Ба дигарон дар рушди рӯҳонӣ кӯмак расонед
«Ба шумо сабақи некӯ медиҳам» (МАС. 4:2).
1, 2. Чаро мо бояд дигаронро таълим диҳем?
ИСО вақти зиёдашро барои мавъиза сарф мекард. Вале ӯ таълим додани шогирдонашро низ фаромӯш намекард. Ӯ вақт ҷудо карда ба шогирдонаш таълимдиҳӣ ва чӣ хел дар бораи халқи Худо ғамхорӣ карданро ёд медод (Мат. 10:5–7). Филиппус низ бо кори мавъиза хеле банд буд, лекин ӯ ба чор духтараш ёрдам кард, ки воизони боғайрат шаванд (Аъм. 21:8, 9). Имрӯз ба мо низ лозим аст, ки дигаронро таълим диҳем. Чаро?
2 Дар тамоми дунё дар ҷамъомадҳои мо бисёр одамоне ҳастанд, ки ҳоло таъмид нагирифтаанд. Ба онҳо кӯмак кардан лозим аст, то дарк кунанд, ки чаро хондану омӯхтани Китоби Муқаддас барояшон муҳим аст. Ҳамчунин ба онҳо кӯмак кардан даркор аст, ки мавъиза кардану таълим доданро ёд гиранд. Бародарони таъмидгирифтаро бошад, таълим додан лозим аст, то ходими ёвар ё пири ҷамъомад шаванд. Ба воситаи «сабақи некӯ» ҳама аъзоёни ҷамъомад барои рӯҳан рушд кардани дигарон кӯмак карда метавонанд (Мас. 4:2).
БА ДИГАРОН КӮМАК КУНЕД, КИ АЗ КАЛОМИ ХУДО ҚУВВАТ ВА ХИРАД ГИРАНД
3, 4. а) Чӣ хел Павлус омӯзиши Китоби Муқаддасро бо хизмати самаранок вобаста кард? б) Пеш аз омӯзандаро ба омӯзиши шахсӣ барангехтан, мо бояд чӣ кор кунем?
3 Ҳар як ходими Яҳува барои фаҳмидани иродаи Ӯ бояд Китоби Муқаддасро хонад ва омӯзад. Павлус ба ҷамъомади Қӯлассо инро фаҳмонда гуфт: «Мо... дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ [Худо] дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед, ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед» (Қӯл. 1:9, 10). Чаро барои масеҳиёни ҷамъомади Қӯлассо хондан ва омӯхтани Китоби Муқаддас муҳим буд? Бо чунин дониш онҳо метавонистанд, ки «муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд» оянд. Ҳамчунин ин ба онҳо кӯмак мерасонд, ки «дар ҳар кори нек самара» оранд, махсусан дар мавъизаи хушхабар. Барои он ки хизмат самара орад, ходими Худо бояд мунтазам Китоби Муқаддасро хонаду омӯзад. Хуб мебуд, агар мо инро ба омӯзанда фаҳмонем.
4 Албатта, пеш аз ҳама агар худи мо омӯзиши Китоби Муқаддасро қадр накунем, ба омӯзанда арзиши онро фаҳмонда наметавонем. Аз ин рӯ ба мо зарур аст, ки мунтазам Китоби Муқаддасро хонда оиди он мулоҳиза ронем. Барои он ки хониши Китоби Муқаддас ба ҳаёт ва хизматамон таъсир расонад, аз худ пурсед: «Агар дар хизмат ягон кас саволи душвор диҳад, оё ман аз Китоби Муқаддас ҷавоб дода метавонам? Ё ҳангоми дар бораи хизмати боғайратонаи Исо, Павлус ва дигарон хондан, оё мулоҳиза меронам, ки чӣ хел мисли онҳо дар хизмат боғайрат будам метавонам?» Ба ҳамаи мо дониш ва маслиҳати Китоби Муқаддас лозим аст. Агар мо ба дигарон нақл кунем, ки то чӣ андоза аз омӯзиши шахсӣ манфиат гирифтем, ин метавонад онҳоро барангезад, то худашон Навиштаҳоро нағзтар омӯзанд ва барои худ манфиат гиранд.
