Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37

«Ба дасти худ осоиш надеҳ»

«Ба дасти худ осоиш надеҳ»

«Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ» (ВОИЗ 11:6).

СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Суханони Воиз 11:6 бо кори мавъиза чӣ алоқамандӣ дорад?

ДАР баъзе давлатҳо одамон хушхабарро бо омодагӣ гӯш мекунанд. Он ба дарди дили бисёриҳо чун малҳами шифобахш аст. Дар дигар ҷойҳо бошад, одамон дар бораи Худо ва Китоби Муқаддас он қадар гӯш кардан намехоҳанд. Дар ҷойи шумо-чӣ? Одамони маҳалли шумо хушхабарро чӣ хел гӯш мекунанд? Яҳува мехоҳад, ки мо новобаста аз муносибати одамон кори мавъизаро то даме ки «шуд» нагӯяд, давом диҳем.

2 Дар вақти муқарраркардаи Яҳува кори мавъиза ба охир мерасад ва он гоҳ «анҷом фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14, 36). То расидани он вақт, ба мо лозим аст, ки «ба дасти худ осоиш» надода * коридани тухми ҳақиқатро давом диҳем. (Воиз 11:6-ро хонед.) Чӣ ба мо дар ин кӯмак карда метавонад?

3. Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?

3 Дар мақолаи гузашта мо чор қадамро дида баромадем, ки барои воизи моҳир шудан муҳиманд (Мат. 4:19). Дар ин мақола акнун мо се роҳро муҳокима мекунем, ки барои устуворона давом додани кори мавъиза кӯмак мекунанд. Хеле муҳим аст, ки мо 1) ба кори мавъиза диққати аввалиндараҷа диҳем; 2) пуртоқат бошем ва 3) имонамонро қавӣ нигоҳ дорем.

ДИҚҚАТРО БА КОРИ МУҲИМ РАВОНА КУНЕД

4. Чаро мо бояд диққатамонро ба коре, ки Яҳува ба мо супоридааст, равона созем?

4 Исо воқеаҳо ва вазъиятеро, ки дар охирзамон рӯй медиҳанд, пешгӯйӣ кард. Ӯ медонист, ки он чизҳо ҳуши шогирдонашро аз кори мавъиза парешон карда метавонанд. Барои ҳамин ӯ онҳоро насиҳат кард, ки бедор ва ҳушёр монанд (Мат. 24:42). Дар рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар бисёр чизҳо ба одамон халал мерасонд, ки ба огоҳии ӯ гӯш диҳанд. Ҳамон чизҳо имрӯз низ ҳуши моро парешон карда метавонанд (Мат. 24:37–39; 2 Пет. 2:5). Аз ин рӯ мо мехоҳем диққатамонро ба коре, ки Яҳува супоридааст, равона созем.

5. Чӣ тавр дар Аъмол 1:6–8 васеъ шудани кори мавъиза тасвир шудааст?

5 Имрӯз аз ҳарвақта бештар ба мо лозим аст, ки диққатро ба кори мавъиза равона кунем. Исо пешгӯйӣ кард, ки шогирдонаш баъди марги ӯ ин корро давом медиҳанд ва аз ӯ дида бештар мавъиза мекунанд (Юҳ. 14:12). Баъди марги Исо баъзе шогирдонаш ба кори моҳигирӣ баргаштанд. Исо пас аз эҳё шуданаш ба баъзеи он шогирдон ба таври мӯъҷиза кӯмак кард, ки моҳии беҳад зиёд сайд кунанд. Он вақт ӯ бори дигар қайд кард, ки онҳо бояд пеш аз ҳама «сайёди одамон» бошанд, ки ин аз ҳар кори дигар муҳимтар аст (Юҳ. 21:15–17). Пеш аз ба осмон рафтанаш Исо гуфт, ки мавъизае, ки ӯ оғоз бахшид, берун аз ҳудуди Исроил низ паҳн хоҳад шуд. (Аъмол 1:6–8-ро хонед.) Инчунин баъди солҳои зиёд, Исо ба Юҳаннои расул рӯъё нишон дод, ки «дар рӯзи Ҳазрат» * чӣ рӯй медиҳад. Дар рӯъёи ҳаяҷонбахше Юҳанно дид, ки як фаришта «хушхабари абадиро ба сокинони замин, ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» эълон мекунад (Ваҳй 1:10; 14:6). Аз ҳамаи ин равшан бармеояд, ки Яҳува мехоҳад, ки мо дар кори бузурги мавъиза то ба охир фаъолона иштирок кунем.

6. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки кори мавъизаро минбаъд низ дар ҳаётамон дар ҷойи аввал монем?

6 Барои иҷро кардани кори мавъиза Яҳува ба мо беҳад кӯмаки калон мерасонад. Масалан, Ӯ ба таври фаровон ғизои рӯҳонӣ медиҳад, ки ин адабиёти чопӣ ва электронӣ, аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва барномаҳо аз шабакаи Бродкастингро дар бар мегирад. Танҳо фикр кунед: дар вебсайти расмии мо маълумот ба беш аз ҳазор забон дастрас аст! (Мат. 24:45–47). Дар ин дунёе, ки байни одамон аз боиси ақидаҳои гуногуни сиёсию динӣ ва нобаробариҳои иқтисодӣ ҷудоӣ аст, беш аз ҳашт миллион хизматгорони Худо бародарияти умумиҷаҳониро ташкил медиҳанд ва байнашон ягонагии ҳақиқӣ дида мешавад. Масалан, рӯзи ҷумъа, 19-уми апрели соли 2019 тамоми Шоҳидони рӯйи дунё як барномаро гӯш карданд, ки дар он ояти рӯз муҳокима мешуд. Бегоҳии он рӯз 20 919 041 нафар одамон барои қайд кардани Шоми ёдбуди марги ҳазрати Исо ҷамъ омаданд. Магар ягонагӣ байни ин қадар одамон мӯъҷиза нест? Барои мо шараф аст, ки дар кори мавъиза иштирок карда ба ҷамъ омадани ин қадар одамони зиёд саҳм мегузорем! Мулоҳиза оиди ин чизҳо ба мо кӯмак мекунад, ки кори мавъизаро бо ҷидду ҷаҳд давом диҳем.

Ҳеҷ чиз Исоро бознамедошт, ки дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳад (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Чӣ тавр намунаи Исо ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҳушамонро парешон накунем?

7 Ба намунаи Исо пайравӣ кардан низ ба мо ёрдам медиҳад, ки ҳушамонро ба кори мавъиза равона кунем. Барои ӯ аз ҳама кори муҳим дар бораи ҳақиқат ба дигарон гап задан буд ва ӯ намегузошт, ки ягон чиз диққаташро парешон кунад (Юҳ. 18:37). Вақте Шайтон «тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва бузургии онҳоро ба ӯ нишон дод» ва ё вақте дигарон Исоро подшоҳ карданӣ шуданд, ӯ ба васваса дода нашуд (Мат. 4:8, 9; Юҳ. 6:15). Ӯро сарвату боигарии дунё фирефта намекард ва таъқиботи сахт ба ҳарос намеандохт (Луқ. 9:58; Юҳ. 8:59). Ҳангоми озмоиши имон дар ёд доштани маслиҳати Павлус ба мо кӯмак мекунад. Ӯ масеҳиёнро ташвиқ кард, ки барои «хаставу суст» нашудан ба намунаи Исо пайравӣ кунанд (Ибр. 12:3).

ПУРСАБР БОШЕД

8. Сабр чист ва чаро хусусан ҳоло зоҳир кардани он муҳим аст?

8 Сабр ба одам кӯмак мекунад, ки дигар шудани вазъиятро оромона интизор шавад. Дар вазъиятҳои гуногун ба мо сабр кардан лозим аст. Масалан, шояд мо дар вазъияти душворе қарор дорем ва мехоҳем, ки он зудтар ба охир расад ё дар дил орзуе дорем, ки иҷрошавии онро дер боз интизорем. Пайғамбар Ҳабаққуқ сахт мехост, ки бадиву зӯроварӣ дар Яҳудо хотима ёбад (Ҳаб. 1:2). Шогирдони Исо умед доштанд, ки Подшоҳие, ки Исо дар борааш мегӯяд «ҳамон лаҳза» намоён мегардад ва онҳоро аз зулми Рум озод мекунад (Луқ. 19:11). Мо ҳам бесаброна мунтазирем, ки Подшоҳии Худо бадиҳоро нест кунаду дунёи нави одилона барпо шавад (2 Пет. 3:13). Вале мо бояд вақти таъйинкардаи Яҳуваро босаброна интизор шавем. Биёед баъзе роҳҳоеро, ки Яҳува ба мо пурсабриро ёд медиҳад, дида бароем.

9. Кадом мисолҳо пурсабрии Яҳуваро нишон медиҳад?

