МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1
Ором бошед ва ба Яҳува таваккал кунед
ОЯТИ СОЛОНАИ 2021: Ором будан ва ба Яҳува таваккал кардан қуввати шумо аст (ИШ. 30:15, ТДН).
СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо
ПЕШГУФТОР *
1. Мисли шоҳ Довуд баъзеи мо аз чӣ шояд оҳу нола мекунем?
ҲАМАИ мо ҳаёти орому осуда доштан мехоҳем. Ташвишу хавотирӣ ба ҳеҷ кас маъқул нест. Вале баъзан мо худро ошуфтаю парешон ҳис мекунем. Баъзе хизматгорони Яҳува мисли шоҳ Довуд шояд ба Худо оҳу нола карда мегӯянд: «То ба кай дар ҷонам андешаҳои ҳузнангез [ғамангез] ва дар дилам ҳар рӯз ғаму ғусса дошта бошам?» (Заб. 12:3).
2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
2 Имрӯз аз ташвишу хавотирӣ пурра озод будан ғайриимкон аст, вале мо ин гуна ҳиссиётро ба андозае идора карда метавонем. Дар ин мақола мо аввал муайян мекунем, ки кадом чизҳо моро ноором карда метавонанд. Сипас, дида мебароем, ки ҳангоми душвориҳо кадом шаш чиз ба мо барои ором мондан кӯмак мекунанд.
ЧӢ МОРО БА ИЗТИРОБ ОВАРДА МЕТАВОНАД?
3. Кадом чизҳо моро ба ташвиш меоранд ва оё мо аз онҳо даргурез буда метавонем?
3 Моро бисёр чизҳо ба ташвиш оварда метавонанд. Рӯй додани баъзеи онҳо аз мо вобаста нест. Масалан, мо ҳар сол чӣ қадар баланд шудани нарху навои хӯрока, пӯшока ва иҷорапулии хонаро идора карда наметавонем; мо намедонем, ки ҳамкорон ё ҳамсинфонамон чанд бор моро ба беинсофӣ ё бадахлоқии ҷинсӣ тела доданӣ мешаванд. Инчунин мо одамони маҳалламонро аз ҷинояткорӣ боздошта наметавонем. Сабаби ин душвориҳоямон дар он аст, ки мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки аксари одамон аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас амал намекунанд. Боз як сабабаш дар он аст, Мат. 13:22; 1 Юҳ. 5:19). Бешубҳа, ҷаҳон пур аз душвориҳост, ки одамонро ба ташвишу изтироб меоранд.
ки худои ин ҷаҳон Шайтон мехоҳад моро ба ташвишҳои зиндагӣ андармон сохта аз хизмати Яҳува боздорад (4. Агар мо ба ғаму ташвиш дода шавем, бо мо чӣ рӯй доданаш мумкин?
4 Мо баъзан аз душвориҳои худ чунон безобита мешавем, ки дигар дар бораи ҳеҷ чиз фикр карда наметавонем. Масалан, шояд мо ба ташвиш оем, ки агар барои таъмини худ пули лозима кор карда натавонем, ё касал шуда ба кор рафта натавонем ва корамонро аз даст диҳем, баъд чӣ мешавад. Мумкин боз аз он ба ташвиш оем, ки баногоҳ ба васваса дода шуда қонуни Худоро нашиканем ва ба Ӯ бевафоӣ накунем. Ба наздикӣ одамоне, ки зери таъсири Шайтонанд, ба халқи Худо ҳамла меоранд, аз ин рӯ мо шояд ғам мехӯрем, ки он вақт чӣ тавр рафтор мекунем. Савол ба миён меояд, ки оё дар бораи ин чизҳо ғам хӯрдан дуруст аст?
5. Вақте Исо «дигар... ташвиш накашед» гуфт, ӯ чиро дар назар дошт?