5. Фаҳмонед, ки чӣ тавр ба омӯзанда кӯмак кардан мумкин аст, ки мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзад.
5 Шояд шумо чунин савол диҳед: «Чӣ хел ман ба омӯзанда кӯмак кунам, ки мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзад?» Дар аввал шояд хуб мебуд, агар шумо ба вай нишон диҳед, ки чӣ тавр ӯ ба омӯзиш тайёрӣ дида метавонад. Барои ин пешниҳод карда метавонед, ки замимаи дар китоби «Таълимот» овардашуда ва оятҳои Китоби Муқаддасро хонад. Сипас ба ӯ нишон дода метавонед, ки чӣ хел ба ҷамъомад тайёрӣ дидан даркор аст, то ки дар ҷамъомад ҷавоб дода тавонад. Ӯро барангезед, ки ҳар нашри «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро хонад. Агар ба забони вай «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) ё «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ» дастрас бошад, шумо нишон дода метавонед, ки чӣ тавр бо ёрии он ба саволҳо ҷавоб ёфтан мумкин аст. Агар омӯзанда ин тарзҳоро истифода барад, эҳтимол ин барояш сахт маъқул мешавад ва ӯ боз бештар фаҳмидан мехоҳад.
6. а) Чӣ тавр шумо ба омӯзанда кӯмак карда метавонед, ки Китоби Муқаддасро дӯст дорад? б) Агар омӯзанда Каломи Худоро дӯст дорад, чӣ ҳис мекунад?
6 Мо мехоҳем, ки омӯзанда пурарзиш будани Китоби Муқаддасро фаҳмад, чунки ба воситаи он ӯ Яҳуваро нағзтар шинохта метавонад. Ба ҷои ӯро маҷбур кардан, мо нишон дода метавонем, ки чӣ тавр аз омӯзиши Китоби Муқаддас баҳра бурдан мумкин аст. Чи қадаре ки омӯзанда бисёртар омӯзад, ҳамон қадар бештар суханони зерини забурнависро дар худ ҳис мекунад: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам» (Заб. 72:28). Рӯҳи муқаддас ба шахсе, ки ба Худо дӯст шудан мехоҳад, кӯмак мерасонад.
БА ДИГАРОН МАВЪИЗАКУНӢ ВА ТАЪЛИМДИҲИРО ЁД ДИҲЕД
7. Чӣ тавр Исо воизони бомаҳоратро тайёр мекард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
7 Мо ҳамчунин аз Исо тарзи таълимдиҳиро ёд гирифта метавонем. Дар Матто боби 10 навишта шудааст, ки чӣ хел ӯ 12 ҳаввориёнашро таълим медод. Исо ба шогирдонаш дастуроти аниқ медод, ки чӣ хел мавъиза кардан лозим аст. [1] Ҳамчунин ӯ шогирдонашро ҳамроҳ ба мавъиза мегирифт то бинанд, ки чӣ хел ӯ одамонро таълим медиҳад. Дар муддати кӯтоҳ шогирдон аз Исо таълимдиҳиро ёд гирифтанд ва воизони бомаҳорат шуданд (Мат. 11:1). Мо низ омӯзандаро таълим дода метавонем, ки воизи бомаҳорат гардад. Биёед ду мавридро дида бароем, ки ба мо дар таълим додани дигарон кӯмак мерасонад.
8, 9. а) Исо бо одамон чӣ тавр сӯҳбат мекард? б) Чӣ тавр мо ба воизони нав кӯмак карда метавонем, то ки мисли Исо бо одамон сӯҳбат кунанд?
