Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 42

Ба омӯзандагон кӯмак кунед, ки пешравӣ карда таъмид гиранд (Қисми 2)

Ба омӯзандагон кӯмак кунед, ки пешравӣ карда таъмид гиранд (Қисми 2)

«Доимо ба худат ва ба таълимдиҳиат диққат деҳ» (1 ТИМ. 4:16).

СУРУДИ 143 Нур дар дунёи торик

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро гуфтан мумкин аст, ки кори шогирдсозӣ кори наҷотбахш аст?

КОРИ шогирдсозӣ кори наҷотбахш аст! Чаро ин тавр гуфтан мумкин? Вақте Исо ба шогирдонаш дар бораи ин супориш гап зад, ӯ инчунин дар бораи таъмид сухан ронд. Ӯ гуфт: «Равед... шогирд тайёр кунед. Онҳоро... таъмид диҳед» (Мат. 28:19, 20). Петруси расул бошад, гуфт: «Таъмид... ҳоло шуморо... ба воситаи эҳёшавии Исои Масеҳ наҷот медиҳад» (1 Пет. 3:21). Чи хеле мебинем, барои касоне, ки наҷот ёфтан мехоҳанд, таъмид гирифтан талабот аст. Онҳое, ки таъмид гирифтанианд, бояд имон дошта бошанд, ки Исо барои наҷот додани инсоният худашро қурбон кард ва ҳоло эҳё шудааст. Ва инро суханони дар боло овардаи Петрус тасдиқ мекунад. Вақте омӯзанда таъмид мегирад, ӯ умед пайдо мекунад, ки наҷот ёфта абадӣ зиндагӣ карда метавонад.

2. Мувофиқи 2 Тимотиюс 4:1, 2 барои омӯзгори хуби Каломи Худо шудан мо бояд чӣ кор кунем?

2 Аз амри Исо оиди шогирдсозӣ бармеояд, ки мо бояд одамонро таълим диҳем. Барои ин моро лозим аст, ки «маҳорати таълимдиҳӣ»-амонро беҳтар кунем. (2 Тимотиюс 4:1, 2-ро хонед.) Павлуси расул низ инро қайд карда гуфт: «Доимо ба худат ва ба таълимдиҳиат диққат деҳ. Ин чизҳоро маҳкам нигоҳ дор, зеро бо ин роҳ ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро» (1 Тим. 4:16). Хулоса, барои иҷро кардани кори шогирдсозӣ ба мо лозим аст, ки Каломи Худоро хуб таълим дода тавонем.

3. Дар ин мақола оид ба гузаронидани омӯзиш мо чиро дида мебароем?

3 Мо Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон бо миллионҳо одамон Китоби Муқаддасро омӯзиш мекунем. Вале чи хеле ки дар мақолаи пешина қайд шуд, мо ҳамчунин ба омӯзандагоне, ки ҳоло таъмид нагирифтаанд, кӯмак кардан мехоҳем, ки пешравӣ карда ин қадами муҳимро гузоранд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки барои ба ин мақсад расидан ҳар як омӯзгори Каломи Худо боз кадом панҷ маслиҳати муфидро ба кор бурда метавонад.

БО КИТОБИ МУҚАДДАС ТАЪЛИМ ДИҲЕД

Аз воизи ботаҷрибае хоҳиш кунед, ки ба шумо хубтар истифода бурдани Китоби Муқаддасро ёд диҳад (Ба сархатҳои 4–6 нигаред.) *

4. Чаро омӯзгори Каломи Худо ҳангоми гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас аз пургӯӣ бояд худдорӣ кунад? (Ба эзоҳ нигаред.)

