Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 44

Оё фарзандонатон калон шуда ба Яҳува хизмат мекунанд?

Оё фарзандонатон калон шуда ба Яҳува хизмат мекунанд?

«Исо рӯз аз рӯз калон мешуд, хирадаш торафт зиёд мегашт ва ба Худову одамон бештар маъқул мешуд» (ЛУҚ. 2:52).

СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо

ПЕШГУФТОР *

1. Беҳтарин қароре, ки ҳар як инсон бароварда метавонад, кадом аст?

БИСЁР ВАҚТ қарорҳои волидон ба тамоми ҳаёти фарзандонашон таъсир мекунанд. Агар онҳо қарорҳои нодуруст бароранд, ин метавонад ба фарзандонашон мушкилиҳо орад. Вале агар қарорҳои бохирадона бароранд, онҳо ба фарзандонашон ёрӣ медиҳанд, ки ҳаёти хушбахт ва пурмазмун дошта бошанд. Албатта, худи фарзандон низ бояд қарорҳои оқилона қабул кунанд. Аз ҳама қарори беҳтарин барои ҳар як инсон ин ба Падари меҳрубони осмониамон — Яҳува хизмат кардан аст (Заб. 72:28).

2. Дар асоси оятҳои ин сархат фаҳмонед, ки Исо ва волидонаш чӣ гуна қарорҳои оқилона қабул карданд?

2 Волидони Исо мехостанд, ки ба фарзандонашон барои хизматгори Яҳува шудан кӯмак кунанд ва аз қарорҳои ин волидон маълум буд, ки барояшон чизи аз ҳама муҳим хизмати Яҳува аст (Луқ. 2:40, 41, 52). Исо низ қарорҳои оқилона қабул кард, ки ба ӯ дар иҷрои хости Яҳува кӯмак карданд (Мат. 4:1–10). Ӯ чун шахси меҳрубон, содиқ ва далер ба воя расид ва, албатта, ҳар як волиди худотарс аз доштани чунин писар хурсандӣ мекард ва фахр менамуд.

3. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

3 Дар ин мақола мо саволҳои зеринро дида мебароем: Яҳува чун Падар дар бобати Писараш Исо чӣ гуна қарорҳои хуб қабул кард? Аз қарорҳое, ки волидони заминии Исо қабул карданд, волидони масеҳӣ чӣ омӯхта метавонанд? Ва аз қарорҳои Исо ҷавонони масеҳӣ ба худ чӣ дарс мегиранд?

ВОЛИДОН, АЗ НАМУНАИ ЯҲУВА ДАРС ГИРЕД

4. Яҳува дар бобати Писари Худ чӣ қарори муҳиме қабул кард?

4 Яҳува барои Исо волидони беҳтаринро интихоб кард (Мат. 1:18–23; Луқ. 1:26–38). Марям Яҳува ва Каломи Ӯро бениҳоят дӯст медошт ва суханони аз самими қалб гуфтаи ӯ, ки мо дар Китоби Муқаддас мехонем, инро тасдиқ мекунанд (Луқ. 1:46–55). Ва аз итоаткории Юсуф ба дастуроти Яҳува мо мебинем, ки ӯ марди худотарс буд ва ба Яҳува писанд омадан мехост (Мат. 1:24).

5, 6. Яҳува дар ҳаёти Исо кадом мушкилиҳоро роҳ дод?

5 Аҳамият диҳед, ки Яҳува барои Исо волидони бою бадавлатро интихоб накард. Қурбоние, ки Юсуф ва Марям баъди таваллуди Исо ба маъбад оварданд, нишон медиҳад, ки онҳо камбағал буданд (Луқ. 2:24). Юсуф эҳтимол дар назди хонааш, дар Носира, дӯкони дуредгарие дошт. Ӯ бо оилааш ҳаёти одӣ ба сар мебурд, хусусан вақте ки фарзандонаш торафт зиёд шуда ҳафт нафар ё аз он бештарро ташкил доданд (Мат. 13:55, 56).

