Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6

«Сардори зан мард аст»

«Сардори зан мард аст»

«Сардори зан мард аст» (1 ҚӮР. 11:3).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

ПЕШГУФТОР *

1. Пеш аз интихоби ҳамсар, хоҳари муҷаррад ба худ бояд кадом саволҳоро диҳад?

ҲАМА масеҳиён зери роҳбарии сарвари комил — Исои Масеҳ қарор доранд. Лекин вақте зани масеҳӣ оиладор мешавад, сарвари вай инчунин шахси нокомил — шавҳараш мегардад. Ин метавонад баъзе душвориҳоро ба миён орад. Барои ҳамин хоҳарон, вақте шумо ба худ шавҳари ояндаатонро интихоб карданӣ мешавед, ба худ чунин саволҳо диҳед: «Чӣ нишон медиҳад, ки ин бародар сардори хуби оила шуда метавонад? Оё хизмати Яҳува дар ҳаёти ӯ дар ҷойи аввал меистад? Агар не, пас чаро ман фикр мекунам, ки баъди оиладор шуданамон ӯ сарвари рӯҳан бақувват мегардад?» Албатта, хуб мебуд, ки худи хоҳар низ оиди чунин саволҳо мулоҳиза ронад: «Оё ман хислатҳои хуберо, ки дар обод кардани издивоҷам ёрӣ медиҳанд, инкишоф додаам? Оё ман пурсабр ва саховатманд ҳастам? Оё муносибати ман бо Яҳува мустаҳкам аст?» (Воиз 4:9, 12). Агар зан пеш аз оила барпо карданаш оиди ин чизҳо андеша карда қарори хуб барорад, ин ба вай ёрӣ медиҳад, ки дар издивоҷ муваффақ ва хушбахт шавад.

2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Миллионҳо хоҳарони мо дар итоаткорӣ ба шавҳари худ намунаи хеле хуб нишон медиҳанд. Онҳо сазовори таърифу таҳсинанд! Ҳамроҳи ин занони содиқ ба Яҳува хизмат кардан ба мо хурсандӣ меорад. Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: 1) Баъзе душвориҳое, ки занон дучор мешаванд, кадоманд? 2) Чаро Яҳува мехоҳад, ки зан ба шавҳараш итоат кунад? 3) Шавҳарону занони масеҳӣ дар бобати итоаткорӣ аз намунаи Исо, Абиҷайл ва Марям — модари Исо чӣ омӯхта метавонанд?

ЗАНОНИ МАСЕҲӢ БО КАДОМ ДУШВОРИҲО РӮ БА РӮ МЕШАВАНД?

3. Чаро оилаи комил вуҷуд надорад?

3 Издивоҷ атои комил аз ҷониби Худо аст, вале одамоне, ки оила барпо мекунанд, нокомиланд (1 Юҳ. 1:8). Барои ҳамин Каломи Худо огоҳ мекунад, ки дар ҳаёти оилавӣ «душвориҳои нав ба миён меоянд» (1 Қӯр. 7:28). Ҳоло баъзе душвориҳоеро, ки зан дучор шуда метавонад, дида мебароем.

4. Аз кадом сабаб зан метавонад фикр кунад, ки ба шавҳараш итоат кардан қадри ӯро паст мекунад?

4 Эҳтимол зан аз боиси муҳите, ки дар он тарбия ёфтааст, чунин фикр мекунад, ки ба шавҳараш итоат кардан қадри ӯро паст мекунад. «Дар ҷое, ки ман калон шудам, ба занҳо доимо талқин мекарданд, ки бояд дар ҳама чиз баробари мардон бошанд,— мегӯяд Мэрисол ном хоҳар аз Иёлоти Муттаҳида.— Ман медонам, ки Яҳува мардонро сардори оила таъйин кардааст ва Ӯ мехоҳад, ки зан ба шавҳараш итоат кунад, вале ҳамзамон зан бояд аз тарафи шавҳар эҳтиром карда шавад. Лекин азбаски ҷаҳон ақидаи баръаксро талқин мекунад, ба ман эътироф кардани сарварии шавҳарам на ҳамеша осон аст».

5. Баъзе мардон дар бораи занон чӣ гуна ақидаҳои нодуруст доранд?

5 Аз тарафи дигар, зан шояд ба марде оиладор шудааст, ки ба ақидаи ӯ занон одамони навъи дуюманд. Хоҳаре бо номи Ивон аз Амрикои Ҷанубӣ мегӯяд: «Дар маҳалли мо аввал мардон хӯрок мехӯранд, баъд занҳо. Аз духтарчаҳо талаб карда мешавад, ки дар хона пухтупаз ва рӯбучин кунанд, вале ба писаракон одатан модар ва хоҳаронашон хизмат мекунанд ва ба онҳо мегӯянд, ки онҳо “шоҳи хона”-анд». Йинлин ном хоҳар аз Осиё мегӯяд: «Ба забони ман мақоле ҳаст, ки маънояш чунин аст: Ба зан кӣ мондаст, ки доно ва қобилиятнок бошад. Вазифаи зан фақат кори хона аст ва ӯ ҳақ надорад, ки фикри худро ба шавҳараш баён кунад». Шавҳаре, ки чунин ақидаҳои нодуруст дораду гуфтаҳои Китоби Муқаддасро ба ҷо намеорад, ҳаёти занашро мушкил мегардонад. Ӯ чун Исо рафтор намекунад ва Яҳува аз ӯ розӣ нест (Эфс. 5:28, 29; 1 Пет. 3:7).

6. Занҳо барои муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам кардан бояд чӣ кор кунанд?

6 Чуноне ки дар мақолаи гузашта дида баромадем, Яҳува аз шавҳарони масеҳӣ талаб мекунад, ки ба оилаашон аз ҷиҳати рӯҳонӣ, эмотсионалӣ ва моддӣ ғамхорӣ кунанд (1 Тим. 5:8). Аммо хоҳарони шавҳардор новобаста ба кору бори зиндагӣ худашон низ бояд ҳар рӯз вақт ҷудо карда Каломи Худоро хонанд, дар борааш мулоҳиза ронанд ва аз таҳти дил ба Яҳува дуо гӯянд. Ин душвор буда метавонад. Одатан занҳо серкоранд, аз ин рӯ шояд ҳис кунанд, ки ба ин корҳо вақту қувваташон намерасад. Лекин ба ин чизҳо вақт ҷудо кардан хеле муҳим аст. Чаро? Зеро Яҳува мехоҳад, ки ҳар яки мо бо Ӯ муносибати наздик инкишоф диҳем ва онро нигоҳ дорем (Аъм. 17:27).

7. Чӣ ба зан иҷрои вазифаашро осонтар мегардонад?

7 Фаҳмост, ки ба зан ба шавҳари нокомилаш фармонбардор будан осон нест ва барои ин ӯ бояд бисёр кӯшиш кунад. Лекин вақте ӯ сабаби ин талаботи Яҳуваро мефаҳмад ва нуқтаи назари Ӯро қабул мекунад, он гоҳ ба ӯ эҳтиром кардани шавҳараш ва итоаткор будан осонтар мегардад.

ЧАРО ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ ЗАН БА ШАВҲАРАШ ИТОАТ КУНАД?

8. Чӣ тавр Эфсӯсиён 5:22–24 нишон медиҳад, ки ба шавҳар фармонбардор будани зан хуб аст?

8 Зани масеҳӣ аз он сабаб ба шавҳари худ итоат карданро беҳтар медонад, ки инро Яҳува аз ӯ талаб мекунад. (Эфсӯсиён 5:22–24-ро хонед.) Ӯ боварӣ дорад, ки Падари осмониаш вайро дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ чизеро, ки ба ӯ зарар меорад, амр намедиҳад (Такр. Ш. 6:24; 1 Юҳ. 5:3).

9. Вақте зани масеҳӣ ҳокимияти шавҳарашро эҳтиром мекунад, дар хонадони ӯ чӣ гуна фазо ҳукмрон мегардад?

9 Ин ҷаҳон занонро ташвиқ мекунад, ки меъёрҳои Яҳуваро пушти по зананд ва чунин шуморанд, ки ба касе итоат кардан қадри одамро паст месозад. Касоне, ки чунин ақидаҳоро дастгирӣ мекунанд, Худои пурмуҳаббати моро намешиносанд. Яҳува ҳеҷ гоҳ аз духтарони азизаш кардани чизеро, ки онҳоро беқадр месозад, талаб намекунад. Зане, ки дар оила таъйиноти аз тарафи Яҳува гирифтаашро бо ҷидду ҷаҳд ба ҷо меорад, ба сулҳу осоиштагии хонадонаш мусоидат менамояд (Заб. 118:165). Итоаткории ӯ ҳам ба шавҳараш манфиат меорад, ҳам ба худи ӯ ва ҳам ба фарзандонаш.

10. Мо аз суханони хоҳар Карэл чӣ дарс гирифта метавонем?

10 Зане, ки ба шавҳари нокомилаш итоаткор аст, нишон медиҳад, ки Яҳуваро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад, чунки маҳз Яҳува шавҳарашро сарвари ӯ таъйин намудааст. «Ман медонам, ки шавҳарам ба хатогиҳо роҳ медиҳад,— мегӯяд, Карэл ном хоҳар аз Амрикои Ҷанубӣ.— Инчунин ман медонам, ки тарзи муносибатам ба хатогиҳои ӯ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза ман дӯстиамро бо Яҳува қадр мекунам. Аз ин рӯ ман ҳаракат мекунам, ки ба шавҳарам итоаткор монам, чунки ба Падари осмониам писанд омадан мехоҳам».

11. Ба хоҳар Анис чӣ ёрӣ медиҳад, ки бахшанда бошад ва мо аз гуфтаҳои ӯ чӣ дарс гирифта метавонем?

11 Вақте зан ҳис мекунад, ки шавҳараш ҳиссиёт ва ташвишу хавотирии ӯро ба назар намегирад, ба вай эҳтиром ва итоат кардан ба шавҳараш душвор буда метавонад. Вале аҳамият диҳед, ки хоҳари оиладор Анис чӣ мегӯяд: «Дар чунин ҳолатҳо ман кӯшиш мекунам аз шавҳарам хафа нашавам. Ман дар хотир медорам, ки ҳар яки мо ба хатогӣ роҳ медиҳем. Ман мақсад мондаам, ки мисли Яҳува дигаронро бо омодагӣ бахшам. Вақте чунин мекунам, дилам аз нав ором мешавад» (Заб. 85:5). Ба зани бахшанда ба шавҳараш итоаткор будан осонтар аст.

АЗ МИСОЛҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС МО ЧӢ ПАНД МЕОМӮЗЕМ?

12. Дар Китоби Муқаддас чӣ гуна мисолҳо оварда шудаанд?

12 Ба ақидаи баъзеҳо одамони итоаткор сустирода ва тарсончаканд. Вале ин фикр хатост. Дар Каломи Худо мисоли бисёр шахсони итоаткор оварда шудааст, ки қавиирода ва далер буданд. Биёед мебинем, ки аз намунаи Исо, Абиҷайл ва Марям чӣ омӯхта метавонем.

13. Барои чӣ Исо ба Яҳува итоат мекунад? Фаҳмонед.

13 Исо ба Яҳува итоат мекунад, албатта, на аз сабаби он ки ӯ донишу қобилияти кофӣ надорад. Танҳо одами оқилу доно чизҳои душворро ба таври одиву равшан фаҳмонда метавонад ва Исо маҳз чунин шахс буд (Юҳ. 7:45, 46). Яҳува қобилиятҳои Исоро бисёр қадр мекард, барои ҳамин ба вай иҷозат дод, ки ҳангоми офариниши Олам бо Ӯ ҳамкорӣ кунад (Мас. 8:30; Ибр. 1:2–4). Ва баъди эҳё шудани Исо, Яҳува ба ӯ «тамоми қудрат[ро] дар замину осмон» ато кард (Мат. 28:18). Исо беҳад моҳиру лаёқатманд бошад ҳам, аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсад. Чаро? Зеро ӯ Падарашро дӯст медорад (Юҳ. 14:31).

14. а) Яҳува ба занон чӣ тавр менигарад ва шавҳарон аз ин чӣ дарс гирифта метавонанд? б) Аз фикрҳое, ки дар Масалҳо боби 31 навишта шудаанд, шавҳарон чӣ омӯхта метавонанд?

14 Дарс барои шавҳарон. Яҳува на барои он аз занон итоаткорӣ талаб мекунад, ки онҳоро аз мардон паст меҳисобад. Мо инро аз он мефаҳмем, ки Ӯ занонро низ дар қатори мардҳо барои ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ кардан интихоб мекунад (Ғал. 3:26–29). Чуноне ки Яҳува ба Писараш қудрат бахшид ва бовариашро ба ӯ нишон дод, шавҳари бохирад низ чунин карда метавонад. Ӯ ба зани худ бовариашро бо он нишон медиҳад, ки дар оила ба ӯ ба андозае ҳокимият медиҳад, яъне баъзе масъалаҳоро ба ӯҳдаи ӯ мегузорад. Каломи Худо корҳои зани ӯҳдабароро тасвир намуда мегӯяд, ки ӯ метавонад кору бори хонаро назорат кунад, замин харида онро идора кунад ва масъалаҳои пулиро саришта намояд. (Масалҳо 31:15, 16, 18-ро хонед.) Ӯ ғулом нест, ки ба баён кардани фикру ақидааш ҳуқуқ надошта бошад. Баръакс, шавҳараш аз ӯ дилпур аст ва ба фикру пешниҳоди ӯ гӯш медиҳад. (Масалҳо 31:11, 26, 27-ро хонед.) Вақте мард бо ҳамсараш ин хел эҳтиромона муносибат мекунад, зан низ дар навбати худ бо ҷону дил ба ӯ итоат мекунад.

Аз он ки Исо ба Яҳува итоат мекунад, зани солеҳа чӣ омӯхта метавонад? (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Занон аз намунаи Исо чӣ омӯхта метавонанд?

15 Дарс барои занон. Исо корҳои бузургро ба ҷо меорад, вале ба ҳокимияти Яҳува мутеъ аст. Ӯ чунин намешуморад, ки ба Падараш итоат кардан шаъни ӯро паст мекунад (1 Қӯр. 15:28; Флп. 2:5, 6). Зани лаёқатманд низ мисли Исо амал мекунад. Ӯ чунин намеҳисобад, ки ба шавҳараш итоат кардан қадри ӯро паст месозад. Ӯ шавҳарашро нағз мебинад, вале пеш аз ҳама ӯ Яҳуваро эҳтиром мекунад ва дӯст медорад, барои ҳамин вай шавҳарашро дастгирӣ мекунад.

Абиҷайл баъд аз равона кардани хурду хӯрок ба Довуд ва одамонаш худаш низ ба назди ӯ меояд. Сипас ӯ дар пеши Довуд зону зада аз вай илтиҷо мекунад, ки қасос гирифта дар хунрезӣ гунаҳкор нашавад. (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Мувофиқи 1 Подшоҳон 25:3, 23–28 Абиҷайл бо кадом мушкилиҳо дучор шуд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

16 Абиҷайл зани Нобол ном марде буд. Нобол одами худбин ва мағрур буд ва некии дигаронро қадр намекард. Бо вуҷуди ин, Абиҷайл роҳи осон намеҷуст, ки аз издивоҷаш халос шавад. Вақте Довуд ва навкаронаш шавҳари ӯро куштанӣ шуданд, Абиҷайл метавонист хомӯш истад ва дахолат накунад. Вале ӯ чора андешид ва амал кард, то ба Нобол ва хонаводаи калони ӯ осеб нарасад. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр Абиҷайл далерӣ зоҳир карда ба пеши 400 марди ҷанговар омад ва вазъиятро ба Довуд эҳтиромона фаҳмонд. Ӯ ҳатто тайёр буд, ки айби шавҳарашро ба гардани худ гирад ва барои рафтори ӯ бахшиш пурсад. (1 Подшоҳон 25:3, 23–28-ро хонед.) Довуд дарк кард, ки Яҳува ин зани далерро истифода бурда ба ӯ маслиҳат дод, то ӯро аз хунрезӣ боздорад.

17. Шавҳарон аз нақл оиди Довуд ва Абиҷайл чӣ омӯхта метавонанд?

17 Дарс барои шавҳарон. Абиҷайл зани оқилу доное буд. Довуд ба маслиҳати вай гӯш дода хирадмандӣ зоҳир кард. Дар натиҷа ӯ ба куштор даст назад. Ба ин монанд, шавҳари бохирад ҳангоми қабули қарорҳои муҳим нуқтаи назари занашро бодиққат гӯш мекунад. Ба назар гирифтани фикри занаш ӯро аз қабули қарори бехирадона боздошта метавонад.

18. Занон аз намунаи Абиҷайл чӣ панд гирифта метавонанд?

18 Дарс барои занон. Зане, ки Яҳуваро дӯст медорад ва ҳурмат мекунад, ба оилаи худ таъсири хуб расонда метавонад, ҳатто агар шавҳараш Шоҳиди Яҳува набошад ё аз рӯйи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ накунад ҳам. Ӯ роҳи аз издивоҷаш халос шуданро намеҷӯяд. Баръакс, бо нишон додани эҳтиром ва итоаткорӣ ӯ метавонад дар дили шавҳараш хоҳиши дар бораи Яҳува фаҳмиданро бедор кунад (1 Пет. 3:1, 2). Вале, агар шавҳараш хизматгори Яҳува шудан нахоҳад ҳам, Яҳува садоқатмандии зани итоаткорро қадр мекунад.

19. Дар кадом ҳолатҳо зан ба шавҳараш итоат намекунад?

19 Аммо, агар шавҳар аз зани масеҳиаш кардани кореро талаб кунад, ки ба қонуни Худо муқобил аст, зан набояд гуфти ӯро кунад. Масалан, шавҳаре, ки хизматгори Яҳува нест, мумкин ба хоҳарамон гӯяд, ки гапи дурӯғ занад, дуздӣ кунад ё ба ягон рафторе, ки ба Худо маъқул нест, даст занад. Ҳамаи масеҳиён, аз он ҷумла хоҳарони оиладор пеш аз ҳама бояд ба Яҳува Худо итоат кунанд. Агар хоҳарро ба шикастани қонуну принсипи Китоби Муқаддас водор карданӣ шаванд, ӯ бояд онро рад кунад ва боқатъият, ҳамзамон бо эҳтиром фаҳмонад, ки чаро ӯ ин корро намекунад (Аъм. 5:29).

Ба сархати 20 нигаред. *

20. Мо аз куҷо медонем, ки Марям бо Яҳува муносибати хеле наздик дошт?

20 Марям бо Яҳува муносибати хеле наздик дошт. Аз афташ, ӯ Навиштаҳоро хуб медонист. Ҳангоми сӯҳбат бо Элисобаъ Марям беш аз 20 ҷойи Навиштаҳои иброниро иқтибос овард (Луқ. 1:46–55). Инчунин дар ин бора фикр кунед: бо вуҷуди он ки Марям бо Юсуф номзад шуда буд, фариштаи Яҳува якум пеши Юсуф наомад. Он фаришта аввал пеши худи Марям омад ва хабар дод, ки ӯ Писари Худоро таваллуд мекунад (Луқ. 1:26–33). Яҳува Марямро хуб медонист ва боварӣ дошт, ки вай бо меҳру муҳаббат дар бораи Писари Ӯ ғамхорӣ мекунад. Ва Марям бешубҳа, ҳатто баъди марги Исо ва ба осмон рафтани ӯ бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ дошт (Аъм. 1:14).

