Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хушо онҳое ки ба «Худои хушбахт» хизмат мекунанд

Хушо онҳое ки ба «Худои хушбахт» хизмат мекунанд

«Хушо қавме ки Худованд Худои ӯст!» (ЗАБ. 143:15).

СУРУДҲО: 68, 21

1. Чаро Шоҳидони Яҳува одамони хушбахтанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ШОҲИДОНИ ЯҲУВА бешубҳа халқи хушбахтанд. Хоҳ дар ҷамъомаду анҷуманҳо бошад, хоҳ дар вохӯриҳои дӯстона сӯҳбати ширин ва хандаи самимии онҳо ба гӯш мерасад. Барои чӣ онҳо ин қадар хушбахтанд? Чунки онҳо Яҳува — «Худои хушбахт»-ро мешиносанд, ба Ӯ хизмат мекунанд ва ба хислатҳояш пайравӣ менамоянд (1 Тим. 1:11; Заб. 15:11). Яҳува Сарчашмаи хушбахтӣ аст ва Ӯ мехоҳад, ки мо низ хушбахт бошем. Барои ин Ӯ ба мо бисёр чизҳо додааст (Такр. Ш. 12:7; Воиз 3:12, 13).

2, 3. а) Киро одами хушбахт номидан мумкин аст? б) Аз кадом сабабҳо хушбахт мондан осон нест?

2 Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо хушбахтед? Чӣ тавр хушбахтии бештар ба даст оварда метавонед? Одами хушбахт худро орому осуда ҳис мекунад ва аз зиндагиаш розӣ аст. Ин ҳиссиёти ӯ зудгузар нест ва ӯ мехоҳад, ки он ҳамеша давом ёбад. Китоби Муқаддас шахсеро хушбахт меномад, ки баракати Яҳуваро соҳиб шудааст. Вале дар ҷаҳони имрӯза хушбахт будан кори осон нест. Чаро?

Вақте ки ягон воқеаи нохуш рӯй медиҳад, ба монанди марги шахси наздик, аз ҷамъомад хориҷ шудани аъзои оила, ҷудошавӣ ё аз даст додани кор, ин метавонад моро аз хушбахтӣ маҳрум созад. Инчунин вақте ки дар оила доимо ғурбат ҳаст ва агар шахсро ҳамкор ё ҳамсинфонаш масхара кунанд, ё ӯро аз боиси имонаш таъқиб ё ҳабс мекунанд, хушбахт будан осон нест. Торафт бад шудани саломатӣ, авҷ гирифтани бемории давомнок ё депрессия низ касро аз хушбахтӣ маҳрум сохта метавонад. Лекин фаромӯш накунед, ки Исои Масеҳ — «Ҳокими хушбахт ва ягона» одамонро дӯст медорад ва мехоҳад, то онҳо тасаллӣ ёбанд ва хушбахт бошанд (1 Тим. 6:15; Мат. 11:28–30). Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исо якчанд хислатҳоро номбар кард, ки ба мо кӯмак мекунанд, то нигоҳ накарда ба душвориҳо хушбахт бошем.

МУНОСИБАТИ НАЗДИК БО ХУДО ХУШБАХТӢ МЕОРАД

4, 5. Чӣ тавр хушбахтии ҳақиқӣ ва бардавомро ёфтан мумкин аст?

4 Якум чизе ки Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ қайд кард, хеле муҳим аст. Ӯ гуфт: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, зеро Подшоҳии осмон аз они онҳост» (Мат. 5:3). Аз чӣ маълум мешавад, ки мо мӯҳтоҷи Худо ҳастем? Аз он ки дар бораи Худо дониш мегирем ва аз Ӯ кӯмаку роҳнамоӣ меҷӯем. Барои ин мо бояд Китоби Муқаддасро чуқур омӯзем, ба амрҳои Яҳува итоат кунем ва дар ҳаётамон ибодати Ӯро дар ҷойи аввал гузорем. Кардани ин корҳо ба мо хушбахтии бештар меоранд. Имони мо ба наздик будани иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува мустаҳкам мегардад. «Умеди хурсандибахш»-и Каломи Худо бошад ба мо қувват мебахшад, ки дар душвориҳо истодагарӣ кунем (Тит. 2:13).

