Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2

Шумо «сарчашмаи тасаллии бузург» буда метавонед

Шумо «сарчашмаи тасаллии бузург» буда метавонед

«Инҳо... касонеанд, ки барои Подшоҳии Худо ҳамкорони ман буда, бароям сарчашмаи тасаллии бузург гаштанд» (ҚӮЛ. 4:11).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Бисёр хизматгорони Яҳува аз кадом мушкилиҳои дардовар азоб мекашанд?

ДАР саросари ҷаҳон бисёр ходимони Яҳува бо вазъиятҳои душвор ва ҳатто дардовар рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Шояд дар ҷамъомади шумо низ баъзеҳо мушкилиҳо доранд. Баъзе бародару хоҳарон аз бемориҳои ҷиддӣ азоб мекашанд ё аз марги шахси наздик мотамзадаанд. Баъзеи дигар бошанд, аз сабаби он ки аъзои оила ё дӯсти наздикашон ҳақиқатро тарк кардааст, рӯҳафтода мебошанд. Баъзеҳо аз офатҳои табиӣ осеб дидаанд. Ҳамаи ин ҳамимонони азизамон ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд. Чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем?

2. Чаро баъзан Павлуси расул ба тасаллӣ мӯҳтоҷ мешуд?

2 Павлуси расул пайи ҳам ба вазъиятҳое дучор мешуд, ки ҳаёташро зери хатар мегузоштанд (2 Қӯр. 11:23–28). Ӯ ҳамчунин аз «неше дар ҷисм» азоб мекашид, ки ин эҳтимол душвории бо саломатӣ алоқаманд буд (2 Қӯр. 12:7). Ва чизи дигаре, ки ӯро сахт рӯҳафтода кард, ин рафтори Димос буд. Ӯ як вақтҳо дар хизмат бо Павлус ҳамкорӣ мекард, вале «ба ин ҷаҳон дил» баста ӯро тарк намуд (2 Тим. 4:10). Павлус масеҳии тадҳинёфта ва далере буд, ки фидокорона ба дигарон ёрдам медод, вале баъзан ҳатто ӯ рӯҳафтодагӣ ҳис мекард (Рум. 9:1, 2).

3. Павлусро киҳо дастгирӣ карда тасаллӣ медоданд?

3 Яҳува ба Павлус тасалливу дастгирии лозимаро мебахшид. Чӣ тавр? Ӯ бо рӯҳи муқаддаси Худ ба Павлус қувват мебахшид (2 Қӯр. 4:7; Флп. 4:13). Инчунин Яҳува бо воситаи масеҳиёни дигар ӯро тасаллӣ медод. Павлус дар бораи баъзе ҳамимононаш гуфт, ки онҳо барояш «сарчашмаи тасаллии бузург гаштанд» (Қӯл. 4:11). Дар байни шахсоне, ки ӯ номбар кард, инҳо буданд: Ористархус, Тихиқӯс ва Марқӯс. Онҳо қуввати дили Павлус буданд ва ба ӯ ёрдам мекарданд, ки ба душвориҳояш тоб орад. Бо кадом хислатҳояшон ин се нафар тасаллидиҳандаи хуб гаштанд? Чӣ тавр мо ба намунаи онҳо пайравӣ намуда дигаронро рӯҳбаланд карда метавонем?

МИСЛИ ОРИСТАРХУС БОВАФО БОШЕД

Мисли Ористархус мо барои бародару хоҳарон дӯсти бовафо буда метавонем, агар на танҳо дар вақтҳои хурсандӣ, балки дар «рӯзи сахт» низ ҳамроҳашон бошем (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.) *

4. Ористархус чӣ тавр нишон дод, ки барои Павлус дӯсти бовафо аст?