8 Сӯҳбат бо одамон. Исо одатан дар алоҳидагӣ бо одамон чун дӯст сӯҳбат мекард. Масалан, вай дар наздики шаҳри Суҳар бо зане, ки барои об гирифтан ба назди чоҳ омада буд, сӯҳбати шавқоварро сар кард (Юҳ. 4:5–30). Ӯ ҳамчунин бо Матто (Левӣ), ки андоз ҷамъ мекард, ҳамсӯҳбат шуда ӯро даъват кард, ки шогирдаш шавад. Матто таклифи ӯро қабул кард ва баъдтар Исо ва дигаронро ба меҳмонӣ таклиф намуд. Исо дар хонаи Матто бо дигар одамон ҳамсӯҳбат шуд (Мат. 9:9; Луқ. 5:27–39).
9 Исо ҳамчунин бо Натанъил, ки нисбати мардуми Носира фикри бад дошт, чун дӯст гап зад. Баъд аз ин Натанъил фикрашро нисбати Исо, ки аз Носира буд, дигар кард. Ӯ дар бораи Исо бисёртар фаҳмидан хост (Юҳ. 1:46–51). Аз намунаи Исо мо мефаҳмем, ки агар бо дигарон меҳрубонона сӯҳбат кунем, ин онҳоро бештар моил месозад, ки ба суханони мо гӯш диҳанд. [2] Агар мо ба воизи нав чунин сӯҳбат карданро ёд диҳем, ӯ аз хизмат бештар хурсандӣ мегирад.
10–12. а) Чӣ тавр Исо шавқи дигаронро инкишоф медод? б) Чӣ тавр мо ба воизони камтаҷриба кӯмак карда метавонем, ки бомаҳорат шаванд?
10 Инкишоф додани шавқи одамон. Исо барои мавъиза кардан вақти маҳдуд дошт. Лекин вақте одамон ба хушхабар шавқ зоҳир мекарданд, Исо барои таълим додани онҳо вақт ҷудо мекард. Масалан, боре як тӯда одам барои гӯш кардани суханони ӯ дар лаби баҳр ҷамъ шуданд, барои ҳамин Исо ҳамроҳи Петрус ба қаиқ даромаду аз он ҷо истода онҳоро таълим дод. Баъд аз ин Исо хост, ки Петрусро таълим диҳад ва барои ин мӯъҷиза нишон дод ва Петрус бисёр моҳӣ қапид. Сипас Исо ба ӯ гуфт: «Минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард». Ин кори Исо чӣ натиҷа овард? Петрус ва онҳое ки ҳамроҳаш буданд «қаиқро ба соҳил бароварданд ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ӯ [Исо] равона шуданд» (Луқ. 5:1–11).
11 Ниқӯдимус, ки аъзои шӯрои коҳинону китобдонон буд, ба таълимоти Исо шавқ пайдо кард. Ӯ бисёртар дониш гирифтан Юҳ. 3:1, 2). Мо аз ин воқеа чӣ дарс мегирем? Писари Худо барои қавӣ кардани имони одамон тайёр буд, ки вақт ҷудо кунад. Ба ин монанд ба мо лозим аст, ки бо тайёрӣ одамонро дар вақти ба онҳо қулай боздид кунем. Ҳамчунин вақт ҷудо карда ба онҳо ёрдам кунем, ки Китоби Муқаддасро фаҳманд.