5 Барои ба даст овардани хушбахтии ҳақиқӣ ва бардавом мо бояд бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф диҳем. Павлуси расул гуфт: «Дар хизмати Сарвар * [Яҳува] ҳамеша шодӣ кунед. Боз мегӯям, ки шодӣ кунед!» (Флп. 4:4). Ба мо хиради илоҳӣ кӯмак мекунад, ки бо Худо чунин муносибати бебаҳо дошта бошем. Аз ин рӯ, Каломи Худо мегӯяд: «Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст!... Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст,— ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!» (Мас. 3:13, 18).

6. Хушбахтии бардавоми мо аз чӣ вобаста аст?

6 Вале барои он ки ҳамеша хушбахт бошем, ғайр аз хондани Каломи Худо, муҳим аст, ки онро ба кор барем. Исо низ инро қайд карда, гуфт: «Агар ин чизҳоро дониста, мувофиқи он амал кунед, хушбахт хоҳед буд». (Юҳ. 13:17; Яъқуб 1:25-ро хонед.) Ана ҳамин аст сирри хушбахтии бардавом ва муносибатҳои наздик бо Яҳува! Лекин чӣ тавр мо ба проблемаҳои зиёд нигоҳ накарда хушбахт буда метавонем? Биёед бинем, ки Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ боз чӣ гуфт.

ХИСЛАТҲОЕ КИ МОРО ХУШБАХТ МЕГАРДОНАНД

7. Ба кадом маъно мотамзадагон хушбахт буда метавонанд?

7 «Хушбахтанд мотамзадагон, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд» (Мат. 5:4). Шояд касе ҳайрон шуда гӯяд: «Чӣ тавр одами мотамзада хушбахт буда метавонад?» Дар ин ҷо Исо ҳар як одами ғамзадаро дар назар надошт. Ҳатто бадкорон аз ранҷу кулфати ин «замонҳои сахт» нола мекунанд (2 Тим. 3:1). Вале ҳушу хаёли онҳо фақат ба худашон аст. Чунин одамон наметавонанд бо Яҳува дӯстӣ пайдо кунанд ва хушбахт шаванд. Исо «мотамзадагон» гуфта, онҳоеро дар назар дошт, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро дарк мекунанд. Онҳо мебинанд, ки чӣ тавр аксари одамон Худо ва қонунҳои Ӯро рад мекунанд. Ҳамчунин ин шахсон аз гунаҳкор буданашон ва аз вазъияте, ки нокомилияти инсонӣ ба вуҷуд овардааст, андӯҳгинанд. Яҳува ба ин одамони самимӣ аҳамият медиҳад; Ӯ онҳоро ба воситаи Каломаш тасаллӣ мебахшад ва ҳаёти хушбахтона ато мекунад. (Ҳизқиёл 5:11; 9:4-ро хонед.)

8. Фаҳмонед, ки чаро ҳалимон хушбахтанд.

8 «Хушбахтанд ҳалимон, зеро онҳо заминро мерос мегиранд» (Мат. 5:5). Чаро ҳалимон ё одамони нармдилу мулоим хушбахтанд? Одатан баъди гирифтани дониши ростӣ одамон дигар мешаванд. Шояд як вақтҳо онҳо дағалу бадқаҳр буданд, лекин баъди қабул кардани ҳақиқат, онҳо «шахсияти наверо дар бар» карда, хислатҳои «ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, ҳалимӣ ва пурсабрӣ» зоҳир мекунанд (Қӯл. 3:9–12). Ин ба онҳо хушбахтӣ меорад, чунки бо дигарон муносибати хуб пайдо мекунанд ва ҳаёташон тинҷу осоишта мегардад. Ҳамчунин, Каломи Худо ваъда медиҳад, ки чунин одамон «вориси замин хоҳанд буд» (Заб. 36:8–10, 29).

