Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷозеф Рутерфорд ва дигар бародарон ҳангоми сафар ба Аврупо

1920 — Сад сол пеш

1920 — Сад сол пеш

АЗ АВВАЛИ солҳои 1920 халқи Яҳува ба кори дар пешистодаи мавъиза бо ҷидду ҷаҳд дасту остин барзаданд. Онҳо соли 1920 барои ояти солона матни зеринро интихоб карданд: «ХУДОВАНД қуввати ман ва суруди ман аст» (Заб. 117:14).

Яҳува ба ин воизони боғайрат қувват бахшид. Дар давоми он сол сафи паҳнкунандагони китоб, яъне пешравон аз 225 ба 350 расид. Ва бори аввал беш аз 8000 воиз оиди хизмати мавъиза ба идораи марказӣ ҳисобот фиристод. Онҳо баракати Яҳуваро дар он диданд, ки одамони беҳад зиёд ҳақиқатро қабул карданд.

КӮШИШУ ҒАЙРАТИ БЕҲАМТО

21-уми марти соли 1920 Ҷозеф Рутерфорд, ки он вақт фаъолияти Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро роҳбарӣ мекард, бо нутқе баромад кард, ки номаш чунин буд: «Миллионҳо одамоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд». Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бо кӯшишу ғайрати зиёд шавқмандонро ба гӯш кардани он нутқ таклиф карданд. Онҳо барои гузаронидани ин чорабинӣ яке аз театрҳои калонтарини шаҳри Ню-Йоркро иҷора гирифтанд ва қариб 320 000 даъватнома паҳн намуданд.

Эълон дар рӯзнома оиди нутқи «Миллионҳо одамоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд»

Ба ин нутқ чунон одами зиёд омад, ки барои бародарон ғайричашмдошт буд. Беш аз 5000 шунавандагон толорро пур карданд ва ба 7000 нафари дигар ҷой нарасид. Дар «Бурҷи дидбонӣ» он яке аз вохӯриҳои калонтарин ва фараҳбахштарин номида шуда буд, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар давоми фаъолияташон гузаронданд.

Баъд аз ин, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро дигарон чун шахсоне мешинохтанд, ки ҳеҷ гоҳ намурдани миллионҳо одамонро эълон мекарданд. Он вақт бародарон намефаҳмиданд, ки хабар оиди Подшоҳии Худо то чӣ андоза васеъ паҳн мешавад. Вале ғайрати онҳо зиёд буд. Хоҳар Айда Омстед, ки соли 1902 ба вохӯриҳо омаданро сар карда буд, ба хотир меорад: «Мо медонистем, ки тамоми одамизодро баракатҳои бузург интизоранд, аз ин рӯ ба ҳар як касе, ки дар хизмат вомехӯрдем, ин хушхабарро мегуфтем».

ХУДАМОН ЧОПИ АДАБИЁТРО САР МЕКУНЕМ

Барои халқи Худоро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардан бародарон дар худи Байт-Ил чоп кардани баъзе адабиётро сар карданд. Онҳо таҷҳизоти лозимаро харида онро дар бинои ба иҷорагирифта, ки дар наздикии хонаи Байт-Ил, дар Мэртл-авеню 35, (Бруклин, Ню-Йорк) қарор дошт, шинонданд.

Бародарон Лео Пел ва Уолтер Кеслер моҳи январи соли 1920 хизмати Байт-Илро сар карданд. Уолтер нақл кард: «Вақте мо ба Байт-Ил омадем, нозири чопхона ба мо нигариста гуфт: “Хӯш, то хӯроки нисфирӯзӣ шумо якуним соат вақт доред”. Ва аз мо хоҳиш кард, ки аз таҳхона баъзе қуттиҳои китобдорро кашонем».

Бародар Лео ба ёд овард, ки рӯзи дигар чӣ рӯй дод: «Ба мо супориш доданд, ки тамоми деворҳои ошёнаи якуми он биноро шӯем. Ин кори аз ҳама чиркинтарине буд, ки ман дар умрам кардам. Вале ин хизмати Яҳува буд ва меарзид, ки онро кунем».

Машинае, ки барои чоп кардани «Бурҷи дидбонӣ» истифода мешуд

Ҳамагӣ дар давоми чанд ҳафта ходимони боғайрати ихтиёрӣ маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро ба чоп бароварданд. «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 феврали с. 1920 ба миқдори шашсад ҳазор дар машинаи чопии ошёнаи дуюм чоп карда шуд. Ғайр аз ин, дар таҳхона низ як машинаи дигари чопӣ шинонда шуд, ки бародарон онро «Киштии ҷангӣ» лақаб гузоштанд. Маҷаллаи «Асри тиллоӣ» низ аз шумораи 14-уми апрели с. 1920 сар карда дар чопхонаи худамон чоп мешуд. Маълум, ки Яҳува кӯшишу ғайрати он коргарони меҳнатдӯстро баракат медод.

