Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8

Бар ҳасад ғолиб омада ба сулҳ бикӯшед

Бар ҳасад ғолиб омада ба сулҳ бикӯшед

«Биёед аз пайи корҳое бошем, ки сулҳу осоиштагӣ меоранд ва ҳар яки моро обод мекунанд» (РУМ. 14:19).

СУРУДИ 39 Осоиштагӣ дороии мост

ПЕШГУФТОР *

1. Аз боиси ба ҳасад дода шудани бародарони Юсуф дар оилаи онҳо чӣ рӯй дод?

ЯЪҚУБ ҳама писаронашро дӯст медошт, вале ӯ ба Юсуфи 17-сола меҳри хоса дошт. Бародаронаш инро дида ба Юсуф ҳасад мебурданд. Ҳарчанд Юсуф ба онҳо ягон бадӣ накарда буд, бародаронаш аз ӯ нафрат доштанд. Онҳо ҳатто Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд, ба падарашон гапи дурӯғ зада гуфтанд, ки ҳайвони даррандае писари азизи ӯро хӯрдааст. Аз ҳасад онҳо сулҳу осоиштагии оилаашонро вайрон намуда дили падарашонро реш-реш карданд (Ҳас. 37:3, 4, 27–34).

2. Мувофиқи Ғалотиён 5:19–21 чаро ҳасад бурдан хатарнок аст?

2 Дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки ҳасад * хислати зиёновар буда ба «корҳои ҷисм» дохил мешавад ва ҳасадхӯрон вориси Подшоҳии Худо намешаванд. (Ғалотиён 5:19–21-ро хонед.) Вақте ҳасад дар дили одам реша мегирад, аксар вақт он бадбинӣ, ҷангу низоъ, хашму ғазаб ва дигар хислатҳои бадро ба бор меорад.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Мисоли бародарони Юсуф нишон медиҳад, ки ҳасад муносибати байни одамон ва сулҳу осоиштагии оиларо вайрон карда метавонад. Албатта, мо кореро, ки бародарони Юсуф ба он даст заданд, ҳеҷ гоҳ намекунем, лекин ҳамаи мо нокомилем ва дили маккор дорем (Ирм. 17:9). Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки баъзан мо ба дигарон ҳасад мебарем. Биёед баъзе мисолҳои огоҳкунандаро аз Китоби Муқаддас ба ёд оварда фаҳмем, ки аз кадом сабабҳо дар дили кас ҳасад пайдо шуда метавонад. Сипас дида мебароем, ки бо кадом роҳҳо бо ҳасад мубориза барем ва ба сулҳу осоиштагӣ мусоидат кунем.

ҲАСАД АЗ ЧӢ ПАЙДО МЕШАВАД?

4. Чаро фалиштиён ба Исҳоқ ҳасад бурданд?

Вақте зисту зиндагонии касе беҳтар мегардад. Исҳоқ марди сарватманд буд ва фалиштиён ба ӯ ҳасад мебурданд (Ҳас. 26:12–14). Онҳо аз алам ҳатто чоҳҳоеро, ки Исҳоқ чорвояшро аз онҳо об медод, хок пур карданд (Ҳас. 26:15, 16, 27). Мисли он фалиштиён баъзе одамони имрӯза беҳшавии зисту зиндагонии дигаронро дида наметавонанд. Ва онҳо сахт мехоҳанд соҳиби чунин чизҳо шаванд. Ғайр аз ин, агар ягон чизро худашон надошта бошанд, мехоҳанд, ки дигарон низ надошта бошанд.

5. Барои чӣ роҳбарони дин ба Исо ҳасад мебурданд?

