Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38

Дар замони осудагӣ бохирадона амал кунед

Дар замони осудагӣ бохирадона амал кунед

«Замин оромӣ ёфта буд, ва дар он солҳо касе бо ӯ ҷанг накардааст, зеро ки Худованд ба ӯ осудагӣ ато намуд» (2 ВАҚ. 14:6).

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

ПЕШГУФТОР *

1. Кай ба Яҳува хизмат кардан душвор буда метавонад?

БА ФИКРАТОН кай ба Яҳува хизмат кардан мушкилтар аст — вақте шумо бо озмоишҳо дучор мешавед ё вақте ҳаётатон нисбатан ором аст? Ҳангоми бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан мо одатан даррав ба Яҳува такя мекунем. Аммо вақте ҳаётамон тинҷу осуда аст, мо чӣ кор мекунем? Дар чунин вақт кас муҳим будани хизмати Яҳуваро ба осонӣ фаромӯш карда метавонад. Яҳува пешакӣ исроилиёнро аз ин хатар огоҳ карда буд (Такр. Ш. 6:10–12).

Шоҳ Осо боқатъият зидди бутпарастӣ мубориза бурд (Ба сархати 2 нигаред.) *

2. Шоҳ Осо дар чӣ намунаи ибрат нишон дод?

2 Шоҳ Осо ба мо бисёр намунаи хуб аст, чунки ӯ пурра ба Яҳува такя мекард ва ҳамин тавр хирадмандӣ зоҳир менамуд. Ӯ Яҳуваро на танҳо дар вақтҳои мушкилӣ, балки ҳангоми тинҷию осудагӣ низ ибодат мекард. Аз ҷавониаш дили Осо «ба Худованд амин [содиқ] буд» (3 Подш. 15:14). Масалан, ӯ ба Худо содиқ буданашро бо он нишон дод, ки Яҳудоро аз бутпарастӣ тоза кард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Осо «қурбонгоҳҳои бегона ва баландиҳоро барҳам дод, ва ҳайкалҳоро шикаст» (2 Вақ. 14:3, 5). Ӯ ҳатто модаркалонаш Маакоро аз унвони малика маҳрум намуд, зеро ӯ мардумро ба парастиши бутҳо ташвиқ мекард (3 Подш. 15:11, 12; 3 Подш. 15:13, ТДН).

3. Кадом чизҳо дар ин мақола муҳокима мешаванд?

3 Осо на танҳо ибодати дурӯғро барҳам дод, ӯ ҳамчунин ибодати покро барқарор намуд ва ба мардуми Яҳудо кӯмак кард, ки аз нав сӯйи Яҳува баргарданд. Барои ин Яҳува Осо ва исроилиёнро баракат дод ва аз ҳар тараф осудагӣ * бахшид. Дар давоми даҳ соли ҳукмронии Осо «касе бо ӯ ҷанг накард» (2 Вақ. 14:1, 4, 6). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки Осо он вақти тинҷию осудагиро чӣ тавр истифода бурд. Сипас мисоли масеҳиёни асри якро дида мебароем, ки мисли Осо вақти осоиштагиро дуруст ба кор бурданд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки агар дар мамлакатамон фаъолияти Шоҳидон манъ набошад, чӣ тавр ин вақти оромиро хирадмандона истифода бурда метавонем.

ЗАМОНИ ОСОИШТАГИРО ОСО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА БУРД?

4. Чуноне ки аз 2 Вақоеънома 14:2, 6, 7 бармеояд, Осо дар вақти тинҷию осудагӣ чӣ кор кард?

