МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3
Чӣ тавр мо дили худро муҳофизат карда метавонем?
«Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор» (МАС. 4:23).
СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо
ПЕШГУФТОР *
1–3. а) Барои чӣ Яҳува Сулаймонро дӯст медошт ва ӯ соҳиби кадом баракатҳо шуд? б) Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
ВАҚТЕ КИ Сулаймон дар Исроил подшоҳӣ карданро сар кард, ӯ хеле ҷавон буд. Дар аввали ҳукмрониаш Яҳува дар хоб ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам». Ва Сулаймон гуфт: «Ман амради [ҷавони] хурдсоле ҳастам, ки даробароро намедонам... Пас, ба бандаи Худ дили бохирад ато намо, то ки қавми Туро доварӣ кунам» (3 Подш. 3:5–10). Сулаймон хоксорӣ зоҳир карда, аз Яҳува «дили бохирад» ва итоаткор пурсид. Фаҳмост, ки чаро Яҳува Сулаймонро дӯст медошт (2 Подш. 12:24). Ин дархости Сулаймон ба Яҳува чунон писанд омад, ки Ӯ ба вай «дили пурҳикмат ва бохирад» ато кард (3 Подш. 3:12).
2 Вақте Сулаймон содиқ буд, Яҳува ӯро хеле баракат дод. Ӯ ба он шарафманд гардид, ки «ба исми Худованд Худои Исроил» маъбад созад (3 Подш. 8:20). Бо хиради худододаш Сулаймон хеле машҳур гашт. Ҳамчунин суханони зери илҳоми илоҳӣ гуфтаи ӯ дар се китоби Навиштаҳои Муқаддас оварда шудаанд. Яке аз онҳо китоби Масалҳо мебошад.
3 Дар китоби Масалҳо калимаи «дил» ҳаштоду чор маротиба омадааст. Масалан, дар Масалҳо 4:23 мо мехонем: «Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор». Ин ҷо калимаи «дил» ба чӣ ишора мекунад? Дар ин мақола мо ба ин савол ҷавоб меёбем. Ҳамчунин мо ду саволи зеринро дида мебароем: «Бо кадом роҳҳо Шайтон мекӯшад, ки дили моро фасод ё заҳролуд созад? Ва чӣ тавр мо дили худро муҳофизат карда метавонем?» Донистани ҷавоби ин саволҳо барои ба Худо содиқ мондан ба мо кӯмак мекунанд.
«ДИЛ» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
4, 5. а) Чӣ тавр Забур 50:8 ба мо маънои калимаи «дил»-ро мефаҳмонад? б) Чӣ тавр мисол оиди саломатии ҷисмонӣ нишон медиҳад, ки дили рамзии худро эҳтиёт кунем?
4 Дар Масалҳо 4:23 калимаи «дил» ба ботини инсон ё олами дарунии ӯ ишора мекунад. (Забур 50:8-ро хонед.) Дигар хел карда гӯем, «дил» гуфта, фикру ҳиссиёт, ният ва хоҳишҳои инсон дар назар дошта шудааст. Он асосан на чизҳои ба чашм аён, балки ботинан чӣ гуна инсон будани моро нишон медиҳад.
5 Мисол оиди саломатии ҷисмонӣ мефаҳмонад, ки чаро саломатии рӯҳонии худро эҳтиёт кардан муҳим аст. Якум, барои сиҳату саломат будан, мо бояд хӯроки серғизо хӯрем ва мунтазам машқи ҷисмонӣ кунем. Ба ин монанд, барои рӯҳан бақувват будан мо бояд ғизои солими рӯҳониро қабул кунем, яъне мунтазам Каломи Худо ва адабиёти бар он асосёфтаро хонем ва имони худро машқ диҳем. Имонамонро бошад, ҳамон вақт машқ медиҳем, агар чизҳои хондаамонро ба кор барем ва дар бораи имони худ ба дигарон гап занем (Рум. 10:8–10; Яъқ. 2:26). Дуюм, шахс ба назар метавонад солиму бардам тобад, ҳарчанд организми ӯ аз дарун бемор аст. Ба ин монанд, мо метавонем фикр кунем, ки азбаски дар корҳои рӯҳонӣ иштирок мекунем, имони мо мустаҳкам аст. Вале дар диламон шояд хоҳишҳои нодуруст инкишоф ёфта истодаанд (1 Қӯр. 10:12; Яъқ. 1:14, 15). Мо бояд дар хотир дорем, ки Шайтон фикрронии моро вайрон кардан мехоҳад. Барои ин вай кадом роҳҳоро истифода мебарад? Ва чӣ тавр мо метавонем худро муҳофизат кунем?