5 Мо медонем, ки Исо ба пайравонаш чунин гуфт: «Дигар... ташвиш накашед» (Мат. 6:25). Оё Исо гуфтанӣ буд, ки мо умуман ташвиш накашем? Не. Ба андозае ғаму ташвиш хӯрдан нодуруст нест. Зеро дар замони пеш низ баъзе хизматгорони содиқи Яҳува ба ташвишу изтироб меомаданд, вале Яҳува аз онҳо норозӣ намешуд * (3 Подш. 19:4; Заб. 6:4). Исо бо он суханонаш дар асл ба мо оромӣ бахшиданӣ буд. Ӯ намехост, ки мо оиди ба даст овардани чизҳои зарурӣ аз ҳад зиёд ташвиш кашем ва дар ҳаётамон хизмати Яҳуваро дар ҷойи дуюм монем. Пас, бо кадом роҳҳо мо ташвишу изтироби худро кам карда метавонем? (Ба чорчӯбаи «Чӣ ба мо оромӣ мебахшад?» нигаред.)
ШАШ ЧИЗЕ, КИ БАРОИ ОРОМ МОНДАН КӮМАК МЕКУНАД
6. Мувофиқи Филиппиён 4:6, 7 чӣ ба мо оромӣ мебахшад?
6 1) Зуд-зуд дуо гӯед. Агар шуморо ягон душворӣ ноором созад, ба Яҳува дуо гуфта кӯмак пурсед (1 Пет. 5:7). Дар ҷавоби дуоҳоятон Худо метавонад ба шумо осоиштагие бахшад, ки «аз ҳар фикр[-и одамӣ] болотар аст». (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.) Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддаси пурқудраташ дили ба изтироб омадаи шуморо ором месозад (Ғал. 5:22).
7. Дар бобати дуо гуфтан чиро бояд дар хотир дошт?
7 Вақте ба Яҳува дуо мегӯед, дилатонро ба Ӯ пурра холӣ кунед. Дар дуо аниқ гӯед, ки чӣ душворӣ доред ва чаро он шуморо ба ташвиш меорад. Агар он ҳалшаванда бошад, барои бартараф карданаш аз Худо хирад ва қувват пурсед. Лекин раваду ҳалли душворӣ аз шумо вобаста набошад-чӣ? Он гоҳ аз Яҳува мадад пурсед, то тавонед худро ба даст гиред ва аз ҳад зиқ нашавед. Вақте шумо дар дуоҳоятон ташвишҳои худро аниқ баён мекунед, бо гузашти вақт ҷавоби Яҳуваро равшантар мебинед. Агар Яҳува ба дуоятон даррав ҷавоб надиҳад, дуо гуфтанро бас накунед. Зеро Яҳува мехоҳад, ки мо на танҳо дар бораи чизи аниқ дуо гӯем, балки дар дуогӯйӣ боисрор бошем. Яъне дуо гуфтанро давом диҳем ва ноумед нашавем (Луқ. 11:8–10).
8. Дар дуоҳоямон боз чиро баён кардан хуб мебуд?
8 Вақте шумо ба Яҳува оиди ғаму ташвишҳоятон дуо мегӯед, ба Ӯ миннатдорӣ низ баён намоед. Хуб мебуд, ки баракатҳоеро, ки Яҳува ба мо додааст, шуморем, ҳатто вақте ки вазъиятамон хеле душвор аст. 2 Вақ. 18:31; Рум. 8:26).
Лекин чӣ бояд кард, агар аз парешонҳоливу изтироб дар дуо чӣ гуфтанатонро надонед? Шумо метавонед ба Яҳува «Илтимос, ёрдам кун!» гуфта дуо гӯед, зеро бешубҳа, Ӯ ҳатто ба чунин дуоҳои кӯтоҳ ҷавоб медиҳад (9. Вақте мо ба тарсу ҳарос меоем, бояд чӣ кор кунем?
9 2) Ба хиради Яҳува такя кунед, на ба хиради худ. Дар замони Ишаъё-пайғамбар мардуми Яҳудо ба ҳарос омаданд, ки ашшуриён ба онҳо ҳамла меоранд. Барои он ки зери юғи ашшуриён наафтанд, мардуми Яҳудо аз мисриёни бутпараст кӯмак пурсиданд (Иш. 30:1, 2). Яҳува пешакӣ онҳоро огоҳ кард, ки ба Миср такя карданашон оқибати хуб намеорад (Иш. 30:7, 12, 13). Яҳува тавассути Ишаъё-пайғамбар ба онҳо гуфт, ки чӣ тавр онҳо дар ҳақиқат аз хатар эмин буда метавонанд. Ӯ гуфт: «Ором будан ва ба ман таваккал кардан қуввати шумо хоҳад буд» (Иш. 30:15б, ТДН).