9. a) Ба кадом маъно ҳалимон «заминро мерос мегиранд»? б) Барои чӣ «ташнагони адолат» хушбахтанд?

9 Ба кадом маъно ҳалимон «заминро мерос мегиранд»? Шогирдони тадҳиншудаи Исо ба он маъно заминро мерос мегиранд, ки онҳо чун подшоҳон ва коҳинон бар замин ҳукмронӣ мекунанд (Ваҳй 20:6). Миллионҳо одамоне, ки умеди осмонӣ надоранд, ба он маъно заминро мерос мегиранд, ки дар он абадӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин онҳо комил гардида, аз ҳаёти тинҷу осуда ҳаловат мебаранд. Исо ҳамаи шогирдонашро дар назар дошта, гуфт: «Хушбахтанд ташнагони адолат» (Мат. 5:6). Эҳтиёҷоти ташнагони адолат пурра дар дунёи нав қонеъ мегардад (2 Пет. 3:13). Зеро Яҳува ҳамаи бадиро нест мекунад ва одилон дигар ҳеҷ гоҳ аз беадолативу беқонунӣ азоб намекашанд (Заб. 36:17).

10. Раҳмдилӣ чӣ маъно дорад?

10 «Хушбахтанд раҳмдилон, зеро ба онҳо раҳм зоҳир карда мешавад» (Мат. 5:7). Раҳмдилӣ маънои меҳрубону дилсӯз ва ҳамдард буданро дорад. Лекин ин танҳо ҳиссиёт нест. Чунки Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки одамони раҳмдил аз дигарон кӯмаки худро дареғ намедоранд.

11. Аз мисоли марди сомарӣ мо дар бораи раҳмдилӣ чиро омӯхта метавонем?

11 Луқо 10:30–37-ро хонед. Исо дар масал оиди марди сомарӣ ба таври равшан нишон дод, ки раҳмдилӣ чӣ маъно дорад. Дили он мард ба яҳудии осебдида сӯхт. Барои ҳамин ӯ хост, ки ба вай кӯмак карда, дардашро сабук гардонад. Исо баъди нақл кардани ин мисол гуфт: «Бирав ва ту низ чунин кун» (Луқ. 10:30–37). Пас ба худ чунин савол диҳед: Оё ман мисли марди сомарӣ амал мекунам? Ба онҳое ки азоб мекашанд, оё метавонам бисёртар меҳрубонӣ зоҳир кунам ва ёрӣ диҳам? Оё ба ҳамимонони пиронсол, бевазанон ва кӯдаконе ки волидонашон Шоҳиди Яҳува нестанд, кӯмаки амалӣ мерасонам? Оё ман «рӯҳафтодагонро тасаллӣ» медиҳам? (1 Тас. 5:14; Яъқ. 1:27).

Ба дигарон раҳмдилӣ зоҳир кунед ва аз ин хурсандӣ гиред (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Чаро ба дигарон раҳмдилӣ зоҳир кардан моро хушбахт мегардонад?

12 Чаро раҳмдил будан ба мо хушбахтӣ меорад? Чунки мо медонем, ки «додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад». Беш аз ин, одамони раҳмдил ба Яҳува маъқуланд. (Аъм. 20:35; Ибриён 13:16-ро хонед.) Дар бораи шахсе, ки нисбати дигарон ғамхор аст, шоҳ Довуд гуфт: «Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд» (Заб. 40:2, 3). Агар мо ба дигарон дилсӯз бошем, Яҳува низ ба мо раҳм зоҳир мекунад ва ин ба мо хушбахтии абадӣ меорад (Яъқ. 2:13).

