МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7
Ҳалиму фурӯтан бошед ва писанди Яҳува гардед
«Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин... фурӯтаниро биталабед» (САФ. 2:3).
СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува
ПЕШГУФТОР *
1, 2. а) Мӯсо чӣ гуна инсон буд ва ӯ кадом корҳоро иҷро кард? б) Чӣ моро бармеангезад, ки ҳалим бошем?
ДАР Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Мӯсо-пайғамбар «марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст» (Ад. 12:3). Оё ин маънои онро дорад, ки ӯ одами сусту беҷуръат ва тарсончак буд? Баъзеҳо одами ҳалиму фурӯтанро маҳз ҳамин хел тасвир мекунанд. Вале ин нодуруст аст. Мӯсо марди қавиирода ва далер буд. Бо ёрдами Яҳува ӯ бар зидди ҳокими пурқудрати Миср баромад, тахминан ба се миллион одам роҳбарӣ карда онҳоро аз биёбон гузаронд ва ба халқи Исроил барои мағлуб кардани душманонаш кӯмак кард.
2 Мо бо душвориҳое, ки Мӯсо дучор шуд, рӯ ба рӯ намешавем, лекин ҳар рӯз мо бо одамон ва ё вазъиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки баъзан ба мо ҳалимӣ зоҳир кардан душвор аст. Вале чаро мо бояд ҳалиму ором бошем? Зеро Яҳува ваъда медиҳад, ки маҳз «ҳалимон вориси замин хоҳанд буд» (Заб. 36:11). Оё шумо худро ҳалиму фурӯтан меҳисобед? Оё дигарон дар ҳаққи шумо чунин фикр доранд? Биёед пеш аз ба ин саволҳои муҳим ҷавоб додан дар аввал фаҳмем, ки ҳалимӣ худаш чӣ гуна хислат аст.
ҲАЛИМӢ ЧИСТ?
3, 4. а) Ҳалимӣ ба чӣ монанд аст? б) Барои ҳалим будан ба мо кадом чор хислат лозим аст ва чаро?
3 Барои ҳалимиро * фаҳмидан як мисол меорем. Чуноне ки рассом барои расмкашӣ аз рангҳои зебову гуногун истифода мебарад, мо низ барои ҳалим будан бояд як қатор хислатҳои зеборо зоҳир кунем. Масалан, фурӯтанӣ, итоаткорӣ, меҳрубонӣ ва далерӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Чаро барои ба Яҳува писанд омадан мо бояд чунин хислатҳоро дошта бошем?
4 Танҳо одамони фурӯтан бо итоаткорӣ хости Парвардигорро иҷро карда метавонанд. Худо мехоҳад, ки мо мулоиму меҳрубон бошем (Мат. 5:5; Ғал. 5:22, 23). Лекин мо ҳалиму меҳрубон бошем ҳам, бисёриҳо моро чашми дидан надоранд (Юҳ. 15:18, 19). Вақте мо гапи Худоро гӯш мекунем, аз ин Шайтон дарғазаб мешавад. Аз ин рӯ барои ба Шайтон муқобилат кардан ба мо далерӣ лозим аст.
5, 6. а) Чаро Шайтон ҳалимонро чашми дидан надорад? б) Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
5 Баръакси одами ҳалим, шахси ҳавобаланд қаҳрашро идора карда наметавонад ва ба гапи Яҳува гӯш намедиҳад. Чунин одамон хислатҳои Шайтонро акс мекунанд. Ҳалимон бошанд, хислатҳои зебое доранд, ки баръакси хислатҳои Шайтонанд. Аз ҳама бадтараш барои Шайтон ин аст, ки онҳо дурӯғчӣ будани ӯро фош мекунанд. Ана барои чӣ вай ҳалимонро бад мебинад! Лекин Шайтон чизе ки нагӯяд ва чи коре ки накунад, ҳалимонро аз хизмати Яҳува боздошта наметавонад (Айюб 2:3–5).
6 Кай ҳалим будан душвор аст? Ва ҳалиму фурӯтан будан чӣ баракатҳо меорад? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан, биёед мисоли Мӯсо, се ҷавони ибрӣ, ки дар Бобул асир буданд ва Исоро дида бароем.
КАЙ ҲАЛИМ БУДАН ДУШВОР АСТ?
7, 8. Вақте дигарон нисбати Мӯсо беҳурматӣ карданд, ӯ чӣ гуна рафтор кард?