10. Дар кадом ҳолатҳо маълум мегардад, ки мо ба Яҳува таваккал мекунем? Мисол оред.
10 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба Яҳува таваккал мекунем? Баъзе мисолҳо меорем. Фарз кардем, ба шумо кореро пешкаш мекунанд, ки маошаш хуб аст, лекин ба шумо лозим меояд, ки соатҳои дароз кор кунед ва аз пушти ин кор шумо ба Яҳува мисли ҳозира хизмат карда наметавонед. Ё масалан, касе дар ҷойи коратон ба шумо ошиқона муносибат мекунад, вале ӯ ходими таъмидёфтаи Яҳува нест. Ё фарз кардем, шахси наздикатон ба шумо қатъиян мегӯяд: «Интихоб кун: “Ё ман ё динат!”» Дар ҳар яки ин ҳолат ба шумо қарори дуруст қабул кардан душвор аст, вале Яҳува ҳамеша ба шумо роҳнамоии лозима медиҳад (Мат. 6:33; 10:37; 1 Қӯр. 7:39). Ҳама гап дар сари он аст, ки оё шумо ба Яҳува таваккал мекунед ва роҳнамоии Ӯро қабул менамоед?
11. Омӯхтани кадом воқеаҳои Китоби Муқаддас ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар вақти таъқибот ором монем?
11 3) Аз мисолҳои хуб ва бад дарс гиред. Дар Китоби Муқаддас бисёр воқеаҳо навишта шудаанд, ки муҳиммияти ором мондан ва ба Яҳува таваккал карданро нишон медиҳанд. Вақте ин воқеаҳоро мехонед, аҳамият диҳед, ки ба хизматгорони Худо ҳангоми бо муқобилияти сахт дучор шудан чӣ кӯмак мекард, ки ором монанд. Масалан, вақте суди олии яҳудӣ ба расулон фармон дод, ки мавъиза карданро бас кунанд, расулон натарсиданд. Баръакс, онҳо далерона гуфтанд: «Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем, на ба одамон» (Аъм. 5:29). Расулони Исо ҳатто баъди қамчинкорӣ шуданашон ба ҳарос наафтоданд. Чаро? Зеро онҳо медонистанд, ки Яҳува дар тарафи онҳост ва аз онҳо розӣ аст. Барои ҳамин онҳо мавъизаи хушхабарро давом доданд (Аъм. 5:40–42). Монанди ин, вақте душманон шогирди Исо Истефанусро куштанӣ шуданд, ӯ чунон орому осуда буд, ки «рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта» менамуд (Аъм. 6:12–15). Сабаб дар чӣ буд? Вай боварӣ дошт, ки Яҳува аз ӯ розӣ аст.
12. Мувофиқи 1 Петрус 3:14 ва 4:14 чаро мо ҳангоми таъқибот хурсанд буда метавонем?
12 Расулон аниқ ҳис мекарданд, ки Яҳува бо онҳо аст. Ӯ ба онҳо қудрати мӯъҷиза карданро ато карда буд (Аъм. 5:12–16; 6:8). Имрӯз ба мо ин гуна қудрат дода нашудааст. Вале Яҳува ба воситаи Каломаш мегӯяд, ки вақте мо барои росткориамон азоб мекашем, мо аз он хурсанд буда метавонем, ки Худо аз мо розӣ аст ва рӯҳи муқаддасаш бо мост. (1 Петрус 3:14; 4:14-ро хонед.) Пас, мо набояд ғам хӯрда ба ташвиш оем, ки оянда вақте бо таъқибот дучор мешавем, чӣ кор мекунем. Ба ҷойи ин, хуб мебуд ҳар кори аз дастамон меомадаро карда имонамонро ба он мустаҳкам кунем, ки Яҳува ҳатман моро дастгирӣ мекунад ва наҷот медиҳад. Мисли он шогирдони пешин мо бояд ба ваъдаи зерини Исо боварӣ дошта бошем: «Ман ба шумо қобилияти суханронӣ ва хирад медиҳам, ба тавре ки душманонатон якҷоя шаванд ҳам, наметавонанд ба шумо зиддият нишон диҳанд ё ба муқобилатон чизе гӯянд». Боз Исо чунин ваъда додааст: «Бо истодагарии худ ҳаётатонро нигоҳ хоҳед дошт» (Луқ. 21:12–19). Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед: агар хизматгорони Яҳува барои садоқатмандиашон ҷони худро аз даст диҳанд ҳам, Яҳува ҳар як хусусияти хурдтарини онҳоро дар ёдаш нигоҳ медорад. Барои ҳамин онҳоро айнан бо он хусусиятҳо эҳё хоҳад кард.
