Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3

Худоятон Яҳува шуморо қадр мекунад!

Худоятон Яҳува шуморо қадр мекунад!

«Моро дар залолати [хории] мо ба ёд овардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст» (ЗАБ. 135:23).

СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Бисёр хизматгорони Яҳува бо кадом вазъиятҳо дучор мешаванд ва дар натиҷа худро чӣ хел ҳис карданашон мумкин?

СЕ ҲОЛАТИ зеринро тасаввур кунед: 1) Ба бародари ҷавон духтур мегӯяд, ки ӯ ба бемории шадид гирифтор аст. 2) Бародари миёнсоле боғайратона меҳнат мекард, вале корашро аз даст медиҳад ва нигоҳ накарда ба кӯшишҳои зиёд кор ёфта наметавонад. 3) Хоҳаре аз сабаби пиронсолӣ торафт заиф гашта мисли пештара ба Яҳува бисёр хизмат карда наметавонад.

2 Агар шумо яке аз ин душвориҳоро дошта бошед, шояд гумон кунед, ки аз шумо дигар фоидае нест. Ин гуна вазъиятҳо метавонанд хурсандии шуморо дузданд, худэҳтиромкунии шуморо паст гардонанд ва ба муносибати шумо бо дигарон таъсир кунанд.

3. Шайтон ва онҳое, ки зери таъсири ӯянд, ба ҳаёти инсон чӣ тавр муносибат мекунанд?

3 Ин ҷаҳон ба ҳаёти инсон нуқтаи назари Шайтонро инъикос мекунад. Шайтон ба одамон ҳама вақт тавре муносибат мекунад, ки гӯё онҳо ягон арзиш надоранд. Ӯ бераҳмона рафтор карда ба Ҳавво пешниҳод кард, ки аз Худо мустақил бошад, ҳарчанд медонист, ки ҷазои беитоатӣ ба Худо марг аст. Тамоми сохторҳои ин ҷаҳон — тиҷорат, сиёсат ва динро ҳамеша Шайтон идора мекард. Барои ҳамин тааҷҷубовар нест, ки бисёри тоҷирону сиёсатмадорон ва роҳбарони дин ҳаёти одамро қадр намекунанд ва шаъни инсонро паст мезананд.

4. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

4 Лекин Яҳува мехоҳад, то мо донем, ки қадру қимати баланд дорем. Ва Ӯ моро дар вазъиятҳое, ки дар мо ҳисси беқадрӣ пайдо шуда метавонад, дастгирӣ мекунад (Заб. 135:23; Рум. 12:3). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба мо дар се ҳолати зерин кӯмак мекунад: 1) вақте мо аз беморӣ азоб мекашем, 2) вақте душвориҳои иқтисодиро аз сар мегузаронем, 3) вақте аз сабаби пиронсолӣ мо фикр мекунем, ки дар хизмати Яҳува аз мо гӯё дигар ягон фоида нест. Аммо дар аввал биёед бинем, ки чаро мо дилпур буда метавонем, ки ҳар яки мо барои Яҳува гаронбаҳоем.

ЯҲУВА ШУМОРО ҚАДР МЕКУНАД

5. Чӣ исбот мекунад, ки Яҳува одамизодро бениҳоят қадр мекунад?

5 Ҳарчанд мо одамони хокӣ ҳастем, арзиши мо барои Яҳува хеле гарон аст (Ҳас. 2:7). Биёед танҳо оиди баъзе сабабҳо фикр кунем. Худо одамизодро тавре офарид, ки ӯ хислатҳои Офаридгорашро инъикос карда тавонад (Ҳас. 1:27). Ин тавр карда Ӯ инсонро аз ҳамаи дигар офаридаҳои рӯйи замин баланд гузошт ва супориш дод, ки бар онҳо ҳукмфармоӣ кунад (Заб. 8:5–9).

6. Боз чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува мо — одамони нокомилро дӯст медорад?

