Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 40

«Он чиро, ки ба ту супурда шудааст, муҳофизат кун»

«Он чиро, ки ба ту супурда шудааст, муҳофизат кун»

«Тимотиюс, он чизеро, ки ба ту супурда шудааст, муҳофизат кун» (1 ТИМ. 6:20).

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Мувофиқи 1 Тимотиюс 6:20 Тимотиюс бояд чӣ кор мекард?

БИСЁР ВАҚТ мо чизҳои қиматбаҳои худро эҳтиёт карда онҳоро ба назорати дигарон амонат мегузорем. Масалан, мо шояд пуламонро дар банк мемонем ва умед дорем, ки он гум намешавад ё касе намедуздад. Фаҳмост, ки вақте ягон чизи пурқимат ба касе амонат гузошта мешавад, ӯ бояд онро муҳофизат кунад.

2 1 Тимотиюс 6:20-ро хонед. Павлуси расул ба Тимотиюс хотиррасон кард, ки ба ӯ чизи қиматбаҳое супорида шудааст, ки ин дониши аниқ оиди нияти Худо дар бораи одамизод аст. Ба Тимотиюс инчунин мавъизаи калом супорида шуда буд (2 Тим. 4:2, 5). Павлус Тимотиюсро насиҳат кард, ки он чиро ки ба ӯ супорида шудааст, маҳкам нигоҳ дорад. Яҳува ба мо низ ганҷҳои пурқиматро супоридааст. Онҳо чиро дар бар мегиранд? Ва чаро мо бояд чизҳоеро, ки Яҳува ба мо додааст, маҳкам нигоҳ дорем?

МО ҲАҚИҚАТИ КАЛОМРО МЕДОНЕМ

3, 4. Аз кадом сабабҳо ҳақиқати Китоби Муқаддас бебаҳост?

3 Яҳува аз меҳрубонӣ ба мо ҳақиқати Каломи Худро ошкор намуд. Дониши аниқе, ки мо имрӯз аз Китоби Муқаддас дорем, воқеан бебаҳо аст, зеро ба воситаи он мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунем ва дар ҳаёт хушбахтии ҳақиқӣ ба даст орем. Вақте мо ҳақиқати Каломро қабул карда аз рӯйи он зиндагӣ мекунем, мо аз банди таълимоти дурӯғ озод мешавем ва ҳаёти пок ба сар мебарем (1 Қӯр. 6:9–11).

4 Дониши Каломи Худо боз аз он сабаб қиматбаҳо аст, ки онро танҳо одамони фурӯтан, ки дилашон ба ҳақиқат моил аст, ба даст оварда метавонанд (Аъм. 13:48). Онҳо эътироф мекунанд, ки дониши ҳақиқатро Худо имрӯз ба воситаи ғуломи бовариноку боандеша ба мо ошкор мекунад (Мат. 11:25; 24:45). Бе кӯмаки он ғулом мо худамон ҳақиқатро аз Китоби Муқаддас фаҳмида наметавонем. Бале, аз фаҳмиши ҳақиқат дида ягон чизи қиматтар вуҷуд надорад (Мас. 3:13, 15).

5. Боз кадом ганҷро Яҳува ба мо супоридааст?

5 Яҳува ба мо ҳамчунин имконияти пуршараф додааст, ки дар бораи Ӯ ва ниятҳояш ҳақиқатро ба дигарон таълим диҳем, ки ин ҳам ганҷ аст (Мат. 24:14). Хабаре, ки мо мавъиза мекунем, арзиши хеле калон дорад, зеро он ба одамон кӯмак мекунад, ки аъзои оилаи Яҳува шаванд ва имконияти ҷовидона зистанро пайдо кунанд (1 Тим. 4:16). Дар кори мавъиза саҳми мо хоҳ калон бошад, хоҳ хурд, мо кори муҳимтаринеро, ки дар замони мо иҷро шуда истодааст, дастгирӣ мекунем (1 Тим. 2:3, 4). Хушхабарро мавъиза карда мо ҳамкорони Худо мегардем, ки ин бениҳоят шарафи бузург аст! (1 Қӯр. 3:9).

