МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2
Дарсҳо аз шогирде, ки «Исо вайро дӯст медошт»
«Эй азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, зеро муҳаббат аз Худост» (1 ЮҲ. 4:7).
СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»
ПЕШГУФТОР *
1. Аз донистани он ки Худо моро дӯст медорад, мо чӣ ҳис мекунем?
«ХУДО муҳаббат аст» — навишт Юҳаннои расул (1 Юҳ. 4:8). Ин гуфтаҳо ба мо ҳақиқати муҳимеро ёдрас мекунанд, ки Худо на танҳо Сарчашмаи ҳаёт, балки ҳамчунин Сарчашмаи муҳаббат аст. Яҳува моро дӯст медорад! Донистани ин ба мо ҳисси хотирҷамъӣ ва хурсандиву қаноатмандӣ мебахшад.
2. Мувофиқи Матто 22:37–40 ду амри муҳимтарин кадом аст ва чаро иҷро кардани амри дуюм мушкил буда метавонад?
2 Барои масеҳиён зоҳир кардани муҳаббат хоҳишмандӣ нест, балки амр аст. (Матто 22:37–40-ро хонед.) Вақте мо Яҳуваро нағз мешиносем, ба ҷо овардани амри аввал шояд бароямон осон мегардад. Охир, Ӯ комил аст ва ба мо ғамхору меҳрубон мебошад. Вале ба ҷо овардани амри дуюм мушкил буда метавонад. Чаро? Зеро бародару хоҳарони мо нокомиланд. Баъзан онҳо бо ягон сухан ва рафтори худ моро ранҷонданашон мумкин. Яҳува медонист, ки мо бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ мешавем, барои ҳамин Ӯ ба воситаи баъзе нависандагони Китоби Муқаддас ба мо маслиҳатҳои аниқ дода фаҳмондааст, ки чаро ва чӣ тавр мо бояд ба якдигар муҳаббат зоҳир кунем. Яке аз он нависандагон Юҳанно мебошад (1 Юҳ. 3:11, 12).
3. Юҳанно оиди чӣ таъкид кардааст?
3 Дар китобу номаҳояш Юҳанно гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки масеҳиён бояд муҳаббат зоҳир кунанд. Дар Инҷили худ вақте Юҳанно дар бораи ҳаёти Исо нақл мекунад, оиди «муҳаббат» назар ба се нависандаи дигари Инҷил зиёдтар сухан меронад. Ӯ он Инҷил ва се номаашро қариб дар синни садсолагиаш навишта буд. Он китобҳо ба мо таълим медиҳанд, ки ҳама корро мо бояд аз рӯйи муҳаббат кунем 1 Юҳ. 4:10, 11). Лекин ба худи Юҳанно вақт лозим буд, ки ин дарси муҳимро аз худ кунад.
(4. Оё Юҳанно ҳамеша ба одамон муҳаббат зоҳир мекард?
4 Дар ҷавониаш Юҳанно на ҳама вақт муҳаббат зоҳир мекард. Масалан, боре Исо бо шогирдонаш аз Сомария гузашта ба Ерусалим мерафтанд. Сокинони як қишлоқи сомарӣ онҳоро ба меҳмонӣ қабул кардан нахостанд. Юҳанно чӣ кор кард? Ӯ ва бародараш Яъқуб ба Исо пешниҳод карданд, ки аз осмон оташ пурсанд, то он омада сокинони Сомарияро несту нобуд кунад (Луқ. 9:52–56). Дар мавриди дигар бошад, Юҳанно бо расулони дигар аз рӯйи муҳаббат рафтор накард. Ӯ ва бародараш Яъқуб модарашонро ба миён дароварда аз Исо хоҳиш карданд, ки дар Подшоҳиаш ба онҳо ҷойҳои намоёнро диҳад. Вақте расулони дигар дар ин бора фаҳмиданд, онҳо ба хашм омаданд (Мат. 20:20, 21, 24). Лекин ба ҳамаи ин хатогиҳои Юҳанно нигоҳ накарда Исо ӯро дӯст медошт (Юҳ. 21:7).
5. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
5 Дар мақолаи мазкур мо намунаи Юҳанно ва баъзе суханонеро, ки ӯ дар бораи муҳаббат навишта буд, дида мебароем. Дар рафти ин муҳокима мо боз мефаҳмем, ки чӣ тавр ба бародару хоҳаронамон муҳаббат нишон дода метавонем. Инчунин мефаҳмем, ки бо кадом роҳи муҳим сардори оила ба зану фарзандонаш муҳаббати худро зоҳир карда метавонад.