4 2 Вақоеънома 14:2, 6, 7-ро хонед. Осо ба мардум гуфт, ки маҳз Яҳува «аз ҳар тараф ба [онҳо] осудагӣ ато намуд». Осо фикр намекард, ки ин вақт танҳо вақти дамгириву фароғат аст. Баръакс, ӯ ба сохтани шаҳрҳо, девору манораҳо ва дарвозаҳо шурӯъ намуд. Вай ба сокинони Яҳудо гуфт: «Замин ҳанӯз дар ихтиёри мост». Осо чиро дар назар дошт? Ӯ гуфтанӣ буд, ки мардум метавонанд озодона дар замине, ки Худо ба онҳо додааст, гаштугузор намоянд ва бе халали душманон онро обод кунанд. Ӯ исроилиёнро ба он ташвиқ намуд, ки ин вақти тинҷию осудагиро ғанимат донанд.

5. Чаро Осо артиши худро бақувват кард?

5 Осо ҳамчунин аз вазъияти тинҷ истифода бурда қувваҳои ҳарбии худро мустаҳкам сохт (2 Вақ. 14:8). Оё ин маънои онро дошт, ки ӯ ба Яҳува такя намекард? Не, албатта. Осо медонист, ки ӯ чун подшоҳ вазифадор аст, ки халқашро ба хатаре, ки дар оянда рӯй дода метавонад, бояд тайёр кунад. Ӯ ҳамчунин дарк мекард, ки тинҷию осудагӣ дар Яҳудо ба охир расида метавонад ва ин фикри ӯ дуруст баромад.

МАСЕҲИЁНИ АСРИ ЯК ЗАМОНИ ОСОИШТАГИРО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА БУРДАНД?

6. Масеҳиёни асри як вақти осоиштагиро чӣ тавр истифода мебурданд?

6 Ҳарчанд дар асри як шогирдони Исо бисёр вақт таъқиб мешуданд, баъзан тинҷию оромӣ низ буд. Ин имкониятро онҳо чӣ тавр истифода мебурданд? Он мардону занони содиқ хушхабарро бо ғайрати калон мавъиза менамуданд ва «мувофиқи роҳҳои Яҳува» зиндагӣ мекарданд. Дар натиҷа торафт «ҷамъомад афзоиш меёфт». Чуноне ки мебинем, Яҳува кӯшишҳои онҳоро баракат дод (Аъм. 9:26–31).

7, 8. Павлус ва дигарон аз имкониятҳои пайдошуда чӣ тавр истифода бурданд? Фаҳмонед.

7 Масеҳиёни асри як ҳар имкониятро ғанимат дониста хушхабарро ба дигарон мерасонданд. Масалан, вақте Павлус дид, ки дар Эфсӯс ба бисёриҳо шаҳодат додан мумкин аст, вай дар он шаҳр монд, то ба онҳо мавъиза намояд ва шогирд тайёр кунад (1 Қӯр. 16:8, 9).

8 Инчунин вақте ки соли 49-уми милодӣ расулон ва пирони Ерусалим масъалаи хатнаро ҳал намуданд, Павлус ва дигар масеҳиён имконият пайдо карданд, ки ба одамони зиёдтар мавъиза кунанд (Аъм. 15:23–29). Баъди ба ҷамъомадҳо расондани қарори бародарон, ҳама аъзоёни ҷамъомад бо ҷидду ҷаҳди бештар «дар бораи каломи Яҳува хушхабарро мавъиза мекарданд» (Аъм. 15:30–35). Ин ғайрати онҳо чӣ натиҷа овард? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ҷамъомадҳо дар имон мустаҳкам мешуданд ва рӯз аз рӯз шумораи имондорон меафзуд» (Аъм. 16:4, 5).

ОЁ ШУМО ВАҚТИ ОРОМИРО ДУРУСТ ИСТИФОДА БУРДА ИСТОДАЕД?

9. Имрӯз дар бисёр давлатҳо Шоҳидон аз чӣ баҳра мебаранд ва мо оиди чӣ фикр карда метавонем?