ЧАРО «ПОКДИЛОН» ХУШБАХТАНД?

13, 14. Чаро покдилон хушбахтанд?

13 «Хушбахтанд покдилон, зеро онҳо Худоро мебинанд»,— гуфт Исо (Мат. 5:8). Барои диламонро пок нигоҳ доштан, мо бояд фикру хоҳишҳои бадро аз худ дур созем. Агар мо хоҳем, ки Яҳува ибодати моро қабул кунад, фикрҳоямонро пок нигоҳ доштан хеле муҳим аст (2 Қӯринтиён 4:2-ро хонед; 1 Тим. 1:5).

14 Онҳое ки дилашон пок аст, бо Худо муносибати хуб дошта метавонанд. Зеро худи Яҳува мегӯяд: «Хушбахтанд касоне, ки либосҳои худро шустаанд» (Ваҳй 22:14). Ба кадом маъно онҳо «либосҳои худро шустаанд»? Барои масеҳиёни тадҳиншуда ин маънои онро дорад, ки онҳо дар чашми Яҳува поканд ва Ӯ ба онҳо дар осмон ҳаёти бефано ва хушбахтии абадӣ ато мекунад. Дар бораи «мардуми сершуморе», ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува онҳоро низ одил шуморида, иҷозат медиҳад, ки дӯстони Ӯ бошанд. Онҳо аллакай ҳозир «либосҳои худро бо хуни Барра шуста», сафед карда истодаанд (Ваҳй 7:9, 13, 14).

15, 16. Ба кадом маъно покдилон «Худоро мебинанд»?

15 Вале чӣ тавр покдилон Худоро мебинанд, ҳол он ки «одамизод наметавонад [Худоро] бубинад ва зинда монад»? (Хур. 33:20). Феъли юноние, ки дар ин оят чун «мебинанд» тарҷума шудааст маънои тасаввур кардан, фаҳмидан ва шинохтанро дорад. Касоне ки Яҳуваро мешиносанд ва хислатҳои Ӯро қадр мекунанд, гуфтан мумкин аст, ки онҳо Худоро бо «чашми дил» мебинанд (Эфс. 1:18). Исо хислатҳои Падарашро ба таври комил инъикос мекард, барои ҳамин ӯ гуфт: «Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст» (Юҳ. 14:7–9).

16 Ғайр аз ин, ходимони Худо вақте ки шахсан дар ҳаёти худ ёрдами Ӯро ҳис мекунанд, онҳо гӯё «Худоро мебинанд» (Айюб 42:5). Инчунин онҳо бо «чашми дил» баракатҳоеро мебинанд, ки Худо дар оянда баҳри хизматгорони покдилу содиқаш фароҳам меорад. Албатта, вақте тадҳиншудагон мукофоти осмонии худро мегиранд, онҳо Яҳуваро ба маънои аслӣ мебинанд (1 Юҳ. 3:2).

НОВОБАСТА АЗ ДУШВОРИҲО МО ХУШБАХТ БУДА МЕТАВОНЕМ

17. Чаро сулҳҷӯён хушбахтанд?

17 Исо суханонашро давом дода, гуфт: «Хушбахтанд сулҳҷӯён» (Мат. 5:9). Онҳое ки якум шуда барои оштӣ шудан қадам мегузоранд, хушбахтанд. Шогирди Исо — Яъқуб навишт: «Самари росткорӣ барои сулҳҷӯён дар сулҳу осоиштагӣ кошта мешавад» (Яъқ. 3:18). Агар бо ягон аъзои ҷамъомад ё оила забон ёфтанамон душвор бошад, мо метавонем аз Яҳува илтиҷо кунем, ки барои сулҳҷӯ будан ёрӣ диҳад. Он гоҳ Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш ба мо кӯмак мекунад, ки хислатҳои масеҳиро зоҳир кунем ва хушбахт бошем. Исо қайд кард, ки барои оштишавӣ якум шуда қадам гузоштан муҳим аст. Ӯ гуфт: «Агар вақти назди қурбонгоҳ овардани ҳадияи худ ба хотират ояд, ки бародарат аз ту хафа аст, ҳадияи худро он ҷо мону аввал рафта, бо бародарат оштӣ шав ва баъд баргашта, ҳадияатро пешкаш намо» (Мат. 5:23, 24).