4 Он чизҳое, ки мо аз Каломи Худо медонем, ба мо хеле маъқуланд. Барои ҳамин шояд ҳангоми таълим додани дигарон мо дар бораи он чизҳо бисёр гап задан хоҳем. Аммо касе, ки муҳокимаи «Бурҷи дидбонӣ», омӯзиши Китоби Муқаддасро дар ҷамъомад мегузаронад ё бо касе омӯзиш мекунад, набояд пургӯӣ кунад, балки Китоби Муқаддасро ҳарчи хубтар истифода барад. Аз ин рӯ дар вақти омӯзиш ҳар як чизи майда чуйдаро оиди мавзӯъ фаҳмонда додан шарт нест. Аз бисёр гап задан мо бояд худдорӣ кунем * (Юҳ. 16:12). Масалан, ба хотир оред, ки дониши шумо ҳангоми таъмид гирифтанатон чӣ қадар буду ҳоло чӣ қадар аст. Шояд он вақт шумо танҳо таълимоти асосиро медонистед (Ибр. 6:1). Дониши ҳозираатонро бошад, дар давоми солҳои зиёд пайдо кардед, ҳамин тавр-не? Бинобар ин ҳаракат накунед, ки ба омӯзандаи нав яку якбора ҳама чиро таълим диҳед, чунки ин метавонад ба ӯ гаронӣ кунад.

5. а) Мувофиқи 1 Таслӯникиён 2:13 мо ба омӯзанда дар фаҳмидани чӣ кӯмак кардан мехоҳем? б) Барои он ки омӯзанда чизҳои фаҳмидаашро нақл кунад, мо чӣ кор карда метавонем?

5 Мо мехоҳем омӯзандаамон дарк кунад, ки чизе, ки ӯ омӯхта истодааст, аз Каломи Худо мебошад, на фикрҳои мо. (1 Таслӯникиён 2:13-ро хонед.) Мо инро чӣ тавр карда метавонем? Ба омӯзанда гӯед, ки чизҳои фаҳмидаашро нақл кунад. Ба ҷойи ҳама оятҳоро фаҳмонда додан, баъзан аз худи ӯ пурсед, ки ин ё он оятро ӯ чӣ хел мефаҳмад. Ба вай кӯмак кунед, то фаҳмад, ки Худо шахсан аз ӯ чиро талаб мекунад. Баъди хондани оят барои фаҳмидани нуқтаи назари омӯзанда саволҳо диҳед. Инчунин бо ёрии саволҳо ба вай кӯмак кунед, ки ба хулосаи дуруст ояд (Луқ. 10:25–28). Масалан, аз ӯ пурсед: «Дар ин оятҳо кадом хислати Яҳува дида мешавад? Чизе, ки ту фаҳмидӣ ба ҳаётат чӣ тавр фоида оварда метавонад? Дар бораи чизе ки ту ҳозир фаҳмидӣ, чӣ ақида дорӣ?» (Мас. 20:5). Чизи аз ҳама муҳим на миқдори дониши ӯ, балки дӯст доштани чизҳои омӯхтааш ва ба кор бурдани онҳо мебошад.

6. Чаро хуб мебуд, ки баъзан ба назди омӯзандаамон бо воизи ботаҷриба равем?

6 Оё шумо баъзан ба омӯзиш воизони ботаҷрибаро мегиред? Баъди омӯзиш шумо метавонед аз онҳо пурсед, ки дар бораи тарзи омӯзишгузарониатон чӣ фикр доранд ва оё шумо Китоби Муқаддасро хуб истифода мебаред. Агар воизи ботаҷриба оиди беҳтар кардани таълимдиҳиатон маслиҳате диҳад, фурӯтанона онро қабул кунед. (Бо Аъмол 18:24–26 муқоиса кунед.) Сипас пурсед, ки оё ба назараш омӯзанда таълимоти ҳақиқатро дарк карда истодааст ё не. Агар шумо як-ду ҳафта ба ягон ҷо сафар кунед, аз ин воизи ботаҷриба хоҳиш кунед, ки дар вақти набудани шумо бо омӯзандаатон дарс гузарад. Ҳамин тавр омӯзиш ба қафо намемонад ва омӯзанда муҳим будани омӯзишро дарк мекунад. Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки омӯзанда аз они «шумо» аст ва каси дигар ҳақ надорад, ки бо ӯ омӯзиш кунад. Охир, мақсади шумо ин аст, ки омӯзандаатон мунтазам аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунад, ҳамин тавр-не?