6 Яҳува Исоро аз баъзе хатарҳо эмин медошт, вале Ӯ Писарашро аз ҳама душвориҳо муҳофизат намекард (Мат. 2:13–15). Масалан, Исо хешу таборе дошт, ки ба ӯ имон надоштанд. Аъзоёни оилаи худаш дар аввал ӯро чун Масеҳ қабул накарданд. Тасаввур кунед, ки ин барояш то чӣ андоза ғамовар буд (Марқ. 3:21; Юҳ. 7:5). Эҳтимол дар вақти наврасии Исо падархондаш Юсуф аз олам гузашт ва марги ӯ ба вай хеле дардовар буд. Акнун чун фарзанди калонӣ, ӯ бояд кори падарашро бар дӯши худ гирифта зиндагиро пеш мебурд (Марқ. 6:3). Ва ӯ торафт баркамол шуда дар ҳаққи оилааш ғамхорӣ карданро ёд гирифт. Барои онҳоро хӯрондану пӯшондан ӯ шояд бисёр меҳнат мекард. Аз ин рӯ Исо медонист, ки баъди рӯзи дароз кор кардан одам чӣ хел сахт монда шуда метавонад.

Волидон, фарзандонатонро ба душвориҳои ҳаёт тайёр кунед ва фаҳмонед, ки чӣ тавр аз Каломи Худо маслиҳат ҷустан мумкин аст (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. а) Мулоҳиза оиди кадом саволҳо ба ҳамсарон кӯмак мекунад, ки фарзандонашонро дуруст тарбия диҳанд? б) Чӣ тавр принсипи дар Масалҳо 2:1–6 навишташуда ба волидон дар тарбияи фарзандон кӯмак мекунад?

7 Агар шумо оиладореду фарзанддор шудан хоҳед, аз худ пурсед: «Оё мо шахсони фурӯтан ҳастем? Яҳува ва Каломи Ӯро аз таҳти дил дӯст медорем? Оё Яҳува барои ғамхорӣ кардан ба тифлаки навзоде, ки ҳаёташ барои Ӯ пурқимат аст, моро сазовор меҳисобад?» (Заб. 126:3, 4). Агар шумо аллакай фарзанд дошта бошед, пас ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё ман ба фарзандонам меҳнатдӯст буданро таълим медиҳам? (Воиз 3:12, 13). Оё ман ҳама кори аз дастам меомадаро карда онҳоро аз хатарҳое, ки дар ин ҷаҳони Шайтон дучор шудан мумкин аст, муҳофизат мекунам?» (Мас. 22:3). Шумо фарзандонатонро аз ҳама душвориҳо муҳофизат карда наметавонед, чунки ин ғайриимкон аст. Вале шумо метавонед онҳоро бо меҳру муҳаббат тарбия карда вобаста аз синну солашон онҳоро ба душвориҳои ҳаёт тайёр карда фаҳмонед, ки дар вақти мушкилиҳо чӣ тавр аз Каломи Худо маслиҳат ҷустан мумкин аст. (Масалҳо 2:1–6-ро хонед.) Масалан, агар ягон шахси наздик ба Яҳува хизмат карданро бас кунад, бо ёрии Каломи Худо ба фарзандатон фаҳмонед, ки чаро ба Яҳува содиқ мондан муҳим аст (Заб. 30:24). Ё агар ягон одами наздикатон вафот кунад, ба фарзандатон нишон диҳед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас дар ғаму андӯҳ ба мо тасаллӣ ва оромӣ мебахшад (2 Қӯр. 1:3, 4; 2 Тим. 3:16).

АЗ ЮСУФ ВА МАРЯМ ИБРАТ ГИРЕД

8. Юсуф ва Марям чӣ тавр мувофиқи Такрори Шариат 6:6, 7 амал менамуданд?

8 Волидони заминии Исо ӯро тавре тарбия намуданд, ки писанди Худо бошад; онҳо мувофиқи дастуроте, ки Яҳува ба волидон додааст, амал мекарданд. (Такрори Шариат 6:6, 7-ро хонед.) Юсуф ва Марям Яҳуваро бениҳоят зиёд дӯст медоштанд ва мақсади асосии онҳо ин буд, ки чунин муҳаббатро дар дили фарзандонашон низ ҷой кунанд.

9. Юсуф ва Марям чӣ қарори муҳиме қабул карда буданд?