4 Ористархус масеҳие буд аз шаҳри Таслӯникии Мақдуния. Ӯ нишон дод, ки барои Павлус дӯсти бовафо мебошад. Номи Ористархус дар Китоби Муқаддас бори аввал ҳангоми сафари сеюми миссионерии Павлус вомехӯрад. Вақте ӯ Павлусро дар ин сафараш ҳамроҳӣ мекард, ӯро як тӯда одамон дастгир намуданд (Аъм. 19:29). Вақте ӯ халос шуд, ба ҷойи он ки дар бораи бехатарии худаш фикр кунад, боз Павлусро дар хизматаш содиқона ҳамроҳӣ кард. Чанд моҳ пас душманон дар Юнон Павлусро ба қатл расондан мехостанд, Ористархус бошад, ҳоло ҳам бо ӯ буд (Аъм. 20:2–4). Тақрибан соли 58-уми милодӣ вақте Павлусро чун маҳбус ба Рум фиристоданд, дар ин сафари дурудароз низ Ористархус ҳамроҳаш буд. Ва дар баҳр онҳо ба садама дучор шуданд, ки оқибат киштиашон пора-пора гашт (Аъм. 27:1, 2, 41). Дар Рум бошад, эҳтимол ӯ муддате бо Павлус дар ҳабс буд (Қӯл. 4:10). Бешубҳа, Павлус аз доштани чунин дӯсти бовафо тасаллӣ меёфт ва рӯҳбаланд мешуд!

5. Мувофиқи Масалҳо 17:17 чӣ тавр мо дӯсти бовафо буда метавонем?

5 Мисли Ористархус мо барои бародару хоҳарон дӯсти бовафо буда метавонем, агар на танҳо дар хурсандӣ, балки дар «рӯзи сахт»-ашон низ ҳамроҳи онҳо бошем. (Масалҳо 17:17-ро хонед.) Бародар ё хоҳар ҳатто баъди паси сар кардани душвориаш шояд ки ҳанӯз ба тасалливу дастгирии мо мӯҳтоҷ бошад. Фрэнсис * ном хоҳаре, ки дар давоми се моҳ ҳам падару ҳам модараш аз сабаби бемории саратон вафот карданд, чунин мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки баъди озмоишҳо захми дили кас ба осонӣ шифо намеёбад. Аз марги волидонам вақти зиёд сипарӣ шуда бошад ҳам, ман то ҳол ба худ наомадаам. Ва ман аз дӯстони бовафоям хеле миннатдорам, зеро онҳо ҳолати маро мефаҳманд ва пайваста маро дастгирӣ мекунанд».

6. Агар мо дӯсти бовафо бошем, чӣ кор хоҳем кард?

6 Дӯстони бовафо барои дастгирӣ кардани бародару хоҳарон ҳамеша тайёранд ва барои ин вақту қувваташонро дареғ намедоранд. Масалан, духтуре ба бародар Питер гуфт, ки ӯ ба касалие гирифтор аст, ки он тез авҷ гирифта оқибат ба марг мерасонад. Ҳамсари ӯ Кэтрин мегӯяд: «Азбаски даводавамон бисёр буд, як ҷуфт аз ҷамъомад моро бо мошин ба ҷойҳои даркорӣ ба назди духтурон мебурданд. Онҳо қарор доданд, ки дар он лаҳзаҳои душвор ва дардовари ҳаётамон моро танҳо намегузоранд ва дар ҳақиқат ҳам дар барамон буданд». Бале, дӯсти бовафо доштан баракати калон аст, зеро бо ёрии онҳо мо пастиву баландии зиндагиро паси сар карда метавонем!

МИСЛИ ТИХИҚӮС ДӮСТИ БОВАРИНОК БОШЕД

Ҳангоми душвориҳо мо метавонем мисли Тихиқӯс ба бародару хоҳарон дӯсти боваринок бошем (Ба сархатҳои 7–9 нигаред.) *

7, 8. Мувофиқи Қӯлассиён 4:7–9 Тихиқӯс чӣ тавр нишон дод, ки дӯсти боваринок аст?