6 Ҳатто баъд аз гуноҳ кардани Одам Яҳува нишон дод, ки то ҳол одамизодро қадр мекунад. Мо барояш чунон азиз ҳастем, ки Ӯ барои гуноҳҳои мо шуда шахси азизтаринаш, Писари Худ Исоро, қурбон кард (1 Юҳ. 4:9, 10). Арзиши фидияро ба кор бурда Яҳува дар оянда касонеро, ки аз гуноҳи Одам мурдаанд, «ҳам росткорон ва ҳам бадкорон»-ро эҳё мекунад (Аъм. 24:15). Каломи Ӯ нишон медиҳад, ки новобаста аз саломатӣ, вазъи иқтисодӣ ва синну соли худ мо барои Яҳува гаронбаҳоем (Аъм. 10:34, 35).

7. Боз кадом чизҳо моро боварӣ мебахшанд, ки Яҳува ходимонашро қадр мекунад?

7 Боз баъзе чизҳои дигар моро боварӣ мебахшанд, ки Яҳува моро қадр мекунад. Масалан, вақте Ӯ дид, ки дили мо ба ҳақиқат моил аст, моро ба Худ ҷалб кард (Юҳ. 6:44). Вақте мо сӯйи Ӯ қадаммониро сар кардем, Ӯ ҳам ба мо наздиктар шуд (Яъқ. 4:8). Яҳува ҳамчунин вақт ва қувват сарф мекунад, то моро таълим диҳад. Ӯ медонад, ки мо ҳозир чӣ гуна шахсем ва дар оянда боз чӣ тавр беҳтар шуда метавонем. Ва Ӯ аз муҳаббат моро тарбия ва ислоҳ мекунад (Мас. 3:11, 12). Магар ҳамаи ин далели он нест, ки Яҳува моро қадр мекунад?

8. Суханони Забур 17:28–30 чӣ тавр ба мо кӯмак мекунанд, ки ба душвориҳои худ назари дуруст дошта бошем?

8 Баъзеҳо шоҳ Довудро паст мезаданд, вале ӯ медонист, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва қадр мекунад. Ва маҳз ин фикр ба Довуд ёрдам мекард, ки дар вақти душвориҳо рӯҳияи мусбиро нигоҳ дорад (2 Подш. 16:5–7). Вақте мо низ худро беқадр ҳис мекунем ё бо ягон душворӣ рӯ ба рӯ мешавем, Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати худ назари дуруст дошта бошем ва он мушкилиро паси сар намоем. (Забур 17:28–30-ро хонед.) Агар Яҳува бо мо бошад, он гоҳ ҳеҷ чиз ба мо монеъ шуда наметавонад, ки ба Ӯ бо хурсандӣ хизмат кунем (Рум. 8:31). Биёед ҳоло се мавриди махсусро, ки дар боло номбар кардем, дида бароем. Ҳангоми бо ин ҳолатҳо дучор шудан мо бояд дар хотир дорем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва қадр мекунад.

ВАҚТЕ МО АЗ БЕМОРИЕ АЗОБ МЕКАШЕМ

Хониши Каломи Худо ба мо ёрдам мекунад, ки бо ҳиссиёти манфие, ки ҳангоми беморӣ пайдо мешавад, мубориза барем (Ба сархатҳои 9–12 нигаред.)

9. Беморӣ ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?

9 Беморӣ метавонад моро рӯҳафтода созад. Дар мо чунин ҳиссиёт пайдо шуданаш мумкин, ки акнун мо ба ҳеҷ кас даркор нестем. Вақте мо аз сабаби беморӣ мисли пештара худамон худамонро саришта карда наметавонему дастнигар мешавем, эҳтимол дар пеши дигарон хиҷолат кашем. Ҳатто агар дигарон аз бемор будани мо хабардор набошанд ҳам, мо шояд аз он зиқ шавем, ки корҳоеро, ки одатан мекардем, акнун карда наметавонем. Дар чунин ҳолатҳои мушкил чӣ тавр Яҳува моро рӯҳбаланд месозад?

10. Мувофиқи Масалҳо 12:25 ҳангоми беморӣ чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?