9 Юсуф ва Марям қарор дода буданд, ки реҷаи хуби рӯҳониро дар оилаашон нигоҳ медоранд. Бешубҳа онҳо ҳар ҳафта ба ибодатгоҳи шаҳри Носира мерафтанд ва инчунин ҳар сол барои ҷашни иди Фисҳ ба Ерусалим меомаданд (Луқ. 2:41; 4:16). Шояд онҳо то ба Ерусалим расидан дар роҳ ба Исо ва хоҳару додараконаш дар бораи таърихи халқи Худо нақл мекарданд ва ҷойҳоеро, ки оидашон дар Навиштаҳо гуфта шудааст, нишон медоданд. Вақте шумораи фарзандонашон зиёд шуд, ба Юсуфу Марям шояд мунтазам ба ибодати Яҳува рафтан осон набуд. Вале ба ин нигоҳ накарда онҳо реҷаи хуби рӯҳониашонро нигоҳ медоштанд. Ва ин бешубҳа ба онҳо баракат меовард. Азбаски ибодати Яҳува барои онҳо дар ҷойи аввал меистод, оилаи онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват мемонд.

10. Волидон, шумо аз намунаи Юсуф ва Марям чӣ омӯхта метавонед?

10 Волидони худотарс, шумо аз намунаи Юсуф ва Марям чӣ омӯхта метавонед? Ҳам бо сухан ва ҳам бо рафтор ба фарзандонатон нишон диҳед, ки Яҳуваро сахт дӯст медоред. Фаромӯш накунед, ки тӯҳфаи калонтарини шумо ба фарзандонатон ин дар дили онҳо муҳаббати Яҳуваро парвариш кардан аст. Барои ин ба онҳо кӯмак кунед, ки реҷаи хуби рӯҳониро нигоҳ доранд — мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзиш кунанд, дуо гӯянд, ба ҷамъомад раванд ва мавъиза кунанд (1 Тим. 6:6). Албатта, ба шумо лозим аст, ки фарзандонатонро бо чизҳои моддие, ки онҳо ниёз доранд, таъмин кунед (1 Тим. 5:8). Вале дар хотир доред, ки на пулу чиз, балки муносибати наздик бо Яҳува ба фарзандонатон кӯмак мекунад, ки ҳангоми нест шудани ҷаҳони Шайтон наҷот ёбанд ва дар дунёи нави Худо зиндагӣ кунанд * (Ҳиз. 7:19; 1 Тим. 4:8).

Вақте мо мебинем, ки волидон барои фарзандонашонро дар роҳи Яҳува тарбия кардан қарорҳои хуб қабул мекунанд, хурсанд мешавем (Ба сархати 11 нигаред.) *

11. а) Чӣ тавр маслиҳати 1 Тимотиюс 6:17–19 ба волидон кӯмак мекунад, ки дар бобати тарбияи фарзанд қарорҳои хуб қабул кунанд? б) Шумо ҳамроҳи оилаатон чӣ гуна мақсадҳо монда метавонед ва ба фикратон онҳо чӣ баракатҳо меоранд? (Ба чорчӯбаи  «Шумо чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонед?» нигаред.)

11 Дидани он хурсандиовар аст, ки бисёр волидони масеҳӣ барои фарзандонашонро дар роҳи Яҳува тарбия кардан қарорҳои хуб қабул мекунанд. Масалан, онҳо мунтазам ибодати оилавӣ мегузаронанд. Ҳамроҳ ба вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо мераванд ва бо фарзандонашон дар хизмати мавъиза иштирок мекунанд. Баъзе оилаҳо ҳатто ба минтақаҳое рафта мавъиза мекунанд, ки дар он ҷо кам мавъиза шудааст. Баъзеҳо ҳамроҳи фарзандонашон ба тамошои Байт-Ил мераванд ё дар ягон лоиҳаи сохтмонӣ кӯмак мерасонанд. Албатта, ин корҳо бо хароҷот ва мушкилиҳои муайян алоқаманданд. Вале Яҳува онҳоро барои чунин қурбониҳояшон саховатмандона баракат медиҳад. (1 Тимотиюс 6:17–19-ро хонед.) Фарзандоне, ки дар ин гуна оилаҳо тарбия меёбанд, одатан баъди калон шудан низ одатҳои хуберо, ки волидонашон ёд додаанд, гум намекунанд ва аз тарбияи онҳо розиянд * (Мас. 10:22).

АЗ ИСО ТАЪЛИМ ГИРЕД

12. Баъди ба воя расидан Исо бояд чӣ кор мекард?