7 Тихиқӯс аз ноҳияи румии Осиё буд. Ӯ Павлусро дар хизмат содиқона ҳамроҳӣ мекард (Аъм. 20:4). Тахминан соли 55-уми милодӣ, Павлус аз ҷамъомадҳо хоҳиш кард, ки бародару хоҳарони Яҳудияро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунанд ва эҳтимол ӯ ба Тихиқӯс супориш дод, ки дар ҷамъоварӣ намудани маблағи хайрияшуда ба ӯ кӯмак кунад (2 Қӯр. 8:18–20). Баъдтар, вақте Павлусро бори аввал дар Рум ҳабс намуданд, Тихиқӯс чун хаткашони шахсии ӯ хизмат мекард. Вай номаву хабарҳои рӯҳбаландкунандаи Павлусро ба ҷамъомадҳои Осиё бурда мерасонд (Қӯл. 4:7–9).

8 Тихиқӯс барои Павлус то охир дӯсти боваринок монд (Тит. 3:12). Дар он вақт на ҳамаи масеҳиён бо Павлус чунин муносибат мекарданд. Тақрибан соли 65-уми милодӣ ҳангоми бори дуюм дар ҳабс буданаш, Павлус навишт, ки бисёри бародарон дар вилояти Осиё худро аз ӯ дур мекашиданд. Онҳо эҳтимол аз тарси мухолифон Павлусро дастгирӣ намекарданд (2 Тим. 1:15). Лекин аз Тихиқӯс бошад, Павлус дилпур буд, барои ҳамин ба вай боз як супориш дод (2 Тим. 4:12). Павлус бешубҳа чунин дӯсти хубро қадр мекард.

9. Чӣ тавр мо ба Тихиқӯс пайравӣ карда метавонем?

9 Мо метавонем ба Тихиқӯс пайравӣ карда барои дигарон дӯсти боваринок бошем. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд, «ваъда додӣ вафо кун, қавл додӣ, иҷро кун». Мо на танҳо ваъда медиҳем, ки кӯмак мекунем, балки дар амал дигаронро дастгирӣ менамоем (Мат. 5:37; Луқ. 16:10). Вақте мо шахсони ба мушкилӣ афтодаро дилпур месозем, ки ба онҳо кӯмак мекунем, аз ин онҳо дар ҳақиқат тасаллӣ меёбанд. Як хоҳар мегӯяд: «Агар шумо донед, ки шахси ваъдакарда гуфтаашро, албатта, иҷро мекунад, хотири шумо ҷамъ мешавад».

10. Чуноне ки дар Масалҳо 18:24 гуфта шудааст, шахсони рӯҳафтода чӣ хел тасаллӣ ёфта метавонанд?

10 Шахсоне, ки зери озмоиш қарор доранд ва ё рӯҳафтодаанд, одатан ба дӯсти бовариноке дарди дил кардан мехоҳанд. (Масалҳо 18:24-ро хонед.) Даврон ном бародар баъди аз ҷамъомад хориҷ шудани писараш, хеле рӯҳафтода гашт. Ӯ гуфт: «Ман мӯҳтоҷ будам, ки диламро ба ягон шахси боваринок холӣ кунам». Комил ном бародари дигар аз боиси ба хатогие роҳ додан таъйиноти дӯстдоштаашро аз даст дод. Ӯ мегӯяд: «Ман мехостам ягон кас бошаду маро ҳукм накарда гапамро гӯш кунад». Он вақт пирони ҷамъомад чун дӯстони ҳақиқӣ рафтор карда ба Комил барои паси сар кардани душвориаш кӯмак намуданд. Комил ҳамчунин аз он тасаллӣ ёфт, ки пирон нисбати ӯ фаҳмиш зоҳир карда ӯро боварӣ бахшиданд, ки гап байни худашон мемонад.

11. Чӣ тавр мо дӯсти боваринок буда метавонем?

