Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1

«Наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам»

«Наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам»

«Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод» (ИШ. 41:10).

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Суханони Ишаъё 41:10 ба хоҳар Йошико чӣ гуна таъсир карданд? б) Яҳува он суханонро барои кӣ нигоҳ доштааст?

 ЙОШИКО ном хоҳари ба Яҳува содиқ ногаҳон хабари нохушеро фаҳмид. Духтур ба ӯ гуфт, ки умри Йошико ҳамагӣ чанд моҳ мондааст. Вай ба ин чӣ гуна муносибат кард? Йошико ояти Ишаъё 41:10-ро, ки яке аз оятҳои дӯстдоштааш буд, ба хотир овард. (Оятро хонед.) Андаке пас ӯ бо овози ором ба духтур гуфт, ки ӯ наметарсад, чунки Яҳува аз дасташ маҳкам доштааст *. Суханони тасаллибахши он оят ба хоҳари азизамон кӯмак карданд, ки пурра ба Яҳува такя кунад. Ва ин оят ба мо низ метавонад дар озмоишҳои сахт қувват бахшад, то оромиро нигоҳ дорем. Чӣ тавр? Барои фаҳмидани ин биёед дар аввал дида бароем, ки чаро Яҳува ба Ишаъё-пайғамбар навиштани ин суханонро амр дод.

2 Ишаъё ин суханонро барои тасаллӣ додани яҳудиёне навишта буд, ки баъдтар бояд асири Бобул мешуданд. Вале Яҳува он суханонро дар Каломаш нигоҳ дошт, то ҳамаи хизматгоронаш манфиат гиранд (Иш. 40:8; Рум. 15:4). Имрӯз мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем ва ба суханони тасаллибахши китоби Ишаъё аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорем (2 Тим. 3:1).

3. а) Дар Ишаъё 41:10, ки чун матни солонаи 2019 интихоб шудааст, кадом ваъдаҳо навишта шудаанд? б) Чаро мо ба ин суханони тасаллибахши Яҳува эҳтиёҷ дорем?

3 Дар ин мақола мо диққатро ба ваъдаҳои Яҳува, ки дар Ишаъё 41:10 навишта шудаанд, равона мекунем. Яҳува ба воситаи онҳо имони моро мустаҳкам карда, боварӣ мебахшад, ки 1) Ӯ бо мо хоҳад буд; 2) Ӯ Худои мо аст; 3) Ӯ ба мо кӯмак мекунад. Мо дар ҳақиқат ба чунин ваъдаҳо * эҳтиёҷ дорем, зеро мисли хоҳар Йошико, мо низ дар ҳаёт бо озмоишҳо дучор мешавем. Боз аз сабаби вазъияти ноороми ин ҷаҳон мо бо мушкилиҳо дучор мешавем. Баъзеи мо ҳатто аз тарафи ҳукуматдорони пуриқтидор зери таъқибот қарор мегирем. Биёед ин се ваъдаро як ба як дида бароем.

«МАН БО ТУ ҲАСТАМ»

4. а) Аввал мо кадом ваъдаи Яҳуваро дида мебароем? б) Яҳува ҳиссиёташро нисбати мо бо кадом суханон баён мекунад? в) Ин суханони Худо ба шумо чӣ гуна таъсир мекунанд?

4 Дар аввал, Яҳува моро бо чунин суханони дилгармкунанда тасаллӣ мебахшад: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам» *. Яҳува бо ин нишон медиҳад, ки Ӯ ҳамеша бо мо аст, вазъиятамонро пурра медонад ва меҳрубонона ба мо ғамхорӣ мекунад. Ӯ меҳру муҳаббаташро нисбати мо чунин баён мекунад. «Ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ,— мегӯяд Яҳува — ва Ман туро дӯст доштаам» (Иш. 43:4). Ягон чиз дар олам наметавонад Яҳуваро аз дӯст доштани хизматгорони содиқаш боздорад. Ӯ ҳамеша дӯсти вафодор мемонад (Иш. 54:10). Ва донистани ин ба мо далерӣ бахшида ёрдам мекунад, ки дар вақти душвориҳо натарсем. Чи тавре ки Яҳува дӯсташ Абромро (Иброҳимро) муҳофизат мекард, моро низ муҳофизат мекунад. Яҳува ба Абром гуфта буд: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам» (Ҳас. 15:1).