9 Имрӯз дар бисёр мамлакатҳо Шоҳидон озодона фаъолият мебаранд. Оё дар давлати шумо низ чунин аст? Пас, оиди он фикр кунед, ки ин озодиро шумо чӣ тавр истифода бурда истодаед. Ин айёми охир барои халқи Яҳува замони пурҷӯшу хурӯш мебошад, зеро кори мавъиза ва шогирдсозӣ бо суръати баланд пеш рафта истодааст (Марқ. 13:10). Барои дар ин кор саҳм гузоштан имкониятҳо зиёданд.

Бисёриҳо дар давлати дигар хизмат мекунанд ё ба одамони хориҷизабон мавъиза мекунанд. Ин ба онҳо баракат ва хурсандии зиёд меорад (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.) *

10. Суханони 2 Тимотиюс 4:2 моро ба чӣ бармеангезанд?

10 Хӯш, шахсан шумо аз ин вақти оромӣ чӣ тавр манфиат бурда метавонед? (2 Тимотиюс 4:2-ро хонед.) Вазъияти оилаатонро баркашед ва фикр кунед, ки оё шумо ё ягон аъзои оилаатон метавонед дар мавъиза бисёртар иштирок намоед ва ҳатто чун пешрав хизмат кунед. Ҳоло вақти ғун кардани боигарӣ ва чизу чора нест, зеро дар мусибати бузург онҳо ба мо ягон фоида намеоранд (Мас. 11:4; Мат. 6:31–33; 1 Юҳ. 2:15–17).

11. Баъзеҳо барои ба одамони зиёдтар кӯмак кардан чӣ кор мекунанд?

11 Бисёр воизон барои васеъ кардани хизмати худ ягон забони навро ёд мегиранд. Ташкилоти Худо барои дастгирии онҳо маводи бар Китоби Муқаддас асосёфтаро торафт ба забонҳои зиёдтар нашр карда истодааст. Масалан, соли 2010 адабиёти мо қариб ба 500 забон дастрас буд. Имрӯз бошад, шумораи он забонҳо аз 1000 гузаштааст.

12. Вақте одамон хушхабарро бо забони модариашон мешунаванд, ин ба онҳо чӣ хел таъсир мекунад? Мисол оред.

12 Вақте одамон ҳақиқати Каломи Худоро ба забони модариашон мешунаванд, онҳо чӣ ҳис мекунанд? Мисоли хоҳареро меорем, ки дар анҷумани минтақавие, ки дар шаҳри Мемфис (иёлоти Теннесси, ИМА) гузашт, иштирок дошт. Он анҷуман ба забони африқоии киняруанда пешкаш гардид, ки забони асосии сокинони Руанда, Конго (Киншаса) ва Уганда мебошад. Ин забони модарии хоҳар буд. Баъди анҷуман ӯ гуфт: «Ман дар давоми 17 соли дар Амрико буданам, бори аввал барномаи анҷуманро нағз фаҳмидам». Аз гуфти хоҳар маълум, ки бо забони модариаш шунидани нутқҳо ба дили ӯ сахт таъсир расонд. Оё шумо имконият доред, ки ягон забони навро ёд гиред? Мумкин баъзе одамон дар минтақаи шумо бо дигар забон гап мезананд; вақте шумо хушхабарро бо забони модарии онҳо нақл мекунед, ин ба дили онҳо таъсири хоса расонда метавонад. Ин кӯшишу меҳнататон бешубҳа ба шумо хурсандии зиёд меорад.

13. Бародарони мо дар Русия вақти осоиштагиро чӣ тавр истифода бурданд?