12 Яҳува дар бобати Писараш Исо ҳамеша қарорҳои хуб қабул мекард ва дар бораи волидони заминии ӯ низ чунин гуфтан мумкин аст. Аммо баъди ба воя расидан Исо акнун бояд худаш қарор мебаровард (Ғал. 6:5). Мисли ҳар яки мо ӯ ҳам дар интихоб кардан озодӣ дошт. Исо метавонист нафъи худро ҷӯяд, вале ӯ бо Яҳува муносибати хубро нигоҳ доштан мехост (Юҳ. 8:29). Ҷавонон, чӣ тавр намунаи Исо имрӯз ба шумо кӯмак карда метавонад?

Ҷавонон, ҳеҷ гоҳ аз итоати волидонатон сар напечед (Ба сархати 13 нигаред.) *

13. Исо ҳанӯз дар наврасиаш бо омодагӣ чӣ кор мекард?

13 Дар замин Исо ҳанӯз дар айёми наврасиаш мехост, ки ба волидонаш Юсуфу Марям бо омодагӣ итоат кунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки аз онҳо бисёртар медонад, барои ҳамин гапи онҳоро нагирад ҳам мешавад. Баръакс, ӯ ҳамеша «дар итоати онҳо» мемонд (Луқ. 2:51). Исо чун писари калонӣ баъзе масъулиятҳо дошт ва эҳтимол онҳоро хуб иҷро мекард. Бешубҳа ӯ боғайратона меҳнат карда ҳунари падархондаш Юсуфро ёд гирифт, то кор карда оилаашро дастгирӣ кунад.

14. Мо аз куҷо медонем, ки Исо омӯзандаи хуби Каломи Худо буд?

14 Юсуфу Марям эҳтимол ба Исо нақл мекарданд, ки чӣ тавр ӯ ба таври мӯъҷиза ба дунё омад ва чӣ тавр Худо тавассути фариштагон ва баъзе касон оиди ӯ пешгӯйӣ карда буд (Луқ. 2:8–19, 25–38). Вале бар замми ин, худи Исо ҳам Навиштаҳоро бодиққат меомӯхт. Мо инро аз куҷо медонем? Масалан, вақте ӯ ҳанӯз наврас буд, бо устодони яҳудӣ оиди Навиштаҳо саволу ҷавоб мекард ва онҳо «аз фаҳмиш ва ҷавобҳои Исо ҳайрон мешуданд» (Луқ. 2:46, 47). Ва аллакай дар 12 солагиаш ӯ аниқ медонист, ки Яҳува Падари ӯ мебошад (Луқ. 2:42, 43, 49).

15. Чӣ хел Исо нишон дод, ки бо азми қавӣ хости Худоро иҷро карданӣ аст?

15 Вақте Исо нақши худро дар иҷрошавии нияти Яҳува фаҳмид, ин таъйиноташро бо омодагӣ қабул кард (Юҳ. 6:38). Вай медонист, ки бисёриҳо аз ӯ нафрат мекунанд. Ҳарчанд ӯ инро намехост, ӯ қарор дод, ки мувофиқи иродаи Яҳува амал мекунад. Баъди он ки Исо соли 29-уми милодӣ таъмид гирифт, бо азми қавӣ худро пурра ба иҷрои хости Падараш бахшид (Ибр. 10:5–7). Исо ҳеҷ гоҳ, ҳатто ҳангоми дар сутун азоб кашида ҷон додан аз раъяш нагашт (Юҳ. 19:30).

16. Як дарсе, ки фарзандон аз намунаи Исо омӯхта метавонанд, кадом аст?

16 Ба падару модаратон гӯш диҳед. Мисли Юсуфу Марям волидони шумо ҳам нокомиланд. Вале Яҳува онҳоро ӯҳдадор кардааст, ки шуморо аз хатарҳо муҳофизат намоянд, таълим диҳанд ва роҳнамоӣ кунанд. Агар шумо маслиҳату насиҳати онҳоро гӯш кунед, дар ҳаёт комёб хоҳед гашт (Эфс. 6:1–4).

17. Мувофиқи Еҳушаъ ибни Нун 24:15 ҷавонон бояд оиди чӣ қарор қабул кунанд?

17 Интихоб кунед, ки шумо ба кӣ хизмат мекунед. Ҷавонон, дар қабули чунин қарор ба шумо омӯзиши чуқури Каломи Худо кӯмак мекунад. Таҳқиқот гузаронда боварӣ ҳосил кунед, ки Яҳува Худои воқеӣ аст; фаҳмед, ки Ӯ чӣ ният дорад ва аз шумо чиро интизор аст (Рум. 12:2). Он гоҳ шумо худатон метавонед қарор диҳед, ки ба Яҳува хизмат мекунед ё не. Ин қарори муҳимтарин дар ҳаёти шумо аст. (Еҳушаъ ибни Нун 24:15-ро хонед; Воиз 12:1). Агар шумо мунтазам аз рӯйи реҷа Китоби Муқаддасро хонед ва омӯзиш кунед, муҳаббат ва имони шумо ба Яҳува торафт қавитар мегардад.