Вақте бисёриҳо касеро дӯст медоранд. Роҳбарони дини яҳудӣ ба Исо ҳасад мебурданд, чунки мардуми одӣ ӯро хеле қадр мекард (Мат. 7:28, 29). Исо намояндаи Худо буд ва ҳақиқатро таълим медод. Бо вуҷуди ин, он диндорон дар бораи Исо овозаҳои дурӯғ паҳн намуда, номи некашро сиёҳ карданӣ шуданд (Марқ. 15:10; Юҳ. 11:47, 48; 12:12, 13, 19). Аз ин мисоли огоҳкунанда мо чӣ дарс мегирем? Мо бояд бо ҳар гуна майли ҳасадбарӣ мубориза барем. Агар аъзоёни ҷамъомад ягон бародар ё хоҳарро барои хислатҳои хубаш дӯст доранд, мо набояд рашк кунем. Баръакс, хуб мебуд, агар мо ҳам чунин хислатҳои некро дар худ инкишоф диҳем (1 Қӯр. 11:1; 3 Юҳ. 11).

6. Аз чӣ маълум, ки Диютрифас ба бародарон ҳасад мебурд?

Вақте ба касе супоришу таъйинот медиҳанд. Дар асри як Диютрифас ном масеҳӣ ба бародароне, ки дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда доштанд, ҳасад мебурд. Ӯ дар байни ҳамимонон «калонигариро дӯст» медошт ва барои паст задани Юҳаннои расул ва дигар бародарони масъул дар ҳаққи онҳо бадгӯйӣ мекард (3 Юҳ. 9, 10). Албатта, мо ҳеҷ гоҳ мисли Диютрифас рафтор намекунем. Лекин бояд эҳтиёт шавем, то дар диламон ба ҳамимоне, ки таъйиноти дӯстдоштаи моро соҳиб мегардад, ҳасад пайдо нашавад, хусусан агар мо фикр кунем, ки он корро мисли дигарон ё ҳатто беҳтар аз онҳо иҷро карда метавонем.

Дили мо мисли замин аст, хислатҳои хуби мо бошанд, мисли гулҳои зебоянд. Вале ҳасад мисли алафи заҳрнок аст. Ҳасад намегузорад, ки мо хислатҳои хубро, ба монанди муҳаббат, дилсӯзӣ ва некӯкорӣ инкишоф диҳем (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Ҳасад ба мо чӣ гуна таъсир мекунад?

7 Ҳасад мисли алафи заҳрнок аст. Ҳамин ки он дар диламон реша давонад, нест карданаш душвор буда метавонад. Ҳасад дигар ҳиссиёти манфӣ, ба монанди рашку ғазаб, ғурур ва худбиниро бедор мекунад. Ҳасад намемонад, ки дар дили кас хислатҳои хуб, мисли муҳаббат, дилсӯзӣ ва некӯкорӣ инкишоф ёбанд. Агар мо пай барем, ки дар диламон тухми ҳасад сабзида истодааст, ҳарчи зудтар бояд онро решакан кунем. Чӣ тавр мо метавонем бо ҳасад мубориза барем?

ФУРӮТАН ВА РИЗОМАНД БОШЕД

Чӣ тавр бо ҳасад мубориза барем? Бо кӯмаки рӯҳи муқаддаси Худо мо метавонем ҳасадро аз диламон решакан карда ба ҷойи он фурӯтанӣ ва қаноатмандиро инкишоф диҳем (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

8. Кадом хислатҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки ба ҳасад ғолиб оем?

8 Инкишоф додани фурӯтанӣ ва қонеъ будан аз вазъияти худ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳасад набарем. Агар мо ин хислатҳоро дошта бошем, дар дили мо ба ҳасад ҷой намемонад. Фурӯтанӣ ба мо ёрдам мекунад, ки худро аз дигарон боло наҳисобем. Одами фурӯтан фикр намекунад, ки назар ба дигарон ба чизи бештар сазовор аст (Ғал. 6:3, 4). Шахси фурӯтан бо чизи доштааш қаноат мекунад ва худро бо дигарон муқоиса намекунад (1 Тим. 6:7, 8). Чунин одам вақте беҳбудии дигаронро мебинад, бо онҳо хурсандӣ менамояд.

9. Мувофиқи Ғалотиён 5:16 ва Филиппиён 2:3, 4 рӯҳи муқаддас дар кадом кор ба мо кӯмак мекунад?