Бо кӯмаки Яҳува мо аз ҳар гуна озмоишҳои ба борони сел ва алангаи оташ монанд гузашта метавонем (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред.) *

5, 6. а) Аз куҷо мо медонем, ки Яҳува дар вақти озмоишҳоямон ба мо кӯмак кардан мехоҳад? б) Мо аз мисоли Йошико чӣ дарс мегирем?

5 Дар вақтҳои бароямон мушкил Яҳува мехоҳад ба мо кӯмак кунад. Зеро Ӯ ба халқаш чунин ваъда додааст: «Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид» (Иш. 43:2). Ин суханон чӣ маъно доранд?

6 Яҳува ваъда намедиҳад, ки ҳамаи мушкилиҳоро аз ҳаёти мо бартараф мекунад. Вале Ӯ намегузорад, ки мо дар дарёи проблемаҳо ғарқ шавему ба Ӯ хизмат карданро бас кунем ё дар алангаи озмоишҳо сӯхта нобуд шавем. Ӯ ваъда медиҳад, ки бо мо хоҳад буд, то мо ин чизҳоро паси сар карда тавонем. Яҳува барои ин чӣ кор мекунад? Ӯ тарси моро бартараф карда, ба диламон оромӣ мебахшад. Бо ёрдами Яҳува мо дар озмоишҳо ва ҳатто дар вақти бо марг рӯ ба рӯ шудан, беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем (Иш. 41:13). Ҳақ будани инро мисоли хоҳар Йошико, ки пештар дар борааш гуфтем, тасдиқ мекунад. Духтари ӯ мегӯяд, ки нигоҳ накарда ба вазъияти душвор, модараш хеле ором буд. «Мо дар ҳақиқат медидем, ки чӣ тавр Яҳува ба модарам оромии ботинӣ медод,— мегӯяд ӯ. То рӯзи маргаш модарам ба ҳамшираҳои шафқат ва дигар беморон дар бораи Яҳува ва ваъдаҳои Ӯ нақл мекард». Мо аз мисоли Йошико чӣ меомӯзем? Яҳува ваъда додааст: «Ман бо ту ҳастам». Агар мо ба ин ваъдаи Худо бовар карда, ба Ӯ такя кунем, мо низ дар вақти озмоишҳо наметарсем ва устувор мемонем.

«МАН ХУДОИ ТУ ҲАСТАМ»

7, 8. а) Ваъдаи дуюме, ки мо дида мебароем, кадом аст ва он чӣ маъно дорад? б) Чаро Яҳува ба исроилиёни дар асирӣ буда «наларз» гуфт? в) Кадом суханон аз Ишаъё 46:3, 4 ба дили халқи Худо оромӣ бахшида метавонист?

7 Ба ваъдаи дуюми Яҳува, ки дар Ишаъё 41:10 омадааст, аҳамият диҳед: «Наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам». Дар ин ҷо калимаи «наларз» ба чӣ ишора мекунад? Калимае, ки аз забони аслӣ чун «ларзидан» тарҷума шудааст, ба «шахсе, ки аз тарси ягон кас ё ягон чиз тез-тез ба қафояш нигоҳ мекунад» ё «ба воҳима афтода ба атроф нигоҳ мекунад» ишора менамояд.

8 Чаро Яҳува ба халқи худ, ки бояд ба Бобул ба асирӣ бурда мешуд, «наларз» гуфт? Зеро Худо медонист, ки дар охири ҳафтод соли асирии яҳудиён, лашкари пурқудрати Модаю Форс ба Бобул ҳамла мекунад. Яҳува ният дошт, ки ин лашкарро истифода бурда, халқашро аз асирии Бобул озод мекунад (Иш. 41:2–4). Вақте бобулиён ва дигар халқҳои он замон наздикшавии душманони худро фаҳмиданд, ҳамдигарро далер карданӣ шуда, ҳар як шахс ба дигараш мегуфт: «Қавидил бош». Инчунин ба умеди он ки худоёни дурӯғ онҳоро муҳофизат мекунанд, бутҳои зиёдтар сохтанд (Иш. 41:5–7). Вале Яҳува дили исроилиёни дар асирӣ бударо ором карда гуфт: «Ту, эй бандаи ман Исроил... [баръакси ҳамсоягонат] бандаи Ман ҳастӣ... Наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам» (Иш. 41:8–10). Яҳува ба исроилиён «Ман Худои ту ҳастам» гуфта боварӣ бахшид, ки онҳоро фаромӯш накардааст, Ӯ то ҳол Худои онҳост ва онҳо халқи Ӯянд. Худо ба халқаш гуфт: «Ман [шуморо] бар худ бор хоҳам кард... ва хоҳам раҳонид». Он суханони тасаллибахш ва рӯҳбаландкунанда бешубҳа яҳудиёни дар асирӣ бударо қувват мебахшиданд. (Ишаъё 46:3, 4-ро хонед.)