18. Ҷавонон боз оиди чӣ бояд қарор бароранд ва ин чӣ натиҷа меорад?

18 Қувват ва қобилияти худро барои кори Яҳува истифода баред. Ҷаҳони Шайтон талқин мекунад, ки агар қобилиятҳои худро барои бою шӯҳратманд шудан истифода баред, хушбахт мегардед. Дар асл бошад, онҳое, ки аз пушти чизу чора медаванд, «худро ба азобҳои зиёде гирифтор» мекунанд (1 Тим. 6:9, 10). Вале агар шумо ба гапи Яҳува гӯш дода хости Ӯро дар ҷойи аввал гузоред, шумо бохирадона рафтор мекунед ва дар ҳаёти худ «муваффақият ба даст» меоред (Еҳ. 1:8).

ШУМО ЧИРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

19. Волидон чиро бояд дар хотир доранд?

19 Волидон, ба фарзандонатон ҳар кӯмаки аз дастатон омадаро расонед, то ки хизматгори Яҳува шаванд. Ба Худо такя кунед ва Ӯ ба шумо барои қабули қарорҳои дуруст ҳатман кӯмак мекунад (Мас. 3:5, 6). Дар хотир доред, ки ба фарзандонатон рафтори шумо назар ба суханонатон таъсири бештар мерасонад. Аз ин рӯ қарорҳое қабул кунед, ки ба онҳо барои розигии Яҳуваро ба даст овардан кӯмак мекунанд.

20. Онҳое, ки хизмати Яҳуваро интихоб мекунанд, соҳиби кадом баракатҳо мешаванд?

20 Ҷавонон, бо ёрии волидонатон шумо дар ҳаёт қарорҳои оқилона қабул карда метавонед. Вале бигзор мақсади шумо ба Яҳува писанд омадан бошад. Аз ин рӯ ба Исо пайравӣ кунед ва хизмати Падари меҳрубони осмониамон Яҳуваро интихоб кунед. Ин ҳаёти шуморо пурмазмун ва рангоранг мегардонад (1 Тим. 4:16). Ва дар оянда шумо ҳаёти аз ин ҳам шавқовару ҳаловатбахш хоҳед дошт!

СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»

^ сарх. 5 Волидони масеҳӣ мехоҳанд, ки фарзандонашон хушбахт бошанд ва ба воя расида хизматгори Яҳува шаванд. Онҳо чӣ гуна қарорҳо қабул карда метавонанд, то ки ба фарзандонашон дар ин кӯмак кунанд? Ва худи ҷавонони масеҳӣ барои хушбахт ва пурмазмун гардондани ҳаёти худ бояд чӣ гуна қарорҳо бароранд? Дар мақолаи мазкур ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.

^ сарх. 10 Ба китоби «Ибодати поки Яҳува ниҳоят барқарор шуд» (англ.) саҳ. 69, 70 ва сарх. 17 ва 18 нигаред.

^ сарх. 11 Нигаред ба «Бедор шавед!» (рус.) аз октябри с. 2011, саҳ. 20, чорчӯбаи «Волидони ман беҳтаринанд» ва ба «Бедор шавед!» (рус.) аз 8 марти с. 1999, саҳ. 25, мақолаи «Номаи махсус ба волидонам».

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМҲО: Марям аз хурдсолии Исо дар дили ӯ меҳри Яҳуваро ҷо мекард. Ба ин монанд, модарон имрӯз ба фарзандонашон кӯмак мекунанд, ки Яҳуваро дӯст доранд.

^ сарх. 68 ШАРҲИ РАСМҲО: Юсуф ҳамроҳи оилааш ба ибодатгоҳ рафтанро муҳим мешуморид. Имрӯз низ падарон бо аҳли оилаашон ба ҷамъомад рафтанро қадр мекунанд.

^ сарх. 70 ШАРҲИ РАСМҲО: Исо аз падараш ҳунари дуредгариро ёд гирифт. Ҷавонон имрӯз аз падари худ кору ҳунари даркориро ёд гирифта метавонанд.