«Ин хизмати Яҳува буд ва меарзид, ки онро кунем»

«БИЁЕД, ДАР ЯГОНАГӢ АМАЛ КУНЕМ»

Чи хеле ки дар боло гуфтем, хизматгорони содиқи Яҳува баъди соли 1920 дар кори мавъиза аз нав фаъол гаштанд ва ягонагӣ байни онҳо барқарор гашт. Аммо баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар муддати солҳои 1917–1919, ки барои халқи Худо замони душвор буд, ташкилотро тарк карданд. Барои кӯмак ба онҳо чӣ чора андешида шуд?

Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми апрели с. 1920 мақолае ба чоп расид, ки «Биёед, дар ягонагӣ амал кунем» ном дошт. Дар он чунин суханони дилгармкунанда навишта шуда буданд: «Мо боварӣ дорем, ки ҳамаи онҳое, ки ба Яҳува итоат кардан мехоҳанд, хатоҳои пешинаашонро фаромӯш карда аз нав ба халқи Худо ҳамроҳ мешаванд ва хизмати Ӯро ба ҷо меоранд».

Ин суханони меҳрубонона ба дили бисёриҳо таъсир кард ва онҳо ба ташкилот баргаштанд. Масалан, як ҷуфти ҳамсарон навиштанд: «Модоме ки дигарон бо хизмат банд буданд, мо беш аз як сол ба мавъиза набаромадем ва ин корамон хато буданашро ҳозир дарк мекунем... Акнун мо бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кардан мехоҳем ва дигар ҳеҷ гоҳ аз халқи Худо дур шуданӣ нестем». Воизони бисёр аз нав фаъол гаштанд ва кори хеле бисёр онҳоро интизор буд.

ПАҲН КАРДАНИ КИТОБИ «СИРРИ БА ОХИРРАСИДА»

21-уми июни соли 1920 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барои паҳн кардани шумораи махсуси «Бурҷи дидбонӣ», ки «ZG» ном дошт, маърака ташкил намуданд. Ин аслан китоби «Сирри ба охиррасида» * буд, ки соли 1918 давлат онро манъ кард. Шумораи зиёди он китоб дар анбор мехобид, зеро паҳн кардани он ғайриқонунӣ буд.

Дар паҳн кардани ин нашрия на танҳо пешравон, балки ҳамаи воизон даъват карда мешуданд. Ташкилот онҳоро ташвиқ мекард, ки паҳн кардани ин адабиётро кори аввалиндараҷа ҳисобанд ва шиори онҳо чунин буд: «Кори ман паҳн кардани ZG аст». Бародар Эдмунд Ҳупер ба ёд меорад, ки бисёриҳо маҳз дар ин маърака бори аввал хона ба хона гашта мавъиза карданд. Ӯ боз қайд кард: «Мо акнун нағз сарфаҳм мерафтем, ки ба кори мавъиза чӣ дохил мешавад ва то кадом андоза он бояд васеъ гардад».

КОРИ МАВЪИЗА ДАР АВРУПО АЗ НАВ БА РОҲ МОНДА ШУД

Дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ алоқа бо он Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки дар дигар давлатҳо буданд, душвор буд. Барои ҳамин бародар Рутерфорд хост, ки ба он ҷойҳо сафар карда бародаронро рӯҳбаланд кунад ва барои аз нав ташкил кардани кори мавъиза ёрӣ диҳад. Аз ин рӯ 12-уми августи соли 1920 ӯ ва чор бародари дигар ба Бритониё, Аврупо ва Шарқи Миёна сафар карданд.

Бародар Рутерфорд дар Миср

Ҳангоми дар Бритониё будани Ҷозеф Рутерфорд бародарон дар он ҷо се анҷуман гузаронданд ва одамонро 12 маротиба ба нутқи оммавӣ даъват намуданд. Дар ин чорабиниҳо ҳамагӣ ба ҳисоби миёна 50 000 нафар одам иштирок кард. Оиди натиҷаи сафари онҳо ба Бритониё дар «Бурҷи дидбонӣ» чунин навишта шуда буд: «Аз ташрифи бародарон дӯстон рӯҳбаланд шуда қуввати тоза пайдо карданд. Дӯстиву рафоқат байни онҳо қавитар шуд, онҳо якдилона дар хизмат ҳамкорӣ мекарданд, ин ба дили ғамгини бисёриҳо шодӣ овард». Дар Париж низ бародар Рутерфорд бо нутқи «Миллионҳо одамоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд» баромад кард. Ҳангоми саршавии нутқ толор аз шунавандагон пур шуд. Баъди он сесад кас хостанд, ки дар бораи Китоби Муқаддас маълумоти бештар гиранд.