13 На дар ҳама давлатҳо ҳамимонони мо кушоду равшан мавъиза карда метавонанд. Дар баъзе ҷойҳо давлат ба кори мавъизаи мо маҳдудият гузоштааст. Мисоли бародарони Русияро меорем. Шоҳидон дар он ҷо солҳои зиёд зери таъқибот буданд ва ниҳоят моҳи марти соли 1991 давлат ба фаъолияти онҳо иҷозат дод. Он вақт дар Русия қариб 16 000 воизи хушхабар буд. Бист сол пас, адади воизон ба беш аз 160 000 нафар расид. Равшан аён аст, ки он вақти тинҷиву оромиро бародарони мо бохирадона истифода бурда бо ҷидду ҷаҳд мавъиза карданд. Чи хеле медонем, он озодӣ зиёд тӯл накашид. Вале вазъияти онҳо дигар шуда бошад ҳам, ин ғайрати онҳоро дар кори Яҳува суст нагардонд. Онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда хизмати Ӯро давом дода истодаанд.

ЗАМОНИ ОСУДАГӢ ДОИМӢ НЕСТ

Баъд аз он ки шоҳ Осо ба Яҳува гарму ҷӯшон дуо гуфт, Яҳува ба халқаш кӯмак кард, ки бар қӯшуни бузурги душман ғолиб ояд (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)

14, 15. Чӣ тавр Яҳува қудрати Худро барои кӯмаки халқаш истифода бурд?

14 Дар айёми Осо замони тинҷиву оромӣ оқибат ба охир расид. Лашкари бузурги ҳабашиён — беш аз як миллион аскарони бақувват ба Яҳудо наздик шуданд. Сарфармондеҳи онҳо Зораҳ боварӣ дошт, ки ӯ ва лашкараш бар Яҳудо ғолиб меоянд. Аммо шоҳ Осо ғолибиятро на дар шумораи зиёди аскарон, балки дар такя ба Худои худ — Яҳува медид. Ӯ чунин дуо гуфт: «Эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем, ва ба исми Ту назди ин анбӯҳ омадаем» (2 Вақ. 14:11).

15 Ҳарчанд шумораи лашкари ҳабашиён аз лашкари Осо қариб ду маротиба зиёд буд, Осо медонист, ки Яҳува қодиру тавоно аст ва бар манфиати халқаш амал мекунад. Ва Яҳува Осоро ноумед насохта дар ҳақиқат ба халқаш мадад расонд. Ҳабашиён шикаст хӯрданд ва шармандавор рӯ ба гурез оварданд (2 Вақ. 14:8–13).

16. Аз куҷо мо медонем, ки вақти оромиву осудагӣ доимо давом намекунад?

16 Мо аниқ намедонем, ки дар оянда бо ҳар яки мо чӣ рӯй медиҳад, лекин медонем, ки замони оромиву осудагие, ки хизматгорони халқи Худо аз он баҳра мебаранд, муваққатӣ аст. Суханони Исоро ба хотир оред. Ӯ пешгӯйӣ кард, ки дар охирзамон аз шогирдонаш «ҳамаи халқҳо... нафрат мекунанд» (Мат. 24:9). Ба ин монанд Павлуси расул низ гуфт, ки «ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд чун пайрави Масеҳ бо худотарсӣ умр ба сар баранд, ба таъқибот дучор мешаванд» (2 Тим. 3:12). Шайтон «сахт дарғазаб аст» ва агар касе аз мо фикр кунад, ки ягон хел карда аз ғазаби вай эмин мемонад, худро фиреб медиҳад (Ваҳй 12:12).

17. Бо кадом роҳҳо имони мо шояд санҷида шавад?

17 Дар ояндаи наздик ҳар яки мо бо озмоишҳо дучор мешавем, ки дар онҳо беайбии мо санҷида мешавад. Ба қарибӣ дар ҷаҳон «мусибати бузурге рӯй медиҳад, ки аз аввали ҷаҳон то ба ҳол рӯй надода буд» (Мат. 24:21). Дар давоми он вақт аъзоёни оилаамон метавонанд бар зидди мо бароянд ва мумкин фаъолияти мо манъ гардад (Мат. 10:35, 36). Оё он вақт шахсан ҳар яки мо монанди Осо ба Яҳува такя мекунем ва барои паноҳ ёфтан аз Ӯ мадад меҷӯем?