мехост, лекин одамтарсӣ дошт ва барои ҳамин ними шаб пеши Исо омад. Исо вақташро дареғ надошта ба Ниқӯдимус ҳақиқатҳои муҳимро фаҳмонд (12 Агар мо ҳамроҳи воизони нав дар кори мавъиза ҳамкорӣ кунем, онҳо маҳорати таълимдиҳиашонро инкишоф дода метавонанд. Мо ба онҳо ёд дода метавонем, ки агар шахс каме шавқ зоҳир кунад ҳам, ҳатман ӯро боздид кунанд. Ҳамчунин мо воизони камтаҷрибаро ҳамроҳи худ ба боздид ва омӯзиши Китоби Муқаддас гирифта метавонем. Ҳамин тавр онҳо таълимдиҳиро ёд мегиранд ва худашон ҳис мекунанд, ки то чӣ андоза таълим додани ҳақиқат хурсандӣ меорад. Баъдтар худашон низ одамонро боздид карда ҳамроҳашон омӯзиш мегузаронанд. Онҳо ҳамчунин пурсабриро ёд мегиранд. Ва агар шахсро якчанд бор дар хонааш наёбанд, тез таслим намешаванд (Ғал. 5:22; ба чорчӯбаи « Таслим нашавед!» нигаред).
ДИГАРОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД, КИ БА ҲАМИМОНИ ХУД ҒАМХОРӢ КУНАНД
13, 14. а) Шумо оиди фидокории онҳое ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, чӣ фикр доред? б) Шумо бо кадом тарзҳо воизони нав ва ҷавононро таълим дода метавонед, то ба ҳамимонони худ муҳаббат зоҳир намоянд?
13 Воқеаҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки ба якдигар хизмат кардан ва «бародардӯст» будан шарафи бузург аст. (1 Петрус 1:22 ва Луқо 22:24–27-ро хонед.) Писари Худо барои ба одамон кӯмак кардан ҳама чизро, ҳатто ҳаёташро дод (Мат. 20:28). Ғизол «хеле некӯкор буд ва садақоти бисёре медод» (Аъм. 9:36, 39). Марям барои бародарону хоҳарони шаҳри Рум «бисёр меҳнат кардааст» (Рум. 16:6). Чӣ тавр мо ба дигарон кӯмак карда метавонем, то фаҳманд, ки ба ҳамимонон некӣ кардан муҳим аст?
14 Воизони бомаҳорат ҳамроҳи худ воизони навро ба хабаргирии касоне ки бемор ҳастанд ё калонсоланд, гирифта метавонанд. Агар имконият бошад, волидон метавонанд, ки ҳамроҳи фарзандонашон ин гуна шахсонро хабар гиранд. Пирони ҷамъомад бошанд, ҳамроҳи худ дигаронро барои харидани хӯрокаи лозима ва ё таъмир кардани хонаи бародарону хоҳарони пиронсол гирифта метавонанд. Ба туфайли ин ҷавонон ва воизони нав мебинанд, ки чӣ хел бародарону хоҳарон нисбати якдигар ғамхоранд. Сипас онҳо низ дар ҳаққи дигарон ғамхорӣ карданро ёд мегиранд. Масалан, як пири ҷамъомад ҳангоми дар деҳа мавъиза карданаш якбора бародарони он ҷоро хабар мегирифт. Бародари ҷавоне, ки одатан ҳамроҳаш буд, намунаи ӯро дида фикр мекард, ки чӣ тавр вай ҳам ба бародарону хоҳарон кӯмак карда метавонад (Рум. 12:10).
15. Чӣ тавр пирони ҷамъомад ба ходимони ёвар кӯмак карда метавонанд?
15 Яҳува мардонро вазифадор кардааст, ки Каломи Худоро ба ҷамъомад таълим диҳанд. Аз ин рӯ барои бародарон муҳим аст, ки маҳорати таълимдиҳиашонро ҳангоми нутқ гуфтан беҳтар кунанд. Агар шумо пири ҷамъомад бошед, пас ҳангоми тайёрии ходими ёвар ба нутқи ӯ гӯш дода метавонед. Бо ёрии шумо ӯ қобилияти таълимдиҳиашро беҳтар карда метавонад (Наҳемё 8:8). [3]
16, 17. а) Павлус барои таълим додани Тимотиюс чӣ кор кард? б) Чӣ тавр пирон аз ходимони ёвар пири ҷамъомад тайёр карда метавонанд?