Эълон оиди нутқи бародар Рутерфорд дар толори Роял Алберт (Лондон)

Баъди ин бародарон ба Афина, Каир ва Ерусалим сафар карданд. Барои бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани шавқмандон дар ин минтақаҳо бародар Рутерфорд дар шаҳри Рамаллаҳ, наздикии Ерусалим, анбори адабиёт ташкил кард. Сипас ӯ ба Аврупо баргашт ва Офиси Аврупои Марказиро таъсис дод ва дар он ҷо чопи адабиётро ба роҳ монд.

АДОЛАТ ҒАЛАБА МЕКУНАД

Тирамоҳи соли 1920 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас шумораи 27-уми маҷаллаи «Асри тиллоӣ»-ро чоп карданд. Дар он нашри махсус оиди он навишта шуда буд, ки чӣ тавр Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас соли 1918 ноҳақ таъқиб карда шуданд. «Киштии ҷангӣ», яъне дастгоҳи чопие, ки болотар оидаш гуфтем, шабу рӯз кор карда беш аз чор миллион нусхаи ин маҷалларо чоп кард.

Акси хоҳар Эмма Мартин дар полис

Хонандагони он маҷалла фаҳмиданд, ки чӣ тавр хоҳар Эмма Мартин бо ҳолати ғайриодӣ рӯ ба рӯ шуд. Ӯ дар Сан-Бернардино (Калифорния) чун пешрав хизмат мекард. 17-уми марти соли 1918 хоҳар Эмма ва се бародар — Э. Ҳамм, Ҷ. Сонненбург ва Э. Стивенс дар вохӯрии Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бо гурӯҳи хурде ҷамъ омада буданд.

Як марди бегона низ дар он ҷо ҳузур дошт, вале ӯ на барои омӯхтани Китоби Муқаддас омада буд. Баъдтар, вақте ӯро пурсуков карданд, ӯ иқрор шуда гуфт: «Ман бо супориши прокуратураи федералӣ ба он вохӯрӣ омада будам. Ва мақсади ман ба даст овардани далел буд». Ӯ «далел»-и меҷустаашро он ҷо пайдо кард. Ин нусхаи китоби «Сирри ба охиррасида» буд. Чанд рӯз пас хоҳар Эмма ва он се бародар дастгир шуданд. Онҳо ба қонуншиканӣ, яъне ба паҳн кардани китоби манъшуда, айбдор ҳисоб меёфтанд.

Барои ин суд қарор кард, ки Эмма ва ҳамроҳони ӯ аз озодӣ ба муддати се сол маҳрум карда шаванд. Ҳарчанд аз болои қарори суд онҳо чанд маротиба шикоят намуданд, ин ягон натиҷа надод ва онҳо 17-уми майи соли 1920 ба ҳабс гирифта шуданд. Вале дере нагузашта вазъият ранги дигар гирифт.

20-уми июни соли 1920 бародар Рутерфорд оиди ин воқеа дар анҷумане, ки дар Сан-Франсиско баргузор гардид, нақл кард. Ҳозирони анҷуман аз ин сахт ба ҳайрат омаданд ва ба президенти ИМА нома фиристоданд, ки дар он чунин гуфта шуда буд: «Мо ҳукми... ба хонум Эмма... додашударо ноҳақ мешуморем. Ӯро дар шикастани қонун оиди ҷосусӣ айбдор мекунанд... Аммо коркунони офиси федералӣ аз вазифаи худ сӯиистифода бурда, хонум Эммаро ба дом афтонданд... ва сипас бо роҳи сохтакорӣ нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд, то ӯро ҳабс кунанд. Ин кирдори онҳо... тамоман нодуруст аст».

Рӯзи дигар Президент Вудро Вилсон дарҳол ҳукми ба хоҳар Эмма ва бародарон Ҳамм, Сонненбург ва Стивенс додашударо бекор кард ва онҳо, ки ноҳақ ҳабс шуда буданд, озод гаштанд.

Дар охири соли 1920 бародару хоҳарон барои хурсандӣ сабабҳои зиёд доштанд. Кор дар идораи марказӣ торафт меафзуд ва масеҳиёни ҳақиқӣ аз ҳар вақта фаъолтар мавъиза мекарданд, ки Подшоҳии Худо ягона роҳи халосӣ аз душвориҳои инсоният аст (Мат. 24:14). Соли навбатӣ — соли 1921 ин хушхабар оиди Подшоҳӣ дар миқёси боз ҳам васеътар паҳн шуд ва он сол аз соли 1920 ҳам хотирмон гашт.

^ сарх. 18 «Сирри ба охиррасида» ҷилди ҳафтуми китоби «Таҳқиқи Навиштаҳо» буд. Аломати «ZG» чунин маъно дошт: «Z» — «Бурҷи дидбонии Сион» (Zion’s Watch Tower) ва «G» — ҳарфи ҳафтуми алфавити забони англисӣ. Яъне китоби «Сирри ба охиррасида» (ҷилди ҳафтуми китоби «Таҳқиқи Навиштаҳо») чун «Бурҷи дидбонии Сион» аз 1-уми марти с. 1918 чоп шуда буд.