9 Азбаски мо гунаҳкорем, мо ба ҳасадхӯрӣ майл дорем. Барои ҳасад нахӯрдан ва инкишоф додани фурӯтаниву ризомандӣ мо ба ёрдами рӯҳи муқаддаси Худо мӯҳтоҷем. (Ғалотиён 5:16; Филиппиён 2:3, 4-ро хонед.) Бо кӯмаки рӯҳи муқаддаси Яҳува мо метавонем фикру ниятҳои худро тафтиш кунем ва ҳасадро аз худ дур карда дар бораи чизҳои нек фикр кунем (Заб. 25:2; 50:12). Биёед ҳоло мисоли Мӯсо ва Павлусро дида бароем ва фаҳмем, ки чӣ тавр онҳо ба майли ҳасадхӯрӣ бо муваффақият мубориза бурданд.

Ҷавони исроилие ба назди Мӯсо ва Еҳушаъ давида омада хабар медиҳад, ки ду кас дар ӯрдугоҳ чун пайғамбар рафтор карда истодаанд. Еҳушаъ аз Мӯсо хоҳиш мекунад, ки онҳоро боздорад, вале Мӯсо ӯро ором карда мегӯяд, ки вай хурсанд аст, ки Яҳува ба он ду мард рӯҳи Худро додааст. (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Дар кадом ҳолат дар дили Мӯсо ҳасад пайдо шуда метавонист? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

10 Мӯсо-пайғамбар бар халқи Яҳува ҳокимияти калон дошт, вале ӯ ба дигарон монеъ намешуд, ки чунин имтиёзро соҳиб шаванд. Масалан, боре чунин шуд, ки Яҳува як қисми рӯҳи Худро аз Мӯсо гирифта ба гурӯҳи пироне дод, ки назди хаймаи муқаддас меистоданд. Чанде пас ба Мӯсо хабар доданд, ки ба ду пири дигар низ, ки дар пеши хайма ҳозир нашудаанд, рӯҳи муқаддас қарор гирифтааст ва онҳо чун пайғамбар рафтор мекунанд. Инро шунида Еҳушаъ ба Мӯсо гуфт, ки онҳоро аз ин корашон боздорад. Вале Мӯсо бахилӣ накард, ки Яҳува ба он ду нафар таваҷҷӯҳ намуд. Ӯ фурӯтан буд ва хурсанд шуд, ки онҳо соҳиби чунин ато гаштанд (Ад. 11:24–29). Мо аз Мӯсо чӣ дарс мегирем?

Чӣ тавр пирони ҷамъомад ба фурӯтании Мӯсо пайравӣ карда метавонанд? (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.) *

11. Чӣ тавр пирон ба Мӯсо пайравӣ карда метавонанд?

11 Фарз мекунем шумо пири ҷамъомад ҳастед ва ягон вазифаро иҷро мекунед, масалан, ҳар ҳафта омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ»-ро мегузаронед. Ин таъйинотатон ба шумо хеле маъқул аст. Лекин, аз шумо хоҳиш мекунанд, ки ин корро ба бародари дигаре таълим диҳед, то ки минбаъд ӯ онро иҷро кунад. Аз ин шумо чӣ ҳис мекунед? Агар мисли Мӯсо фурӯтан бошед, шумо худро нодаркор ҳис намекунед, ё ба он бародар ҳасад намебаред. Баръакс, бо хурсандӣ ба ӯ коратонро ёд медиҳед.

12. Чӣ тавр имрӯз бисёр бародару хоҳарон фурӯтанӣ нишон медиҳанд ва аз вазъияти худ қаноатманданд?