10 Вақте ки мо беморем, «сухани меҳрубонона» моро хурсанд карда метавонад. (Масалҳо 12:25-ро хонед.) Яҳува дар Китоби Муқаддас ба мо бисёр суханони меҳрубонона гуфтааст ва онҳо исбот мекунанд, ки мо новобаста аз бемориамон барои Ӯ пурқиматем (Заб. 30:20; 40:4). Агар мо он суханонро хонем ва онҳоро доим ба худ хотиррасон карда истем, Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки бо ҳиссиёти манфӣ, ки аз сабаби беморӣ дар мо пайдо шудааст, мубориза барем.

11. Чӣ тавр як бародар кӯмаки Яҳуваро ҳис кард?

11 Мисоли бародар Хорхеро дида мебароем. Ӯ ҷавон бошад ҳам, ба бемории шадиде гирифтор шуд, ки он тез авҷ мегирифт. Аз ин беморӣ ӯ худро корношоям ва беқадр ҳис мекард. Ӯ намедонист, ки ин беморӣ боз ба вай чӣ хел таъсир мекунад. Азбаски афту андоми Хорхе аз таъсири беморӣ дигар шуда буд, дигарон ба ӯ нигоҳ мекарданд ва ӯ аз ин шарм медошт. Аз сабаби бемориаш ӯ ҳам дард мекашид ва ҳам зиқ буд. Хорхе мегӯяд: «Ман хеле рӯҳафтода будам, барои ҳамин зора зада аз Яҳува мадад мепурсидам». Яҳува ӯро чӣ тавр дастгирӣ кард? Ӯ мегӯяд: «Азбаски диққатамро ҷамъ кардан душвор буд, ман якчанд оятро аз китоби Забур хондам, ки дар бораи ғамхории Яҳува нисбати ходимонаш навишта шудааст. Ва ин маро хеле рӯҳбаланд кард. Баъди ин ман он оятҳоро ҳар рӯз такроран мехондам ва аз ин тасаллӣ меёфтам. Бо гузашти вақт дигарон пай бурданд, ки дар чеҳраам табассум зиёдтар шудааст. Онҳо ҳатто мегуфтанд, ки рӯҳияи мусбии ман онҳоро рӯҳбаланд мекунад. Ман дарк кардам, ки Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб дод. Ӯ ба ман ёрдам кард, ки назарамро нисбати худ дигар кунам. Ман бештар дар бораи суханони Яҳува фикр мекардам. Ӯ ба воситаи Каломаш маро боварӣ мебахшид, ки новобаста аз бемориам маро қадр мекунад».

12. Ҳангоми аз беморие азоб кашидан, чӣ тавр мо кӯмаки Яҳуваро ҳис карда метавонем?

12 Агар шумо аз беморие азоб кашед, дилпур бошед, ки Яҳува вазъияти шуморо хуб медонад. Ба Ӯ зориву илтиҷо кунед, то барои доштани рӯҳияи дуруст ба шумо ёрдам диҳад. Ва аз Китоби Муқаддас суханони меҳрубононаи Яҳуваро, ки барои шумо навиштааст, хонда ба худ ёдрас кунед. Диққататонро ба оятҳое равона созед, ки дар онҳо гуфта шудаанд, ки то чӣ андоза Яҳува ходимонашро қадр мекунад. Ин қадамҳоро гузошта шумо мебинед, ки Яҳува нисбати касоне, ки содиқона ба Ӯ хизмат мекунанд, то чӣ андоза меҳрубону ғамхор аст (Заб. 83:12).

ВАҚТЕ АЗ ҶИҲАТИ ИҚТИСОДӢ ДУШВОРӢ МЕКАШЕМ

Яҳува ваъда додааст, ки моро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад. Вақте мо дар ёфтани кор душворӣ мекашем, дар хотир нигоҳ доштани ин ваъдаи Яҳува ба мо қувват мебахшад (Ба сархатҳои 13–15 нигаред.)

13. Агар сардори оила корашро аз даст диҳад, дар ӯ чӣ гуна ҳиссиёт пайдо шуда метавонад?