9 Яҳува дар пурсабрӣ намунаи беҳтарин аст. Масалан, Ӯ ба Нӯҳ-пайғамбар вақти кофӣ дод, ки киштӣ созад ва дар бораи омадани Тӯфон одамонро хабардор кунад (2 Пет. 2:5; 1 Пет. 3:20). Ё вақте Иброҳим гаштаю баргашта дар бораи қарори Яҳува оиди нест кардани сокинони бадкори шаҳри Садӯм ва Амӯро савол дод, Ӯ пурсаброна хизматгорашро гӯш кард (Ҳас. 18:20–33). Асрҳои аср Яҳува бевафоии халқи Исроилро тоқат мекард (Наҳемё 9:30, 31). Имрӯз мо пурсабрии Яҳуваро дар он мебинем, ки Ӯ ба одамони самимӣ вақт медиҳад, то «имконияти тавба карданро дошта бошанд» (2 Пет. 3:9; Юҳ. 6:44; 1 Тим. 2:3, 4). Пас, магар мо ҳам набояд кори мавъиза ва шогирдсозиро босаброна давом диҳем? Яҳува инчунин ба воситаи мисолҳои дар Каломаш овардашуда ба мо пурсабриро таълим медиҳад.

Мисли деҳқони пурсабр мо боғайратона меҳнат мекунем ва натиҷаи онро интизор мешавем (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)

10. Мо аз мисоли деҳқон, ки оидаш дар Яъқуб 5:7, 8 гуфта шудааст, чӣ меомӯзем?

10 Яъқуб 5:7, 8-ро хонед. Мисол оиди деҳқон ба мо пурсабриро ёд медиҳад. Мо медонем, ки баъзе растаниҳо тез месабзанд. Аммо барои ба даст овардани ҳосили баъзе намуди зироат вақти зиёдтар даркор аст, хусусан ба растаниҳои мевадор. Дар Исроили қадим давраи сабзиш қариб шаш моҳ давом мекард. Деҳқон баъди борони аввалини тирамоҳӣ тухми ғалларо мекошт ва баъди борони охирини баҳорӣ ҳосили худро медаравид (Марқ. 4:28). Маълум, ки то пухта расидани он ӯ бояд сабр мекард. Аз ин рӯ хирадмандона мебуд, ки мо ҳам дар кори мавъиза ба пурсабрии деҳқон пайравӣ кунем. Аммо ин метавонад душвор бошад.

11. Чӣ тавр пурсабрӣ дар хизмат ба мо кӯмак мекунад?

11 Одамони нокомил мехоҳанд, ки ҳарчи тезтар натиҷаи корашонро бинанд. Аммо барои парвариш кардани боғи зебо меҳнати зиёд лозим аст — мо бояд заминро мулоим кунем, ниҳол шинонем, алафҳои бегонаро решакан кунем ва ниҳолҳоро об диҳем. Ба ин монанд кори шогирдсозӣ низ меҳнат ва пурсабрӣ металабад. Барои аз дили омӯзандагон решакан кардани бадгумонӣ ва парвариш кардани муҳаббат ба мо вақт лозим аст. Агар мо босабр бошем, ҳангоми дар хизмат бо бепарвоии одамон дучор шудан рӯҳафтода намешавем. Вақте одамон хабари моро бо омодагӣ қабул мекунанд, дар ин маврид низ ба мо пурсабр будан лозим аст. Чаро? Мо наметавонем омӯзандагони Китоби Муқаддасро ба тез рӯҳан рушд кардан маҷбур кунем. Баъзан ҳатто пайравони Исо маънои баъзе таълимоти ӯро даррав намефаҳмиданд (Юҳ. 14:9). Хуб мебуд дар хотир дорем, ки мо мекорем ва об медиҳем, Яҳува бошад, онро Худаш месабзонад (1 Қӯр. 3:6).

12. Ҳангоми мавъиза ба аъзои оила ва хешовандон чӣ тавр мо пурсабрӣ нишон дода метавонем?

12 Як соҳае, ки шояд пурсабр будан душвор аст, ин мавъиза ба хешу табор мебошад. Принсипи дар Воиз 3:1, 7 навишташуда ба мо кӯмак карда метавонад. Он ҷо гуфта шудааст: «Вақте [ҳаст] барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан». Мо метавонем бо рафтори хубамон ба дили онҳо таъсир расонем, аммо ҳар як имкониятро истифода бурда мо бояд дар бораи ҳақиқат гап занем (1 Пет. 3:1, 2). Дар кори мавъиза ва таълимдиҳӣ ба мо боғайрат будан лозим аст, вале мо бояд бо ҳамаи одамон, аз он ҷумла бо аъзоёни оила ва хешовандон пурсабр бошем.