7 Агар соҳиби таъйинот ё масъулият бошем. Ба онҳое, ки ба дигарон қудрат доранд, ҳалиму меҳрубон будан шояд душвор аст, хусусан агар касе ба онҳо беҳурматӣ кунад ё ба дуруст будани қарорашон шубҳа кунад. Оё ягон бор бо шумо чунин шуда буд? Сардорони оила, агар ягон аъзои оилаатон чунин рафтор менамуд, шумо чӣ гуна муносибат мекардед? Биёед дида бароем, ки Мӯсо дар чунин ҳолат чӣ кор кард.
8 Яҳува Мӯсоро Пешвои халқи Исроил таъйин карда иҷозат дод, ки барои роҳбарӣ кардани он халқ қонунҳо нависад. Ва бешубҳа Мӯсоро худи Яҳува дастгирӣ мекард. Ад. 12:1–13). Барои чӣ Мӯсо ин тавр муносибат кард?
Бо вуҷуди ин, бародар ва апаи ҳамхуни Мӯсо бар зидди ӯ баромада барои зани гирифтааш ӯро таъна заданд. Агар ба ҷойи Мӯсо каси дигар мебуд, шояд ба ғазаб омада қасд мегирифт. Вале Мӯсо чунин накард. Ӯ аз онҳо дарҳол хафа нашуд. Ва ҳатто аз Яҳува зориву илтиҷо кард, ки апааш Марямро, ки ба махав гирифтор шуда буд, шифо диҳад (9, 10. а) Бо кӯмаки Яҳува Мӯсо чиро ёд гирифт? б) Падарон ва пирон аз Мӯсо чиро ёд гирифта метавонанд?
9 Қариб 40 сол пеш, вақте Мӯсо дар дарбори фиръавн зиндагӣ мекард, ӯ ҳоло ҳалим набуд. Вале ӯ гузошт, ки Яҳува ӯро тарбия кунад. Пеш вай чунон одами бадқаҳр буд, ки боре мардеро, ки ба назараш нодуруст рафтор кард, кушта таги хок кард. Мӯсо гумон дошт, ки барои ин кораш Яҳува аз ӯ розӣ аст. Ба ӯ чил сол лозим шуд, то фаҳмад, ки барои роҳбари Исроил шудан фақат далерӣ кам аст; ӯ инчунин бояд ҳалиму меҳрубон бошад. Боз ба вай фурӯтану итоаткор ва мулоим будан лозим буд. Дар натиҷа, ӯ ин хислатҳоро дар бар кард ва пешвои хубе гашт (Хур. 2:11, 12; Аъм. 7:21–30, 36).
10 Сардорони оила ва пирон бояд ба намунаи Мӯсо пайравӣ кунанд. Вақте касе аз аъзоёни оилаатон ё ҷамъомад ба шумо беэҳтиромона муносибат кунанд, зуд наранҷед. Фурӯтан бошед ва хатоҳои худро бо омодагӣ ба гардан гиред (Воиз 7:9, 20). Дар ҳалли душвориҳо ҳамеша аз рӯйи дастуроти Яҳува амал кунед. Ва ҳамеша бо мулоимӣ ҷавоб диҳед (Мас. 15:1). Падарон ва пироне, ки чунин муомила мекунанд, ба Яҳува писанданд, ба сулҳу осоиштагӣ мусоидат мекунанд ва дар зоҳир кардани ҳалимӣ ба дигарон намунаи ибратанд.
11–13. Се ҷавони ибрӣ ба мо чӣ намуна гузоштанд?
11 Агар моро таъқиб кунанд. Аз давраҳои қадим сар карда ҳокимиятдорон халқи Худоро таъқиб мекарданд. Онҳо метавонанд ба гардани мо «ҷиноятҳо»-и гуногунро бор кунанд, вале дар асл сабаби ба хашм омадани онҳо ин аст, ки мо «ба Худо чун ба ҳоким итоат» мекунем, на ба онҳо (Аъм. 5:29). Шояд моро мазоҳу масхара кунанд, ба ҳабс гиранд ва ҳатто лату кӯб кунанд. Лекин дар ин гуна ҳолатҳо мо бо ёрдами Яҳува орому ҳалим мемонем ва қасд намегирем.
