Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5

«Сардори ҳар мард Масеҳ аст»

«Сардори ҳар мард Масеҳ аст»

«Сардори ҳар мард Масеҳ аст» (1 ҚӮР. 11:3).

СУРУДИ 112 Яҳува — Худои бузург

ПЕШГУФТОР *

1. Ба тарзи муносибати мард ба зану фарзандонаш чӣ таъсир карда метавонад?

БА ФИКРИ шумо сарвари оила будан чӣ маъно дорад? Баъзе мардон дар оила бо зану фарзандонашон тавре муносибат мекунанд, ки дар авлод, маҳал ва маданияташон одат шудааст. Хоҳар Янита, ки аз Аврупо аст, мегӯяд: «Дар ҷое, ки ман зиндагӣ мекунам, аксарият занро аз мард паст меҳисобанд ва фикр мекунанд, ки ӯ бояд чун хизматгор дониста шавад». Люк ном бародар низ аз Иёлоти Муттаҳида мегӯяд: «Баъзе падарон ба писарони худ таълим медиҳанд, ки фикри занро ба назар гирифтан муҳим нест ва ба ягон сухани ӯ набояд аҳамият дод». Аммо Яҳува намехоҳад, ки мардон дар оилаи худ бо чунин рӯҳия сарварӣ кунанд. (Бо Марқӯс 7:13 муқоиса кунед.) Пас, барои сарвари хуби оила шудан мард бояд чӣ кор кунад?

2. Сарвари оила чиро бояд донад ва чаро?

2 Барои сарвари хуби оила шудан мард пеш аз ҳама бояд фаҳмад, ки Яҳува аз ӯ чиро талаб мекунад. Ҳамчунин ӯ бояд донад, ки барои чӣ Худо принсипи сарвариро муқаррар кардааст ва чӣ тавр ӯ ба намунаи Яҳува ва Исо пайравӣ карда метавонад. Чаро ба мард донистани ин чизҳо зарур аст? Чунки Яҳува ба сарварони оила ба андозае ҳокимият додааст ва Ӯ интизор аст, ки онҳо онро дуруст ба кор мебаранд (Луқ. 12:48б).

ЯҲУВА ОИЛАИ ХУДРО ЧӢ ТАВР ТАРТИБ ДОДААСТ?

3. Аз суханони 1 Қӯринтиён 11:3 мо дар бораи сарварӣ чӣ мефаҳмем?

3 1 Қӯринтиён 11:3-ро хонед. Ин оят нишон медиҳад, ки Яҳува оилаи Худро дар осмон ва дар замин бо кадом сохт тартиб додааст. Сарварӣ ду чизи муҳимро дар бар мегирад: ҳокимият ва ҷавобгарӣ. Яҳува чун «сардор»-и Олам бар тамоми осмон ва замин ҳокимият дорад ва ҳамаи фарзандонаш — фариштаҳо ва одамон дар пеши Ӯ барои амалҳои худ ҷавобгаранд (Рум. 14:10; Эфс. 3:14, 15). Яҳува Исоро сарвари ҷамъомадҳо таъйин кардааст, вале Исо барои бо мо чӣ тавр муносибат карданаш дар пеши Яҳува ҷавобгар мебошад (1 Қӯр. 15:27). Инчунин Яҳува ба шавҳар ҳокимият додааст, ки ба зану фарзандони худ сарвар бошад, лекин шавҳар барои бо оилаи худ чӣ тавр муносибат карданаш ҳам дар пеши Яҳува ҷавобгар аст ва ҳам пеши Исо (1 Пет. 3:7).

4. Яҳува ва Исо ба кадом кор ҳуқуқ доранд?

4 Яҳува чун Сарвари Олам ҳақ дорад, ки оиди чӣ тавр рафтор кардани фарзандонаш қоидаҳо муқаррар кунад ва риоя шудани онҳоро талаб кунад (Иш. 33:22). Исо низ чун сарвари ҷамъомади масеҳӣ ҳуқуқ дорад, ки қоидаҳо ҷорӣ кунад ва риояи онҳоро назорат намояд (Ғал. 6:2; Қӯл. 1:18–20).

