Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед, ки соат чанд аст?

Оё шумо медонед, ки соат чанд аст?

АГАР шумо соатро донистан хоҳед, чӣ кор мекунед? Шумо эҳтимол ба соати дастӣ ё деворӣ нигоҳ мекунед. Ё вақте рафиқатон соатро мепурсад, чӣ хел ҷавоб медодед? Одамон чанд будани соатро бо тарзҳои гуногун баён мекунанд. Чӣ тавр?

Хуб, биёед фарз мекунем, ки ҳозир соат яку ними рӯз аст. Вобаста аз ҷойи зист ва урфу одати маҳаллӣ одамон ин вақтро ҳар хел баён карда метавонанд. Масалан, шояд шумо мегӯед: соат 1:30. Ё аз рӯйи ҳисоби 24-соата касе ҷавоб медиҳад, ки соат 13:30 аст. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо инро «ними ду» мегӯянд, ки маънояш нимта кам ду мебошад.

Чун хонандаи Китоби Муқаддас шояд шумо фаҳмидан хоҳед, ки дар замонҳои қадим, ки соат набуд, одамон вақтро чӣ тавр мегуфтанд. Дар он замонҳо ҳам тарзи баён кардани вақт гуногун буд. Дар Навиштаҳои ибронӣ калимаҳои «бомдодон», «субҳ», «нимирӯзӣ» ва «шомгоҳ» истифода шудаанд (Ҳас. 8:11, 19:27; 43:16; Такр. Ш. 28:29; 3 Подш. 18:26). Лекин дар баъзе мавридҳо вақтро боз ҳам аниқтар баён мекарданд.

Дар замонҳои қадим одатан баъзе касон чун дидбон ё посбон хизмат мекарданд. Махсусан шабона онҳо бояд ҳушёр мебуданд. Чандҳо аср пеш аз таваллуди Исо, исроилиён барои баён кардани вақт шабро ба се қисм тақсим карда буданд. Онҳоро посҳои шаб меномиданд (Заб. 62:7). Дар Доварон 7:19 дар бораи «поси миёна»-и шаб гуфта шудааст. Дар рӯзҳои Исо бошад, яҳудиён тарзи ҳисобкунии вақтро аз юнониёну румиҳо қабул карда, шабро ба чор поси вақт тақсим карда буданд.

Дар Инҷил дар бораи ин посҳои шаб якчанд бор қайд шудааст. Масалан, вақте Исо рӯ-рӯйи об қадам зада сӯи қаиқи шогирдонаш рафт, «поси чоруми шаб», яъне қариби саҳар буд (Мат. 14:25, эзоҳ). Исо дар масалаш гуфт: «Агар соҳиби хона дар кадом поси шаб омадани дуздро медонист, вай тамоми шаб бедор истода, намемонд, ки ӯ ба хонааш дарояд» (Мат. 24:43, эзоҳ).

Исо ҳар як поси шабро номбар карда ба шогирдонаш гуфт: «Бедор бошед, зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд: бегоҳӣ, нисфи шаб, вақти бонги хурӯс ё бомдодон» (Марқ. 13:35, эзоҳ). Якум поси шаб, ин «бегоҳӣ» буд, ки аз ғуруби офтоб то қарибиҳои соати нӯҳи шаб давом мекард. Дуюм посро «нисфи шаб» меномиданд, ки тахминан вақти аз соати 9-и шаб то 12-и шаб дар назар дошта мешуд. Поси сеюмро «вақти бонги хурӯс» меномиданд, ки он аз нисфи шаб то қарибиҳои соати сеи саҳарро дар бар мегирифт. Эҳтимол шабе, ки Исоро дастгир карданд, маҳз дар давоми ҳамин поси шаб хурӯс ҷеғ зада буд (Марқ. 14:72). Поси чоруми шаб, «бомдодон» буд, ки аз соати қариб сеи шаб то баромадани офтоб давом мекард.

Инак, ҳарчанд дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас мисли имрӯза соатҳо набуданд, одамон аз рӯйи тартиботи муайян, ҳам рӯзона ва ҳам шабона вақтро баён карда метавонистанд.