16 Ба ҷамъомадҳо пирони бисёр лозиманд. Аз ин рӯ бародаронро таълим додан лозим аст, ки пири ҷамъомад шаванд. Павлус Тимотиюсро таълим дод ва ӯро барангехт, ки дигаронро таълим диҳад. Ӯ гуфт: «Эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош. Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури 2 Тим. 2:1, 2). Тимотиюс бо Павлус, ки ҳавворӣ ва пири ҷамъомад буд, ҳамкорӣ карда бисёр чизро ёд гирифт. Баъд чизҳои ёд гирифтаашро дар хизмат истифода бурд (2 Тим. 3:10–12).
шоҳидони бисёр шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд» (17 Павлус барои таълим додани Тимотиюс бисёр вақт ҷудо мекард. Ӯ доимо Тимотиюсро ҳамроҳи худ мегирифт (Аъм. 16:1–5). Пирони ҷамъомад ба намунаи Павлус пайравӣ намуда ходимони ёварро ба баъзе аз ташрифҳои худ ҳамроҳ гирифта метавонанд. Ба туфайли ин ходимони ёвар мебинанд, ки чӣ хел дигаронро таълим додан ва чӣ тавр пурсабру меҳрубон будан лозим аст. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар оянда чӯпони «рамаи Худо» гарданд (1 Пет. 5:2).
ТАЪЛИМ ДОДАН МУҲИМ АСТ
18. Чаро кори таълимдиҳӣ муҳим аст?
18 Дар ин рӯзҳои охир кори таълимдиҳӣ ҳаётан муҳим аст. Зеро имконияту талабот барои ба Яҳува хизмат кардан торафт зиёд шуда истодааст. Намунае, ки Исо ва Павлус дар кори таълимдиҳӣ гузоштанд, то ҳол амалӣ аст. Яҳува мехоҳад, ки ходимони имрӯзааш таълими хуб гиранд. Барои ин Ӯ ба мо имтиёз додааст, ки ба шахсони камтаҷриба кӯмак расонем, то қобилияти худро инкишоф дода дар ҷамъомад корҳои лозимаро иҷро кунанд. Азбаски кори мавъиза пеш аз анҷоми ин дунё авҷ гирифта истодааст, мо бояд то ҳадди имкон дигаронро таълим диҳем. Чунин кори таълимдиҳӣ ҳоло хеле муҳим ва таъҷилист.
19. Чаро мо бояд боварӣ дошта бошем, ки кӯшишҳои мо дар кори таълимдиҳӣ муваффақ мегарданд?
19 Албатта, барои таълим додан вақт ва кӯшиш дар талаб аст. Лекин мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ва Писари азизи Ӯ, моро дар кори таълимдиҳӣ дастгирӣ карда хирад мебахшанд. Вақте мо мебинем, ки чӣ тавр касоне ки мо таълим додем дар ҷамъомад ва ё кори мавъиза меҳнат мекунанд, хурсанд мешавем (1 Тим. 4:10). Лекин ба худи мо лозим аст, ки минбаъд низ рӯҳан рушд карда хислатҳои худро беҳтар созем ва ба Яҳува наздиктар шавем.
^ [1] Сархати 7. Исо ба шогирдонаш гуфт, ки 1) дар бораи Салтанат мавъиза кунанд; 2) ба Худо боварӣ кунанд, ки Ӯ ба онҳо хӯрокаву пӯшока медиҳад; 3) бо одамон баҳс накунанд; 4) ҳангоми таъқибот ба Худо такя намоянд ва 5) ба тарс дода нашаванд.
^ [2] Сархати 9. Дар китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), саҳ. 62–64 оиди чӣ тавр бо одамон дар хизмат ҳамсӯҳбат шудан мумкин аст, маслиҳатҳои олиҷаноб оварда шудааст.
^ [3] Сархати 15. Дар китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), саҳ. 52–61 фаҳмонда шудааст, ки барои бо нутқи таъсирбахш баромад намудан, чӣ кор кардан лозим аст.