БО ШАВҚУ ЗАВҚ ВА БОВАРИИ КОМИЛ ТАЪЛИМ ДИҲЕД

Ба омӯзандаатон оиди онҳое нақл кунед, ки ҳаёташонро бо ёрии принсипҳои Каломи Худо дигар карданд, то ки ӯ аз мисоли онҳо дарс гирифта тавонад (Ба сархатҳои 7–9 нигаред.) *

7. Чӣ ба омӯзанда ёрдам мекунад, ки чизҳои фаҳмидаашро дӯст дорад?

7 Ҳангоми таълим додани Китоби Муқаддас муҳим аст, ки бо шавқу завқ ва бо боварӣ гап занем, чунки ин чизҳо ба суханони мо ҷон мебахшанд (1 Тас. 1:5). Он гоҳ чизҳои фаҳмидааш ба омӯзанда шояд таъсири бештар расонад. Агар бамаврид бошад, ба ӯ нақл кунед, ки аз рӯйи принсипҳои Каломи Худо зистан чӣ тавр шахсан ба шумо кӯмак мекунад. Инро фаҳмида ӯ боварӣ ҳосил менамояд, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар ҳақиқат фоиданоканд ва ҳаёти ӯро низ беҳтар карда метавонанд.

8. Барои кӯмак кардан ба омӯзандаатон шумо боз чӣ кор карда метавонед?

8 Агар омӯзандаатон ягон душворӣ дошта бошад, ҳангоми омӯзиш оиди бародар ё хоҳаре нақл кунед, ки бо ёрии Китоби Муқаддас чунин душвориро паси сар карда буд. Шумо метавонед яке аз чунин ҳамимононро ба омӯзишатон даъват кунед, ки аз ҳаёти ӯ омӯзандаатон дарс гирифта метавонад. Дигар мисолҳои рӯҳбаландкунандаро аз сайти jw.org, бахши «Ҳақиқат ҳаётро дигаргун месозад» * ёфтан мумкин аст. Мақола ва видеонаворҳои ин бахш нишон медиҳанд, ки ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас то чӣ андоза оқилона аст.

9. Чӣ тавр шумо омӯзандаатонро ташвиқ карда метавонед, ки дар бораи чизҳои фаҳмидааш ба дигарон мавъиза кунад?

9 Оё омӯзандаатон оиладор аст ва ҳамсари ӯ низ омӯзиш мекунад? Агар накунад, ӯро таклиф кунед, ки дар вақти омӯзиш бо шумо шинад. Омӯзандаатонро ташвиқ кунед, ки дар бораи чизҳои фаҳмидааш ба дӯстон ва наздиконаш нақл кунад (Юҳ. 1:40–45). Масалан, ба ӯ чунин савол дода метавонед: «Ин чизро ту ба аъзоёни оилаат чӣ тавр мефаҳмондӣ?» ё «Барои ин таълимотро ба ягон дӯстат фаҳмондан ту кадом оятро истифода мебурдӣ?» Ҳамин тавр омӯзанда оҳиста-оҳиста ба дигарон таълим доданро ёд мегирад. Ва баъди ба талаботи лозима мувофиқат кардан ӯ метавонад воизи таъмиднаёфта шавад. Аз омӯзандаатон пурсед, ки оё ӯ ягон касро мешиносад, ки Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан мехост. Агар ӯ касеро донад, бо он шахс даррав тамос гиред ва омӯзиш пешкаш кунед. Ба ӯ видеонавори «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ гуна мегузарад?» *-ро нишон диҳед.

БА Ӯ КӮМАК КУНЕД, КИ АЗ ҶАМЪОМАД ДӮСТ ПАЙДО КУНАД

Ба омӯзандаатон ёрӣ диҳед, ки аз ҷамъомад дӯстон пайдо кунад (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.) *

10. Дар 1 Таслӯникиён 2:7, 8 оиди чӣ гуфта шудааст ва чӣ тавр омӯзгори Каломи Худо ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонад?