11 Барои дӯсти боваринок будан ба мо лозим аст, ки пурсабрӣ инкишоф диҳем. Ҷамила ном хоҳар нақл мекунад, ки вақте шавҳараш ӯро партофта рафт, ӯ ба дӯстони наздикаш дарди дил карда аз ин тасаллӣ меёфт. Ӯ мегӯяд: «Онҳо маро пурсаброна гӯш мекарданд, ҳарчанд ман эҳтимол ҳамон як чизро гаштаву баргашта такрор менамудам». Шумо низ агар шунавандаи хуб бошед, нишон медиҳед, ки дӯсти ҳақиқӣ ҳастед.

МИСЛИ МАРҚӮС БО ОМОДАГӢ БА ДИГАРОН ХИЗМАТ КУНЕД

Марқӯс ба Павлус ғамхорӣ мекард ва ин ба вай ёрдам дод, ки то охир истодагарӣ кунад; мо низ бародару хоҳаронро дар вақтҳои мушкилиашон дастгирӣ карда метавонем (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.) *

12. Марқӯс кӣ буд ва чӣ тавр ӯ рӯҳияи омодагӣ нишон медод?

12 Марқӯс масеҳие аз Ерусалим буд. Хеши ӯ Барнаббо чун миссионер хизмат мекард (Қӯл. 4:10). Оилаи Марқӯс аз афташ сарватманд буд, вале ӯ пулу чизро дар ҳаёт дар ҷойи аввал намегузошт. Дар давоми тамоми ҳаёташ Марқӯс бо омодагӣ ба дигарон хизмат мекард ва аз ин хурсандӣ мегирифт. Масалан, ӯ якчанд маротиба Павлус ва Петруси расулро дар хизмат ҳамроҳӣ карда дар бораи ниёзҳои ҷисмонии онҳо ғамхорӣ мекард — онҳоро бо хӯрок таъмин менамуд, барои истоданашон ҷой меёфт ва ғайраҳо (Аъм. 13:2–5; 1 Пет. 5:13). Павлус худаш гуфт, ки яке аз шахсоне, ки «барои Подшоҳии Худо ҳамкорони» вай буданд ва ӯро «қувват бахшиданд», ин Марқӯс буд (Қӯл. 4:10, 11, эзоҳ).

13. Чӣ тавр 2 Тимотиюс 4:11 нишон медиҳад, ки Павлус хизмати содиқонаи Марқӯсро қадр мекард?

13 Марқӯс яке аз дӯстони наздики Павлус гашт. Масалан, тахминан соли 65-уми милодӣ вақте Павлус бори охир дар Рум дар ҳабс менишаст, ӯ номаи дуюмашро ба Тимотиюс навишт. Дар он нома ӯ аз Тимотиюс хоҳиш кард, ки ба Рум биёяд ва ҳамроҳаш Марқӯсро низ биёрад (2 Тим. 4:11). Павлус бешубҳа хизмати содиқонаи Марқӯсро қадр мекард, аз ин рӯ аз вай хоҳиш кард, ки дар он лаҳзаҳои муҳими ҳаёташ бо ӯ бошад. Марқӯс ба Павлус бо роҳҳои гуногун кӯмак мекард, эҳтимол барои ӯ хӯрок меовард ва ӯро бо лавозимоти хатнависӣ таъмин менамуд. Чунин ғамхории Марқӯс ӯро хеле рӯҳбаланд мекард ва эҳтимол ба туфайли чунин дастгирии дӯсташ Павлус тавонист дар рӯзҳои охири умраш, ва ҳатто то ба қатл расидан истодагарӣ кунад.

14, 15. Мувофиқи Матто 7:12 чӣ тавр мо дигаронро бо роҳҳои гуногун дастгирӣ карда метавонем?