ЧӢ ТАВР ШАЙТОН МЕКӮШАД, КИ ДИЛИ МОРО ФОСИД СОЗАД?
6. Шайтон чӣ мақсад дорад ва бо кадом роҳ ба он расидан мехоҳад?
6 Шайтон мехоҳад, ки мо ҳам мисли вай бошем, яъне бар зидди Яҳува баромада, меъёрҳои Ӯро рад кунем ва фақат аз рӯйи хости худ амал кунем. Лекин Шайтон моро ба ин маҷбур карда наметавонад. Барои ҳамин, ӯ бо дигар роҳ ба мақсадаш расидан мехоҳад. Масалан, вай одамони гирду атрофи моро, ки аллакай дар доми ӯ мебошанд, истифода мебарад (1 Юҳ. 5:19). Шайтон мехоҳад, ки мо бо ёрони бад, ки ба фикру рафтори мо таъсири манфӣ мерасонанд, вақт гузаронем (1 Қӯр. 15:33). Бо шоҳ Сулаймон айнан чунин рӯй дод. Ӯ бо бисёр занони бутпараст издивоҷ кард ва оқибат «занонаш дили ӯро фосид карданд» (3 Подш. 11:3).
7. Шайтон барои паҳн кардани тарзи фикрронии худ боз чӣ кор мекунад ва чаро мо бояд эҳтиёт бошем?
7 Ҳар яки мо тамошо, гӯш кардан ё хондани нақлу ҳикояҳоро дӯст медорем. Ва Шайтон бо ёрии филму барномаҳои телевизионӣ ҳаракат мекунад, ки тарзи фикрронии худро паҳн кунад. Ӯ медонад, ки ин барномаҳо на танҳо вақти моро хуш мекунанд, балки ба тарзи фикрронӣ, ҳиссиёт ва рафтори мо низ таъсир мерасонанд. Исо барои таълим додани дигарон баъзан чизеро ҳикоя мекард. Масалан, ӯ дар бораи сомарии некдил ё писаре, ки хонаи падарро тарк карда, тамоми меросашро барбод дод, нақл карда буд (Мат. 13:34; Луқ. 10:29–37; 15:11–32). Лекин, одамоне, ки ба фикррониашон Шайтон таъсир кардааст, филму барномаҳоеро мебароранд, ки фикрронии моро заҳролуд месозанд. Барои ҳамин, мо бояд бомулоҳиза бошем. Албатта барномаю филмҳое ҳастанд, ки бе расонидани ягон зарар вақти моро хуш мекунанд ва чизеро таълим медиҳанд. Вале мо бояд эҳтиёт шавем. Ҳангоми интихоби вақтхушӣ хуб мебуд, ки аз худ пурсем: «Оё дар ин филм ё барнома иҷро кардани хоҳишҳои нодуруст раво ҳисобида мешавад?» (Ғал. 5:19–21; Эфс. 2:1–3). Агар пай баред, ки он тарзи фикрронии Шайтонро талқин мекунад, он гоҳ шумо бояд чӣ гуна рафтор кунед? Аз он чун аз бемории сирояткунанда худро дарҳол дур кашед!
8. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон барои муҳофизат кардани дили худ кӯмак карда метавонанд?
