Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38

«Назди ман оед... ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид»

«Назди ман оед... ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид»

«Назди ман оед, эй заҳматкашон ва касоне, ки зери бори вазнин қарор доред, ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид» (МАТ. 11:28).

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

ПЕШГУФТОР *

1. Мувофиқи Матто 11:28–30 Исо чӣ гуна ваъда дод?

ИСО ба мардуме, ки ӯро гӯш мекарданд, ваъдаи аҷоибе дод. «Назди ман оед,— гуфт ӯ,— ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид». (Матто 11:28–30-ро хонед.) Ин ваъдаи хушку холӣ набуд. Масалан, ба хотир оред, ки Исо барои зане, ки аз бемории вазнин азоб мекашид, чӣ кор кард.

2. Исо барои зани бемор чӣ кор кард?

2 Он зан ҳоли табоҳ дошт ва ба кӯмак мӯҳтоҷ буд. Ӯ бо умеди шифо ёфтан ба назди табибони зиёде рафт, лекин баъди 12 соли сарсониву саргардонӣ шифо наёфт. Мувофиқи Шариат ӯ нопок ҳисоб мешуд (Ибд. 15:25). Сипас ӯ шунид, ки Исо беморонро сиҳат карда метавонад, барои ҳамин ба ҷустуҷӯйи ӯ баромад. Вақте ӯ Исоро ёфт, ба лаби доманаш даст расонд ва дарҳол шифо ёфт. Вале Исо ӯро на танҳо сиҳат кард, ҳамчунин бо тарзи муомилаи худ нишон дод, ки ӯ ҳам қадр дорад ва сазовори эҳтиром аст. Масалан, ӯ ба зан «духтарам» гуфта муроҷиат кард. Бешубҳа, чунин муомилаи Исо ба зан қувват ва тароват бахшид (Луқ. 8:43–48).

3. Мо дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима хоҳем кард?

3 Аҳамият диҳед, ки он зан барои шифоёбӣ худаш ба назди Исо омад. Имрӯз низ чунин аст. Барои ба назди Исо «омадан» бояд худамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Албатта, дар замони мо бемороне, ки ба назди Исо «меоянд» ба таври мӯъҷиза сиҳат намешаванд. Вале Исо то ҳол одамонро даъват карда мегӯяд, ки «назди ман оед... ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид». Дар ин мақола мо ба панҷ савол ҷавоб меёбем: «Барои ба назди Исо “омадан” мо бояд чӣ кор кунем? “Юғи маро ба гардани худ гиред”, гуфта Исо чиро дар назар дошт? Мо аз Исо чӣ дарс гирифта метавонем? Чаро супорише, ки ӯ ба мо додааст, тароватбахш мебошад? Чӣ тавр зери юғи Исо будан ба мо қувват мебахшад?»

«НАЗДИ МАН ОЕД»

4, 5. Бо кадом роҳҳо мо ба назди Исо «омада» метавонем?

4 Як роҳи назди Исо «омадан» ин аст, ки мо ҳаёти Исоро ҳарчи бештар омӯзем (Луқ. 1:1–4). Ягон кас инро ба ҷойи мо карда наметавонад. Мо худамон бояд омӯзиш карда дар бораи Исо фаҳмем. Ҳамчунин мо назди Исо «меоем» агар таъмид гирем ва шогирди ӯ шавем.

5 Боз як роҳи дигараш ин аст, ки ҳангоми ба кӯмак мӯҳтоҷ буданамон назди пирони ҷамъомад равем. Исо ин мардонро «чун ато» додааст, то ба рамаи ӯ ғамхорӣ кунанд (Эфс. 4:7, 8, 11; Юҳ. 21:16; 1 Пет. 5:1–3). Ба мо лозим аст, ки худамон ташаббус зоҳир карда аз пирон кӯмак ҷӯем. Мо набояд интизор шавем, ки пирон худашон мефаҳманд, ки мо ба ёрдам мӯҳтоҷем. Охир, онҳо фикрҳои моро аз куҷо хонда метавонанд? Мисоли бародар Юлианро меорем. Ӯ мегӯяд: «Ман аз сабаби беморӣ бояд Байт-Илро тарк мекардам ва яке аз дӯстонам маслиҳат дод, то аз пирон хоҳиш кунам, ки ба хабаргирии ман оянд. Дар аввал, рости гап фикр кардам, ки ман ба ин ниёз надорам. Лекин ба ҳар ҳол ман ба пирон муроҷиат кардам ва баъди ташрифи онҳо хеле рӯҳбаланд шудам. Омадани он чӯпонони меҳрубон барои ман тӯҳфаи беҳтарине дар ҳаётам буд». Пирони содиқ, ба мисли он ду нафаре, ки ба хабаргирии Юлиан омаданд, ба мо барои фаҳмидани «фикрронии Масеҳ» кӯмак мекунанд. Яъне онҳо ёрӣ медиҳанд, то мо тарзи фикрронӣ ва рӯҳияи Исоро дарк намуда ба ӯ пайравӣ кунем (1 Қӯр. 2:16; 1 Пет. 2:21). Чунин кӯмак ба мо дар ҳақиқат тӯҳфаи беҳтарин аз ҷониби пирон аст.