13. Аз дида баромадани мисоли онҳое, ки оромиро аз даст доданд ва ба Яҳува такя накарданд, мо чӣ дарс мегирем?
13 Мо ҳамчунин аз мисоли шахсоне дарс гирифта метавонем, ки оромиро аз даст доданд ва ба Яҳува таваккал накарданд. Мулоҳиза оиди чунин намунаҳо ба мо кӯмак мекунад, ки хатои онҳоро такрор накунем. Масалан, вақте ба Яҳудо лашкари азими ҳабашиён ҳуҷум овард, шоҳ Осо ба Яҳува такя кард ва бо ёрии Ӯ ғалаба ба даст овард (2 Вақ. 14:9–12). Аммо баъдтар, бар зидди ӯ шоҳи Исроил Баъшо баромад, ки лашкараш он қадар бисёр набуд. Ин дафъа Осо ба ҷойи ба Яҳува таваккал кардан ба арамиён пул дод, то ба вай кӯмак кунанд (2 Вақ. 16:1–3). Дар охири ҳаёташ бошад, ӯ сахт бемор шуд ва дар он маврид ҳам кӯмаки Яҳуваро наҷуст (2 Вақ. 16:12).
14. Мо аз хатогии шоҳ Осо чӣ меомӯзем?
14 Осо дар аввал, ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуданаш аз Яҳува кӯмак меҷуст. Вале баъдтар ӯ ба Худо такя карданро бас кард ва душвориҳояшро худаш ҳал карданӣ мешуд. Нақшаи Осо оиди аз арамиён кӯмак пурсидан ба назар натиҷаи хеле хуб дод. Вале сулҳу осоиштагие, ки Осо бо ин роҳ ба даст овард, дер давом накард. Яҳува ба воситаи як пайғамбар ба Осо чунин гуфт: «Азбаски ту ба подшоҳи Арам таваккал кардӣ, валекин ба Худованд Худои худ таваккал накардӣ, бинобар ин лашкари подшоҳи Арам аз дасти ту раҳо шуд» (2 Вақ. 16:7). Мо бояд эҳтиёт шавем ва худбоварона фикр накунем, ки мушкилиҳоямонро бе роҳнамоии Яҳува ва Каломаш худамон ҳал карда метавонем. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки зуд қарор қабул кардан лозим аст, мо бояд ором монда аз Яҳува роҳнамоӣ ҷӯем ва ба Ӯ такя кунем ва Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад, ки қарори дуруст барорем.
15. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо чӣ кор карда метавонем?
15 4) Оятҳои Китоби Муқаддасро аз ёд кунед. Дар вақти хондани Китоби Муқаддас оятҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо нишон медиҳанд, ки ором мондан ва ба Яҳува такя кардан ба мо қувват мебахшад. Кӯшиш кунед, ки чунин оятҳоро аз ёд кунед. Агар шумо онҳоро бо овоз хонед ё нависта гирифта ба онҳо зуд-зуд назар кунед, аз ёд карданатон осонтар мешавад. Яҳува ба Еҳушаъ амр дода буд, ки барои бохирадона амал кардан Шариати Ӯро ҳама вақт нимовоз хонад. Ин ёдраскуниҳо ҳамчунин ба ӯ кӯмак мекарданд, ки ба тарс дода нашуда далерона халқи Худоро роҳбарӣ кунад (Еҳ. 1:8, 9). Бисёр оятҳои Каломи Худо ба шумо ёрӣ дода метавонанд, ки дар ҳолатҳое, ки одатан тарсу хавотириро ба миён меоранд, оромӣ ҳис кунед (Заб. 26:1–3; Мас. 3:25, 26).
16. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи ҷамъомад ба мо кӯмак мекунад, ки ором монем ва ба Ӯ таваккал кунем?