ЧӢ ТАВР МУҲАББАТ ЗОҲИР КУНЕМ?
6. Чӣ тавр Яҳува муҳаббаташро ба мо нишон додааст?
6 Мо одатан фикр мекунем, ки муҳаббат ин фақат доштани ҳиссиёти гарм ё бо суханони хуб баён кардани он мебошад. Вале, агар мо ҳақиқатан дигаронро дӯст дорем, мо муҳаббатамонро дар амал низ нишон медиҳем. (Бо Яъқуб 2:17, 26 муқоиса кунед.) Масалан, Яҳува моро дӯст медорад (1 Юҳ. 4:19). Ва Ӯ ин муҳаббати Худро бо суханони зебо дар Каломаш баён кардааст (Заб. 24:10; Рум. 8:38, 39). Лекин мо медонем, ки Ӯ моро на танҳо дар сухан дӯст медорад, балки муҳаббати Худро бо аъмолаш низ нишон медиҳад. Юҳанно навишт: «Муҳаббати Худо нисбати мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаашро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи ӯ ҳаётро ба даст орем» (1 Юҳ. 4:9). Яҳува гузошт, ки Писараш баҳри мо азоб кашад ва бимирад (Юҳ. 3:16). Аз ин рӯ мо як зарра ҳам шубҳа надорем, ки Яҳува моро дӯст медорад.
7. Исо барои исбот кардани муҳаббате, ки ба пайравонаш дошт, чӣ кор кард?
7 Исо низ ба шогирдони худ мегуфт, ки онҳоро дӯст медорад (Юҳ. 13:1; 15:15). Ӯ ин муҳаббаташро на танҳо дар сухан, балки бо амалаш исбот кард. «Муҳаббати бузургтар аз ин нест, ки касе ҷони худро барои дӯстонаш фидо кунад» — гуфт ӯ (Юҳ. 15:13). Мулоҳиза оиди он ки Яҳува ва Исо барои мо чӣ кор карданд, ба мо бояд чӣ гуна таъсир расонад?
8. Мувофиқи 1 Юҳанно 3:18 мо бояд чӣ кор кунем?
8 Мо ба Исо ва Яҳува итоаткорӣ нишон дода бо ин исбот мекунем, ки онҳоро дӯст медорем (Юҳ. 14:15; 1 Юҳ. 5:3). Исо аниқу равшан ба мо амр додааст, ки ҳамдигарро дӯст дорем (Юҳ. 13:34, 35). Ин муҳаббати мо на танҳо дар сухан, балки дар корҳоямон низ бояд аён гардад. (1 Юҳанно 3:18-ро хонед.) Масалан, бо кадом корҳоямон мо исбот карда метавонем, ки онҳоро дӯст медорем?
БАРОДАРУ ХОҲАРОНРО ДӮСТ ДОРЕД
9. Юҳанно аз муҳаббат чӣ гуна фидокорӣ зоҳир кард?
9 Юҳанно метавонист бо падараш монда касби моҳигириро давом диҳад ва пули зиёд кор кунад. Аммо ӯ боқимондаи ҳаёташро ба он бахшид, ки ба дигарон ҳақиқатро дар бораи Яҳува ва Исо таълим диҳад. Ин роҳи интихобкардаи Юҳанно осон набуд. Ӯ бо таъқибот дучор шуд ва дар пиронсолӣ, дар охири асри як ӯро ба ҷазирае бадарға карданд (Аъм. 3:1; 4:1–3; 5:18; Ваҳй 1:9). Юҳанно ҳатто вақти дар ҳабс буданаш дар бораи дигарон фикр мекард. Масалан, дар ҷазираи Патмос дар зиндон ӯ китоби Ваҳйро навишт ва онро ба ҷамъомадҳо фиристод, то онҳо аз чизе, ки «бояд ба қарибӣ» рӯй медод, бохабар бошанд (Ваҳй 1:1). Сипас, эҳтимол баъди аз он ҷо озод шудан, Юҳанно Инҷили худро навишт, ки ҳаёт ва хизмати Исоро дар бар мегирад. Инчунин ӯ се нома навишт, то ки бародарон ва хоҳарони ҷамъомадро рӯҳбаланд кунад ва имонашонро қавӣ гардонад. Чӣ тавр мо ба муҳаббату фидокории Юҳанно пайравӣ карда метавонем?