«ЮҒИ МАРО БА ГАРДАНИ ХУД ГИРЕД»

6. Вақте Исо гуфт, ки юғи ӯро ба гардани худ гирем, ӯ чиро дар назар дошт?

6 Исо гуфт, ки юғи ӯро ба гардани худ гирем. Бо ин ӯ гуфтанӣ буд, ки «ба ман итоат кунед» ё «зери юғ бо ман якҷоя ба Яҳува хизмат кунед». Ҳар дуи ин ибора ба он ишора мекунад, ки мо бояд меҳнат кунем.

7. Мувофиқи Матто 28:18–20 ба мо кадом кор супорида шудааст ва аз чӣ мо дилпур буда метавонем?

7 Чӣ тавр мо юғи Исоро ба гардани худ гирифта метавонем? Чуноне ки дар боло қайд шуд, пеш аз ҳама мо бояд худро ба Яҳува бахшида таъмид гирем. Даъвати Исо ба ҳама одамон дахл дорад. Ӯ ягон одами худотарсро рад намекунад (Юҳ. 6:37, 38). Инчунин ҳамаи пайравони Масеҳ имконияти пуршараф доранд, ки дар коре, ки Яҳува ба Исо супоридааст, иштирок кунанд. Мо дилпур буда метавонем, ки Исо ҳамеша бо мо хоҳад буд ва дар иҷрои он супориш ба мо кӯмак хоҳад кард. (Матто 28:18–20-ро хонед.)

«АЗ МАН ТАЪЛИМ ЁБЕД»

Мисли Исо дигаронро тароват бахшед (Ба сархатҳои 8–11 нигаред.) *

8, 9. Чаро одамони фурӯтан ба Исо майл доштанд ва кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?

8 Одамони фурӯтан майл доштанд, ки бо Исо муошират кунанд (Мат. 19:13, 14; Луқ. 7:37, 38). Чаро? Чунки Исо аз фарисиён фарқ дошт. Фарисиён номеҳрубон буданд ва одамони одиро назарашон намегирифт (Мат. 12:9–14). Исо бошад, фурӯтан ва меҳрубон буд. Фарисиёни шӯҳратпараст аз мавқеи баланди худ фахр мекарданд. Лекин Исо таълим медод, ки чунин будан хуб нест ва шогирдонаш бояд дигаронро аз худ авло донанд (Мат. 23:2, 6–11). Фарисиён гапи худро ба одамон мегузаронданд, одамон бошанд, аз ночорӣ ва тарс ба онҳо итоат мекарданд (Юҳ. 9:13, 22). Вале рафтору гуфтори меҳрубононаи Исо ба одамон тароват мебахшид.

9 Бале, дар ҳақиқат ҳам Исо барои мо намунаи олӣ аст. Мо метавонем оиди саволҳои зерин мулоҳиза ронем: «Дигарон маро чӣ гуна шахс меҳисобанд: одами мулоиму фурӯтан ё ҳавобаланд? Оё корҳои пастро ман бо омодагӣ иҷро мекунам? Оё бо дигарон меҳрубонам?»

10. Дар ҳузури Исо одамон худро чӣ хел ҳис мекарданд?