8 Волидон, шумо бахусус вазифадоред, ки фарзандонатонро эҳтиёт кунед, то Шайтон дили онҳоро фосид насозад. Бешубҳа, шумо ҳаматарафа мекӯшед, то онҳо бемор нашаванд. Шумо хонаро тоза нигоҳ медоред ва ҳамаи чизҳои зарарнокро, ки касалӣ меоранд, мепартоед. Ба ин монанд, шумо бояд фарзандонатонро аз филму барномаҳои телевизионӣ, бозиҳои электронӣ ва сайтҳое, ки дар онҳо тарзи фикрронии Шайтон дида мешавад, эҳтиёт кунед. Яҳува шуморо вазифадор кардааст, ки ба фарзандонатон барои бо Ӯ дӯст шудан кӯмак кунед (Мас. 1:8; Эфс. 6:1, 4). Барои ҳамин, натарсида дар оилаатон қоидаҳоеро муқаррар кунед, ки ба меъёрҳои Китоби Муқаддас асос ёфтаанд. Ба фарзандони хурдсол гӯед, ки чиро тамошо кардан мумкин асту чиро не ва сабабашро фаҳмонед (Мат. 5:37). Вақте онҳо калонтар мешаванд, ба онҳо ёд диҳед, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува чӣ нек ва чӣ бад буданашро худашон муайян кунанд (Ибр. 5:14). Албатта, суханони шумо барои фарзандонатон аҳамияти калон доранд, лекин рафторатон ба онҳо таъсири бештар мерасонад (Такр. Ш. 6:6, 7; Рум. 2:21).
9. Яке аз ақидаҳои паҳнкардаи Шайтон кадом аст, ва чаро он хатарнок мебошад?
9 Барои дили моро фосид кардан Шайтон инчунин кӯшиш мекунад, ки мо на ба фикрронии Яҳува, балки ба хиради одамӣ такя кунем (Қӯл. 2:8). Масалан, ӯ чунин ақидаро паҳн кардааст, ки мақсади асосӣ дар ҳаёт — ин бой шудан аст. Одамоне, ки аз пайи чунин мақсад мешаванд, шояд бой шаванд, шояд не. Ба ҳар ҳол, онҳо дар зери хатар мебошанд. Чаро? Зеро вақте кас тамоми диққаташро ба ин равона мекунад, оқибат саломатиашро аз даст медиҳад, муносибатҳои оилавиаш суст мегардад ва ҳатто дӯстиаш бо Худо зарар мебинад (1 Тим. 6:10). Чӣ қадар мо аз Падари хирадманди осмониамон миннатдорем, зеро Ӯ ба мо таълим медиҳад, ки ба пул назари дуруст дошта бошем (Воиз 7:12; Луқ. 12:15).
ЧӢ ТАВР МО МЕТАВОНЕМ ДИЛАМОНРО ҲИФЗ КУНЕМ?
10, 11. а) Барои худро муҳофизат кардан мо бояд чӣ кор кунем? б) Дар замони қадим дидбон чӣ кор мекард ва чӣ тавр виҷдони мо чун дидбон амал карда метавонад?
10 Барои дили худро муҳофизат кардан, мо бояд хатарҳоро муайян намуда, зуд худро эҳтиёт кунем. Ин ба коре, ки дидбон дар замони қадим мекард, монанд аст. Дар рӯзҳои Сулаймон, дидбон дар болои девори шаҳр истода, гирду атрофро назорат мекард ва ҳамин ки хатареро медид, дигаронро огоҳ мекард. Ин ҳолатро тасаввур намудан ба мо кӯмак мекунад, то фаҳмем, ки бояд чӣ кор кунем, то Шайтон фикрронии моро фосид накунад.
11 Дар замони қадим дидбон ва дарвозабонони шаҳр бо ҳам зич ҳамкорӣ мекарданд (2 Подш. 18:24–26). Вақте ягон душман ба шаҳр наздик мешуд, дидбон инро дида хабар медод ва дарвозабонон ҳар чи зудтар даврозаҳоро мебастанд, то шаҳрро муҳофизат кунанд (Наҳемё 7:1–3). Виҷдони аз рӯйи Китоби Муқаддас тарбияёфтаи мо * метавонад чун дидбон амал кунад. Вақте Шайтон ба дили мо роҳ ёфтан мехоҳад ё дигар хел карда гӯем, вақте вай ба фикрҳои мо, ҳиссиёт, ниятҳо ва хоҳишҳоямон таъсир расонданӣ мешавад, виҷдонамон метавонад, моро аз он огоҳ созад. Ҳар вақте ки виҷдон аз хатаре огоҳ кунад, мо бояд ба он гӯш дода, дарвозаҳои дили худро бандем.
12, 13. Дар мо чӣ гуна васваса пайдо шуда метавонад, вале мо бояд чӣ кор кунем?