10. Чӣ тавр шумо исбот карда метавонед, ки одамонро дӯст медоред?
10 Шумо низ метавонед бо интихоб кардани роҳи ҳаёти худ ба одамон муҳаббататонро нишон диҳед. Ҷаҳони Шайтон мехоҳад, ки шумо танҳо дар бораи худ фикр кунед ва ҳама вақту қуввататонро барои пул кор кардан ва шахси баобрӯ гаштан сарф кунед. Аммо воизони хушхабар дар саросари ҷаҳон вақти бештари худро ба мавъизаи хушхабар сарф мекунанд ва ба одамон барои ба Яҳува наздик шудан ёрӣ медиҳанд. Баъзеҳо ҳатто имконият доранд, ки пурра бо кори мавъиза ва шогирдсозӣ банд бошанд.
11. Чӣ тавр бисёр воизон муҳаббаташонро ба Яҳува ва бародару хоҳарон нишон медиҳанд?
11 Бисёр масеҳиёни содиқ барои таъмин кардани худ ва оилаашон маҷбуранд, ки рӯзи дароз кор кунанд. Лекин ба ин нигоҳ накарда онҳо ташкилоти Яҳуваро бо ҳар роҳ дастгирӣ мекунанд. Масалан, баъзе воизон имконият доранд, ки ба осебдидагони офатҳои табиӣ ёрӣ диҳанд, дигарон дар лоиҳаҳои сохтмонӣ иштирок мекунанд ва ҳар як кас метавонад фаъолияти умумиҷаҳонии ташкилотро бо хайрияҳои худ дастгирӣ кунад. Ин корҳоро онҳо аз рӯйи муҳаббат ба Худо ва одамон мекунанд. Ҳар ҳафта мо муҳаббатамонро ба бародару хоҳарон бо он нишон медиҳем, ки ба ҷамъомадҳо меравем ва дар онҳо иштирок мекунем. Мо хаста шуда бошем ҳам, ба он вохӯриҳо меравем. Шояд мо ба шарму ҳаяҷон нигоҳ накарда ҷавоб медиҳем. Ҳарчанд ҳар яки мо проблемаҳои худро дорем, мо пеш аз ҷамъомад ва баъди он дигаронро рӯҳбаланд мекунем (Ибр. 10:24, 25). Мо барои ҳар коре, ки ин ҳамимонони азизамон мекунанд, хеле миннатдорем!
12. Юҳанно муҳаббаташро ба бародару хоҳарон боз бо кадом роҳ нишон медод?
1 Юҳ. 1:8–2:1, 13, 14). Мисли ӯ мо бояд бародару хоҳаронро барои корҳои хубашон таъриф кунем. Лекин, агар бинем, ки касе ба роҳи нодуруст қадам монданӣ аст ё одати бад пайдо карда истодааст, он гоҳ мо бо мулоимӣ ба ӯ маслиҳати лозима дода бо ин ба ӯ муҳаббатамонро нишон медиҳем. Албатта, барои ислоҳ кардани дӯсти худ боҷуръат будан лозим аст, аммо Китоби Муқаддас мегӯяд, ки чи хеле ки «оҳан оҳанро тез мекунад», дӯстони ҳақиқӣ низ якдигарро беҳтар ё ислоҳ мекунанд (Мас. 27:17).
12 Юҳанно муҳаббати худро ба бародару хоҳарон бо он исбот мекард, ки онҳоро на танҳо таъриф менамуд, балки ҳамчунин насиҳат мекард. Масалан, дар номаҳояш Юҳанно бародару хоҳаронро барои имон ва корҳои некашон таъриф кард, вале ҳамчунин ба таври ҷиддӣ насиҳат дод, ки гуноҳ накунанд (13. Чӣ кор накардан аз рӯйи муҳаббат аст?