10 Дар ҳузури Исо одамон худро на бегона, балки озод ҳис мекарданд ва ӯ онҳоро бо хурсандӣ таълим медод (Луқ. 10:1, 19–21). Ӯ тавре мекард, ки шогирдонаш чизҳои нафаҳмидаашонро бемалол аз ӯ пурсанд ва худаш низ саволҳо дода фикру ақидаи онҳоро мепурсид (Мат. 16:13–16). Мисоли гармхонаро меорем. Одатан дар гармхона шамоли сахт нест ва ҳаво нарму мӯътадил аст. Чунин муҳит ба сабзиши хуби растанӣ мусоидат мекунад. Ба ин монанд, шогирдони Исо дар пеши ӯ худро дар фазои орому осуда ҳис карда, рӯҳан месабзиданд. Онҳо ҳар як дарсеро, ки ӯ таълим медод, ҷаббида мегирифтанд ва дар корҳои нек самар меоварданд.

Дастрас ва меҳрубон бошед

Фаъол ва боғайрат бошед

Фурӯтан ва меҳнатдӯст бошед *

11. Бо ёрии кадом саволҳо мо худро тафтиш карда метавонем?

11 Агар шумо бар дигарон ба андозае ҳокимият дошта бошед, пас бо ёрии саволҳои зерин худро тафтиш кунед: «Дар ҷойи кор ё дар хона дигарон худро дар ҳузури ман чӣ хел ҳис мекунанд? Оё ман одами сулҳҷӯ ҳастам ё фақат гапамро ба дигарон мегузаронам? Оё онҳо ягон чизро бемалол аз ман пурсида метавонанд? Ва оё ман фикру пешниҳоди дигаронро бо омодагӣ гӯш мекунам?» Мо ҳаргиз ба фарисиён монанд будан намехоҳем, зеро агар касе гапашонро ду мекард, онҳо ба ғазаб меомаданд ва касонеро, ки ақидаашон аз онҳо фарқ мекард, таъқиб менамуданд (Марқ. 3:1–6; Юҳ. 9:29–34).

«МАН БА ШУМО ҚУВВАТ ХОҲАМ БАХШИД»

12–14. Чаро коре, ки Исо ба мо супориш дод, тароватбахш аст?

12 Чаро коре, ки Исо супориш додааст, ба мо қуввату тароват мебахшад? Сабабҳо зиёданд, лекин биёед ҳоло баъзеашро дида бароем.

13 Мо сардорони беҳтарин дорем. Яҳува Сардори Бузургтарин аст. Ӯ хӯҷаини сахтгиру дағал ва носипос нест. Худо меҳнату кори моро қадр мекунад (Ибр. 6:10). Ва Ӯ барои бардоштани бори масъулиятамон ба мо қуввати лозима мебахшад (2 Қӯр. 4:7; Ғал. 6:5, эзоҳ). Исо Подшоҳи мо аст ва ӯ ба мо намуна нишон медиҳад, ки бо дигарон чӣ тавр муносибат кунем (Юҳ. 13:15). Ва пирон, ки чӯпонони рамаи Худоянд, мекӯшанд, ки ба Исо, «чӯпони бузург», пайравӣ кунанд (Ибр. 13:20; 1 Пет. 5:2). Онҳо ҳаракат мекунанд, ки бо мо меҳрубон бошанд, моро рӯҳбаланд кунанд, роҳ нишон диҳанд ва ҳимоя кунанд.

14 Мо дӯстони беҳтарин дорем. Ягонагӣ ва муҳаббате, ки дар байни халқи Худо ҳаст, дар ҳеҷ ҷойи дигар дида намешавад. Чӣ хел нағз, ки мо бо одамони хушахлоқу боодоб ва фурӯтан ҳамкорӣ мекунем! Онҳо хеле кордону моҳир бошанд ҳам, худро аз дигарон боло намегиранд. Ва мо на танҳо ҳамкор ҳастем, балки дӯстони хубем. Муҳаббати мо чунон қавӣ аст, ки барои якдигар тайёрем ҷони худро фидо кунем.

15. Дар бораи супоришамон мо чӣ гуфта метавонем?

15 Мо кори беҳтарин дорем. Мо ба одамон дар бораи Яҳува ҳақиқатро таълим дода дурӯғҳои Шайтонро фош мекунем (Юҳ. 8:44). Шайтон бо дурӯғҳои худ одамонро ноумед мекунад. Масалан, ӯ мехоҳад, то мо бовар кунем, ки Яҳува гуноҳҳои моро намебахшад ва моро дӯст намедорад. Ин дурӯғи маҳз аст! Вале дар асл вақте мо ба назди Исо «меоем» ҳама гуноҳҳои мо бахшида мешаванд. Ва Яҳува ҳар яки моро беҳад дӯст медорад (Рум. 8:32, 38, 39). Вақте мо ба одамон кӯмак мекунем, ки ба Яҳува такя кунанд ва беҳтар шудани ҳаёти онҳоро мебинем, аз хурсандӣ қабат-қабат гӯшт мегирем.