5. Сарвари оила ба чӣ ҳуқуқ дорад ва аз кадом ҷиҳатҳо ҳокимияти ӯ маҳдуд аст?

5 Мисли Яҳува ва Исо сарвари оилаи масеҳӣ ҳуқуқ дорад, ки барои оилааш қарорҳо барорад (Рум. 7:2; Эфс. 6:4). Вале ҳокимияти вай маҳдуд аст. Масалан, қоидаҳое, ки ӯ дар оилааш муқаррар мекунад, бояд бар принсипҳои Китоби Муқаддас асос ёбанд (Мас. 3:5, 6). Ва сардори оила ҳуқуқ надорад барои онҳое, ки аъзои оилаи ӯ нестанд, қоидаҳо барорад (Рум. 14:4). Ҳамчунин вақте писару духтарони ӯ калон шуда хонаи волидонро тарк мекунанд, онҳо минбаъд низ падарашонро ҳурмат мекунанд, вале ӯ дигар сарвари онҳо ҳисоб намеёбад (Мат. 19:5).

ЧАРО ЯҲУВА САРВАРИРО ҶОРӢ КАРДААСТ?

6. Яҳува ба кадом мақсад сарвариро ҷорӣ кардааст?

6 Яҳува аз рӯйи муҳаббат ба оилаи Худ принсипи сарвариро додааст. Ин ато аз ҷониби Ӯст. Ба туфайли сарварӣ оилаи Яҳува метавонад бо тартибу низом амал кунад ва дар он сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон бошад (1 Қӯр. 14:33, 40). Агар Яҳува принсипи сарвариро ҷорӣ намекард, дар оилаи Ӯ бесарусомонӣ мешуд ва аъзоёнаш хушбахт намебуданд. Масалан, касе намедонист, ки қарорҳои охиронро кӣ бояд барорад ва ба амалӣ гардондани онҳо кӣ ӯҳдадор аст.

7. Мувофиқи Эфсӯсиён 5:25, 28 оё Яҳува мехост, ки мардон ба занони худ ҳукмфармоӣ кунанд?

7 Агар Яҳува мардонро бо мақсади хуб сарвари оила таъйин карда бошад, пас чаро шумораи зиёди занон аз муносибати бераҳмонаи шавҳарашон азоб мекашанд? Зеро бисёр мардон меъёрҳои барои оила додаи Яҳуваро як тараф монда, аз рӯйи урфу одатҳои маҳаллӣ рафтор мекунанд. Онҳо инчунин барои қонеъ кардани хоҳишҳои худхоҳона бар ҳамсарони худ зӯроварӣ мекунанд. Масалан, баъзе шавҳарон шояд барои қадри худро дар пеши дигарон бардоштан ё барои «марди ҳақиқӣ» буданашонро исбот кардан занашонро азоб медиҳанд. Онҳо эҳтимол фикр мекунанд, ки занашонро ба дӯст доштани худ маҷбур карда наметавонанд, вале мумкин ба воситаи тарсондан ӯро идора карданӣ мешаванд *. Ин гуна фикрронӣ ва рафтор умуман хато аст. Чунин мардон зани худро аз ҳурмату эҳтироме, ки ӯ сазовор аст, маҳрум месозанд ва ин тамоман муқобили хости Яҳува аст. (Эфсӯсиён 5:25, 28-ро хонед.)

ЧӢ ТАВР ШАВҲАР САРВАРИ ХУБИ ОИЛА БУДА МЕТАВОНАД?

8. Чӣ тавр мард сарвари хуби оила шуда метавонад?