13 Баъзан бо накардани ягон кор мо муҳаббатамонро ба бародару хоҳарон нишон медиҳем. Масалан, мо аз суханони онҳо даррав хафа намешавем. Дар бораи воқеае, ки дар давоми ҳаёти заминии Исо рӯй дод, фикр кунед. Ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки барои соҳиби ҳаёт шудан онҳо бояд бадани ӯро хӯранд ва хунашро нӯшанд (Юҳ. 6:53–57). Аз ин суханони Исо бисёри шогирдонаш ба даҳшат омада ӯро тарк карданд, лекин дӯстони вафодораш, аз он ҷумла Юҳанно бо ӯ монданд. Онҳо низ гуфтаҳои Исоро нафаҳмиданд ва шояд ҳайрон шуданд. Вале он шогирдони содиқ фикр накарданд, ки суханони Исо хато буд ва хафа нашуданд. Онҳо ба Исо боварӣ доштанд, зеро медонистанд, ки ӯ ҳақиқатро мегӯяд (Юҳ. 6:60, 66–69). Дарс барои мо ин аст, ки аз сухани дӯстонамон зуд наранҷем. Ба ҷои ин хуб мебуд, пурсем, ки онҳо чиро дар назар доштанд (Мас. 18:13; Воиз 7:9).
14. Чаро мо набояд гузорем, ки дар диламон нисбати бародару хоҳарон нафрат пайдо шавад?
14 Юҳанно инчунин моро насиҳат кардааст, ки аз бародару хоҳарон нафрат накунем. Агар мо ба ин насиҳат гӯш надиҳем, Шайтон метавонад ба мо таъсир расонад (1 Юҳ. 2:11; 3:15). Дар охири асри яки милодӣ бо баъзе масеҳиён чунин рӯй дод. Шайтон ҳар кори дасташ меомадаро мекард, то дар байни халқи Худо тухми нафрат ва ҷудоӣ корад. Вақте Юҳанно номаҳояшро менавишт, ба ҷамъомад одамоне роҳ ёфта буданд, ки мисли Шайтон рафтор мекарданд. Масалан, Диютрифас дар ҷамъомад ҷудоӣ меандохт. Ӯ ба пироне, ки аз тарафи ҳайати роҳбарикунанда барои хабаргирии ҷамъомадҳо фиристода мешуданд, беҳурматӣ мекард. Ӯ ҳатто касонеро, ки он бародаронро меҳмоннавозӣ мекарданд, аз ҷамъомад пеш карданӣ мешуд. Ин кор аз чорчӯбаи одамгарӣ тамоман берун буд! (3 Юҳ. 9, 10). Шайтон то ҳол бо тамоми қувват мекӯшад, ки дар байни халқи Худо ягонагиро вайрон кунад. Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки дар диламон нисбати бародару хоҳарон нафрат пайдо шавад ва ягонагӣ аз даст равад.
ОИЛАИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕД
15. Сардори оила чиро бояд дар ёд дорад?
15 Як роҳи муҳиме, ки сардори оила ба хонаводааш муҳаббати худро нишон медиҳад, ин қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмонии онҳо аст (1 Тим. 5:8). Аммо ӯ бояд дар хотир дорад, ки қонеъ кардани ниёзи рӯҳонии онҳо аз ин ҳам муҳимтар аст (Мат. 5:3). Аҳамият диҳед, ки Исо ба сардорони оила чӣ намунаи хуб гузоштааст. Мувофиқи Инҷили Юҳанно Исо ҳатто вақте ки дар сутуни азобу шиканҷа дар дами марг буд, дар бораи оилааш фикр мекард. Дар он наздикӣ Юҳанно ҳамроҳи модари Исо Марям меистод. Ҳарчанд, Исо аз дарди ҷонгудоз азоб мекашид, ӯ аз Юҳанно хоҳиш кард, ки дар бораи модараш Марям ғамхорӣ кунад (Юҳ. 19:26, 27). Исо додару хоҳарони ҳамхун дошт, ки онҳо бешубҳа дар бораи ниёзҳои ҷисмонии модарашон ғамхорӣ мекарданд, вале аз афташ он вақт ҳеҷ кадоми онҳо ҳоло шогирди Исо нашуда буданд. Барои ҳамин Исо хотирҷамъ будан мехост, ки дар бораи ниёзҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии модараш ғамхорӣ карда мешавад.
16. Юҳанно чӣ гуна ӯҳдадориҳо дошт?