МИНБАЪД ҲАМ ЮҒИ ИСОРО БАРДОШТА ТАРОВАТ ЁБЕД

16. Юғи Исо аз дигар борҳои зиндагӣ бо чӣ фарқ мекунад?

16 Юғ ё худ боре, ки Исо ба худ гиред гуфт, аз дигар борҳои зиндагӣ, ки бар дӯш дорем, фарқ мекунад. Масалан, бегоҳӣ баъд аз кори давлат бисёре аз мо худро мондаву хаста ҳис мекунем ва қаноатманд нестем. Вале баъди хизмати Яҳува ва Исо, мо хеле хурсанду қаноатманд мегардем. Шояд баъди кор аз хастагиву бемадорӣ мо баъзан ба вохӯриҳо худро кашола карда равем. Вале бисёр вақт баъд аз вохӯрӣ мо худро аз нав бақувват ва хурсанд ҳис мекунем. Ҳамчунин баъди мавъиза ва омӯзиши шахсӣ низ мо рӯҳбаланд шуда қуввати тоза пайдо мекунем.

17. Мо бояд чиро дарк кунем ва аз чӣ эҳтиёт шавем?

17 Мо бояд дарк кунем, ки вақту қуввати ҳар яки мо маҳдуд аст. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки вақту қуввати худро хирадмандона истифода барем. Масалан, аз пайи пулу чиз давидан беақлист, зеро чи хеле ки мегӯянд, «пул чирки даст аст». Рӯзе як ҷавонмарди сарватманд аз Исо пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кор кунам, то ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавам?» Он ҷавон аллакай гуфтаҳои Шариатро ба ҷо меовард. Аз афташ ӯ инсони хуб буд, чунки дар хушхабари Марқӯс гуфта шудааст, ки «Исо бо меҳр ба вай нигоҳ» кард. Исо ба ӯ чунин пешниҳод кард: «Рафта, тамоми чизу чораатро фурӯш... ва омада маро пайравӣ кун». Вале он ҷавон дудила буд, чунки «молу мулки бисёре дошт» (Марқ. 10:17–22). Азбаски аз дороияш дил канда натавонист, ӯ оқибат пешниҳоди Исоро рад кард ва мисли пештара «ғуломи боигарӣ» монд (Мат. 6:24). Ба ҷойи он ҷавон мебудед, шумо чӣ кор мекардед?

18. Аз кадом ҷиҳат худро тафтиш кардан лозим ва чаро?

18 Хуб мебуд, ки баъзан худро тафтиш кунем, ки кадом чиз дар ҳаётамон муҳим аст. Ҳамин тавр, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки вақту қуввати худро хирадмандона истифода бурда истодаем. Аҳамият диҳед, ки бародари ҷавоне бо номи Марк чӣ мегӯяд: «Солҳои бисёр ман гумон мекардам, ки ҳаёти одӣ ба сар мебарам. Ман пешрав будам, вале доим дар бораи пул ва бароҳат гардондани ҳаёти худ фикр мекардам. Ман ҳайрон будам, ки чаро баракат нест. Рӯзе ман дарк кардам, ки бештар манфиати худро меҷӯям, ба хизмати Яҳува бошад, танҳо вақту қуввати боқимондаро мебахшам». Марк тарзи фикрронӣ ва ҳаёти худро дигар кард, то ки ба Яҳува чизи беҳтаринашро диҳад. Ӯ мегӯяд: «Баъзан ман аз пул танқисӣ мекашам, вале бо кӯмаки Яҳува ва Исо душвориҳоро паси сар мекунам».

19. Чаро назари дуруст доштан муҳим аст?