10 Мо чун омӯзгорони Каломи Худо бояд ба омӯзандагони худ ғамхории самимӣ нишон диҳем. Шояд онҳо ба наздикӣ бародару хоҳарони рӯҳонии мо мегарданд. (1 Таслӯникиён 2:7, 8-ро хонед.) Ба бисёриҳо даррав аз баҳри дӯстони пештараашон баромадан ва якбора ҳаёташонро дигар кардан осон нест. Мо бояд ба онҳо кӯмак кунем, ки дар ҷамъомад дӯстони ҳақиқӣ пайдо кунанд. Ва худамон низ барои онҳо бояд дӯст бошем ва на танҳо ҳангоми омӯзиш, балки дар мавридҳои дигар низ якҷоя вақт гузаронем. Байни ҳафта мо метавонем ба воситаи занги телефонӣ ё смс аз кору борашон пурсон шавем ё як сари қадам ба хабаргириашон дароем. Бо ин мо нишон медиҳем, ки ҳақиқатан дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунем.

11. Мо ба омӯзандагон дар чӣ кӯмак кардан мехоҳем ва чаро?

11 Баъзе халқиятҳо чунин мақол доранд: «Бача бачаи қишлоқ аст». Яъне тамоми мардуми қишлоқ ба калон кардани кӯдак ёрӣ медиҳанд. Пас, мо ҳам гуфта метавонем, ки «омӯзанда омӯзандаи ҷамъомад аст». Ҳамаи аъзоёни он бояд ба рӯҳан калон шудани ӯ ёрдам кунанд. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки омӯзгори Каломи Худо омӯзандагонашро бо дигар бародару хоҳарон шинос кунад. Зеро муошират бо халқи Худо метавонад ба омӯзандагон хурсандӣ бахшад, барои ба Яҳува наздиктар шудан ва ба душвориҳо тоб овардан кӯмак кунад. Мо мехоҳем то ҳар як омӯзанда худро қисми ҷамъомад ва оилаи рӯҳонии мо ҳис кунад ва меҳраш ба бародарияти масеҳӣ зиёд шавад. Он гоҳ алоқаро аз дӯстони пештарааш кандан ба ӯ осонтар мегардад (Мас. 13:20). Агар онҳо аз вай рӯ гардонанд ҳам, ӯ зиқ намешавад, чунки медонад, ки дар ташкилоти Яҳува дӯстони ҳақиқӣ ёфтан мумкин аст (Марқ. 10:29, 30; 1 Пет. 4:4).

ОИДИ БА ЯҲУВА БАХШИДАНИ ҲАЁТ ВА ТАЪМИД ГАП ЗАНЕД

Омӯзандаи самимӣ қадам ба қадам ба мақсади худ, яъне таъмид расида метавонад! (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

12. Чаро ба омӯзандаамон дар бораи ҳаёти худро ба Худо бахшидан ва таъмид гап задан муҳим аст?

12 Мо бояд ба омӯзанда кушоду равшан гап занем, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидан ва таъмид гирифтан хеле муҳим аст. Чунки аслан мақсади омӯзиш кардани мо ҳамин мебошад. Дар давоми якчанд моҳи мунтазам омӯзиш кардан ва хусусан баъди он ки омӯзанда ба ҷамъомадҳо рафтанро сар мекунад, ӯ бояд фаҳмад, ки мо ба вай кӯмак карданӣ ҳастем, ки таъмид гирифта яке аз хизматгорони Яҳува гардад.

13. То таъмид омӯзанда кадом қадамҳоро мегузорад?