13, 14. Мисоли баъзе касонеро оред, ки мо аз онҳо пурсабриро омӯхта метавонем.

13 Мо аз ходимони содиқи замони пеш ва имрӯзаи Яҳува пурсабрӣ омӯхта метавонем. Масалан, Ҳабаққуқ бисёр мехост, ки бадӣ аз байн равад, лекин пуртоқат будани ӯ аз суханони зеринаш маълум аст: «Дар дидбонгоҳи худ бармехезам, ва дар бурҷ рост меистам, ва интизорӣ мекашам» (Ҳаб. 2:1). Павлуси расул самимона мехост хизмати худро «ба охир» расонад ва мукофоти осмониашро гирад. Вале ӯ пурсаброна «оиди хушхабар... шаҳодат» медод (Аъм. 20:24).

14 Мисоле меорем. Баъди хатми Мактаби Ҷилъод як ҷуфти ҳамсаронро ба давлате таъйин намуданд, ки он ҷо Шоҳидон башумор буданд ва аксарияти аҳолиаш масеҳӣ набуд. Нафарони хеле кам ба омӯзиш розӣ мешуданд. Аммо ҳамкурсонашон аз Мактаби Ҷилъод, ки дар дигар давлатҳо хизмат мекарданд, дар номаҳояшон бо шавқу завқ нақл мекарданд, ки бисёр омӯзишҳои хуб доранд. Он ҳамсарон нигоҳ накарда ба он ки аксари одамон хабари онҳоро гӯш намекарданд, босаброна мавъизаро давом медоданд. Ниҳоят баъди ҳашт соли хизмат дар он минтақа, ки бесамар метофт, як омӯзандаи онҳо таъмид гирифт ва ин ба онҳо хурсандии зиёд овард. Инак, мо аз мисоли хизматгорони замони қадим ва имрӯза чӣ меомӯзем? Он шахсони содиқ дар иҷрои хости Худо ғайрати худро суст накарданд ва «ба дасти худ осоиш» надоданд. Яҳува дар навбати худ онҳоро барои пурсабриашон баракат дод. Биёед ба онҳое пайравӣ кунем, ки «ба туфайли имон ва пурсабрӣ ваъдаҳоро соҳиб шудаанд» (Ибр. 6:10–12).

ИМОНИ ХУДРО ҚАВӢ НИГОҲ ДОРЕД

15. Ба чӣ имони қавӣ доштан ба мо кӯмак мекунад, ки дар кори мавъиза суст нашавем?

15 Мо ба хушхабаре, ки мавъиза мекунем, боварии қавӣ дорем, барои ҳамин онро ба шумораи ҳарчи бештари одамон мавъиза кардан мехоҳем. Масалан, мо сад фоиз боварӣ дорем, ки ваъдаҳои Худо иҷро мешаванд (Заб. 118:42; Иш. 40:8). Имрӯз дар пеши назари мо пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд. Мо бо чашмони худ мебинем, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурдан ҳаёти одамонро беҳтар месозад. Аз ин рӯ хушхабар оиди Подшоҳӣ хабарест, ки ҳар як шахс ба шуниданаш мӯҳтоҷ аст.

16. Мувофиқи Забур 45:2–4 чӣ тавр имон ба Яҳува хоҳиши моро ба мавъиза кардан қавӣ мегардонад? Ва чӣ тавр имон ба Исо низ ба мо кӯмак мекунад?

16 Мо ҳамчунин ба Яҳува — сарчашмаи хушхабар ва ба Исо — Шоҳи Подшоҳии Ӯ имони қавӣ дорем, барои ҳамин хушхабарро бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекунем (Юҳ. 14:1). Мо сад фоиз боварӣ дорем, ки бо кадом вазъияте дучор нашавем, Яҳува ҳамеша паноҳгоҳ ва қуввати мо хоҳад буд. (Забур 45:2–4-ро хонед.) Инчунин мо боварии комил дорем, ки Исо бо ёрии қудрат ва ҳокимияти додаи Яҳува ба кори мавъиза аз осмон роҳбарӣ карда истодааст (Мат. 28:18–20).

17. Мисол оред, ки чаро давом додани кори мавъиза муҳим аст.