12 Дар ин бобат се ҷавони ибрӣ — Ҳананё, Мишоил ва Азарё, ки дар Бобул асир буданд, ба мо ибрат гузоштаанд *. Биёед намунаи онҳоро дида бароем. Шоҳи Бобул ба онҳо фармон дод, ки ба ҳайкали калони тиллоӣ саҷда кунанд. Онҳо бо мулоимӣ ба шоҳ фаҳмонданд, ки барои чӣ ба он саҷда намекунанд. Подшоҳ таҳдид кард, ки онҳоро ба кӯраи оташ мепартояд. Вале онҳо тайёр буданд, ки ҳатто мурдан лозим ояд ҳам, танҳо ба Яҳува содиқ мемонанд. Яҳува бошад, ин се ҷавонро аз кӯраи оташ дарҳол наҷот дод (Дон. 3:1, 8–28). Онҳо исбот карданд, ки одамони ҳалим дар ҳақиқат далеранд ва ҳеҷ чиз — на подшоҳ, на таҳдид ва на ягон ҷазо онҳоро аз ибодати Яҳува боздошта наметавонад (Хур. 20:4, 5).
13 Вақте ки садоқатмандии мо ба Худо озмуда мешавад, чӣ тавр мо ба ин се ҷавони ибрӣ пайравӣ карда метавонем? Мо бояд фурӯтанона ба Яҳува такя кунем ва дилпур бошем, ки Ӯ дар бораи мо ғамхорӣ мекунад (Заб. 117:6, 7). Инчунин ба онҳое, ки моро айбдор мекунанд, бояд бо мулоимӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳем (1 Пет. 3:15). Ва чизе рӯй надиҳад ҳам, мо ҳеҷ гоҳ барои наҷот додани худ аз Яҳува рӯй намегардонем.
14, 15. а) Агар мо дар ташвишу изтироб бошем, бо мо чӣ рӯй дода метавонад? б) Мувофиқи Ишаъё 53:7, 10 чаро мо гуфта метавонем, ки Исо ҳатто дар ҳолати душвортарин намунаи беҳамто нишон дод?
14 Агар дар ташвишу изтироб бошем. Баъзан ҳар яки мо аз ягон чиз ба ташвиш меоем, хавотир мешавем ё асабӣ мегардем. Масалан, ҳангоми имтиҳонсупорӣ дар мактаб ё иҷрои ягон супориш дар корхона шахс тарсу ҳаяҷон ҳис карда метавонад. Ё танҳо худи фикр дар бораи ягон ташхиси тиббӣ ё ҷарроҳӣ моро хавотир мекунад. Дар чунин ҳолатҳо шахс асабӣ ва хотирпарешон мегардад ва ҳалиму ором монданаш душвортар аст. Чизҳое, ки пеш мо ба онҳо оромона менигаристем, метавонанд моро асабӣ гардонанд. Дар ин лаҳза суханони мо шояд дурушту дағал бароянд. Агар шумо ягон бор ба чунин ҳолат афтода бошед, дида баромадани намунаи Исо ба шумо ёрдам мекунад.
15 Моҳҳои охири ҳаёти заминиаш Исо беҳад дар изтироб буд. Чунки вай медонист, ки ӯро ваҳшиёна азоб дода мекушанд (Юҳ. 3:14, 15; Ғал. 3:13). Чанд моҳ пеш аз маргаш, ӯ гуфт, ки «дар азобам» (Луқ. 12:50). Ва рӯзҳои пеш аз маргаш бошад, Исо гуфт: «Ман дар изтироб ҳастам». Вай дар дуо дилашро ба Падараш холӣ карда гуфт: «Эй Падар, маро аз он чӣ дар пеш аст, наҷот деҳ. Аммо ман маҳз барои ҳамин омадаам. Эй Падар, номи Худро ҷалол деҳ» (Юҳ. 12:27, 28). Аз ин суханони ӯ мо мебинем, ки то чӣ андоза ӯ фурӯтану итоаткор буд. Чанде пас Исо далерона худро ба дасти душманон супорид ва онҳо ӯро сангдилона азоб дода куштанд. Нигоҳ накарда ба изтироб ва дарди ҷонкоҳ Исо бо фурӯтанӣ хости Худоро иҷро кард. Ҳатто дар чунин ҳолати вазнинтарин ӯ фурӯтану ҳалим монд. Дар ҳақиқат ӯ барои мо намунаи беҳамтост! (Ишаъё 53:7, 10-ро хонед.)
16, 17. а) Кадом рафтори шогирдони Исо ӯро ба хашм оварда метавонист? б) Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем?