ЧИЗЕРО, КИ БА ШУМО СУПОРИДА ШУДААСТ, МУҲОФИЗАТ КУНЕД!

Дар ҳоле ки дигарон аз роҳи ҳақиқат дур мешуданд, Тимотиюс дар он устувор мемонд (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Бо баъзе касоне, ки ҳушёриро аз даст доданд, чӣ рӯй дод?

6 Дар замони Тимотиюс баъзе масеҳиён имконияти ҳамкори Худо буданро қадр накарданд. Масалан, Димос ба ин ҷаҳон дил баста Павлусро дар хизмат тарк кард (2 Тим. 4:10). Фуҷлус ва Ҳармуҷнис ҳам хизмати худро бас карданд. Эҳтимол онҳо тарсиданд, ки мисли Павлус ба таъқибот дучор шуда азоб мекашанд (2 Тим. 1:15). Ҳумниюс, Искандар ва Филитус бошанд, бо роҳи осиён рафта ҳақиқатро тарк намуданд (1 Тим. 1:19, 20; 2 Тим. 2:16–18). Ҳамаи ин масеҳиён шояд як вақтҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват буданд, вале онҳо ҳушёриро аз даст дода чизи пурқиматеро, ки доштанд, гум карданд.

7. Шайтон барои гумроҳ кардани мо кадом усулҳоро истифода мебарад?

7 Шайтон кӯшиш мекунад моро гумроҳ кунад, то мо ганҷеро, ки Яҳува ба мо супоридааст, аз даст диҳем. Биёед фаҳмем, ки вай ин корро бо кадом усулҳо мекунад. Масалан, ба воситаи телевизор, филмҳо, интернет ва китобу маҷаллаҳо вай ба мо тарзи фикрронӣ ва рафтореро талқин мекунад, ки ба мо номаълум таъсир карда оҳиста-оҳиста моро аз Яҳува дур мекунад. Шайтон мехоҳад, ки мо ба қонунҳои Худо итоат карданро бас кунем. Вай ҳаракат мекунад, ки бо ёрии фишори ҳамсолон ва таъқибот моро тарсонда аз мавъиза кардан боздорад. Инчунин вай моро ба васваса меандозад, ки ба суханони осиён, ки «бардурӯғ “дониш” номида мешаванд», гӯш диҳем ва роҳи ҳақиқатро тарк кунем (1 Тим. 6:20, 21).

8. Аз мисоли бародар Дэниел шумо чӣ фаҳмидед?

8 Агар мо эҳтиёт нашавем, мо ҳам оҳиста-оҳиста дар роҳи ҳақиқат суст шуда метавонем. Мисоли бародар Дэниелро * меорем, ки ӯ бозиҳои электрониро дӯст медошт. Ӯ мегӯяд: «Ҳангоми қариб 10-сола буданам, ман машғули бозиҳои электронӣ шудам. Дар аввал бозиҳое, ки ман мекардам, нисбатан безарар буданд. Вале рафта-рафта ман ба бозиҳое даст задам, ки бо зӯроварӣ ва сеҳру ҷоду алоқаманд буданд». Кор ба дараҷае расид, ки Дэниел дар як рӯз қариб 15 соат бо бозӣ машғул мешуд. «Ман дар таги дилам дарк мекардам, ки он бозиҳо ва соатҳое, ки барои онҳо сарф мекунам, маро аз Яҳува дур мекунанд,— мегӯяд Дэниел.— Вале худро боварӣ мебахшидам, ки ман принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон накарда истодаам». Агар мо эҳтиёт нашавем, ба доми вақтхушиҳо афтода дар роҳи ҳақиқат суст шуда метавонем. Ва оқибат чизҳои қиматбаҳое, ки Яҳува ба мо додааст, аз даст рафтанашон мумкин аст.

ЧӢ БА МО ЁРДАМ МЕДИҲАД, КИ ДАР РОҲИ ҲАҚИҚАТ УСТУВОР МОНЕМ?