12 Биёед мисолеро дида бароем, ки чӣ тавр мо худро аз таъсири фикрронии Шайтон муҳофизат карда метавонем. Яҳува моро таълим медиҳад, ки «гапҳоеро, ки бо бадахлоқии ҷинсӣ ва ҳар гуна нопокӣ ё чашмгуруснагӣ алоқаманданд, ҳатто ба забон [наорем]» (Эфс. 5:3). Вале агар ҳамсолони мо дар ҷойи кор ё мактаб дар бораи ягон мавзӯи бадахлоқона гап кушоянд, мо чӣ гуна рафтор мекунем? Мо медонем, ки бояд «чизҳои ба хости Худо муқобил ва хоҳишҳои дунёро» рад кунем (Тит. 2:12). Дидбон, яъне виҷдони мо метавонад моро аз хатар огоҳ кунад (Рум. 2:15). Вале оё мо ба он гӯш медиҳем? Шояд ба ҷойи ин, дар мо васваса пайдо шавад, ки гапҳои ҳамсолонамонро гӯш кунем ё расмҳои норавоеро, ки онҳо нишон медиҳанд, тамошо кунем. Лекин ин лаҳза вақти он аст, ки мо бояд «дарвозаҳои» дили худро маҳкам кунем ва сӯҳбатро ба самти дигар равона кунем ё аз назди онҳо равем.
13 Баъзан дигарон моро маҷбур мекунанд, ки мисли онҳо фикрҳои нораво ва ахлоқи нодурустро дастгирӣ кунем. Муқобилат ба онҳо далерӣ металабад. Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува кӯшишҳои моро мебинад ва барои муқобилат кардан ба фикрронии шайтонӣ ба мо қуввату хиради лозима медиҳад (2 Вақ. 16:9; Иш. 40:29; Яъқ. 1:5). Вале барои дили худро ҳифз кардан мо боз чӣ кор карда метавонем?
ДОИМО ҲУШЁР БОШЕД
14, 15. а) Дарвозаҳои диламонро бояд ба кадом чиз кушоем ва чӣ тавр? б) Чӣ тавр Масалҳо 4:20–22 ба мо кӯмак мекунад, ки аз хониши Китоби Муқаддас фоидаи бештар гирем? (Ба чорчӯбаи « Чӣ тавр мулоҳиза рондан мумкин аст?» нигаред.)
14 Барои муҳофизати диламон мо бояд чизҳои бадро ба он роҳ надиҳем. Лекин ин кифоя нест. Мо ҳамчунин бояд гузорем, ки чизҳои хуб ба он дароянд. Бори дигар мисоли деворҳои шаҳрро ба хотир оред. Вақте ки душман наздик мешуд, дарвозабон дарҳоро мебаст, вале дар дигар вақтҳо ӯ онро мекушод, то ки ба шаҳр озуқа ва маҳсулоти хӯрока дохил гардад. Агар дарвозаи шаҳр доим маҳкам бошад, сокинони шаҳр аз гуруснагӣ мемурданд. Ба ин монанд, мо ҳам бояд мунтазам дарҳои дили худро барои қабул кардани фикрҳои Худо кушоем.
15 Китоби Муқаддас фикрҳои Худоро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ҳар боре ки мо онро мехонем, мо мегузорем, ки фикрҳои Яҳува ба фикру ҳиссиёт ва рафтори мо таъсир расонанд. Чӣ тавр аз хондани Китоби Муқаддас мо фоидаи бештар гирифта метавонем? Дар ин кор дуо нақши муҳим мебозад. Як хоҳар мегӯяд: «Пеш аз хондани Китоби Муқаддас ман ба Яҳува дуо мегӯям, то барои фаҳмидани чизҳои аҷоибе, ки дар Каломаш ҳаст, кӯмак кунад» (Заб. 118:18). Боз ба мо лозим аст, ки дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем. Вақте мо дуо мегӯем, мехонем ва мулоҳиза мекунем, Каломи Худо «андаруни дил»-амон ҷойгир мешавад ва мо торафт тарзи фикрронии Худоро дӯст медорем (Масалҳо 4:20–22-ро хонед; Заб. 118:97).
16. Тамошои барномаҳои JW Бродкастинг ба бисёриҳо чӣ манфиат меорад?