9, 10. Чаро дар вақти мушкилиҳо мо набояд тарсем? Мисол оред.

9 Азбаски имрӯз шароит дар ҷаҳон торафт бад шуда истодааст, одамон аз ҳарвақта бештар ба ташвиш афтодаанд. Албатта, ин душвориҳо ба ҳаёти мо ҳам таъсир мекунанд. Лекин мо набояд тарсем, чунки Яҳува мегӯяд: «Ман Худои ту ҳастам». Ин ваъдаи Яҳува чӣ тавр ба мо дилпурӣ ва оромӣ бахшида метавонад?

10 Як мисолро дида мебароем. Тасаввур кунед, ки ду мусофир — Ҷовид ва Бахтовар якҷоя нишаста, бо ҳавопаймо сафар доранд. Ногаҳон аз сабаби вазидани шамоли сахт ҳавопаймо ба ларза даромада, ба ин тарафу он тараф такон хӯрдан мегирад. Ҳамин вақт аз баландгӯяк чунин садо шунида мешавад: «Лутфан, тасмаи бехатариро бандед. Мо муддате бояд зери шамоли пуршиддат парвоз кунем». Ҷовид инро шунида ба ҳарос меафтад. Вале дар ҳамин вақт овози лётчик шунида мешавад: «Мусофирони мӯҳтарам! Ин капитани ҳавопаймо бо шумо гап мезанад. Илтимос натарсед, ҳама чиз зери назорат аст». Ҷовид бошад, дасташро афшонда мегӯяд: «Кошки аз ин гапҳо кас ором шавад!» Аммо яке чашмаш ба Бахтовар меафтад, ки вай парвое надорад. Ҷовид аз ӯ мепурсад: «Чӣ, ту наметарсӣ магар, барои чӣ ин қадар оромӣ?» Бахтовар табассум карда мегӯяд: «Чунки ман ин лётчикро хеле хуб мешиносам. Вай падари ман аст!» Баъд вай ба ҳамсафараш Ҷовид мегӯяд: «Биё ман ба ту дар бораи падарам нақл кунам. Ман боварӣ дорам, ки агар ту дар бораи вай бисёртар фаҳмӣ, ту ҳам ором мешавӣ».

11. Аз мисол оиди ду мусофир, ки бо ҳавопаймо мепаранд, мо чӣ дарс мегирем?

11 Мо аз ин мисол чӣ дарс мегирем? Агар мо Падари осмониамон Яҳуваро нағз шиносем, мо дар вақти мушкилиҳо мисли Бахтовар ором мемонем. Дар ин рӯзҳои охири тартиботи Шайтон баъзан душвориҳо мисли шамоли пуршиддат ҳаёти моро ноором месозанд. Лекин мо медонем, ки Яҳува моро ба роҳи бехатар роҳнамоӣ мекунад (Иш. 35:4). Одамоне, ки Яҳуваро намешиносанд, дар вақти душвориҳо аз тарс ба воҳима меафтанд. Мо бошем, ба Яҳува такя карда, ором монда метавонем. (Иш. 30:15). Ҳамчунин мо мехоҳем, ки мисли Бахтовар ба дигарон барои ба Худо такя кардан кӯмак кунем. Дар натиҷа шояд онҳо низ боварӣ пайдо кунанд, ки кадом мушкилӣ рӯй надиҳад ҳам, Яҳува онҳоро дастгирӣ мекунад.

«МАН ТУРО ТАҚВИЯТ ХОҲАМ НАМУД ВА ТУРО ЁВАРӢ ХОҲАМ ДОД»

12. а) Кадом ваъдаро мо дида мебароем? б) «Бозуи» Яҳува чӣ маъно дорад ва донистани ин моро ба чӣ боварӣ мебахшад?

12 Биёед акнун ваъдаи сеюми Яҳуваро дида бароем. Ӯ гуфт: «Ман туро тақвият хоҳам намуд ва туро ёварӣ хоҳам дод». Пеш аз ин суханон Ишаъё дар китобаш аллакай фаҳмонда буд, ки Яҳува чӣ тавр халқашро «тақвият», яъне қувват мебахшад: «Худованд Худо бо қудрат меояд, ва бозуи [дасти] Ӯ барои Ӯ ҳукмронӣ мекунад» (Иш. 40:10). Дар Китоби Муқаддас калимаи «бозу» ё даст аксар вақт қувват ва қудратро тасвир мекунад. Аз ин рӯ, ҳукмронӣ кардани «бозуи» Яҳува маънои онро дорад, ки Яҳува Подшоҳи пурқудрат аст. Яҳува дар замони пеш қувваи бузурги худро барои дастгирӣ ва муҳофизат кардани хизматгоронаш истифода мебурд. Ва имрӯз низ бешубҳа чунин аст (Такр. Ш. 1:30, 31; Иш. 43:10).

Яҳува халқашро бо дастони пурқувваташ муҳофизат мекунад ва ягон яроқ бар зидди онҳо муваффақият намеёбад (Ба сархатҳои 12–16 нигаред.) *

13. а) Хусусан дар кадом мавридҳо Яҳува моро қувват мебахшад? б) Кадом ваъдаи Яҳува ба мо қувват ва хотирҷамъӣ мебахшад?

13 Яҳува ваъда дод, ки моро қувват мебахшад. Хусусан вақте ки душманон моро таъқиб мекунанд, мо ҳис мекунем, ки чӣ тавр Яҳува, моро дастгирӣ мекунад. Имрӯз дар баъзе давлатҳо душманон кӯшиш доранд, ки фаъолияти ташкилоти моро манъ кунанд ё кори мавъизаро боздоранд. Лекин мо аз ҳад ба ташвиш намеоем. Яҳува боз як чизро ваъда додааст, ки он моро хотирҷамъ карда хеле қувват мебахшад. Ӯ мегӯяд: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт» (Иш. 54:17). Ин суханон ба мо се чизи муҳимро хотиррасон мекунанд. Биёед онҳоро дида бароем.

14. Чаро мо набояд ҳайрон шавем, ки душманони Худо ба мо ҳамла мекунанд?

14 Якум, мо чун пайравони Исо набояд ҳайрон шавем, ки дигарон аз мо нафрат мекунанд (Мат. 10:22). Исо пешгӯйи кард, ки дар давоми охирзамон шогирдонаш бо таъқиботи сахт рӯ ба рӯ мешаванд (Мат. 24:9; Юҳ. 15:20). Дуюм, аз пешгӯйии Ишаъё мо мефаҳмем, ки душманони Худо аз мо на фақат нафрат мекунанд, балки бар зидди мо «ҳар олат», яъне гӯё яроқҳои гуногунро месозанд. Масалан, бадхоҳон кӯшиш мекунанд, ки моро маккорона фиреб диҳанд, дар бораи мо ҳар хел овозаҳои дурӯғ паҳн кунанд ва бераҳмона таъқиб намоянд (Мат. 5:11). Ҳарчанд Яҳува роҳ медиҳад, ки онҳо бар зидди мо чунин яроқҳоро истифода баранд, мо набояд аз онҳо тарсем (Эфс. 6:12; Ваҳй 12:17). Барои чӣ?

15, 16. а) Сеюм чизи муҳиме, ки мо бояд дар хотир дорем, кадом аст ва чӣ тавр суханони ояти Ишаъё 25:4, 5 ин фикрро тасдиқ мекунад? б) Чӣ тавр ояти Ишаъё 41:11, 12 оқибати онҳоеро, ки ба муқобили мо «ҷидол» мекунанд, тасвир мекунад?

15 Сеюм чизи муҳиме, ки мо бояд дар хотир дорем, кадом аст? Яҳува гуфт, ки «ҳар олате», ки бар зидди мо сохта мешавад, «муваффақият нахоҳад ёфт». Чи тавре ки паноҳгоҳ моро дар вақти борони сел муҳофизат мекунад, Яҳува низ моро аз қаҳру ғазаби «мустабидон», яъне ҳукуматдорони золим муҳофизат хоҳад кард. (Ишаъё 25:4, 5-ро хонед.) Ҳатто агар душманони халқи Худо моро ба қатл расонанд ҳам, Яҳува моро эҳё мекунад (Иш. 65:17).

16 Яҳува боз бо як роҳи дигар ба мо қувват мебахшад. Чӣ тавр? Ӯ дар Каломаш ба таври муфассал мефаҳмонад, ки онҳоеро, ки ба мо «ғазаб доранд», чӣ интизор аст. (Ишаъё 41:11, 12-ро хонед.) Душманон то чӣ андоза бо мо сахт «ҷидол» накунанд ё ин ҷанг то чӣ андоза тезу тунд нагардад ҳам, натиҷа як хоҳад буд: Ҳамаи душманони халқи Худо «нест шуда, беному нишон хоҳанд рафт».

