ин онҳо нишон доданд, ки як зарра ба Худо имон надоранд. Ва дар натиҷа Тӯфон «омада ҳамаро несту нобуд кард» (Мат. 24:39; Ибр. 11:7). Барои ҳамин ҳангоми ба ҳалокат расидан онҳо аз Худо гила карда наметавонистанд, ки онҳоро огоҳ накард.

Дар мавридҳои дигар Яҳува чанде пеш аз ҷазо додани одамон онҳоро огоҳ мекард. Ҳатто дар муддати кӯтоҳ онҳо вақти кофӣ доштанд, ки ба огоҳии Ӯ гӯш дода тавба кунанд. Инро дар мисоли даҳ балое, ки Ӯ ба мисриён оварда буд, дидан мумкин аст. Масалан, Яҳува пеш аз ба амал овардани балои ҳафтум — жолаи харобиовар, ба воситаи Мӯсо ва Ҳорун фиръавну хизматгоронашро огоҳ кард. Селу жола бояд рӯзи дигар сар мешуд, барои ҳамин онҳо вақти кофӣ доштанд, ки аз он паноҳ ёбанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар касе ки аз навкарони фиръавн аз каломи Худованд тарсид, навкаронаш ва чорвояшро ба хонаҳо гурезонид. Вале ҳар касе ки ба каломи Худованд аҳамият надод, навкаронаш ва чорвояшро дар саҳро вогузошт» (Хур. 9:18–21). Чи хеле мебинем, Яҳува сари вақт онҳоро огоҳ кард ва касоне, ки ба он гӯш дода зуд амал карданд, осеб надиданд.

Фиръавн ва хизматгоронашро Яҳува инчунин пеш аз балои даҳум огоҳ карда буд. Лекин сад афсӯс, ки онҳо беақлӣ карда огоҳиро ҷиддӣ қабул накарданд (Хур. 4:22, 23). Дар натиҷа нахустзодагони онҳо мурданд (Хур. 11:4–10; 12:29). Агар онҳо дар вақташ ба огоҳии Худо гӯш медоданд, ба сари онҳо ин мусибат намеомад. Мӯсо аз он бало исроилиёнро фавран огоҳ кард ва дастур дод, ки барои наҷот ёфтан чӣ кор кунанд (Хур. 12:21–28). Мувофиқи баъзе маълумот се миллион одам ба дастуроти Яҳува итоат карда Мисрро тарк карданд, ки ба онҳо исроилиён ва «издиҳоми гуногунқабила», аз он ҷумла мисриён дохил мешуданд (Хур. 12:38).

Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува ҳамеша ба одамон имконият медиҳад, ки ба огоҳиҳои Ӯ гӯш диҳанд (Такр. Ш. 32:4). Худо бо кадом ният одамонро огоҳ мекунад? Петруси расул фаҳмонд, ки Яҳува «нобуд шудани касеро намехоҳад, баръакс, Ӯ мехоҳад, ки ҳама имконияти тавба карданро дошта бошанд» (2 Пет. 3:9). Бале, Худо ба одамон ғамхор аст. Ӯ мехоҳад, то онҳо тавба кунанд ва пеш аз сар шудани доварии Ӯ ислоҳ шаванд (Иш. 48:17, 18; Рум. 2:4).

ХУДО ИМРӮЗ ҲАМ БАРОИ НАҶОТ ИМКОНИЯТ МЕДИҲАД

Имрӯз низ ба одамон хеле муҳим аст, ки ба огоҳие, ки дар тамоми замин эълон шуда истодааст, гӯш диҳанд. Исо ҳангоми дар замин буданаш пешгӯйӣ карда буд, ки тартиботи ҳозира дар давоми «мусибати бузург» нест карда мешавад (Мат. 24:21). Ӯ ба пайравонаш як қатор воқеаҳоеро пешгӯйӣ кард, ки пеш аз анҷоми ин тартибот рӯй медиҳанд. Ҳоло мо дар тамоми ҷаҳон иҷрошавии ин пешгӯйиҳоро бо чашми худ мебинем (Мат. 24:3–12; Луқ. 21:10–13).

Азбаски вақт кам мондааст Яҳува ҳоло ҳар як шахсро даъват мекунад, ки ба Ӯ хизмат кунанд ва итоат намоянд. Ӯ мехоҳад, ки одамони итоаткор аз ҳоло ҳаёти хуб дошта бошанд ва дар оянда баракатҳои дунёи навро соҳиб гарданд (2 Пет. 3:13). Яҳува ба одамон кӯмак кардан мехоҳад, ки ба ваъдаҳои Ӯ имон оранд. Барои ин Яҳува хабари наҷотбахшеро паҳн мекунад, ки он «хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо» мебошад. Исо пешгӯйӣ кард, ки он «дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд» (Мат. 24:14). Имрӯз халқи Худо қариб дар 240 давлат хабари Ӯро эълон мекунад. Худо мехоҳад, ки шумораи ҳарчи бештари одамон ба огоҳии Ӯ гӯш дода аз «селу гирдбод»-и омадаистода, яъне дар Ҳармаҷиддӯн наҷот ёбанд (Саф. 1:14, 15; 2:2, 3).

Пас шубҳае нест, ки Яҳува ба одамон вақти кофӣ медиҳад, то ба огоҳиҳои Ӯ гӯш дода ислоҳ шаванд. Инро мисолҳои зиёд тасдиқ мекунанд. Гап дар худи одамон аст, агар дер нашуда онҳо ба огоҳии Худо гӯш диҳанд, наҷот меёбанд. Биёед чун хабаррасони Худо минбаъд низ ба шумораи ҳарчи бештари одамон кӯмак кунем, то онҳо ҳангоми нобудшавии ҷаҳони Шайтон наҷот ёбанд.