Оё шумо медонед?
Чӣ тавр як навиштаҷоти қадима гуфти Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунад?
ДАР Ерусалим, дар осорхонаи сарзаминҳои қадима лавҳаи сангине ҳаст, ки навиштаҷоташ тахминан ба солҳои 700–600-уми то милод тааллуқ дорад. Он санг аз наздикии шаҳри Ҳебрӯн (Исроил) аз ғоре, ки барои дафн истифода шудааст, ёфт шуд. Дар он санг чунин навишта шудааст: «Бигзор Яҳве Сабаот Ҳагаф писари Ҳагавро лаънат кунад». Аз кадом ҷиҳат ин навиштаҷот гуфти Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунад? Он нишон медиҳад, ки номи Худо — Яҳува ё Яҳве, ки бо ҳарфҳои қадимаи ибронии ЙҲВҲ навишта мешуд, дар давраи қадим машҳур буд ва дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор бурда мешуд. Баъзе одамон чунин ғорҳо ё мақбараҳоро барои бо ҳам вохӯрдан ё аз душманон пинҳон шудан истифода мебурданд. Навиштаҳои ёфтшуда нишон медиҳанд, ки одамон дар девори он ғорҳо номи Худо ва номи одамонро, ки ин ё он шакли номи Худоро дар бар мегирифт, менавистанд.
Ин навиштаҷотҳоро шарҳ дода доктор Рачел Набулси аз донишгоҳи иёлоти Ҷорҷа мегӯяд: «Дар ин хел навиштаҷот номи ЙҲВҲ бисёр вомехӯрад... Матнҳои Китоби Муқаддас ва чунин навиштаҷот нишон медиҳанд, ки дар ҳаёти мардуми Исроил ва Яҳудо номи Худо ЙҲВҲ аҳамияти калон дошт». Дар ҳақиқат, номи Худо, ки бо ҳарфҳои ибронӣ чун ЙҲВҲ навишта мешуд, дар Китоби Муқаддас ҳазорҳо бор вомехӯрад. Дар замонҳои пеш бисёр вақт дар таркиби номҳои одамон номи Худо дида мешуд.
Маънои ибораи «Яҳве Сабаот», ки дар лавҳаи сангин навишта шудааст, «Яҳува, Худои лашкарҳо» мебошад. Аз афташ, одамон дар вақтҳои қадим ҳам номи Худо ва ҳам ибораи «Худованди лашкарҳо»-ро бисёр истифода мебурданд. Ин фикрро Китоби Муқаддас низ тасдиқ мекунад, чунки ибораи «Худованди лашкарҳо» ва «Худои лашкарҳо» дар Навиштаҳои ибронӣ беш аз 250 маротиба вомехӯранд, бисёртар дар китобҳои Ишаъё, Ирмиё ва Закарё.