9. Мувофиқи 1 Тимотиюс 1:18, 19 Павлус Тимотиюсро ба чӣ ташвиқ мекард?

9 1 Тимотиюс 1:18, 19-ро хонед. Дар номаи ба Тимотиюс навиштааш Павлус ӯро ба сарбоз монанд карда ба он ташвиқ намуд, ки «муборизаи пуршарафро давом» диҳад (2 Тим. 2:3). Ин на муборизаи аслӣ, балки рӯҳонӣ буд. Ба кадом маъно масеҳиён мисли сарбозанд? Ба мо чун ба сарбозони Масеҳ кадом хислатҳоро доштан зарур аст? Биёед бинем, ки мо аз мисоли овардаи Павлус кадом панҷ дарсро омӯхта метавонем. Он дарсҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки дар роҳи ҳақиқат устувор монем.

10. Худотарсӣ чист ва чаро мо бояд ин хислатро дар худ инкишоф диҳем?

10 Ба Худо вафодорӣ инкишоф диҳед. Сарбози хуб содиқ аст. Вай барои ҳимоя кардани одамони барояш азиз ва муҳофизати чизи барояш пурқимат шабу рӯз мубориза мебарад. Барои ҳамин Павлус низ Тимотиюсро даъват кард, ки худотарс бимонад, яъне ба Худо аз меҳру садоқат хизмат кунад (1 Тим. 4:7). Чи қадаре ки мо Яҳуваро сахт дӯст дорем ва ба Ӯ вафодор бошем, мо ҳамон қадар бештар дар роҳи ҳақиқат устувор мондан мехоҳем (1 Тим. 4:8–10; 6:6).

Бегоҳӣ баъди аз кор мондаю хаста баргаштан шояд баъзан мо худро кашола карда ба ҷамъомад равем. Вале ин ба мо хурсандии зиёд меорад! (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Барои чӣ ба мо муҳим аст, ки худро тарбия кунем?

11 Худро тарбия кунед. Сарбоз бояд худро машқ диҳад, то ки ҳамеша ба муҳориба тайёр бошад. Павлус ба Тимотиюс гуфт, ки бо хоҳишҳои нодуруст мубориза барад, дар худ хислатҳои нек инкишоф диҳад ва бо ҳамимонон муошират кунад (2 Тим. 2:22). Ва Тимотиюс аз рӯйи ин насиҳати Павлус амал карда ҳамеша рӯҳан бедор мемонд. Дар ҳақиқат, барои ба хоҳишҳои нодуруст ғолиб омадан ба мо худдорӣ лозим аст (Рум. 7:21–25). Ҳамчунин барои аз худ дур кардани шахсияти кӯҳна ва дар бар кардани одами нав мо бояд худро пайваста тарбия кунем (Эфс. 4:22, 24). Масалан, бегоҳ баъди кор мо худро хеле хаста ҳис кунем ҳам, шояд худро кашола карда ба ҷамъомад меравем (Ибр. 10:24, 25).

12. Бо кадом роҳҳо мо дар истифодабарии Каломи Худо моҳир шуда метавонем?

12 Сарбоз бояд истифодаи аслиҳаи ҷангии худро нағз донад. Барои ин мунтазам машқ карданаш лозим аст. Мо ҳам бояд дар истифодаи Китоби Муқаддас моҳир шавем (2 Тим. 2:15). Мо баъзе роҳҳои истифодабарии ин «аслиҳа»-ро дар вохӯриҳои ҷамъомад ёд мегирем. Вале барои он ки дигаронро низ ба ҳақиқатҳои бебаҳои он боварӣ бахшем, мунтазам омӯзиши шахсӣ гузарондан муҳим аст. Яъне аввал мо бояд бо ёрии Китоби Муқаддас имони худамонро мустаҳкам кунем. Албатта, барои ин танҳо хониши Каломи Худо кам аст. Мо бояд оиди чизи хондаамон мулоҳиза ронем ва бо ёрии адабиётамон тадқиқот гузаронем, то Навиштаҳоро дуруст фаҳмида гуфтаҳои онро ба ҷо орем (1 Тим. 4:13–15). Ана он гоҳ мо бо ёрии Каломи Худо дигаронро таълим дода метавонем. Ба одамон низ танҳо оятеро аз Китоби Муқаддас хонда додан кофӣ нест. Мо мехоҳем ба онҳо ёрӣ диҳем, ки ба маънои оят сарфаҳм раванд ва чӣ тавр ба онҳо дахл доштанашро фаҳманд. Мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронда мо омӯзгори хуби Каломи Худо шуда метавонем (2 Тим. 3:16, 17).