13 Ҳар як сардори оила мехоҳад, ки оилаашро бо чизҳои зарурӣ таъмин карда тавонад. Вале тасаввур кунед, ки бародаре корашро аз даст медиҳад, ҳарчанд дар корхона аз ӯ айбе нагузаштааст. Вай хеле кӯшиш мекунад, ки кори дигар ёбад, аммо ёфта наметавонад. Аз ин вазъият рӯҳафтода шуда ӯ шояд худро беқадр ва ноӯҳдабаро ҳис кунад. Лекин диққати худро ба ваъдаҳои Яҳува равона кардан ба ӯ кӯмак карда метавонад. Чӣ тавр?

14. Аз кадом сабабҳо Яҳува ҳамеша ваъдаҳояшро иҷро мекунад?

14 Яҳува ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад (Еҳ. 21:45; 23:14). Барои ин Ӯ якчанд сабаб дорад. Сабаби аз ҳама муҳим ин аст, ки агар Ӯ ваъдаҳояшро иҷро накунад, ин ба номи некаш, яъне обрӯяш таъсир мекунад. Яҳува сухан кардааст, ки, албатта, дар ҳаққи хизматгорони содиқаш ғамхорӣ мекунад ва Ӯ барои иҷрои ин ваъдааш Худро ӯҳдадор меҳисобад (Заб. 30:1–3). Илова бар ин Яҳува медонад, ки агар Ӯ дар бораи мо — аъзои оилааш ғамхорӣ накунад, мо аз ин рӯҳафтода мешавем. Ӯ ваъда додааст, ки моро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ мекунад ва чизе Ӯро аз иҷрои ин ваъдааш боздошта наметавонад (Мат. 6:30–33; 24:45).

15. a) Масеҳиёни асри як бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуданд? б) Суханони Забур 36:18, 19 моро ба чӣ боварӣ мебахшад?

15 Агар дар хотир дорем, ки чаро Яҳува ҳамеша ваъдаашро иҷро мекунад, он гоҳ ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душвориҳои иқтисодӣ сахт рӯҳафтода намешавем. Дар бораи мисоли масеҳиёни асри як фикр кунед. Вақте дар Ерусалим таъқиботи сахт ба амал омад, «ҳамаи шогирдон, ғайр аз расулон... пароканда шуданд» (Аъм. 8:1). Тасаввур кунед, ки онҳо бо чӣ гуна душвории сахти иқтисодӣ дучор шуданд. Он масеҳиён аз афташ хонаву ҷо ва кори худро аз даст доданд. Вале Яҳува онҳоро напартофт. Онҳо хурсандии худро гум накарданд (Аъм. 8:4; Ибр. 13:5, 6; Яъқ. 1:2, 3). Яҳува он масеҳиёни содиқро дар мӯҳтоҷиашон дастгирӣ кард ва моро низ, албатта, дастгирӣ хоҳад намуд. (Забур 36:18, 19-ро хонед.)

ВАҚТЕ СИННУ СОЛАМОН БА ҶОЕ МЕРАСАД

Пиронсолон диққати худро ба он чизе ки қувваташон мерасад равона карда дилпур буда метавонанд, ки Яҳува онҳо ва хизмати содиқонаашонро қадр мекунад (Ба сархатҳои 16–18 нигаред.)

16. Аз чӣ сабаб шояд шахс фикр кунад, ки хизматаш барои Яҳува он қадар арзиш надорад?

16 Вақте ки синну соламон рафтан мегирад, мо шояд ҳис кунем, ки ба Яҳува кам хизмат карда истодаем. Шоҳ Довуд низ дар пиронсолиаш аз чунин фикр ба ташвиш меомад (Заб. 70:9). Дар ин вазъият чӣ тавр Яҳува ба мо ёрдам мекунад?

17. Мо аз мисоли хоҳар Ҷери чӣ омӯхта метавонем?