16 Инчунин тамошои маводҳои шабакаи JW Бродкастинг® ба мо кӯмак мекунад, ки тарзи фикрронии Яҳуваро аз худ кунем. Як ҷуфти ҳамсарон мегӯянд: «Барномаҳои ҳармоҳа айнан ҷавоб ба дуоҳои мо мебошанд! Вақте мо худро ғамгин ва танҳо ҳис мекунем, онҳо моро қувват мебахшанд ва рӯҳбаланд мекунанд. Сурудҳои он қариб доим дар хонаи мо садо медиҳанд. Мо вақти хӯрокпазӣ, рӯбучин ва чой нӯшидан аз онҳо ҳаловат мегирем». Ин барномаҳо ба ҳамаи мо кӯмак мекунанд, ки дили худро муҳофизат кунем. Онҳо ба мо аз худ кардани фикрронии Яҳува ва рад кардани фикрҳои Шайтонро ёд медиҳанд.
17, 18. а) Чуноне ки 3 Подшоҳон 8:61 нишон медиҳад, вақте мо аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал мекунем, чӣ рӯй медиҳад? б) Мо аз мисоли шоҳ Ҳизқиё чӣ меомӯзем? в) Мувофиқи дуои Довуд, ки дар Забур 138:23, 24 навишта шудааст, мо дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем?
17 Ҳар боре ки мо аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал карда, манфиати онро мебинем, имони мо мустаҳкамтар мегардад (Яъқ. 1:2, 3). Мо худро хушбахт ҳис мекунем, зеро Яҳува бо фахр моро фарзанди худ меномад ва хоҳиши ба Ӯ писанд омадан дар мо зиёдтар мегардад (Мас. 27:11). Ҳар як озмоиш ба мо имконият медиҳад, то исбот кунем, ки барои ба Яҳува хизмат кардан «ҳардамхаёл», яъне дудила нестем (Заб. 118:113). Баръакс, мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро бо тамоми дил дӯст медорем — бо диле, ки қатъиян ба аҳкоми Яҳува итоат мекунад ва хости Ӯро иҷро кардан мехоҳад. (3 Подшоҳон 8:61-ро хонед.)
18 Оё мо ба хатогӣ роҳ медиҳем? Бе ин намешавад, чунки мо нокомилем. Агар ягон кори нодуруст кунед, мисоли шоҳ Ҳизқиёро ба хотир оред. Вай ба хатогиҳо роҳ дод. Вале тавба кард ва «аз самими қалб» ба Яҳува хизмат карданро давом дод (Иш. 38:3–6; 2 Вақ. 29:1, 2; 32:25, 26). Биёед, ба Шайтон нагузорем, ки фикрҳои моро фосид созад. Биёед, ба Яҳува дуо гӯем, то ба мо «дили бохирад» ва итоаткор диҳад (3 Подш. 3:9; Забур 138:23, 24-ро хонед.) Мо ба Яҳува содиқ монда метавонем, агар бештар аз ҳар чиз дили худро муҳофизат кунем.
СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»
^ Оё мо ба Яҳува содиқ мемонем ё ба Шайтон мегузорем, ки моро ба домаш афтонда, аз Яҳува дур созад? Ҷавоб ба ин савол на аз намуди озмоишҳои мо, балки аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза мо дили худро муҳофизат мекунем. Зери калимаи «дил» чӣ дар назар дошта шудааст? Бо кадом роҳҳо Шайтон мекӯшад, ки дили моро фосид созад? Ва чӣ тавр мо онро муҳофизат карда метавонем? Ба ин саволҳо мақола равшанӣ меандозад.
^ МАЪНОИ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Яҳува ба мо қобилият додааст, ки фикрҳо, ҳиссиёт ва рафтори худро тафтиш карда, сипас ба худ баҳо диҳем. Китоби Муқаддас ин қобилиятро виҷдон меномад (Рум. 2:15; 9:1). Виҷдони аз рӯйи Китоби Муқаддас тарбияёфта дар асоси меъёрҳои Яҳува моро доварӣ мекунад, ки оё фикрронӣ, рафтор ва гуфтори мо дуруст аст ё не.
^ ШАРҲИ РАСМ: Бародаре телевизор тамошо мекунад ва ногаҳон дар экран тасвири ношоистае мебарояд. Ӯ бояд қарор кунад, ки чӣ тавр рафтор мекунад.
^ ШАРҲИ РАСМ: Дидбоне дар замони қадим хатареро дар беруни шаҳр дида, дарвозабононро хабардор мекунад. Ва онҳо ба зудӣ дарвозаҳои шаҳро пӯшида, онро аз дарун маҳкам мекунанд.