18, 19. Чаро масеҳиён ҳатто ҳангоми дучор шудан бо таъқиботҳо хурсандиро аз даст намедиҳанд?

18 Исо гуфт: «Хушбахтед шумо, вақте ба хотири ман одамон шуморо паст мезананд, таъқиб мекунанд ва ноҳақ дар бораатон ҳар гуна суханони бад мегӯянд». Исо чиро дар назар дошт? Ӯ илова намуд: «Шоду хурсанд бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Охир, ҳамчунин пайғамбаронеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр таъқиб мекарданд» (Мат. 5:11, 12). Вақте расулонро лату кӯб карда амр доданд, ки дигар мавъиза накунанд, онҳо «аз Шӯрои олӣ хурсанд шуда баромаданд». Вале расулон на аз он хурсанд буданд, ки қамчинкорӣ шуданд, балки онҳо шод буданд, «зеро сазовори он дониста шуданд, ки ба хотири номи Исо гирифтори беҳурматӣ» гардиданд (Аъм. 5:41).

19 Дар замони мо ҳам халқи Яҳува ба хотири номи Исо баъзан азоб мекашанд, лекин онҳо дар ин озмоишҳои вазнин бо хурсандӣ истодагарӣ мекунанд. (Яъқуб 1:2–4-ро хонед.) Мисли расулон мо низ аз ранҷу азоб ҳаловат намегирем. Аммо агар ба Яҳува содиқ монем, Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки истодагарӣ кунем ва нигоҳ накарда ба озмоишҳо хурсандиро нигоҳ дорем. Масалан, августи соли 1944 Ҳенрик Дорник ва бародари ӯ ба лагери консентратсионӣ фиристода шуданд. Мухолифон мегуфтанд: «Эътиқоди онҳоро дигар кардан ғайриимкон аст. Онҳо аз дарду азоб хурсандӣ мегиранд». Бародар Дорник гуфта буд: «Ман азоб кашидан намехостам, лекин аз он хурсандӣ мегирифтам, ки ба Яҳува содиқ монда, ба уқубатҳо тоб меовардам... Дуоҳои самимӣ маро ба Яҳува наздик карданд ва Худоям барои ман Мададгори ҳақиқӣ гашт».

20. Чаро ба «Худои хушбахт» хизмат кардан ба мо хушбахтӣ меорад?

20 Агар Яҳува «Худои хушбахт» аз мо розӣ бошад, мо ҳатто нигоҳ накарда ба таъқибот, муқобилияти аъзоёни оила, беморӣ, ё пиронсолӣ хушбахт буда метавонем (1 Тим. 1:11). Ҳамчунин ба мо ваъдаҳои Худои мо ки «наметавонад дурӯғ гӯяд» шодию хурсандӣ мебахшад (Тит. 1:2). Вақте ваъдаҳои Яҳува иҷро мешаванд, мо чунон хурсандии зиёд мегирем, ки проблемаҳои имрӯза ҳатто ба хаёламон намеоянд. Мо пурра тасаввур карда наметавонем, ки дар биҳишт то чӣ андоза баракатҳои олиҷаноб моро интизоранд. Ва албатта дар он вақт хушбахтии мо ҳадду канор нахоҳад дошт. Бале, тамоми халқи Худо «аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Заб. 36:11).

^ сарх. 5 Калимаи юнонии «Кириос» дар ин маврид метавонад ҳам ба Худо ва ҳам ба Исо ишора кунад.