16 Шаби пеш аз марги Исо дӯстони ҷониаш тавре рафтор карданд, ки ин ӯро ба хашм оварда метавонист. Тасаввур кунед: Он шаб ҷони Исо беҳад дар изтироб буд, аҳволашро танҳо худаш медонисту Худо. Ӯро саволи зерин безобита мекард: «Оё то дами марг ба Яҳува содиқ мемонда бошам?» Аз содиқ мондани ӯ ҳаёти миллиардҳо одамон вобаста буд (Рум. 5:18, 19). Аз ҳама муҳимаш, содиқии ӯ ба обрӯйи Падараш таъсир карда метавонист (Айюб 2:4). Ҳамаи инро монда расулони Исо, ки дӯстони қаринаш буданд, байни худ баҳсу мунозираи сахт карданд, ки «кадоме аз онҳо бузургтар аст». Исо пештар худи ҳамон шаб чанд бор онҳоро ислоҳ карда буд. Лекин аҷоиб, ки боз баҳсу мунозираи онҳоро дида қаҳри Исо наомад. Баръакс, ӯ бо мулоимӣ гап зад. Исо меҳрубонона, вале ҳамзамон ба таври қатъӣ ба онҳо фаҳмонд, ки чӣ гуна инсон будан лозим аст. Инчунин вай дӯстонашро таъриф кард, ки то охир ӯро дастгирӣ карданд (Луқ. 22:24–28; Юҳ. 13:1–5, 12–15).
17 Агар шумо дар чунин ҳолат мебудед, чӣ кор мекардед? Мо ба Исо пайравӣ карда дар вазъиятҳои душвор ҳам, оромиву ҳалимиро нигоҳ дошта метавонем. Ва бояд бо омодагӣ ба амри Яҳува итоат карда «нисбати якдигар пурсабр» бошем (Қӯл. 3:13). Ҳамаи мо баъзан бо гуфтору рафтори худ дигаронро ба хашм меорем. Агар инро дар ёд дошта бошем, дигаронро тоқат кардан ба мо осон мегардад (Мас. 12:18; Яъқ. 3:2, 5). Боз хуб мебуд, ки дигаронро барои хислатҳои некашон таъриф кунем (Эфс. 4:29).
ҲАЛИМУ ФУРӮТАН БУДАН ЧӢ БАРАКАТҲО МЕОРАД?
18. Чӣ тавр Яҳува ба ҳалимон барои қабули қарорҳои хуб кӯмак мекунад, вале онҳо бояд чӣ кор кунанд?
18 Ҳалиму фурӯтан будан ба мо кӯмак мекунад, ки қарорҳои дуруст қабул кунем. Вақте мо дар ҳаёт бо ягон вазъияти душвор рӯ ба рӯ мешавему чӣ кор карданамонро намедонем, Яҳува барои қабули қарорҳои хуб ба мо кӯмак мекунад. Лекин ба он шарт, ки агар мо ҳалиму фурӯтан бошем. Ӯ ваъда медиҳад, ки «орзуи ҳалимонро [мешунавад]» (Заб. 9:38). Ва Ӯ на танҳо мешунавад, балки онҳоро «ба роҳи инсоф меандозад» ва «тариқи Худро таълим медиҳад» (Заб. 24:9). Яҳува моро бо воситаи Китоби Муқаддас ва маводҳое, ки «ғуломи бовариноку боандеша» пешкаш менамояд, роҳнамоӣ мекунад. Ба ин маводҳо — адабиётамон *, видеонаворҳо ва барномае, ки мо дар вохӯриҳо мешунавем, дохил мешаванд (Мат. 24:45–47). Мо бояд фурӯтанона дарк кунем, ки ба кӯмаки Худо мӯҳтоҷем. Барои ҳамин бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро карда ғизои рӯҳониро қабул кунем ва чизҳои фаҳмидаамонро бо омодагӣ ба кор барем.
19–21. Мӯсо дар Қодеш ба кадом хатогӣ роҳ дод ва мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем?
19 Ҳалиму фурӯтан будан ба мо кӯмак мекунад, ки ба хатогиҳо роҳ надиҳем. Бори дигар дар бораи Мӯсо фикр кунед. Даҳсолаҳо ӯ чун одами ҳалиму фурӯтан ба Яҳува писанд буд. Лекин дар охири сафари душвори 40-сола дар биёбон ӯ ҳалимиро аз Ад. 20:1–5, 9–11).