8 Яҳува ва Исо вазифаи сарварии худро ба таври аъло ба ҷо меоранд. Вақте мард ба намунаи онҳо пайравӣ мекунад, ӯ барои оилааш сарвари хуб шуда метавонад. Биёед танҳо ду хислатеро, ки Яҳуваю Исо зоҳир мекунанд, дида бароем. Сипас мефаҳмем, ки чӣ тавр сардори оила ин хислатҳоро нисбати зану фарзандонаш зоҳир карда метавонад.

9. Яҳува чӣ тавр фурӯтанӣ нишон медиҳад?

9 Фурӯтанӣ. Яҳува дар олам аз ҳама хирадмандтарин бошад ҳам, фикри ходимонашро гӯш мекунад (Ҳас. 18:23, 24, 32). Ӯ ба тобеонаш иҷозат медиҳад, ки фикру ақидаи худро баён намоянд (3 Подш. 22:19–22). Яҳува комил аст, вале ҳоло аз мо комилиро интизор намешавад. Баръакс, Худо ба мо — одамони нокомил ёрдам мекунад, ки дар хизмати Ӯ муваффақ гардем (Заб. 112:6, 7). Дар ҳақиқат, Китоби Муқаддас ҳатто Яҳуваро чун «мададгор» тасвир мекунад (Заб. 26:9; Ибр. 13:6). Шоҳ Довуд дарк мекард, ки ӯ танҳо ба туфайли фурӯтанӣ ва кӯмаки Яҳува корҳои бузурги ба ӯ супоридашударо ба ҷо оварда тавонист (Заб. 62:8).

10. Чӣ тавр Исо фурӯтанӣ зоҳир намуд?

10 Акнун намунаи Исоро мебинем. Ҳарчанд ӯ Ҳазрат ва Устод буд, пойҳои шогирдонашро шуст. Чаро Яҳува лозим донист, ки ин воқеа дар Каломаш навишта шавад? Як сабабаш ин, ки ҳар яки мо, аз он ҷумла сардорони оила аз Исо ибрат гирем. Исо худаш чунин гуфт: «Ман ба шумо намуна гузоштам, то, чи тавре ки ман бо шумо рафтор кардам, шумо низ ҳамон тавр кунед» (Юҳ. 13:12–17). Гарчанд Исо қудрати бузург дошт, ӯ аз дигарон талаб намекард, ки ба ӯ хизмат кунанд. Баръакс, худи ӯ ба дигарон хизмат мекард (Мат. 20:28).

Сардори оила бо ёрӣ додан ба корҳои хона ва қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳонии оилааш фурӯтанӣ ва муҳаббат зоҳир мекунад. (Ба сархатҳои 11 ва 13 нигаред.)

11. Чӣ тавр мард аз намунаи Яҳува ва Исо фурӯтаниро таълим гирифта метавонад?

11 Дарс барои мо: Сардори оила бо роҳҳои зиёд фурӯтанӣ зоҳир карда метавонад. Масалан, ӯ аз зану фарзандонаш комилиро интизор намешавад. Ӯ фикру пешниҳоди онҳоро гӯш мекунад, ҳатто агар бо онҳо розӣ набошад ҳам. Хоҳарамон Марли аз ИМА чунин мегӯяд: «Баъзан байни ману шавҳарам гуногунфикрӣ сар мезанад. Вале ман ҳис мекунам, ки ӯ маро қадр ва ҳурмат мекунад, чунки пеш аз қабули қарор ӯ фикри маро мепурсад ва бодиққат онро дида мебарояд». Илова бар ин шавҳари фурӯтан бо омодагӣ ба корҳои хона ёрӣ медиҳад, ҳатто дигарон дар маҳалли ӯ фикр кунанд, ки ин корҳо, кори занон аст. Ин барои мардон душвор буда метавонад. Чаро? «Дар зодгоҳи ман агар шавҳар ба занаш дар шустани косаву табақ ва рӯбучини хона ёрӣ диҳад, ҳамсоягон ё хешу табор мегӯянд, ки вай “занкалон” аст. Онҳо фикр мекунанд, ки ӯ ба зани худ гапашро гузаронда наметавонад» — мегӯяд хоҳаре бо номи Рейчел. Оё дар ҷойи шумо низ аксари одамон чунин ақида доранд? Дар хотир доред, ки Исо пойи шогирдонашро шуста буд, ҳарчанд ин кори хизматгор ҳисоб меёфт. Ба сарвари хуби оила фикри одамон муҳим нест, ба вай беҳбудии зану фарзандонаш муҳим. Лекин барои сарвари хуби оила будан ба мард боз як хислати дигар доштан зарур аст.