13. Мувофиқи Масалҳо 22:3 барои бомулоҳиза будан ва фарқи неку бадро ёд гирифтан мо бояд чӣ кор кунем?

13 Бомулоҳиза ва дурандеш бошед. Сарбоз бояд хатарро аз дурӣ дида худро аз он ҳимоя кунад. Ба мо низ зарур аст, то пешакӣ оиди вазъиятҳое фикр кунем, ки ба мо зарар расонда метавонанд ва сипас худро аз онҳо дур гирем (Масалҳо 22:3-ро хонед; Ибр. 5:14). Масалан, мо кӯшиш мекунем дар интихоби намудҳои дамгирӣ ва вақтхушӣ хирадманд бошем. Дар филму барномаҳои телевизионӣ бисёр вақт рафтори бадахлоқона намоиш дода мешавад. Яҳува аз чунин рафтор нафрат дорад ва онҳое, ки ба бадахлоқӣ даст мезананд, оқибат ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон зарар меоранд. Барои ҳамин аз вақтхушиҳое, ки муҳаббати шуморо ба Яҳува оҳиста-оҳиста сард карда метавонанд, дурӣ ҷӯед (Эфс. 5:5, 6).

14. Чӣ тавр бомулоҳизагӣ ба Дэниел кӯмак кард?

14 Дэниел, ки оидаш дар боло гуфтем, бо мурури вақт пай бурд, ки машғул шудан бо бозиҳое, ки зӯроварӣ ва сеҳру ҷоду доранд, зарарноканд. Вай бо ёрии Китобхонаи электронии «Бурҷи дидбонӣ» оиди ин мавзӯъ таҳқиқот гузаронд. Ин ба ӯ ёрӣ дод, ки бозиҳои норавои электрониро бас кунад. Ӯ аз баҳри онлайн-бозиҳо баромад ва алоқаро аз дигар бозингарон канд. Дэниел мегӯяд: «Аз ин пас ман ба ҷойи дар интернет бозӣ карда шиштан, ба берун баромада бо кори дигаре машғул мешудам, ё бо дӯстонам аз ҷамъомад вақт мегузарондам». Дэниел ҳоло чун пешрав ва пири ҷамъомад хизмат мекунад.

15. Чаро гапҳои дурӯғу қиссаҳо хатарноканд?

15 Мисли Тимотиюс мо бояд дарк кунем, ки маълумоти дурӯғе, ки осиён паҳн мекунанд, зарарнок аст (1 Тим. 4:1, 7; 2 Тим. 2:16). Масалан, онҳо дар бораи бародарон ҳар хел овозаҳои дурӯғ паҳн карданашон мумкин ё нисбати ташкилоти Яҳува дар дили мо шубҳа андохтанӣ мешаванд. Гӯш кардани ин чизҳо метавонад имони моро суст кунад. Мо набояд ба чунин тарғибот бовар кунем. Чаро? Чунки ин хел гапҳоро «касони фикрашон нопок ва аз роҳи ростӣ дургашта» паҳн мекунанд. Мақсади онҳо сар кардани «баҳсу мунозира» аст (1 Тим. 6:4, 5). Онҳо мехоҳанд, ки мо ба дурӯғу тӯҳмати онҳо бовар карда аз бародарон гумони бад барем.

16. Ба кадом чизҳо мо набояд гузорем, ки диққати моро парешон кунанд?