даст дод. Апааш Марям, ки аз афташ дар кӯдакӣ Мӯсоро аз марг наҷот дода буд, вафот кард ва дар Қодеш ба хок супорида шуд. Ва инак исроилиён боз ба шикоят даромаданд, ки дар ҳаққи онҳо ба таври лозима ғамхорӣ карда намешавад. Ин дафъа онҳо барои набудани об «бо Мусо низоъ карданд». Ҳарчанд Мӯсо бо қудрати Яҳува мӯъҷизаҳои зиёд нишон дод ва солҳои сол беғаразона халқро роҳбарӣ мекард, онҳо норозигӣ баён карданд. Онҳо на танҳо аз набудани об, балки аз худи Мӯсо низ шикоят карданд, ки гӯё ба ташна мондани онҳо вай айбдор бошад (20 Мӯсо аз ин ба қаҳру ғазаб омада худро идора карда натавонист. Ӯ бо халқ хашмгинона гап зад. Ба ҷойи он ки мувофиқи амри Яҳува ба сахра сухан гӯяд, ӯ бо қаҳр ду бор ба сахра зад ва аз он об ҷорӣ шуд. Бо ин рафтораш ӯ Яҳуваро неву худашро ҷалол дод. Аз боиси хашму ғурур ӯ хатои ҷиддие содир кард (Заб. 105:32, 33). Бинед, ки як лаҳза аз даст додани ҳалимӣ ба чӣ оварда расонд: ба Мӯсо иҷозат дода нашуд, ки ба Замини ваъдашуда дарояд (Ад. 20:12).
21 Аз ин воқеа мо барои худ чизҳои муҳимро омӯхта метавонем. Якум, мо бояд доимо кӯшиш кунем, ки ҳалиму фурӯтан бошем. Агар мо лаҳзае онро аз даст диҳем, даррав ҷойи онро ғурур мегирад ва он моро ба сухану рафтори беақлона тела медиҳад. Дуюм, мо фаҳмидем, ки дар вақти асабонӣ шудан ҳалиму ором мондан душвор аст. Барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳатто дар чунин ҳолатҳо ҳалиму хушмуомила бошем.
22, 23. а) Чаро мо бояд ҳамеша ҳалиму фурӯтан бошем? б) Суханони Сафанё 2:3 чиро нишон медиҳад?
22 Ҳалиму фурӯтан будан моро муҳофизат мекунад. Ба қарибӣ Яҳува тамоми одамони бадро аз замин нест мекунад ва танҳо ҳалимон боқӣ мемонанд. Он гоҳ дар замин осоиштагии ҳақиқӣ ҳукмфармо мегардад (Заб. 36:10, 11). Мо ҳам метавонем дар байни он ҳалимон бошем, агар мувофиқи насиҳати падаронаи Яҳува, ки дар китоби Сафанё навишта шудааст, амал кунем. (Сафанё 2:3-ро хонед.)
23 Чаро дар Сафанё 2:3 гуфта шудааст, ки «шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед»? Оё ин маънои онро дорад, ки Яҳува дӯстдорони худро, ки ба Ӯ писанд омадан мехоҳанд, муҳофизат карда наметавонад? Албатта, не. Аниқтараш ин маънои онро дорад, ки барои наҷот ёфтан худи мо ҳам бояд коре кунем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳалиму фурӯтан бошем ва писанди Яҳува гардем. Он гоҳ мо «дар рӯзи хашми Худованд» наҷот ёфта абадӣ зиндагӣ карда метавонем.
СУРУДИ 21 Хушбахтанд раҳмдилон
^ сарх. 5 Ҳеҷ яке аз мо ҳалиму фурӯтан таваллуд намешавем. Мо бояд ин хислатҳоро инкишоф диҳем. Шояд дар муносибат бо одамони сулҳҷӯ мо ҳалим бошем, вале бо одамони ҳавобаланд ҳалим мондан осон нест. Дар ин мақола мо баъзе душвориҳоеро дида мебароем, ки барои инкишоф додани ин хислати зебо ба мо халал мерасонанд.
^ сарх. 3 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ҳалимӣ. Одамони ҳалим дар муносибат бо дигарон меҳрубону хушмуомилаанд, ҳатто агар дигарон онҳоро ба хашм оварданӣ шаванд ҳам, онҳо оромиро нигоҳ медоранд. Фурӯтанӣ. Одамони фурӯтан мағруру ҳавобаланд нестанд. Онҳо дигаронро аз худ боло медонанд. Фурӯтании Яҳува дар он дида мешавад, ки Ӯ аз ҳама бузург бошад ҳам, бо дигарон бо раҳмдиливу меҳрубонӣ муносибат мекунад.
^ сарх. 12 Бобулиён ба ин се ҷавони ибрӣ чунин номҳо доданд: Шадрак, Мешак ва Абднаҷу (Дон. 1:7).
^ сарх. 18 Масалан, ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми апрели с. 2011 ба мақолаи «Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд», нигаред.
^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМҲО: Вақте шогирдони Исо баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, ӯ ҳалим мемонд ва оромона онҳоро ислоҳ мекард