19 Мо минбаъд низ зери юғи Исо қувват ва тароват меёбем агар се чизи зеринро риоя кунем. Якум, мо бояд назари дуруст дошта бошем. Азбаски мо кори Яҳуваро ба ҷо меорем, бояд онро чи тавре ки Ӯ мегӯяд, ҳамон тавр иҷро кунем. Мо коргаронем, Яҳува бошад, Хӯҷаини мост (Луқ. 17:10). Агар мо кори Ӯро аз рӯйи дастуроташ неву аз рӯйи диди худ ба ҷо орем, гӯё аз юғ саркашӣ мекунем. Дар замони қадим ҳатто барзагови бақувват агар пайваста ба юғи гузоштаи хӯҷаинаш муқобилат карда ба сӯйи дигар ҳаракат мекард, бо ин кораш ба худаш осеб мерасонд. Аз дигар тараф, агар мо мувофиқи дастуроти Яҳува амал кунем, корҳои хеле бузургро ба ҷо оварда монеаҳои калонро паси сар карда метавонем. Дар ёд доред, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба иҷрошавии иродаи Ӯ монеъ шуда наметавонад (Рум. 8:31; 1 Юҳ. 4:4).

20. Бо кадом ният мо бояд юғи Исоро ба гардан гирем?

20 Дуюм, аз ниятҳои дуруст хизмат кунед. Мақсади мо ҷалол додани Падари меҳрубонамон Яҳува мебошад. Дар асри як онҳое, ки аз нияти нодуруст Исоро пайравӣ мекарданд, дере нагузашта хурсандиашонро гум карданд ва устоди худро тарк намуданд (Юҳ. 6:25–27, 51, 60, 66; Флп. 3:18, 19). Вале онҳое, ки самимона Худо ва одамонро дӯст медоштанд, юғи Исоро бо хурсандӣ то охири умр бардоштанд. Ва мукофоти онҳо бо Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ кардан буд. Мисли он масеҳиёни содиқ мо мехоҳем юғи Исоро бо нияти дуруст ва бо хурсандӣ ба гардан гирем.

21. Мувофиқи Матто 6:31–33 мо аз Яҳува чӣ умед дорем?

21 Сеюм, мо бояд воқеъбин бошем. Вақте мо пайрави Исо шудем, медонистем, ки ин роҳ фидокорӣ ва меҳнати сахтро талаб мекунад. Исо огоҳ карда буд, ки дигарон моро таъқиб мекунанд. Вале мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува барои тоб овардан ба ҳар гуна душворӣ ба мо қувват медиҳад. Чи қадаре ки мо ба озмоишҳо тоб орем, ҳамон қадар муносибатамон бо Яҳува мустаҳкамтар мегардад (Яъқ. 1:2–4). Ҳамчунин мо дилпурем, ки Яҳува ҳама чизи лозимаро ба мо ато мекунад, Исо то охир бо мо хоҳад буд ва бародару хоҳарон ҳамеша моро рӯҳбаланд хоҳанд кард (Матто 6:31–33-ро хонед; Юҳ. 10:14; 1 Тас. 5:11). Барои ҳамин бо кадом душворие, ки рӯ ба рӯ нашавем, мо онро, албатта, паси сар хоҳем кард.

22. Мо аз чӣ миннатдорем?

22 Зани бемор дар он рӯзе, ки Исо ӯро шифо дод, қуввату таровати нав пайдо кард. Вале барои хушбахтии абадиро ба даст овардан ӯ бояд юғи Исоро ба гардан мегирифт. Оё ӯ пайрави Исо шуд? Мо инро аниқ намедонем. Агар ӯ пайрави Исо шуда бошад, пас мукофоти бебаҳоеро соҳиб шуд — ӯ умед пайдо кард, ки оянда дар осмон бо Исо ҳукмронӣ мекунад! Бешубҳа, ҳар қурбоние, ки ӯ барои пайрави Исо шудан кард, арзанда буд. Мо хоҳ умеди осмонӣ дорем, хоҳ умеди заминӣ, бениҳоят миннатдорем, ки Исо моро даъват карда гуфт: «Назди ман оед».

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

^ сарх. 5 Исо моро даъват мекунад, ки назди ӯ оем. Барои даъвати ӯро қабул кардан мо бояд чӣ кор кунем? Дар мақола мо ин саволро муҳокима мекунем. Он ба мо хотиррасон мекунад, ки Исоро пайравӣ кардан то чӣ андоза тароватбахш аст.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Исо бо роҳҳои гуногун ба одамон тароват мебахшид.

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМҲО: Ба ин монанд, бародаре бо тарзҳои гуногун кӯшиш карда истодааст, ки ба дигарон тароват бахшад.