Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 41

Ба омӯзандагон кӯмак кунед, ки пешравӣ карда таъмид гиранд (Қисми 1)

Ба омӯзандагон кӯмак кунед, ки пешравӣ карда таъмид гиранд (Қисми 1)

«Шумо номаи Масеҳ мебошед, ки онро мо, хизматгорони Худо, навиштем» (2 ҚӮР. 3:2, 3).

СУРУДИ 40 Аввал Салтанати Худоро биҷӯед

ПЕШГУФТОР *

Вақте омӯзандае дар ҷамъомади мо рӯҳан пешравӣ карда таъмид мегирад, барои тамоми ҷамъомад он рӯзи хурсандӣ хоҳад буд. (Ба сархати 1 нигаред.)

1. Чӣ тавр 2 Қӯринтиён 3:1–3 мефаҳмонад, ки ба касе Китоби Муқаддасро таълим додан ва дар охир таъмидгирии ӯро дидан барои мо шараф аст? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

ВАҚТЕ аз ҷамъомади шумо ягон омӯзанда таъмид мегирад, шумо чӣ ҳис мекунед? Бешубҳа, дилатон аз хурсандӣ лабрез мегардад (Мат. 28:19). Ва агар он шахс омӯзандаи шумо бошад, дар рӯзи таъмиди ӯ шумо шояд аз шодӣ дар куртаатон нағунҷед (1 Тас. 2:19, 20). Рӯҳан пешравӣ карда таъмид гирифтани ӯ аз меҳнати зиёд ва хизмати боғайратонаи шумо ва дигар аъзоёни ҷамъомад гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ шогирдони навро «номаҳои зинда» гуфтан мумкин аст, ки натанҳо шумо, балки тамоми ҷамъомадро муаррифӣ мекунанд. (2 Қӯринтиён 3:1–3-ро хонед.)

2. а) Кадом саволи муҳимро мо бояд дида бароем ва чаро? б) Омӯзиши Китоби Муқаддас чист? (Ба эзоҳ нигаред.)

2 Чӣ хурсандиовар аст, ки чор соли охир воизон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 10 000 000 омӯзиши Китоби Муқаддас * мегузаронанд. Дар ин муддат ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 280 000 кас таъмид гирифт. Вале миллионҳо омӯзандагони дигар ҳоло таъмид нагирифтаанд. Чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем, ки ин қадамро гузоранд? Яҳува то ҳол ба одамон имконият медиҳад, ки Шоҳиди Ӯ гарданд. Аммо вақт тамом шуда истодааст. Барои ҳамин мо низ ёрдами аз дастамон меомадаро ба онҳо расондан мехоҳем, то пешравӣ карда ҳарчи тезтар таъмид гиранд (1 Қӯр. 7:29а; 1 Пет. 4:7).

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Азбаски кори шогирдсозӣ хеле таъҷилӣ аст, Ҳайати роҳбарикунанда аз филиалҳо хоҳиш кард, то дар байни воизони ботаҷриба пурсиш гузаронда фаҳманд, ки чӣ тавр ба омӯзандагон кӯмаки бештар расондан мумкин, то онҳо пешравӣ карда таъмид гиранд. Дар мақолаи мазкур ва навбатӣ дида мебароем, ки аз пешравону миссионерон ва нозирони ноҳиявӣ *, ки дар хизмат малакаи зиёд доранд, мо чӣ омӯхта метавонем (Мас. 11:14; 15:22). Мо мефаҳмем, ки барои самараноктар шудани омӯзиш воизон ва омӯзандагони онҳо бояд чӣ кор кунанд. Ҳоло дар ин мақола мо дида мебароем, ки ҳар як омӯзанда барои рӯҳан пешравӣ карда таъмид гирифтанаш кадом панҷ кори муҳимро бояд ба ҷо орад.

ҲАР ҲАФТА ОМӮЗИШ КУНЕД

Аз омӯзанда пурсед, ки оё имконият ҳаст, ки ҳамроҳ дар ягон ҷо нишаста баҳузур сӯҳбат кунед (Ба сархатҳои 4–6 нигаред.)

4. Дар бобати омӯзишҳое, ки мо дар назди дар мегузаронем, бояд чиро дарк кунем?

4 Бисёри воизон дар назди дар омӯзиш мегузаронанд. Ин албатта барои бедор кардани шавқи кас хуб аст, вале чунин сӯҳбатҳо одатан кӯтоҳ мебошанд ва шояд ҳар ҳафта мунтазам нагузаранд. Бо мақсади зиёд кардани шавқи кас баъзе воизон аз ӯ маълумот барои иртибот (контакты) мегиранд ва сипас то вақти боздид тавассути телефон ё смс ягон фикрро аз Китоби Муқаддас кӯтоҳ ба ӯ мерасонанд. Чунин вохӯриҳои кӯтоҳ шояд моҳҳои зиёд давом кунанд. Лекин барои ҳақиқатан пешравӣ кардан ва таъмид гирифтани шахс мо бояд бо ӯ бафурсат ва босифат омӯзиш гузаронем.

5. Дар Луқо 14:27–33 Исо чӣ гуфт ва бо ёрии ин маслиҳат мо ба омӯзандагонамон чиро фаҳмонда метавонем?

5 Боре Исо бо ёрии мисоле фаҳмонд, ки шахсе, ки шогирди ӯ шудан мехоҳад, бояд чӣ кор кунад. Ӯ дар бораи шахсе, ки бурҷ сохтан мехоҳад ва подшоҳе, ки ба ҷанг рафтанист, нақл кард. Исо гуфт, ки пеш аз сохтани бурҷ шахс бояд «аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб» кунад, «то бидонад, ки оё имконияти ба анҷом расонидани онро дорад ё не». Ва подшоҳ бояд «аввал нишаста» бо мушовиронаш маслиҳат кунад, ки барои ғолиб омадан қувваи ҷангиаш мерасад ё не. (Луқо 14:27–33-ро хонед.) Ба ин монанд Исо медонист, ки шахсе, ки шогирди ӯ шудан мехоҳад, бояд нағз дарк кунад, ки аз ӯ чӣ дар талаб аст. Барои ин талаботро фаҳмидан ҳар ҳафта мунтазам бо мо омӯзиш карданаш лозим аст. Мо ӯро чӣ тавр ба ин ташвиқ карда метавонем?

6. Барои омӯзиши босифатро сар кардан мо чӣ кор карда метавонем?

6 Барои ин кӯшиш кунед, ки дар пеши дар аз ҳарвақта дида зиёдтар сӯҳбат кунед. Ҳар дафъа, агар имкон бошад, боз як фикри иловагиро муҳокима кунед. Вақте соҳибхона ба сӯҳбатҳои дарозтар нағз муносибат мекунад, аз ӯ пурсед, ки оё имконият ҳаст, ки дар ягон ҷо нишаста баҳузур сӯҳбатро давом диҳед. Аз ҷавоби ӯ маълум мешавад, ки омӯзиши Китоби Муқаддас барояш то чӣ андоза муҳим аст. Ва чанде пас метавонед ба ӯ ҳафтае ду бор омӯзиш карданро пешниҳод кунед. Ин ба зудтар пешравӣ намудани ӯ мусоидат мекунад. Аммо боз чизе дар талаб аст.

БА ҲАР ЯК ОМӮЗИШ ТАЙЁРӢ БИНЕД

Ба омӯзиш нағз тайёрӣ бинед ва ба омӯзанда низ тайёрӣ диданро ёд диҳед (Ба сархатҳои 7–9 нигаред.)

7. Чӣ тавр воиз ба ҳар як омӯзиш пешакӣ тайёрӣ дида метавонад?

7 Чун омӯзгор шумо бояд ба ҳар як омӯзиш пешакӣ тайёрӣ бинед. Дар аввал шумо метавонед, сархатҳои пешбинишуда ва оятҳоро хонед. Фикрҳои асосиро нағз ба хотир гиред. Дар бораи номи мавзӯъ, сарлавҳаҳо, саволҳо, оятҳое, ки чун «хонед» оварда шудаанд ва расмҳо фикр кунед, инчунин видеонаворҳои ба ин мавзӯъ бахшидашударо тамошо кунед. Сипас омӯзандаатонро пеши назар оварда фикр кунед, ки чӣ тавр ин мавзӯъро ба ӯ осон карда фаҳмондан мумкин аст, то вай онро нағз аз худ карда ба кор барад (Наҳемё 8:8; Мас. 15:28а).

8. Мувофиқи суханони Павлуси расул, ки дар Қӯлассиён 1:9, 10 навишта шудаанд, мо дар ҳаққи омӯзандагонамон чӣ тавр дуо гуфта метавонем?

8 Ҳангоми тайёрӣ дар бораи дуо фаромӯш накунед. Ба Яҳува дар бораи омӯзандаатон ва ниёзҳои ӯ дуо гӯед. Аз Ӯ мадад пурсед, то Китоби Муқаддасро тавре таълим диҳед, ки ба дили шахс таъсир кунад. (Қӯлассиён 1:9, 10-ро хонед.) Фикр кунед, ки фаҳмидани чӣ ва розӣ шудан бо кадом фикрҳо ба ӯ душвор буда метавонад. Дар хотир доред, ки мақсади шумо ба ӯ ёрдам додан аст, то ӯ рӯҳан пешравӣ карда дар натиҷа таъмид гирад.

9. Чӣ тавр воиз ба омӯзандааш тайёрӣ диданро ёд дода метавонад? Фаҳмонед.

9 Мо умед дорем, ки омӯзанда дар рафти омӯзиш барои корҳои Яҳува ва Исо миннатдорӣ пайдо мекунад ва шавқаш ба ҳақиқат зиёдтар мегардад (Мат. 5:3, 6). Тайёрӣ ба омӯзиш ба омӯзанда кӯмак мекунад, ки диққаташро ба мавзӯъ равона кунад ва аз он манфиати бештар гирад. Аз ин рӯ ба вай муҳим будани тайёриро фаҳмонед. Яъне вай бояд ҳар як мавзӯъро пешакӣ хонад ва фикр кунад, ки чизҳои фаҳмидаашро чӣ тавр ба кор бурда метавонад. Ба ягон дарс ҳамроҳ тайёрӣ бинед ва нишон диҳед, ки чӣ тавр ӯ худаш минбаъд тайёрӣ дида метавонад *. Фаҳмонед, ки ҷавобро чӣ хел аз сархат ёфтан мумкин аст ва бо қайд кардани калима ё ибораҳои асосӣ онро ба ёд оварда метавонад. Сипас ба ӯ кӯмак кунед, ки бо суханони худаш ҷавоб доданро ёд гирад. Чаро ин муҳим аст? Зеро маҳз аз ин маълум мешавад, ки ӯ мавзӯъро хуб фаҳмидааст ё не. Аммо барои рӯҳан пешравӣ кардани омӯзанда боз як чизи дигар муҳим аст.

БА Ӯ ЁД ДИҲЕД, КИ ҲАР РӮЗ БО ЯҲУВА МУОШИРАТ КУНАД

Ба омӯзанда ёд диҳед, ки чӣ тавр ӯ бо Яҳува муошират карда метавонад (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)

10. Чаро ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас муҳим аст ва дар кадом вақт ин хониш фоидаи бештар меоварад?

10 Омӯзанда ғайр аз ҳар ҳафта бо шумо омӯзиш кардан, метавонад худаш низ ҳар рӯз баъзе корҳоро ба ҷо орад. Барои ба Яҳува наздик шудан вай бояд бо Ӯ муошират кунад. Чӣ тавр? Ба вай муҳим аст, ки Яҳуваро гӯш кунад ва бо Ӯ гап занад. Ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонда ҳамин тавр ӯ Яҳуваро гӯш карда метавонад (Еҳ. 1:8; Заб. 1:1–3). Ба ӯ тарзи истифодаи «Ҷадвали хониши Китоби Муқаддас»-ро нишон диҳед. Онро аз сайти jw.org * чоп кардан мумкин аст. Барои он ки ӯ аз хониши Китоби Муқаддас бисёртар фоида гирад, ба ӯ мулоҳиза карданро ёд диҳед. Баъди мутолиа ӯ метавонад ба худ савол диҳад, ки аз чизи хондааш дар бораи Яҳува чӣ фаҳмид ва чӣ тавр он чизҳоро дар ҳаёташ ба кор бурда метавонад (Аъм. 17:11; Яъқ. 1:25).

11. Чӣ тавр омӯзанда ба таври дуруст дуо гуфтанро ёд мегирад ва чаро ба Яҳува зуд-зуд дуо гуфтанаш муҳим аст?

11 Ба омӯзандаатон фаҳмонед, ки ҳар рӯз мо ба Худо дуо гуфта ҳамин тавр бо Ӯ гап зада метавонем. Аз таҳти дил пеш аз омӯзиш ва баъди он бо омӯзанда дуо гӯед ва дар дуоҳоятон дар ҳаққи ӯ аз Яҳува кӯмак пурсед. Дуоҳои шуморо шунида ӯ чӣ тавр аз сидқи дил дуо гуфтан ва ба Яҳува ба воситаи Исои Масеҳ муроҷиат карданро ёд мегирад (Мат. 6:9; Юҳ. 15:16). Ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас (гӯш кардани Яҳува) ва дуо (гап задан бо Яҳува) дар рушди рӯҳонии омӯзандаатон ёрдами калон мерасонад (Яъқ. 4:8). Ин одатҳоро дар худ инкишоф дода ӯ метавонад ба Яҳува наздик шавад ва ҳаёти худро ба Ӯ бахшида таъмид гирад. Аммо ба ӯ боз чӣ лозим аст?

БА Ӯ ЁРДАМ КУНЕД, КИ БО ЯҲУВА МУНОСИБАТИ НАЗДИК ПАЙДО КУНАД

12. Чӣ тавр воиз ба омӯзандааш кӯмак карда метавонад, ки бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳад?

12 Он чизе, ки шумо дар омӯзиш мегузаред, ба омӯзандаатон на танҳо бояд фаҳмо ва шавқовар бошад, балки ба дилаш таъсир кунад. Чаро? Чунки дил макони хоҳишу ҳиссиёт ва фикру ниятҳост, ки маҳз он моро ба амал водор месозад. Исо ба одамон бисёр чизҳоро таълим медод ва таълимоти ӯ ба онҳо маъқул буд. Вале Исоро танҳо онҳое пайравӣ карданд, ки суханони ӯ ба дилашон таъсир мекард (Луқ. 24:15, 27, 32). Барои бо Яҳува муносибати наздик инкишоф додан омӯзандаи шумо бояд Яҳуваро чун Худои зинда шиносад ва Ӯро чун Падар ва Дӯсти худ қабул кунад (Заб. 24:4, 5). Бинобар ин ҳангоми омӯзиш диққати омӯзандаро ба хислатҳои зебои Парвардигор равона созед (Хур. 34:5, 6; 1 Пет. 5:6, 7). Ва новобаста аз он ки кадом мавзӯро мегузаред, диққати ӯро ба чӣ гуна Худо будани Яҳува ҷалб кунед. Масалан, ба вай кӯмак кунед, то меҳрубон, дилсӯз ва ғамхор будани Яҳуваро дарк намояд ва ба Ӯ муҳаббати самимӣ пайдо кунад. Зеро Исо гуфт, ки «амри муҳимтарин ва аввалин» — «Худои худ Яҳуваро... дӯст» доштан аст (Мат. 22:37, 38).

13. Мисол оред, ки чӣ тавр омӯзандаро бо хислатҳои беҳамтои Яҳува шинос кардан мумкин аст.

13 Ҳангоми сӯҳбат бо омӯзандаатон ба ӯ нақл кунед, ки чаро шумо Яҳуваро сахт дӯст медоред. Ин метавонад ба вай таъсири хоса расонад ва ӯ ҳам бо Яҳува чунин муносибати наздик пайдо кардан хоҳад (Заб. 72:28). Масалан, мумкин шумо дар адабиёти омӯзишӣ ё Китоби Муқаддас ибора ё ҷумлаи зебоеро хондед, ки он ҷо муҳаббат, хирад, адолат ё қудрати Яҳува хеле таъсирнок ифода шудааст. Ба омӯзандаатон нақл кунед, ки чӣ хел ин фикр ба қалбатон рафта расид ва меҳратонро ба Яҳува боз ҳам зиёд кард. Лекин ба ҳар як омӯзандаи Китоби Муқаддас муҳим аст, ки барои пешравӣ карда таъмид гирифтан боз як қадами дигарро гузорад.

ФАҲМОНЕД, КИ БА ҶАМЪОМАДҲО РАФТАН МУҲИМ АСТ

Омӯзандаатонро ташвиқ кунед, ки ҳарчи зудтар ба ҷамъомадҳо омаданро сар кунад! (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)

14. Дар Ибриён 10:24, 25 оиди вохӯриҳои ҷамъомад чӣ гуфта шудааст ва онҳо чӣ тавр ба пешравӣ кардани омӯзанда кӯмак мекунанд?

14 Ҳамаи мо мехоҳем, ки омӯзандагонамон бо Яҳува муносибати наздик инкишоф дода таъмид гиранд. Як роҳи муҳими ба онҳо кӯмак кардан ин аст, ки онҳоро ба ҷамъомад таклиф кунем. Воизони ботаҷриба мегӯянд, ки одатан омӯзандагоне, ки ба ҷамъомад омаданро сар мекунанд, тезтар рушд менамоянд (Заб. 110:1). Баъзе воизон ба омӯзандагони худ мефаҳмонанд, ки бисёр чизҳои шавқоварро аз Китоби Муқаддас онҳо на ҳангоми омӯзиш, балки дар ҷамъомад мефаҳманд. Ибриён 10:24, 25-ро бо омӯзандаатон якҷоя хонед ва фаҳмонед, ки ба вохӯриҳо рафтан ба ӯ чӣ манфиат меорад. (Оятҳоро хонед.) Метавонед ба ӯ видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» *-ро нишон диҳед. Ба ӯ фаҳмонед, ки нигоҳ накарда ба душвориҳо ба ҷамъомадҳо рафтанро одати худ созад.

15. Мо чӣ тавр омӯзандаро барои мунтазам ба ҷамъомад омадан ташвиқ карда метавонем?

15 Агар омӯзандаатон ҳоло ба ҷамъомад наомада бошад, ё фақат гоҳ-гоҳ ояд, шумо чӣ кор карда метавонед? Ба вай ягон фикрро аз вохӯриҳои охирон бо шавқу завқ нақл кунед. Ин чиз назар ба ҳамту таклиф кардан хоҳиши ба ҷамъомад рафтани ӯро метавонад зиёдтар кунад. Ба ӯ нусхаи «Бурҷи дидбонӣ» ва дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»-ро, ки ба наздикӣ дар ҷамъомад мегузарем, диҳед. Нишон диҳед, ки ин дафъа кадом мавзӯъ муҳокима мешавад ва аз ӯ пурсед, ки кадом мавзӯи овардашуда ба ӯ шавқовар метобад. Чизе ки омӯзандаи шумо дар вохӯрии аввалинаш мебинад ва мешунавад, аз ҳар чизе, ки ӯ дар дигар маросимҳои динӣ дидаву шунидааст, садҳо маротиба беҳтар хоҳад буд (1 Қӯр. 14:24, 25). Ӯ дар вохӯриҳои ҷамъомад бо дигар бародару хоҳарон шинос мешавад. Онҳо бо рафтори неки худ ба ӯ намунаи ибрат нишон дода, дар пешравӣ карда таъмид гирифтанаш кӯмак мекунанд.

16. Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронем, ки дар натиҷа омӯзандаамон таъмид гирад ва дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима мекунем?

16 Инак, чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронем, ки дар натиҷа омӯзандаамон рӯҳан пешравӣ карда таъмид гирад? Мо метавонем ба омӯзанда кӯмак кунем, ки ба омӯзиш ҷиддӣ муносибат карда ҳар ҳафта мунтазам омӯзиш кунад ва ба ҳар як дарс пешакӣ тайёрӣ бинад. Ҳамчунин мо мехоҳем омӯзандаро ташвиқ кунем, ки ҳар рӯз бо Яҳува муошират кунад ва бо ӯ муносибати наздик инкишоф диҳад. Ва муҳим будани ҷамъомадравиро ба вай мефаҳмонем. (Ба чорчӯбаи  «Маслиҳатҳои муфид барои омӯзанда» нигаред.) Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо панҷ маслиҳатро дида мебароем, ки ба омӯзгорони Каломи Худо дахл доранд. Онҳоро ба кор бурда мо ба омӯзандагонамон ёрӣ дода метавонем, ки пешравӣ карда таъмид гиранд.

СУРУДИ 153 Ту чӣ ҳис мекунӣ?

^ сарх. 5 Дар вақти чизеро таълим додан мо ба шахс кӯмак мекунем, ки фикрронӣ, ҳиссиёт ва рафторашро дигар кунад. Ояти солонаи 2020 — Матто 28:19 ба мо муҳимияти онро хотиррасон мекунад, ки бо одамон омӯзиш гузаронда барои шогирди Исо шудан ба онҳо кӯмак кунем. Барои беҳтар иҷро кардани ин супориши муҳим мақолаи зерин ва навбатӣ ба мо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Агар шумо бо касе Каломи Худоро мунтазам аз рӯйи адабиёти омӯзишӣ муҳокима кунед, ин гуна сӯҳбатро омӯзиши Китоби Муқаддас номидан мумкин аст. Баъди нишон додани тарзи гузаштани омӯзиш, агар ду бор бо шахс чунин сӯҳбат кунед ва боварӣ доред, ки он давом меёбад, шумо метавонед онро дар ҳисоботатон чун омӯзиш нависед.

^ сарх. 3 Дар ин мақолаҳо ҳамчунин маслиҳатҳо аз рубрикаи «Барои рӯҳан рушд кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрӣ мерасонем» оварда шудаанд, ки дар «Хизмат ба Салтанати Худо» нашр шудааст. Қисмҳои 1–4 ба тоҷикӣ ҳастанд (km 6.15 саҳ. 3, km 8.15 саҳ. 3, km 9.15 саҳ. 2, km 10.15 саҳ. 3). Қисмҳои 5–9 дар km (рус.) аз январ то майи с. 2005 дастрас мебошанд.

^ сарх. 9 Видеонавори «Ба омӯзандагон тайёрӣ диданро ёд диҳед»-ро, ки чор дақиқа аст, тамошо кунед. (Ба «JW Library®», ба МУЛЬТИМЕДИА>НАШИ ВСТРЕЧИ И СЛУЖЕНИЕ>СОВЕРШЕНСТВУЕМ НАВЫКИ дароед.)

^ сарх. 10 Ба сайти jw.org/tg ба бахши АДАБИЁТҲО>КИТОБҲО ВА БРОШУРАҲО дароед.

^ сарх. 14 (Ба «JW Library®», ба МУЛЬТИМЕДИА>НАШИ ВСТРЕЧИ И СЛУЖЕНИЕ>ПОСОБИЯ ДЛЯ СЛУЖЕНИЯ дароед.)