14 Матто 7:12-ро хонед. Дар рӯзҳои сахт мо кӯмаку дастгирии дигаронро беандоза қадр мекунем. Бародаре бо номи Райен, ки падараш дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ногаҳон ба ҳалокат расид, чунин мегӯяд: «Вақте ки ту ғамзада ҳастӣ, ҳатто корҳои майда-чуйдаи ҳаррӯза ба назарат кӯҳ менамоянд. Дар ин лаҳзаҳо, агар касе дасти ёрӣ дароз карда ҳатто ягон кори на он қадар калон кунад ҳам, ин аллакай одамро дилбардорӣ мекунад».

15 Агар мо бодиққату мушоҳидакор бошем, он гоҳ ба дигарон кӯмаки даркориро расонда метавонем. Масалан, як хоҳар ташаббус зоҳир карда ба Питер ва Кэтрин, ки оидашон дар боло гуфтем, кӯмак кард, то онҳо ба ҳар ҷойе, ки духтурон таъйин мекарданд, бо мошин рафта тавонанд. Он лаҳзаҳо ҳам Питер ва ҳам Кэтрин аз парешонҳолӣ мошин ронда наметавонистанд, аз ин рӯ он хоҳар рӯйхате тартиб дод, то хоҳишмандон аз ҷамъомад бо навбат онҳоро бо мошин ба назди духтурон баранд. Оё ин дастгирии бародару хоҳарон натиҷа овард? Кэтрин мегӯяд: «Мо ҳис мекардем, ки бори вазнини моро гӯё касе бардошта мебурд». Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки кӯмаки шумо, ҳатто хурд бошад ҳам, шахсро хеле рӯҳбаланд карда метавонад.

16. Мо аз мисоли Марқӯс чӣ дарси муҳим меомӯзем?

16 Марқӯс бешубҳа масеҳии серкор буд. Ӯ барои Яҳува корҳои муҳимро иҷро мекард, масалан, ӯ як Инҷилро навишт, ки бо номи худаш хонда шудааст. Вале Марқӯс ба серкориаш нигоҳ накарда барои тасаллӣ додани Павлус вақт ҷудо мекард ва Павлус низ аз ӯ бемалол кӯмак пурсида метавонист. Анҷела, ном хоҳар аз бераҳмона кушта шудани шахси наздикаш хеле рӯҳафтодагӣ ҳис мекард. Ва ӯ аз бародару хоҳарон беҳад миннатдор буд, ки онҳо ба дастгириву тасаллӣ додани ӯ тайёр буданд. Анҷела мегӯяд: «Вақте дӯстон самимона кӯмак кардан мехоҳанд, ту бемалол аз онҳо ёрдам пурсида метавонӣ, чунки ту медонӣ, ки онҳо дар ҳақиқат дарди туро сабук кардан мехоҳанд». Мо метавонем ба худ чунин савол диҳем: «Оё маро чун шахсе мешиносанд, ки ҳамеша ба ёрдам ва тасаллӣ додан тайёр аст?»

ДОИМО ДИГАРОНРО ТАСАЛЛӢ БАХШЕД

17. Мулоҳиза оиди 2 Қӯринтиён 1:3, 4 чӣ хел моро бармеангезад, ки дигаронро тасаллӣ диҳем?

17 Имрӯз қариб ҳар як аъзои ҷамъомад ба тасаллӣ мӯҳтоҷ аст. Мо метавонем бо истифодаи ҳамон фикрҳои рӯҳбаландкунандае, ки дигарон ба мо мегӯянд, каси дигарро тасаллӣ диҳем. Хоҳаре бо номи Нино, ки бибиаш вафот кардааст, мегӯяд: «Агар мо ба Яҳува гузорем, Ӯ метавонад моро истифода бурда дигаронро тасаллӣ диҳад». (2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед.) Хоҳар Фрэнсис, ки дар боло оидаш гуфтем, қайд мекунад: «Суханони 2 Қӯринтиён 1:4 воқеан ҳақ мебошанд. Зеро вақте касе моро бо ягон сухан ё кори некаш тасаллӣ медиҳад, мо низ баъдтар бо ҳамон сухан ё кор, шахси дигарро тасаллӣ дода метавонем».