16 Нагузоред, ки чизе диққати шуморо парешон кунад. Чун «сарбози хуби Исои Масеҳ» Тимотиюс бояд диққаташро на ба чизу чора ё дигар андешаҳои дунёӣ, балки ба хизмати Худо равона мекард (2 Тим. 2:3, 4). Мисли Тимотиюс мо ҳам намегузорем, ки хоҳиши ба даст овардани чизу чораи бештар ҳуши моро парешон созад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки пулу моли зиёд хушбахтиву қаноатмандӣ меорад, вале онҳо фиреб мехӯранд. Хоҳиши бою сарватманд шудан муҳаббати моро ба Яҳува сард карда метавонад, дар натиҷа шояд мо Каломи Ӯро мисли пештара қадр накунем ва ба дигарон онро мавъиза кардан нахоҳем (Мат. 13:22). Мо бояд ҳаётамонро одӣ нигоҳ дорем ва вақту қуввати худро барои «аввал Подшоҳии Худоро» ҷустан сарф кунем (Мат. 6:22–25, 33).

17, 18. Барои худро аз зарари рӯҳонӣ муҳофизат кардан мо чӣ кор карда метавонем?

17 Барои тез амал кардан тайёр бошед. Сарбоз бояд пешакӣ нақша дошта бошад, ки ҳангоми рӯй додани хатар чӣ тавр худро ҳимоя мекунад. Барои муҳофизат кардани чизҳои пурқимате, ки Яҳува ба мо супоридааст, мо бояд хатарро дидан замон амал кунем. Чӣ ба мо дар ин кӯмак карда метавонад? Мо бояд пешакӣ фикр кунем, ки ҳангоми таҳдид кардани ягон хатар чӣ тавр рафтор мекунем.

18 Масалан, дар баъзе ҷойҳо вақте одамон дар театр ё варзишгоҳ ҷамъ меоянд, пеш аз сар шудани намоиш одатан аз ҳозирон хоҳиш карда мешавад, то ба хотир гиранд, ки кадом дари баромад ба онҳо наздиктар аст. Чаро? То ҳангоми рух додани ҳолати фавқулодда даррав баромада тавонанд. Ба ин монанд, хуб мебуд мо ҳам пешакӣ барои худ «дари баромад»-е тайёр карда монем, то ки дар ҳолати рӯй додани хатар зарар набинем. Фарз кардем, дар вақти тамошои телевизор ё истифодаи интернет ногаҳон тасвири бадахлоқона, саҳнаи зӯроварӣ ё таблиғоти осиён пайдо мешавад. Агар мо пешакӣ «дари баромад»-ро донем, яъне чӣ кор карданамонро пешакӣ фикр кунем, даррав аз он ҷо «баромада» метавонем. Ин рафтор оқилона аст, чунки бо ин роҳ мо худро аз зарари рӯҳонӣ нигоҳ медорем ва дар чашми Яҳува пок мемонем (Заб. 100:3; 1 Тим. 4:12).

19. Агар чизҳои пурқиматеро, ки Яҳува ба мо супоридааст, нигоҳ дорем, кадом баракатҳоро соҳиб мешавем?

19 Инак, мо бояд чизҳои пурарзишеро, ки Яҳува ба мо супоридааст, муҳофизат кунем. Ин чизҳо ҳақиқати Китоби Муқаддас ва ба дигарон таълим додани он мебошанд. Вақте мо ин ганҷҳоро маҳкам нигоҳ медорем, соҳиби чунин баракатҳо мешавем: виҷдонамон дар пеши Худо пок мемонад, ҳаётамон пурмазмун мегардад ва ба дигарон дар бораи Яҳува таълим дода мо хурсандӣ меёбем. Бо ёрдами Худо мо чизҳои пурқиматеро, ки Ӯ ба мо супоридааст, муҳофизат карда метавонем (1 Тим. 6:12, 19).

СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам

^ сарх. 5 Яҳува ба мо ганҷи бебаҳое додааст, ки ин донистани ҳақиқат ва ба дигарон таълим додани он мебошад. Ин мақола ба мо кӯмак мекунад, ки он ганҷро нигоҳ дорем ва ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем.

^ сарх. 8 Ном дигар карда шудааст.