12 Биёед мавриди дигарро тасаввур кунем, ки бисёри бародарони пиронсол бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Солҳои зиёд онҳо чун координатори ҳайати пирон хизмат карда бошанд ҳам, вақте ки синнашон ба 80 мерасад, онҳо бо омодагӣ таъйиноташонро ба дигар кас месупоранд. Нозирони ноҳиявӣ ҳам вақте синнашон ба 70 мерасад, фурӯтанона таъйиноташонро ба бародарони ҷавонтар медиҳанд ва ба намуди дигари хизмат розӣ мешаванд. Солҳои охир бисёр байтилчиён ба хизмати мавъиза таъйин шуданд. Ин бародару хоҳарони содиқ ба касоне, ки имрӯз таъйиноти пештараи онҳоро иҷро мекунанд, ҳасад намебаранд.

13. Чаро дар дили Павлус нисбати 12 расулон ҳасад пайдо шуда метавонист?

13 Боз як намунаи хуб Павлуси расул мебошад. Ӯ фурӯтан буд ва ба вазъияте, ки дошт, қаноат мекард. Павлус намегузошт, ки дар дилаш ҳасад реша давонад. Ҳарчанд ӯ дар хизмати Худо бисёр меҳнат мекард, ӯ фурӯтанона гуфт: «Ман хурдтарини расулон ҳастам ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам» (1 Қӯр. 15:9, 10). 12 расулон дар давоми хизмати заминии Исо ҳамроҳаш мегаштанд, вале Павлус баъди марг ва эҳёшавии Исо пайрави ӯ гашт. Бо гузашти вақт ӯ «расули халқҳои дигар» таъйин шуда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ имтиёзи ба қатори 12 расулон дохил шуданро соҳиб нашуд (Рум. 11:13; Аъм. 1:21–26). Лекин ӯ ба он 12 нафар ва муоширати наздике, ки бо Исо доштанд, рашку ҳасад намебурд. Ӯ аз мавқеи доштааш розӣ буд.

14. Агар мо қаноатманду фурӯтан бошем, чӣ хел рафтор мекунем?

14 Агар мо фурӯтану ризоманд бошем, мисли Павлус касонеро, ки Яҳува ба онҳо ҳокимият додааст, эҳтиром мекунем (Аъм. 21:20–26). Худо баъзе мардонро таъйин намудааст, то ки ба ҷамъомад роҳбарӣ кунанд. Онҳо нокомил бошанд ҳам, Ӯ онҳоро «ато» номидааст (Эфс. 4:8, 11). Вақте мо он бародаронро эҳтиром мекунему фурӯтанона ба дастуроташон гӯш медиҳем, бо Яҳува наздик мемонем ва бо ҳамимонон ягонагиро нигоҳ медорем.

АЗ ПАЙИ КОРҲОЕ БОШЕД, КИ «СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ МЕОРАНД»

15. Кадом ду қадам муҳим аст?

15 Чуноне ки гуфтем, рашку ҳасад мисли алафи бегона аст. Агар гузорем, ки ин хислати заҳролуд дар дили мо реша давонад, сулҳу осоиштагӣ байни мо гум мешавад. Пас, мо бояд якум, ҳасадро аз дили худ решакан кунем ва дуюм, набояд сабаб гардем, ки дар дили дигарон ҳасад пайдо шавад. Ин ду қадам ба мо ёрӣ медиҳад, то «аз пайи корҳое бошем, ки сулҳу осоиштагӣ меоранд ва ҳар яки моро обод мекунанд» (Рум. 14:19). Чӣ тавр рафтор кунем, то дар дили дигарон ҳасад пайдо нашавад ва байнамон сулҳу ягонагӣ бошад?

16. Барои он ки дар дили дигарон ҳасад пайдо нашавад, мо бояд чӣ кор кунем?

16 Рафтору корҳои мо ба дигарон таъсири калон расонда метавонад. Ҷаҳон мехоҳад, ки мо аз чизу чора ё вазъияти худ фахр карда «худнамоӣ» кунем (1 Юҳ. 2:16). Вале чунин рафтор нодуруст аст, зеро дар дили дигарон ҳасадро бедор карда метавонад. Барои он ки дар дили дигарон ҳасад пайдо нашавад, мо бояд чӣ кор кунем? Мо набояд доимо оиди чизҳои доштаамон ё оиди он ки чиро хариданием, гап занем. Ва агар дар ҷамъомад соҳиби ягон таъйинот бошем, набояд доимо онро таърифу тавсиф кунем. Ба ҷойи ин хуб мебуд, ки дар бораи хизмат ва кору бори дигарон самимона пурсон шавем ва онҳоро барои амалҳои хубашон таъриф кунем. Бо ин мо ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунем ва ба дигарон ёрӣ медиҳем, ки аз вазъияти худ қаноатманд бошанд.