18. а) Чаро баъзеҳо дар тасаллӣ додан душворӣ мекашанд? б) Дар кадом вақт мо тасаллидиҳандагони хуб буда метавонем? Мисол оред.

18 Баъзан мо метарсем, ки шахсро тасаллӣ дода наметавонем. Масалан, шояд мо дар пеши вай чӣ гуфтан ё чӣ тавр рафтор карданамонро надонем. Лекин бо вуҷуди ин, барои дастгирӣ намудани дигарон нағз мебуд, ки имконият ҷӯем. Пири ҷамъомад бо номи Пол ба хотир меорад, ки баъди марги падараш чӣ тавр баъзеҳо кӯшиш мекарданд, ки ӯро тасаллӣ диҳанд. Ӯ мегӯяд: «Ба назди ман омадан ба онҳо осон набуд. Ман медидам, ки сухан ёфтан барои онҳо душвор аст, вале ба ҳар ҳол маълум буд, ки онҳо мехоҳанд маро тасаллӣ диҳанд ва дастгирӣ кунанд. Донистани ин маро хеле дилбардорӣ мекард». Ба ин монанд бародаре бо номи Таҷон баъди аз сар гузарондани заминҷунбии сахт чунин гуфт: «Рости гап, он рӯзҳо ман дар хотир надорам, ки одамон ба ман чӣ гуна номаю паёмакҳо роҳӣ мекарданд, вале аниқ медонистам, ки онҳо дар бораи ман ғам мехӯранд». Мо тасаллидиҳандагони хуб буда метавонем, агар ба дигарон ғамхорӣ нишон диҳем.

19. Чаро шумо ҳамеша барои дигарон «сарчашмаи тасаллии бузург» будан мехоҳед?

19 Бо наздик шудани ин тартибот вазъияти ҷаҳон торафт бад гашта зиндагӣ боз ҳам мушкилтар хоҳад шуд (2 Тим. 3:13). Ва мо аз боиси нокомилӣ ва хатогиҳои худ ба душвориҳо дучор шуда доимо ба тасаллӣ мӯҳтоҷ мешавем. Чаро Павлуси расул то охири ҳаёташ ба озмоишу душвориҳо истодагарӣ карда тавонист? Яке аз сабабҳо дар он мебошад, ки ӯро ҳамимонон тасаллӣ медоданд ва дастгирӣ мекарданд. Биёед мо ҳам мисли Ористархус дӯсти бовафою мисли Тихиқӯс шахси боваринок бошем ва чун Марқӯс ба хизмати дигарон ҳамеша тайёр бошем. Ин тавр карда мо ба бародару хоҳарон кӯмак мекунем, ки то охир дар имон устувор монанд (1 Тас. 3:2, 3).

^ сарх. 5 Павлуси расул азобу машаққати зиёдро аз сар гузаронда буд. Дар вақтҳои душвори ҳаёташ баъзе ҳамимонон ӯро бисёр тасаллӣ медоданд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки кадом се хислат ба онҳо барои тасаллидиҳандагони хуб будан кӯмак мекард. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба намунаи он масеҳиён пайравӣ карда касони ба тасаллӣ мӯҳтоҷро дастгирӣ карда метавонем.

^ сарх. 5 Баъзе номҳо дар ин мақола иваз шудаанд.

СУРУДИ 28 Суруди нав

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Киштие, ки Ористархус ва Павлус дар он шино мекарданд, ба садама дучор шуд.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Павлус номаҳояшро ба ҷамъомадҳо бо воситаи Тихиқӯс мефиристод, чунки ӯ бародари боваринок буд.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Марқӯс аз бисёр ҷиҳатҳо Павлусро дастгирӣ мекард.