17 Мо бо имони қавӣ кори мавъизаро давом медиҳем ва боварӣ дорем, ки Яҳува кӯшишҳои моро баракат медиҳад, баъзан ба тавре ки мо интизор нестем (Воиз 11:6). Масалан, ҳар рӯз ҳазорон одамон аз назди миз ва аробачаи адабиётдори мо мегузаранд. Оё ин намуди хизмат босамар аст? Албатта. Дар як шумораи «Хизмат ба Салтанат» * дар бораи як духтараки донишҷӯйе нақл карда шуда буд, ки мехост оиди Шоҳидони Яҳува реферат нависад. Ӯ ибодатгоҳи Шоҳидонро ёфта натавонист, вале рӯзе дид, ки дар пеши донишгоҳ Шоҳидон бо мизи адабиётдор истодаанд ва ӯ аз он ҷо барои реферати худ мавод пайдо кард. Баъди ин ӯ омӯзиш карда таъмид гирифт ва ҳоло чун пешрави доимӣ хизмат мекунад. Чунин воқеаҳоро шунида хоҳиши давом додани мавъиза дар мо зиёд мегардад, зеро маълум, ки то ҳол одамоне ҳастанд, ки ба гӯш кардани хушхабар мӯҳтоҷанд.

ДАР ИҶРОИ ХОСТИ ХУДО СУСТ НАГАРДЕД

18. Чаро дилпур буда метавонем, ки кори мавъиза дар вақти таъйинкардаи Яҳува ба анҷом мерасад?

18 Мо боварии комил дошта метавонем, ки кори мавъиза айнан дар вақти таъйинкардаи Яҳува ба охир мерасад. Дар бораи замони Нӯҳ-пайғамбар фикр кунед. Нақл оиди Тӯфон нишон медиҳад, ки Яҳува Идоракунандаи вақт аст. Масалан, қариб 120 сол пеш аз Тӯфон Яҳува вақти рӯй додани онро аллакай муайян карда буд. Даҳсолаҳо пас Яҳува ба Нӯҳ сохтани киштиро супориш дод. Ва Нӯҳ тахминан 40-50 сол пеш аз Тӯфон боғайратона меҳнат карда киштиро сохт. Ҳарчанд одамон огоҳии Нӯҳро гӯш намекарданд, ӯ ба онҳо пайваста мавъиза мекард то он даме ки Яҳува ба киштӣ даровардани ҳайвонҳоро амр дод. Сипас айнан дар вақти муайяншуда Яҳува «дарро аз пушти ӯ баст» (Ҳас. 6:3; 7:1, 2, 16).

19. Агар ба дастони худ осоиш надода хости Худоро иҷро кунем, мо ба чӣ умед дошта метавонем?

19 Ба наздикӣ Яҳува мегӯяд, ки кори мавъизаи хушхабар ба охир расид, Ӯ ба рӯйи ҷаҳони Шайтон «дарро мепӯшад» ва дунёи нави одилонаро барпо мекунад. То фаро расидани он вақт биёед, ба Нӯҳ, Ҳабаққуқ ва дигар шахсони содиқ пайравӣ кунем ва ба дасти худ осоиш надода хости Худоро иҷро кунем. Биёед диққатро ба кори мавъиза равона кунем, пуртоқат бошем ва имонамонро ба Яҳува ва ваъдаҳои Ӯ қавӣ нигоҳ дорем.

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

^ сарх. 5 Мақолаи гузашта омӯзандагони Китоби Муқаддасро ба он ташвиқ намуд, ки даъвати Исоро қабул карда сайёди одамон шаванд. Дар ин мақола бошад, мо се роҳро дида мебароем, ки ба ҳамаи мо, хоҳ воизи нав бошем, хоҳ ботаҷриба кӯмак мекунад, ки кори мавъизаи хушхабарро бо иродаи қавӣ давом диҳем то даме ки Яҳува бас нагӯяд.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин мақола ибораи «ба дасти худ осоиш надеҳ» ба он ишора мекунад, ки мо бояд бо азми қавӣ то Яҳува бас гуфтан кори мавъизаро давом диҳем.

^ сарх. 5 «Рӯзи Ҳазрат» муддатест, ки аз соли 1914, аз вақти Подшоҳ шудани Исо то охири Ҳукмронии ҳазорсолаи ӯ давом меёбад.

^ сарх. 17 «Хизмат ба Салтанати Худо» аз ноябри с. 2014 (рус.)