16 5) Бо халқи Худо муошират кунед. Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон ба мо ёрдам мекунад, ки ором монем ва ба Ӯ таваккал кунем. Масалан, дар вохӯриҳои ҷамъомад мо Ибр. 10:24, 25). Инчунин вақте мо ба ягон дӯсти боваринокамон аз ҷамъомад дар бораи ташвишу хавотириамон нақл мекунем, аз ин оромиву рӯҳбаландӣ мегирем. «Сухани меҳрубонона»-и дӯст таъсири калон дошта метавонад ва бори дили касро сабук мекунад (Мас. 12:25).
аз шунидани нутқҳо, шарҳҳои бародару хоҳарон ва муоширати рӯҳбаландкунандаи онҳо қувват меёбем (17. Мувофиқи Ибриён 6:19 чӣ тавр умед ба Подшоҳии Худо ба мо кӯмак мекунад, ки дар вақтҳои мушкил ором монем?
17 6) Умедатонро қавӣ нигоҳ доред. Умеди мо ба Подшоҳии Худо «барои ҷонҳои мо чун лангари боваринок ва мустаҳкам» аст ва он ба мо кӯмак мерасонад, ки дар вақтҳои мушкил ором монем. (Ибриён 6:19-ро хонед.) Яҳува ваъда додааст, ки дар оянда ҳеҷ чиз шуморо ба ташвиш намеорад; дар бораи ин ваъда мулоҳиза ронед (Иш. 65:17). Худро дар дунёи осуда — дар биҳишт тасаввур кунед, ки он ҷо ягон чизи бад ва ғамангез рӯй намедиҳад (Мико 4:4). Оиди дунёи нав ба дигарон гап задан низ, умеди шуморо қавӣ мегардонад. Дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. «Чунин ғайратро зоҳир карда», шумо «боварии комилро ба умеди худ то охир нигоҳ» дошта метавонед (Ибр. 6:11).
18. Дар оянда чӣ рӯй доданаш мумкин ва мо он вақт чӣ кор карда метавонем?
18 Азбаски анҷоми ин тартибот наздик аст, мо бо мушкилиҳои бештар дучор хоҳем шуд, ки метавонанд боиси ташвишу хавотирӣ гарданд. Ояти солонаи 2021 ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми рӯй додани он мушкилиҳо ором монем ва на ба қуввати худ, балки ба Яҳува таваккал кунем. Биёед дар давоми ин сол бо амалҳои худ нишон диҳем, ки мо ба ваъдаи зерини Яҳува имон дорем: «Ором будан ва ба ман таваккал кардан қуввати шумо хоҳад буд» (Иш. 30:15, ТДН).
СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост
^ сарх. 5 Матни солонаи 2021 моро даъват мекунад, ки дар вазъиятҳои душвори ҳаёт, хоҳ бо онҳо имрӯз дучор шавем, хоҳ дар оянда ба Яҳува таваккал кунем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки бо кадом роҳҳо маслиҳати ин оятро ба кор бурда метавонем.
^ сарх. 5 Баъзе бародару хоҳарони содиқ аз тарсу хавотирии зиёд азоб мекашанд. Ин як намуди бемории ҷиддӣ аст ва Исо ин гуна ташвишу хавотириро дар назар надошт.
^ сарх. 63 ШАРҲИ РАСМ: 1) Дар давоми рӯз хоҳар аз таҳти дил оиди ғаму ташвишҳояш дуо мегӯяд.
^ сарх. 65 ШАРҲИ РАСМ: 2) Ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ дар кор ӯ Каломи Худоро хонда аз он роҳнамоӣ меҷӯяд.
^ сарх. 67 ШАРҲИ РАСМ: 3) Ӯ дар бораи мисолҳои хуб ва бади Китоби Муқаддас мулоҳиза меронад.
^ сарх. 69 ШАРҲИ РАСМ: 4) Ӯ дар дари яхдонаш ояти рӯҳбаландкунандаеро, ки аз ёд кардан мехоҳад, мечаспонад.
^ сарх. 71 ШАРҲИ РАСМ: 5) Ӯ дар вақти хизмат аз муошират бо дӯсташ баҳра мебарад.
^ сарх. 73 ШАРҲИ РАСМ: 6) Хоҳар дар бораи оянда фикр карда умедашро қавӣ мегардонад.