Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Як табассум онҳоро ба ҳақиқат ҷалб кард!

Як табассум онҳоро ба ҳақиқат ҷалб кард!

РӮЗЕ ду ҷавондухтар аз хиёбони серодами шаҳри Багио (Филиппин) мегузаштанд. Нохост чашмашон ба аробачаи адабиётдори Шоҳидони Яҳува афтид, вале онҳо ба наздаш нарафтанд. Ҳелен, хоҳари мо, ки дар назди аробачаи адабиётдор меистод, ба онҳо бо табассуми ширине нигоҳ кард. Духтарон роҳашонро давом доданд, вале табассуми гарми Ҳелен дар хотирашон нақш баст.

Баъдтар, вақте он ҷавондухтарон бо автобус ба хонаашон мерафтанд, дар роҳ ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳуваро диданд, ки дар пештоқаш бо ҳарфҳои калон jw.org навишта шуда буд. Онҳо ба хотир оварданд, ки чанде пеш дар аробачаи адабиётдори Шоҳидон низ чунин навиштаҷотро дида буданд. Он духтарон аз автобус фаромада ба назди ибодатгоҳ омаданд ва диданд, ки дар даромадгоҳ ҷадвали вохӯриҳое, ки он ҷо мегузашт, часпонда шудааст.

Он ду ҷавондухтар ба яке аз вохӯриҳои навбатӣ омаданд. Ва медонед онҳо дар он ҷо киро диданд? Ҳеленро! Онҳо ӯро даррав аз табассуми самимиаш шинохтанд. Ҳелен мегӯяд: «Вақте дидам, ки онҳо ба пеши ман омада истодаанд, каме хавотир шудам, фикр кардам, ки мумкин ягон кори хато кардаам». Лекин он ду духтар гуфтанд, ки аз ин пеш ӯро назди аробачаи адабиётдор дида буданд, барои ҳамин шинохтанд.

Ҳамон рӯз он ду ҷавондухтар аз вохӯрӣ ва муошират бо бародару хоҳарон баҳра бурданд ва худро бо онҳо бароҳат ҳис карданд. Пас аз ҷамъомад вақте дигарон толорро рӯбучин мекарданд, он духтарон низ кӯмаки худро пешниҳод карданд. Баъдтар, яке аз онҳо аз Филиппин кӯчида рафт, вале дигараш ба вохӯриҳо меомадагӣ шуд ва омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ва ба ҳамаи ин як табассуми самимии хоҳарамон сабаб шуд!