18. Мувофиқи Ибриён 10:38, 39 чӣ ба ёрдам мекунад, ки ба айёми душвор тайёр бошем?

18 Яҳува аз ҳоло моро ба воқеаҳои оянда тайёр карда истодааст. Ӯ «ғуломи бовариноку боандеша»-ро роҳнамоӣ мекунад, то ба хизматгоронаш «сари вақт хӯрок»-и рӯҳонӣ диҳад ва имонашонро устувор гардонад (Мат. 24:45). Вале мо низ бояд барои имони худро мустаҳкам сохтан ҳар чизеро, ки аз мо вобаста аст, кунем. (Ибриён 10:38, 39-ро хонед.)

19, 20. Пас аз хондани 1 Вақоеънома 28:9, бояд кадом саволҳоро ба худ диҳем ва чаро?

19 Мисли шоҳ Осо мо ҳам бояд Худовандро ҷӯё бошем (2 Вақ. 14:4; 15:1, 2). Барои ин пеш аз ҳама дар бораи Яҳува дониш омӯхта ҳаёти худро ба Ӯ бахшидан лозим аст. Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро карда муҳаббатамонро ба Яҳува қавитар месозем. Масалан, ба худ савол дода метавонем, ки «оё ман мунтазам ба ҷамъомадҳо меравам?» Ҳар дафъа ба ҷамъомадҳо рафта мо барои давом додани хизмати Яҳува қуввати нав пайдо мекунем ва аз бародару хоҳарон рӯҳбаландӣ мегирем (Мат. 11:28). Инчунин хуб мебуд оиди саволҳои зерин фикр кунем: «Оё ман ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехонам? Агар ман ҳамроҳи оилаам зиндагӣ кунам, оё мо ҳар ҳафта ибодати оилавӣ мегузаронем? Агар муҷаррад бошам, оё мунтазам барои омӯзиши шахсии босифат вақт ҷудо мекунам? Оё то ҳадди имкон дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ фаъол ҳастам?»

20 Барои чӣ ин гуна саволҳоро ба худ додан муҳим аст? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува фикрҳои мо ва дили моро тафтиш мекунад, пас мо ҳам бояд худро тафтиш кунем. (1 Вақоеънома 28:9-ро хонед.) Агар пай барем, ки баъзе фикру мақсадҳои мо нодурустанд, бояд аз Яҳува барои ислоҳ шудан кӯмак пурсем. Ҳоло вақти он аст, ки худро ба озмоишҳои дар пеш истода тайёр кунем. Бигзор ҳеҷ чиз ба шумо барои бохирадона истифода бурдани замони оромӣ халал нарасонад!

СУРУДИ 28 Суруди нав

^ сарх. 5 Оё шумо дар мамлакате зиндагӣ мекунед, ки он ҷо Яҳуваро озодона ибодат кардан мумкин аст? Агар ҳа, пас шумо ин замони осудагиро чӣ тавр истифода бурда истодаед? Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр шоҳи Яҳудо Осо ва масеҳиёни асри як замони тинҷию осудагиро бохирадона истифода бурданд ва мо чӣ хел ба онҳо пайравӣ карда метавонем.

^ сарх. 3 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Мафҳуми «осудагӣ» на танҳо набудани ҷангҳоро дар бар мегирад. Лекин ҳаёти касро боз вақте осуда гуфтан мумкин аст, агар вай саломатии хуб, хотири ҷамъ дошта бошад ва ягон душворӣ ӯро азоб надиҳад.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Шоҳ Осо модаркалони худро аз унвони малика маҳрум сохт, чунки вай мардумро ба бутпарастӣ ташвиқ мекард. Хизматгорони содиқи Осо аз рӯйи амри ӯ амал намуданд ва бутҳоро шикастанд.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳамсарони боғайрат ҳаёти худро одӣ карда истодаанд, то ба маҳалле, ки воизон намерасанд, кӯчида дар он ҷо хизмат кунанд.