16 Юҳанно ӯҳдадориҳои зиёд дошт. Азбаски ӯ яке аз расулон буд, вай бояд дар кори мавъиза ҷидду ҷаҳд мекард. Инчунин ӯ шояд оиладор буд, барои ҳамин бояд оилаашро таъмин мекард ва барои рӯҳан устувор мондани онҳо низ ёрӣ медод (1 Қӯр. 9:5). Имрӯз сардорони оила аз ӯ чӣ омӯхта метавонанд?
17. Чӣ тавр сардори оила нишон дода метавонад, ки аҳли оилаашро дӯст медорад?
17 Бародаре, ки сардори оила аст, шояд вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад. Масалан, дар ҷойи кор ӯ бояд боғайратона меҳнат кунад, то бо рафтораш Яҳуваро ҷалол диҳад (Эфс. 6:5, 6; Тит. 2:9, 10). Мумкин ӯ пир ё хизматгузори ҷамъомад аст ва бояд ба бародару хоҳарон ғамхорӣ кунад ва дар кори мавъиза роҳбарӣ намояд. Вале, ҳамзамон ба ӯ муҳим аст, ки мунтазам бо зану фарзандонаш Китоби Муқаддасро омӯзиш кунад, зеро бо ин роҳ ба онҳо муҳаббати худро нишон медиҳад. Вақте ӯ барои аз ҷиҳати моддӣ, эмотсионалӣ ва рӯҳонӣ дастгирӣ кардани хонаводааш кӯшиш мекунад, онҳо инро хеле қадр мекунанд (Эфс. 5:28, 29; 6:4).
«ДАР МУҲАББАТИ МАН БИМОНЕД»
18. Юҳанно ба чӣ боварӣ дошт?
18 Юҳанно умри дароз дид ва ҳаёташ пур аз воқеаҳои ҳаяҷонбахш буд. Ӯ ҳамчунин бо бисёр душвориҳо дучор шуд, ки имони ӯро суст карда метавонистанд. Лекин ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба амрҳои Исо итоат кунад, аз ҷумла ба амр оиди дӯст доштани бародару хоҳарон. Аз ин сабаб Юҳанно боварӣ дошт, ки Яҳува ва Исо ӯро дӯст медоранд ва ба ӯ барои тоб овардан ба ҳар гуна мушкилиҳо қувват мебахшанд (Юҳ. 14:15–17; 15:9, 10; 1 Юҳ. 4:16). Шайтон ва ҷаҳони вай Юҳанноро аз дӯст доштани бародару хоҳарон боздошта натавонист; ӯ ҳама вақт ин муҳаббаташро бо сухан ва амалаш ба онҳо зоҳир мекард.
19. Ояти 1 Юҳанно 4:7 моро ба чӣ даъват мекунад ва чаро?
19 Мо ҳам мисли Юҳанно дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки ҳокими он Шайтон ҳеҷ касро дӯст намедорад (1 Юҳ. 3:1, 10). Ӯ мехоҳад, ки мо дӯст доштани бародару хоҳаронамонро бас кунем, вале агар мо ба вай роҳ надиҳем, байни мо ҷудоӣ андохта наметавонад. Биёед нагузорем, ки муҳаббатамон ба ҳамимонон суст шавад ва ин муҳаббатро бо сухан ва корҳоямон ба онҳо нишон диҳем. Он гоҳ мо аз он хурсандӣ мекунем, ки аъзои оилаи Яҳува ҳастем ва аз ҳаёт ҳақиқатан хушнуду қаноатманд хоҳем буд. (1 Юҳанно 4:7-ро хонед.)
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
^ сарх. 5 Аз афташ Юҳанно ҳамон шогирде буд, ки «Исо вайро дӯст медошт» (Юҳ. 21:7). Пас, гуфтан мумкин аст, ки Юҳанно ҳатто дар ҷавонӣ бисёр хислатҳои олиҷаноб дошт. Дар пиронсолиаш Яҳува бо воситаи ӯ дар бораи муҳаббат бисёр чизҳоро навишт. Дар ин мақола мо баъзе гуфтаҳои Юҳанноро дида мебароем ва мефаҳмем, ки аз намунаи ӯ чӣ дарс гирифта метавонем.
^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Сардори оила ба серкориаш нигоҳ накарда ба осебдидагони офати табиӣ кӯмак мерасонад, бо хайрияҳо кори умумиҷаҳонии мавъизаро дастгирӣ мекунад ва дигаронро даъват мекунад, ки ба ӯ ва зану фарзандонаш дар ибодати оилавӣ ҳамроҳ шаванд.