13 Омӯзандаи самимӣ барои ба мақсади худ, яъне таъмид расидан қадамҳои зеринро мегузорад: Якум, ӯ дар бораи Яҳува дониш гирифта ба Ӯ меҳр ва имон пайдо мекунад (Юҳ. 3:16; 17:3). Сипас, ӯ бо Яҳува муносибати наздик инкишоф медиҳад ва бо аъзоёни ҷамъомад низ дӯст мешавад (Ибр. 10:24, 25; Яъқ. 4:8). Вай аз гуноҳҳои пешинааш самимона пушаймон мегардад ва аз корҳои бад даст мекашад (Аъм. 3:19). Инчунин имонаш ӯро водор мекунад, ки ҳақиқатро ба дигарон мавъиза кунад (2 Қӯр. 4:13). Ва ниҳоят, ӯ ҳаёти худро ба Яҳува бахшида дар назди дигарон инро бо таъмидаш нишон медиҳад (1 Пет. 3:21; 4:2). Ин барои ҳамагон рӯзи хурсандиовар аст! Вақте омӯзанда зина ба зина он қадамҳоро мегузорад, ӯро самимона таъриф кунед ва барои минбаъд низ пешравӣ кардан ташвиқ намоед.

ҲАР САРИ ЧАНД ВАҚТ БА ПЕШРАВИИ ОМӮЗАНДА АҲАМИЯТ ДИҲЕД

14. Чӣ тавр мо ба пешравии омӯзанда баҳо дода метавонем?

14 Албатта, мо тайёрем, ки босаброна ба омӯзанда кӯмак кунем, то ӯ пешравӣ карда дар натиҷа таъмид гирад. Вале мо ҳамчунин бояд муайян кунем, ки оё ӯ дар асл барои ба Яҳува хизмат кардан хоҳиш дорад ё не. Оё шумо аз рафтору гуфтори омӯзанда пай мебаред, ки ӯ ба риоя кардани гуфтаҳои Исо кӯшиш карда истодааст? Ё ӯ фақат чизҳои шавқоварро аз Китоби Муқаддас фаҳмидан мехоҳаду халос?

15. Кадом чизҳо нишон медиҳанд, ки омӯзанда пешравӣ карда истодааст ё не?

15 Чӣ хел фаҳмем, ки омӯзандаамон пешравӣ карда истодааст ё не? Масалан, диққат диҳед, ки оё вай дар бораи ба Яҳува чӣ гуна ҳиссиёт доштанаш нақл мекунад? Оё ба Яҳува дуо мегӯяд? (Заб. 114:1, 2). Оё Китоби Муқаддасро бо шавқ мутолиа мекунад? (Заб. 118:97). Ба ҷамъомадҳо мунтазам меояд? (Заб. 21:23). Оё аз рӯйи дониши гирифтааш амал карда ба ҳаёташ дигаргуниҳои лозима дароварда истодааст? (Заб. 118:112). Оё ба наздикону дӯстонаш чизҳои фаҳмидаашро мавъиза мекунад? (Заб. 9:2). Аз ҳама муҳимаш, оё вай Шоҳиди Яҳува шудан мехоҳад? (Заб. 39:9). Агар пай баред, ки омӯзанда дар яке аз ин соҳаҳо пешравӣ накарда истодааст, боадабона сабабашро пурсед. Сипас душвориро бо меҳрубонӣ, вале ҳамзамон ошкоро бо ӯ муҳокима кунед *.

16. Кай мо бояд бо касе омӯзиш карданро бас кунем?

16 Вақт аз вақт санҷед, ки оё бо шахс омӯзишро давом додан даркор аст ё не. Ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё омӯзандаам барои ба омӯзиш тайёрӣ дидан хунукназарӣ мекунад? Оё барои ба ҷамъомадҳо наомадан ҳар хел баҳона меҷӯяд? Одатҳои бадашро то ҳол напартофтааст? Оё ҳанӯз бо дини дурӯғ алоқаашро накандааст?» Агар ҷавоби ин саволҳо ғайриқаноатбахш бошанд, пас, бо чунин шахс омӯзишро давом додан маъно надорад. Зеро ин монанди он мебуд, ки мо ба касе шиновариро ёд доданиему вай бошад, ҳатто тар шудан намехоҳад. Агар омӯзанда чизҳои фаҳмидаашро қадр накунад ва ба дигар кардани ҳаёташ кӯшиш накунад, бо вай омӯзишро давом додан беҳуда аст.

17. Мувофиқи 1 Тимотиюс 4:16 ҳамаи омӯзгорони Каломи Худо бояд чӣ кор кунанд?

17 Мо ба супориши Исо оиди шогирдсозӣ ҷиддӣ муносибат мекунем. Аз ин рӯ мехоҳем ба омӯзандагонамон кӯмак кунем, то онҳо пешравӣ карда таъмид гиранд. Барои ин мо бояд дар вақти омӯзиш Китоби Муқаддасро хуб истифода барем, бо шавқу завқ ва бо боварӣ таълим диҳем. Инчунин мо ба омӯзандаамон барои дар ҷамъомад дӯстон пайдо кардан ёрӣ медиҳем. Ва ба ӯ ёдрас карда меистем, ки мақсади омӯзиш — ҳаёти худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтан аст. Инчунин вақт аз вақт аҳамият медиҳем, ки омӯзандаамон пешравӣ карда истодааст ё не. (Ба чорчӯбаи  «Маслиҳатҳои муфид барои омӯзгорони Каломи Худо» нигаред.) Мо шодем, ки дар ин кори наҷотбахш иштирок мекунем! Биёед тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ба омӯзандагонамон ёрӣ диҳем, ки бо Яҳува муносибати наздик инкишоф дода хизматгори Ӯ шаванд.

СУРУДИ 139 Ёрӣ ба шогирдони нав

^ сарх. 5 Яҳува ба мо ганҷи пурқимате додааст — мо метавонем Китоби Муқаддасро бо одамон омӯзиш карда ба онҳо фикрронӣ, ҳиссиёт ва рафтори ба Худо писандро таълим диҳем. Ин мақола ба воизон мефаҳмонад, ки қобилияти таълимдиҳии худро боз ҳам беҳтар кунанд.

^ сарх. 4 Ба мақолаи «Вақти омӯзиш ба ин хатогиҳо роҳ надиҳед», ки дар дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» аз сентябри с. 2016 чоп шуда буд, нигаред.

^ сарх. 8 Бахши О НАС>СЛУЧАИ ИЗ ЖИЗНИ (баъзе видеонаворҳоро ба забони тоҷикӣ аз ин ҷо ёфтан мумкин аст: бахши АДАБИЁТҲО>ВИДЕО>МУСОҲИБА ВА ВОҚЕАҲО АЗ ҲАЁТ>ҲАҚИҚАТ ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД)

^ сарх. 9 (Ба «JW Library®», ба МУЛЬТИМЕДИА>НАШИ ВСТРЕЧИ И СЛУЖЕНИЕ>ПОСОБИЯ ДЛЯ СЛУЖЕНИЯ дароед.)

^ сарх. 15 Ба мақолаҳои «Бигзор муҳаббат ба Яҳува шуморо ба таъмид барангезад!» ва «Оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред?», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз марти с. 2020 чоп шудаанд, нигаред.

^ сарх. 77 ШАРҲИ РАСМ: Чанде пас аз омӯзиш хоҳари ботаҷриба ба хоҳаре, ки омӯзишро гузаронд, мефаҳмонад, ки чаро дар рафти омӯзиш бисёр гап задан хуб нест.

^ сарх. 79 ШАРҲИ РАСМ: Ҳангоми дарс омӯзанда мефаҳмад, ки чӣ тавр ҳамсари хуб шуда метавонад. Баъдтар, ӯ ба шавҳараш чизҳои омӯхтаашро нақл мекунад.

^ сарх. 81 ШАРҲИ РАСМ: Омӯзанда бо шавҳари худ дар хонаи ҷуфте мебошанд, ки бо онҳо дар ибодатгоҳ шинос шуда буд.