Саволҳои хонандагон
Оё дар Воиз 5:7 танҳо ба ҳокимони заминӣ ишора карда шудааст ё ба Яҳува низ?
Дар ин оят чунин фикри шавқовар навишта шудааст: «Агар ситамро дар ҳаққи мискинон, ва каҷравии инсоф ва адолатро дар кишвар бубинӣ, аз ин ҳодиса тааҷҷуб накун, зеро ки бар болонишин касе назорат мекунад, ки аз вай болотар аст, ва бар онҳо нозирони боз ҳам болотар ҳастанд» (Воиз 5:7).
Агар ба ин суханон аз назари одамӣ нигарем, чунин менамояд, ки ин ҷо гап танҳо дар бораи одамоне меравад, ки дар сари ҳукумат ҳастанд. Вале дар асл ин ҷо ҳамчунин ҳақиқат дар бораи Яҳува қайд шудааст, ки аз донистани он мо тасаллӣ ва қувват мегирем.
Воиз 5:7 ба ҳокиме ишора мекунад, ки ба мискинону камбағалон зулму ситам мекунад ва адлу инсофро поймол менамояд. Ин ҳоким эҳтимол фаромӯш кардааст, ки аз болои ӯ касе назорат мекунад, ки мақом ва ҳокимияти баландтар дорад. Яъне ҳама вақт касоне ёфт мешаванд, ки аз ӯ мавқеи баландтар доранд. Аммо афсӯс, ҳокимиятҳои одамӣ баъзан сар то сар беинсофанд ва аз дасти беадолатиҳои онҳо одамони одӣ азоб мекашанд.
Вазъият тамоман беилоҷ тобад ҳам, мо метавонем аз донистани он тасаллӣ ёбем, ки ҳатто бар ҳукуматдорони аз ҳама болонишин Яҳува назорат мекунад. Мо метавонем бо илтиҷо аз Ӯ мадад пурсем ва бори диламонро ба Ӯ партоем (Заб. 55:23; Флп. 4:6, 7). Мо медонем, ки «чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9).
Хулоса, Воиз 5:7 он ҳақиқати ҳолро ба мо хотиррасон мекунад, ки дар олам ҳамеша шахсе ёфт мешавад, ки қудрати бузургтар дорад. Пеш аз ҳама ин оят қайд мекунад, ки Яҳува Ҳокими баландтарин аст ва қудрати олӣ дар дасти Ӯст. Ҳоло Яҳува бо воситаи Писараш — Исои Масеҳ ҳукмронӣ карда истодааст ва Исо Шоҳи Подшоҳии Ӯ мебошад. Худои Қодир, ки ҳама чӣ ва ҳама касро назорат мекунад, комилан одил ва боинсоф аст. Ва Писари Ӯ Исои Масеҳ низ айнан чунин мебошад.