12. Аз чӣ маълум аст, ки Яҳува ва Исо моро дӯст медоранд?

12 Муҳаббат. Яҳува ҳама корашро аз рӯйи муҳаббат мекунад (1 Юҳ. 4:7, 8). Яҳува моро дӯст медорад, барои ҳамин аз ҳама ҷиҳат ба мо ғамхорӣ мекунад. Масалан, Ӯ ниёзҳои рӯҳонии моро бо воситаи Калом ва ташкилоташ қонеъ мегардонад. Ӯ мехоҳад, ки мо худро аз ҷиҳати эмотсионалӣ хуб ҳис кунем, аз ин рӯ моро ба муҳаббаташ боварӣ мебахшад. Дар бораи ниёзҳои ҷисмонии мо чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува ба мо «ҳар он чиро, ки хурсандӣ мебахшад, ба фаровонӣ ато мекунад» (1 Тим. 6:17). Вақте мо хато мекунем, Ӯ моро ислоҳ мекунад, вале дӯст доштани моро бас намекунад. Яҳува аз муҳаббат ба мо фидияро фароҳам овард. Исо низ моро чунон дӯст медорад, ки ҳаёташро барои мо фидо кард (Юҳ. 3:16; 15:13). Агар мо ба Яҳува ва Исо содиқ бошем, ҳеҷ чиз моро аз муҳаббати онҳо ҷудо карда наметавонад (Юҳ. 13:1; Рум. 8:35, 38, 39).

13. Чаро ба сарвари оила муҳим аст, ки ба оилаи худ муҳаббат зоҳир кунад? (Инчунин нигаред ба чорчӯбаи  «Чӣ тавр марди навхонадоршуда эҳтироми занашро ба даст оварда метавонад?»)

13 Дарс барои мо: Мисли Яҳува сарвари оила низ бояд ба оилааш ҳамеша муҳаббат зоҳир кунад. Чаро ин хеле муҳим аст? Юҳаннои расул мегӯяд: «Агар кас бародари [ё оилаи] худро, ки мебинад, дӯст надорад, чӣ тавр метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст дорад?» (1 Юҳ. 4:11, 20). Марде, ки оилаи худро дӯст медорад ва ба Яҳува ва Исо пайравӣ кардан мехоҳад, дар бораи ниёзҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонии оилааш ғамхорӣ мекунад. Инчунин ӯ аз ҷиҳати эмотсионалӣ оилаашро дастгирӣ мекунад, то ҳар як аъзои он худро боқадр ва осуда ҳис кунад (1 Тим. 5:8). Ӯ фарзандонашро таълиму тарбия медиҳад. Боз вай кӯшиш мекунад қабул кардани қарорҳоеро ёд гирад, ки ба Яҳува ҷалол ва ба оилааш манфиат меоранд. Биёед ҳар яки ин соҳаҳоро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр сарвари оила ба Яҳува ва Исо пайравӣ карда метавонад.

ВАЗИФАИ САРВАРИ ОИЛА АЗ ЧӢ ИБОРАТ?

14. Чӣ тавр сардори оила ба хонаводааш кӯмак карда метавонад, ки ба Яҳува наздик шаванд?

14 Ба оилааш аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ мекунад. Исо ба намунаи Падараш пайравӣ намуда ба шогирдонаш кӯмак мекард, ки имонашонро мустаҳкам нигоҳ доранд (Мат. 5:3, 6; Марқ. 6:34). Ба ин монанд, сарвари оила дар мадди аввал бояд дар бораи ниёзҳои рӯҳонии хонаводааш ғамхорӣ кунад (Такр. Ш. 6:6–9). Барои ин ӯ пеш аз ҳама худаш бояд Каломи Худоро хонад, омӯзад, ба вохӯриҳо ва хизмат равад. Ҳамчунин бо Яҳува муносибаташро наздик нигоҳ дорад. Сипас ба аъзоёни оилааш низ дар кардани ин корҳо кӯмак кунад.

15. Чӣ тавр сардори оила аз ҷиҳати эмотсионалӣ ба оилааш ғамхорӣ карда метавонад?

15 Ба оилааш аз ҷиҳати эмотсионалӣ ғамхорӣ мекунад. Яҳува дар назди дигарон меҳру муҳаббати Худро ба Писараш баён кард (Мат. 3:17). Исо низ бисёр вақт муҳаббаташро ба пайравони худ ҳам бо сухан ва ҳам бо корҳояш нишон медод. Онҳо низ дар навбати худ ба ӯ мегуфтанд, ки дӯсташ медоранд (Юҳ. 15:9, 12, 13; 21:16). Сарвари оила бояд ба зану фарзандонаш муҳаббати худро бо корҳояш нишон диҳад, масалан, якҷоя бо онҳо Китоби Муқаддасро омӯзад. Инчунин вай аъзои оилаашро бояд бо суханонаш боварӣ бахшад, ки онҳоро дӯст медорад ва қадр мекунад ва агар бамаврид бошад, онҳоро дар назди дигарон таъриф мекунад (Мас. 31:28, 29).

Барои ба Яҳува писанд омадан мард бояд оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунад. (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Сарвари оила боз бояд чӣ кор кунад, вале аз чӣ бояд эҳтиёт шавад?

16 Оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунад. Яҳува исроилиёнро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекард — ҳатто вақте онҳоро барои беитоатиашон ҷазо медод (Такр. Ш. 2:7; 29:5). Имрӯз ҳам ӯ моро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад (Мат. 6:31–33; 7:11). Исо низ одамонеро, ки ӯро пайравӣ менамуданд, сер мекард (Мат. 14:17–20). Ӯ инчунин бисёр шахсони беморро шифо медод (Мат. 4:24). Сарвари оила барои ба Яҳува писанд омадан бояд оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунад. Аммо ӯ аз як чиз бояд эҳтиёт шавад. Оилаамро таъмин мекунам гуфта, ӯ набояд бутун ба кор дода шавад. Зеро он гоҳ ӯ дар бораи ниёзҳои рӯҳонӣ ва эмотсионалии оилааш ба таври лозима ғамхорӣ карда наметавонад.

17. Яҳува ва Исо моро чӣ тавр таълиму тарбия медиҳанд?

17 Оилаашро таълиму тарбия медиҳад. Яҳува моро бар манфиати худамон таълим медиҳад ва ислоҳ мекунад (Ибр. 12:7–9). Исо низ чун Падараш онҳоеро, ки дар таҳти назорати ӯянд, бо муҳаббат таълим медиҳад (Юҳ. 15:14, 15). Ӯ боқатъият маслиҳат диҳад ҳам, меҳрубон аст (Мат. 20:24–28). Исо мефаҳмад, ки мо нокомилем ва тез-тез хато мекунем (Мат. 26:41).

18. Сарвари хуби оила чиро ба назар мегирад?

18 Сарвари оила, ки аз Яҳува ва Исо ибрат гирифтан мехоҳад, нокомилии аъзоёни оилаашро ба назар мегирад. Ӯ ба зану фарзандонаш суханони тезутунд намегӯяд (Эфс. 4:31; Қӯл. 3:19). Ба ҷойи ин, ӯ аз рӯйи принсипи Ғалотиён 6:1 амал карда мекӯшад, ки онҳоро «дар рӯҳи фурӯтанӣ» ислоҳ кунад ва фаромӯш намекунад, ки худи ӯ ҳам нокомил аст. Мисли Исо ӯ дарк мекунад, ки беҳтарин роҳи таълим додани оилааш — барои онҳо намунаи ибрат будан аст (1 Пет. 2:21).