БА ЯҲУВА ТАКЯ КАРДАНРО ЁД ГИРЕД

Аз Китоби Муқаддас мунтазам дар бораи Яҳува хонда, мо бештар ба Ӯ такя карданро ёд мегирем (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.) *

17, 18. а) Чӣ тавр мо бо хондани Китоби Муқаддас ба Яҳува бештар такя карданро ёд мегирем? б) Мулоҳиза дар бораи матни солонаи 2019 чӣ тавр ба мо кӯмак мекунанд?

17 Вақте мо чӣ гуна Худо будани Яҳуваро хубтар мефаҳмем, мо ба Ӯ бештар такя мекунем. Ва ягона роҳи бо Ӯ хуб шинос шудан — ин бодиққат хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза дар бораи чизҳои хондаамон мебошад. Дар Каломи Худо мо бисёр мисолҳоро хонда метавонем, ки чӣ тавр Яҳува халқашро дар замони қадим муҳофизат мекард. Он мисолҳо имони моро мустаҳкам мекунанд ва боварӣ мебахшанд, ки Худо дар бораи мо ҳам ғамхорӣ мекунад.

18 Ишаъё бо суханони зебо тасвир кард, ки чӣ тавр Яҳува моро муҳофизат мекунад. Ӯ Яҳуваро ба чӯпон ва хизматгоронашро ба гӯсфандон монанд кард. Ӯ дар бораи Яҳува гуфт: «Баррагонро бо бозуи Худ ҷамъ карда, дар оғӯши Худ хоҳад гирифт» (Иш. 40:11). Вақте мо ҳис мекунем, ки Яҳува бо дастони бақуввати худ моро ба оғӯш мегирад, мо худро орому осуда ҳис мекунем. Барои он ки ба душвориҳо нигоҳ накарда орому осуда бошем, ғуломи бовариноку боандеша суханони Ишаъё 41:10-ро чун матни солонаи 2019 интихоб намудааст. Дар он гуфта мешавад: «Наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам». Дар бораи ин суханони дилгармкунанда мулоҳиза ронед. Онҳо ба шумо қувват мебахшанд, то ба душвориҳои оянда тоб оред.

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

^ Вақте ки дар ҷаҳон ё дар ҳаёти мо воқеаҳои бад рӯй медиҳанд, оромиро нигоҳ доштан душвор аст. Вале дар матни солонаи 2019 се сабаб оварда шудааст, ки чаро мо ҳатто дар чунин ҳолатҳо ором монда метавонем. Дар ин мақола мо он сабабҳоро дида мебароем. Ин кӯмак мекунад, ки дар вақти мушкилиҳо ба ғаму андӯҳ дода нашавем ва ба Яҳува бештар такя кунем. Дар бораи матни солона мулоҳиза ронед. Агар тавонед онро аз ёд кунед. Ин ба шумо барои тоб овардан ба душвориҳои оянда қувват мебахшад.

^ МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ваъда — ин сухани боварибахшест, ки шахс гуфтаашро ҳатман иҷро мекунад. Ваъдаҳои Яҳува ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳангоми душвориҳои ҳаёт ба ташвиш афтода аз ҳад хавотир нашавем.

^ Калимаи «натарс» дар оятҳои Ишаъё 41:10, 13 ва 14 се бор омадааст. Дар ин оятҳо инчунин ҷонишини «Ман» (ки ба Яҳува дахл дорад) зуд-зуд вомехӯрад. Чаро Яҳува ба Ишаъё илҳом бахшид, ки калимаи «Ман»-ро бисёр истифода барад? Зеро бо ин фикри муҳимро қайд кардан мехост: Танҳо вақте ки мо ба Яҳува такя мекунем, тарси мо гум мешавад ва оромӣ ҳис мекунем.

^ ШАРҲИ РАСМ: Аъзоёни оила ба озмоишҳои гуногун бо хурсандӣ тоб меоранд: дар ҷойи кор, дар хизмат, дар мактаб. Ҳатто касалӣ ҳам онҳоро аз хурсандӣ маҳрум намекунад.

^ ШАРҲИ РАСМ: Дар хонае, ки Шоҳидон ҷамъомад мегузаронанд, кормандони полис зада медароянд, вале бародарону хоҳарон ба воҳима намеафтанд.

^ ШАРҲИ РАСМ: Мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ барои истодагарӣ ба мо қувват мебахшад.