21. Аз гуфтаҳои Китоби Муқаддас оиди Марям шавҳарон чӣ омӯхта метавонанд?

21 Дарс барои шавҳарон. Вақте зан Навиштаҳоро хуб медонад, шавҳари бохирад аз ин хурсанд мешавад. Ӯ хавотир намешавад ё фикр намекунад, ки занаш сардори оила шудан мехоҳад. Ӯ дарк мекунад, ки агар занаш Каломи Худо ва принсипҳои онро нағз донад, ӯ ба оилааш ёрдами калон мерасонад. Ҳатто сатҳи маълумоти зан аз шавҳараш баланд бошад ҳам, албатта, дар ибодати оилавӣ ва дигар корҳои рӯҳонӣ роҳбариро ба ӯҳда гирифтан вазифаи шавҳар аст (Эфс. 6:4).

Занон дар бобати омӯзиш ва мулоҳиза аз Марям — модари Исо чӣ омӯхта метавонанд? (Ба сархати 22 нигаред.) *

22. Занон аз мисоли Марям чӣ дарси ибрат мегиранд?

22 Дарс барои занон. Зан бояд ба шавҳараш итоат кунад, вале барои имонашро мустаҳкам нигоҳ доштан худаш ӯҳдадор аст (Ғал. 6:5). Барои ин ӯ бояд вақт ҷудо карда омӯзиши шахсӣ гузаронад ва мулоҳиза кунад. Ин ба вай кӯмак мекунад, ки муҳаббат ва эҳтиромашро нисбати Яҳува нигоҳ дорад ва аз итоат ба шавҳараш хурсандӣ ёбад.

23. Занони итоаткор ба худ, ба оилаашон ва ба ҷамъомад чӣ манфиат меоранд?

23 Заноне, ки аз муҳаббат ба Яҳува ба шавҳари худ итоаткор мемонанд, назар ба заноне, ки шавҳарашонро писанд намекунанд, хурсандии бештар ҳис мекунанд. Занони итоаткор ба мардону занони ҷавон намунаи ибрат мебошанд. Онҳо на танҳо дар хона, балки дар ҷамъомад низ фазои бароҳату осударо ба вуҷуд меоранд (Тит. 2:3–5). Имрӯз аксари хизматгорони содиқи Яҳуваро занҳо ташкил медиҳанд (Заб. 67:12). Ҳамаи мо хоҳ мард бошем, хоҳ зан дар ҷамъомад нақши муҳим мебозем. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр ҳар яки мо ин нақши худро иҷро карда метавонем.

СУРУДИ 36 «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайваст»

^ сарх. 5 Яҳува амр фармудааст, ки зани шавҳардор бояд ба шавҳараш итоат кунад ва ӯро ҳурмату эҳтиром намояд. Вале ин амр барои зан ва шавҳар чӣ маъно дорад? Мо ҷавоби ин саволро аз мақолаи мазкур мефаҳмем. Боз мо дида мебароем, ки шавҳарону занони масеҳӣ аз намунаи Исо ва занҳое, ки саргузашташон дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, дар бораи итоаткорӣ ва эҳтиром бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд.

^ сарх. 68 ШАРҲИ РАСМ: Марям ҳангоми сӯҳбат бо Элисобаъ — модари Яҳёи Таъмиддиҳанда оятҳои аз Навиштаҳои ибронӣ аз ёд кардаашро иқтибос меорад.

^ сарх. 70 ШАРҲИ РАСМ: Зани масеҳӣ барои мустаҳкам нигоҳ доштани имони худ ба омӯхтани Китоби Муқаддас вақт ҷудо мекунад.