19, 20. Дар масъалаи қабули қарорҳо чӣ тавр сарвари оила ба Яҳува ва Исо пайравӣ карда метавонад?

19 Қарорҳое қабул мекунад, ки бар манфиати оилааш аст. Вақте Яҳува қарор мебарорад, ҳамеша нафъи дигаронро фикр мекунад. Масалан, Ӯ ҳама чиро на барои он офарид, ки ба Худаш манфиат орад, балки хост дигарон низ аз ҳаёт хурсандӣ гиранд. Ҳеҷ кас Ӯро маҷбур накард, ки Писарашро барои рӯпӯш кардани гуноҳҳои мо бидиҳад. Яҳува Худаш бо омодагӣ ин қурбониро овард. Исо низ ҳангоми баровардани қарорҳо асосан беҳбудии дигаронро фикр мекард (Рум. 15:3). Масалан, ӯ хаста бошад ҳам, роҳати худро намеҷуст, балки мардумро таълим медод (Марқ. 6:31–34).

20 Сарвари хуби оила дарк мекунад, ки баҳри оилааш қабул кардани қарорҳои бохирадона кори осон нест ва ӯ ба ин масъулияташ ҷиддӣ менигарад. Ӯ ҳаракат мекунад, ки дар вақти қабули қарор ба эҳсосот дода нашавад ва солимфикр бошад. Баръакс, ӯ роҳнамоии Яҳуваро меҷӯяд, то қарорҳои хуб қабул кунад * (Мас. 2:6, 7). Ҳамин тариқ ӯ на дар бораи нафъи худ, балки оиди беҳбудии дигарон фикр мекунад (Флп. 2:4).

21. Мавзӯи мақолаи навбатӣ чӣ аст?

21 Масъулияте, ки Яҳува ба сарварони оила додааст, осон нест ва Ӯ талаб мекунад, ки мардон онро ба таври беҳтарин ба ҷо оранд. Агар шавҳар ба намунаи Яҳува ва Исо пайравӣ кунад, ӯ барои оилааш сарвари хуб мегардад. Ва агар занаш масъулиятҳои худро нағз ба ҷо орад, издивоҷи онҳо хушбахт хоҳад буд. Зан ба сарварии шавҳараш бояд чӣ гуна муносибат кунад ва ӯ бо кадом душвориҳо дучор шуда метавонад? Оиди ин дар мақолаи навбатӣ сухан меронем.

СУРУДИ 14 «Ҳама чизро нав месозам»

^ сарх. 5 Вақте мард оиладор мешавад, вай сарвари оилаи худ мегардад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки сарвар будан чӣ маъно дорад, чаро Яҳува дар оила чунин тартиботро ҷорӣ кардааст ва мард дар иҷрои вазифаи сарварӣ аз Яҳува ва Исо чӣ омӯхта метавонад. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки шавҳарон ва занон аз Исо ва дигар намунаҳои Китоби Муқаддас чӣ дарс гирифта метавонанд. Дар мақолаи сеюм бошад, гап оиди сарварӣ дар ҷамъомад меравад.

^ сарх. 7 Баъзан дар филмҳо, латифаҳо ва барномаҳои ҳаҷвӣ нишон дода мешавад, ки чӣ хел шавҳар бо зани худ бад муносибат мекунад ё ҳатто зӯроварии ҷисмониро ба ӯ раво медонад. Аз ин рӯ баъзе одамон шояд фикр кунанд, ки аз болои зан ҳукмфармоӣ кардани шавҳар дуруст аст.

^ сарх. 20 Дар бораи қабули қарорҳои хуб шумо аз мақолаи «Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 апрели с. 2011 саҳ. 13–17 чоп шудааст, маълумоти бештар гирифта метавонед.