17. Бародарони Юсуф дар оилаашон чиро барқарор карданд ва ин чӣ тавр ба онҳо муяссар гашт?

17 Бар ҳасад ғолиб омадан мумкин аст! Биёед боз ба мисоли бародарони Юсуф баргардем. Чандин солҳо пас аз он ки бародаронаш бо Юсуф беадолатона муносибат карданд, онҳо бо ӯ дар Миср вохӯрданд. Пеш аз он ки Юсуф ба бародаронаш кӣ будани худро ошкор кунад, онҳоро санҷид, то фаҳмад, ки дигар шудаанд ё не. Ӯ барояшон зиёфате ороста дар он бародари хурдиаш Бинёминро ба таври махсус меҳмондорӣ кард (Ҳас. 43:33, 34). Лекин аз ин бародаронаш ба Бинёмин ҳасад набурданд. Баръакс, онҳо нишон доданд, ки дар бораи ӯ ва падарашон Яъқуб самимона ғам мехӯранд (Ҳас. 44:30–34). Азбаски бародарони Юсуф ислоҳ шуда буданд, онҳо тавонистанд дар оилаашон сулҳу осоиштагиро барқарор кунанд (Ҳас. 45:4, 15). Ба ин монанд, агар мо ҳар гуна рашку ҳасадро аз диламон решакан кунем, он гоҳ ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамъомад сулҳу ягонагиро нигоҳ медорем.

18. Мувофиқи Яъқуб 3:17, 18, агар мо ба сулҳу осоиштагӣ кӯшиш кунем, ин чӣ натиҷа меорад?

18 Яҳува мехоҳад, ки мо дар диламон ба ҳасад роҳ надиҳем ва аз пайи сулҳу ягонагӣ бошем. Барои ин мо бояд сахт кӯшиш кунем. Чуноне ки дар ин мақола дида баромадем, дар дили ҳар як шахс ҳасад пайдо шуда метавонад (Яъқ. 4:5). Инчунин ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ дорем, касро ба рашку ҳасад бармеангезад. Вале, агар мо фурӯтанӣ инкишоф диҳем, ба вазъу шароити доштаамон шукр ва қаноат кунем, он гоҳ дар диламон ба ҳасад ҷой намемонад. Баръакс, мо ба сулҳу осоиштагӣ кӯшиш мекунем, ки дар чунин муҳит инкишоф додани хислатҳои нек осон мегардад. (Яъқуб 3:17, 18-ро хонед.)

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

^ сарх. 5 Ташкилоти Яҳува ҷоест, ки дар он сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Вале агар ҳасад дар дили мо реша давонад, ин сулҳу ягонагиро вайрон карда метавонад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки ба ҳасадхӯрӣ чӣ сабаб мешавад. Боз мефаҳмем, ки чӣ тавр бо ин хислати зараровар мубориза барем ва сулҳпарвар бошем.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Одами ҳасадхӯр ба дороӣ ё вазъияти каси дигар на танҳо чашм ало мекунад, балки ӯро аз ин чизҳо маҳрум кардан мехоҳад.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳангоми вохӯрии ҳайати пирон аз бародари калонсоле, ки омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ»-ро мебарад, хоҳиш мекунанд, ки ба бародари ҷавон иҷрои ин корро таълим диҳад. Ҳарчанд бародари калонсол ин таъйиноти худро дӯст медорад, ӯ аз таҳти дил қарори пиронро дастгирӣ карда ба бародари ҷавон маслиҳатҳои муфид медиҳад ва ӯро самимона таъриф мекунад.