17 Биёед мисоли хоҳар Ҷериро дида бароем. Ӯро ба курси омӯзишӣ оид ба нигоҳубини ибодатгоҳ даъват намуданд, вале ӯ намехост, ки дар он иштирок кунад. Худи ӯ мегӯяд: «Ман акнун пир шудам ва бевазанам, ба болои ин ягон маҳорат надорам, ки Яҳува маро истифода барад. Аз ман чӣ фоида?!» Лекин як шаб пеш аз сар шудани он курси омӯзишӣ, ӯ ба Яҳува дар дуо дилашро холӣ кард. Рӯзи дигар вақте ӯ ба ибодатгоҳ омад, ҳоло ҳам дудила буд. Дар давоми барнома, яке аз нотиқон қайд кард, ки аз ҳама маҳорати муҳими мо ин бо омодагӣ аз Яҳува таълим гирифтан аст. «Ва ман ба худ гуфтам, ки чунин маҳоратро дорам.— мегӯяд, хоҳар Ҷери.— Ман дарк кардам, ки Яҳува ба дуоҳои ман ҷавоб дод ва аз ин гиряам омад. Ӯ маро боварӣ бахшид, ки ман чизи пурарзише дорам, ки ба Ӯ дода метавонам ва Ӯ бошад, тайёр аст, ки маро таълим диҳад». Гузаштаро ба хотир оварда Ҷери боз мегӯяд: «Ҳангоми саршавии курси омӯзишӣ ман худро асабӣ, рӯҳафтода ва паст ҳис мекардам, вале дар охири он бошад, боварӣ ба худам зиёд шуд ва ман худро рӯҳбаланд ва бо қадру қимат ҳис кардам».

18. Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Яҳува дар пиронсолиамон низ хизмати моро қадр мекунад?

18 Ҳатто ба синни пиронсолӣ расед ҳам, дилпур бошед, ки ҳоло ҳам дар хизмати Яҳува самар оварда метавонед (Заб. 91:13–16). Исо таълим медод, ки ҳарчанд имкониятҳои мо маҳдуд бошанд ҳам, ё кӯшишҳоямон ба назарамон кам тобанд ҳам, Яҳува ҳар он чизеро ки мо дар хизмати Ӯ карда метавонем, қадр мекунад (Луқ. 21:2–4). Аз ин рӯ диққататонро ба он чизе равона кунед, ки қуввататон мерасад. Масалан, шумо метавонед дар бораи Яҳува ба одамон нақл кунед, дар ҳаққи ҳамимонон дуо гӯед ва дигаронро ба содиқ мондан барангезед. Яҳува ба шумо чун ба ҳамкори Худ менигарад, ва барои Ӯ на миқдори хизмати шумо, балки бо омодагӣ ба Ӯ итоат карданатон аҳамияти калон дорад (1 Қӯр. 3:5–9).

19. Суханони Румиён 8:38, 39 моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?

19 Мо хеле хушбахтем, зеро Худоеро ибодат мекунем, ки қадри хизматгоронашро медонад. Ӯ моро офаридааст, ки хосташро иҷро кунем ва ин дар ҳақиқат ҳаёти моро пурмазмун мегардонад (Ваҳй 4:11). Ҳарчанд дар назари ин ҷаҳон мо қадру қимат надорем, Яҳува аз мо ор намекунад (Ибр. 11:16, 38). Азизон, биёед ҳангоми беморӣ, душвориҳои иқтисодӣ ё пиронсолӣ рӯҳафтода нашавем ва доим дар хотир дорем, ки ҳеҷ чиз моро аз муҳаббати Падари осмониамон маҳрум карда наметавонад. (Румиён 8:38, 39-ро хонед.)

^ сарх. 5 Оё шумо бо вазъиятҳое дучор шудаед, ки дар онҳо худро беқадр ҳис кардед? Ин мақола ба шумо хотиррасон мекунад, ки то чӣ андоза Яҳува шуморо қадр мекунад. Маслиҳатҳои ин мақола ба шумо кӯмак мекунанд, ки новобаста аз вазъияти ҳаёт худро беқадр нашуморед.

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп