Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Издивоҷ. Пайдоиш ва мақсади он

Издивоҷ. Пайдоиш ва мақсади он

«Худованд Худо гуфт: “Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам”» (ҲАС. 2:18).

СУРУДҲО: 36, 11

1, 2. а) Издивоҷ чӣ тавр пайдо шуд? б) Марду зани аввалин чиро бояд дар бораи издивоҷ мефаҳмиданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ОИЛАДОРШАВӢ чизи табиист. Вале чӣ тавр оила пайдо шуд ва мақсади он дар чӣ буд? Донистани ин ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати издивоҷ назари дуруст дошта бошем ва аз баракатҳои он пурра баҳра барем. Худо баъд аз офаридани инсони аввалин — Одам, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба ҳайвонот ном гузорад. Одам дид, ки ҳама ҳайвонот ҷуфт дорад, лекин «барои одам мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, ёфт нашуд». Барои ҳамин Худо ба Одам хоби сахте дод ва аз қабурғаи вай занро офарида ӯро ба наздаш овард. (Ҳастӣ 2:20–24-ро хонед.) Ҳамин тавр издивоҷ пайдо шуд. Аз ин маълум мешавад, ки издивоҷ атои Худо аст.

2 Исо суханони Яҳуваро тасдиқ карда гуфт: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд» (Мат. 19:4, 5). Азбаски Яҳува аз қабурғаи Одам занро офарид, ҷуфти аввалин бояд мефаҳмиданд, ки то чӣ андоза онҳо бо ҳам пайванданд. Яҳува ҳеҷ вақт намехост, ки зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо шаванд ё якчанд ҳамсар дошта бошанд.

ИЗДИВОҶ ВА НИЯТИ ЯҲУВА

3. Мақсади асосии издивоҷ дар чӣ буд?

3 Одам барои занаш, ки баъдтар номашро Ҳавво монд, хеле хурсандӣ мекард. Зане, ки Яҳува барои Одам офарид, барояш ёрдамчии мувофиқ буда метавонист. Одаму Ҳавво чун зану шавҳар ҳар рӯз якдигарро хушбахт карда метавонистанд (Ҳас. 2:18). Мақсади асосии издивоҷ ин заминро аз одамон пур кардан буд (Ҳас. 1:28). Ҳарчанд фарзандон падару модарашонро дӯст медоштанд, вале онҳо волидони худро тарк намуда оилаи нав барпо карда метавонистанд. Бо ин тарз одамизод тамоми заминро бо насли худ пур карда онро ба биҳишт табдил дода метавонист.

4. Бо издивоҷи аввалин чӣ рӯй дод?

4 Одаму Ҳавво аз иродаи озоди худ нодуруст истифода бурда Худоро гӯш накарданд ва ҳамин тавр издивоҷи аввалин зарари ҷиддӣ дид. «Мори қадимӣ», Шайтон Иблис Ҳавворо фиреб карда гуфт, ки агар аз «дарахти маърифати неку бад» хӯрад, дониши махсус пайдо карда метавонад. Яъне ба воситаи ин дониш ӯ худаш муайян карда метавонад, ки чӣ нек асту чӣ бад. Ӯ ин масъаларо бо шавҳараш маслиҳат накарда ба сарварии ӯ беэҳтиромӣ нишон дод. Одам бошад, ба ҷои ба Худо итоат кардан аз дасти занаш меваро гирифта хӯрд (Ваҳй 12:9; Ҳас. 2:9, 16, 17; 3:1–6).

5. Мо аз рафтори Одаму Ҳавво чӣ дарс мегирем?

5 Вақте Худо аз Одам пурсид, ки чаро ӯ ин корро кард, вай занашро айбдор намуда гуфт, ки «зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам». Ҳавво бошад, морро айбдор карда гуфт, ки мор маро фиреб кард (Ҳас. 3:12, 13). Онҳо баҳона ҷуста худро сафед карданӣ буданд, вале ба худсафедкунӣ ягон асос надоштанд! Азбаски ҷуфти аввалин Яҳуваро гӯш накарданд, исёнкор шуданд. Чӣ мисоли огоҳкунандае барои мо! Барои хушбахтии оила ҳар як ҳамсар бояд ӯҳдадории худро иҷро кунад ва ба Яҳува итоат кунад.

6. Шумо ояти Ҳастӣ 3:15-ро чӣ хел мефаҳмондед?

6 Нигоҳ накарда ба кори кардаи Шайтон дар боғи Адан, Яҳува ба воситаи аввалин пешгӯии Китоби Муқаддас ба одамизод умед бахшид. (Ҳастӣ 3:15-ро хонед.) Ин пешгӯӣ нишон дод, ки Шайтон ба воситаи «насл»-и «зан» нест карда мешавад. Бисёр офаридаҳои рӯҳонӣ, ки дар осмон хизмат мекунанд, бо Яҳува муносибати наздик доранд, онҳо чун «зан» тасвир шудаанд. Яҳува ошкор кард, ки аз байни ин офаридаҳои рӯҳонӣ касеро мефиристад, ки Шайтонро нест мекунад ва ба одамони итоаткор он имкониятеро, ки Одам аз даст дод, бармегардонад. Яъне одамони итоаткор дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ карда нияти аввалаи Яҳуваро иҷро намуда метавонанд (Юҳ. 3:16).

7. а) Исёни Одаму Ҳавво ба издивоҷ чӣ хел таъсир кард? б) Худо аз занону шавҳарон чӣ талаб мекунад?

7 Исёни Одаму Ҳавво ба издивоҷашон ва ба издивоҷи насли онҳо таъсири бад расонд. Масалан, акнун Ҳавво ва занони дигар дар вақти ҳомиладорӣ ва таваллудкунӣ дарду азоб мекашиданд. Занон ба меҳри шавҳаронашон мӯҳтоҷу дилкашол мешуданд. Шавҳарон бошанд, аз болои онҳо хӯҷаинӣ карда баъзан нисбаташон ҳатто бераҳмона муносибат мекарданд, чи хеле ки мо имрӯз шоҳиди ин ҳастем (Ҳас. 3:16). Худо талаб мекунад, ки шавҳарон сарвари меҳрубон бошанд ва занон сарвари худро эҳтиром кунанд (Эфс. 5:33). Агар ҳамсарони худотарс нисбати ҳамдигар чунин муносибат кунанд, нофаҳмиҳо камтар ва ё умуман намешаванд.

ИЗДИВОҶ АЗ ЗАМОНҲОИ ОДАМ ТО ТӮФОН

8. Аз замонҳои Одам то Тӯфон таърихи издивоҷ чӣ гуна буд?

8 Одаму Ҳавво баъд аз гуноҳ кардану нокомил шуданашон писарону духтарон ба дунё оварданд (Ҳас. 5:4). Писари якуми онҳо Қобил бо зане, ки хешу табораш буд, оиладор шуд. Ломак, ки аз насли Қобил буд, чун аввалин марде қайд шудааст, ки ду зан дошт (Ҳас. 4:17, 19). Аз давраҳои Одам то замонҳои Тӯфони Нӯҳ танҳо якчанд кас ходими Худо буданд. Дар байни онҳо Ҳобил, Ҳанӯх ва Нӯҳ ҳамроҳи оилааш буданд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои Нӯҳ «писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд». Ин алоқаи ғайритабиии занону фариштаҳои тани одамӣ гирифта, сабаби он гашт, ки фарзандонашон бузургҷусса шуданд. Ғайр аз ин «бадкирдории одамизод дар замин бисёр» шуд ва «ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад» буд (Ҳас. 6:1–5).

9. Яҳува бо бадкорони замони Нӯҳ чӣ кор кард ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?

9 Яҳува барои нест кардани бадкорон дар замони Нӯҳ бар замин тӯфон овард. Дар он вақт одамон чунон овораи ташвишҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ ва оиладоршавӣ буданд, ки ба огоҳии Нӯҳ, ки «воизи адолат» буд, аҳамият надоданд (2 Пет. 2:5). Исо вазъияти замони моро бо замони Нӯҳ муқоиса кард. (Матто 24:37–39-ро хонед.) Имрӯз пеш аз анҷоми дунёи шарир, бисёр одамон хушхабари Салтанатро, ки дар тамоми замин паҳн шуда истодааст, гӯш кардан намехоҳанд. Биёед, аз ин воқеа дарс гирифта нагузорем, ки ҳатто издивоҷу фарзандкалонкунӣ ҳуши моро аз кори Худо парешон созад.

ИЗДИВОҶ АЗ ЗАМОНҲОИ ТӮФОН ТО РӮЗҲОИ ИСО

10. а) Дар бисёр маданиятҳо кадом рафтори одамон муқаррарӣ буд? б) Иброҳим ва Соро дар издивоҷ чӣ намуна гузоштанд?

10 Ҳарчанд Нӯҳ ва писаронаш яктогӣ зан доштанд, баъд аз Тӯфон бисёрзанӣ хеле зиёд шуд. Дар бисёр маданиятҳо бадахлоқии ҷинсӣ як чизи муқаррарӣ буд ва ҳатто ба расму оини диниашон дохил мешуд. Масалан, вақте ки Абром (Иброҳим) ва зани ӯ Сорай (Соро) ба гапи Худо гӯш дода ба замини Канъон кӯчиданд, одамони он ҷо издивоҷро қадр намекарданд. Барои ҳамин Яҳува қарор кард, ки Садӯм ва Амӯроро нест мекунад, чунки мардуми он шаҳр бадахлоқ буд. Иброҳим дар оилааш сарвари хуб буду Соро зани итоаткор. (1 Петрус 3:3–6-ро хонед.) Иброҳим кӯшиш кард, ки писараш Исҳоқ бо ходими Яҳува оиладор шавад. Писари Исҳоқ, Яъқуб низ барои дастгирӣ кардани ибодати ҳақиқӣ бо зани худотарс оиладор шуд, ки дар натиҷа писаронаш падарони 12 сибти Исроил гаштанд.

11. Қонуни Мусо исроилиёнро аз чӣ ҳимоя мекард?

11 Баъдтар Яҳува бо насли Яъқуб (Исроил) аҳд баст. Худо ба онҳо Қонуни Мусоро дод. Ин Қонун занону шавҳаронро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳимоя мекард. Масалан, дар он Қонун оиди оиладорӣ, аз он ҷумла бисёрзанӣ гуфта шуда буд ва он ба исроилиён иҷозат намедод, ки бо шахсони бутпараст хонадор шаванд. (Такрори Шариат 7:3, 4-ро хонед.) Вақте ки дар издивоҷ душвориҳо сар мезад, одатан аз тарафи пирон кӯмак пешкаш карда мешуд. Хиёнат, рашк, гумони бад ба таври дурусту мувофиқ ҳал мешуд. Талоқ иҷозат дода шуда буд, вале ҳуқуқи зану мард ҳимоя карда мешуд. Масалан, мард занашро аз пушти «чизи нафратоваре» талоқ дода метавонист (Такр. Ш. 24:1). Дар ин ҷо аниқ гуфта нашудааст, ки «чизи нафратовар» чист, вале фаҳмо ки он камбудиҳои майда-чуйда набуд (Ибд. 19:18).

ҲЕҶ ГОҲ БА ҲАМСАРАТОН ХИЁНАТ НАКУНЕД

12, 13. а) Дар рӯзҳои Малокӣ мардон ба занонашон чӣ хел муносибат мекарданд? б) Имрӯз агар ходими Худо ҳамсари худро тарк карда бо ҳамсари дигар кас оиладор шавад, ин ба чӣ оварда мерасонад?

12 Дар рӯзҳои пайғамбар Малокӣ бисёр мардони яҳудӣ ба занонашон хиёнат карда бо ҳар баҳона ҷудо мешуданд. Чунин мардон аз занонашон ҷудо шуда шояд бо зани ҷавонтаре, ё ҳатто бо зани бутпараст оиладор мешуданд. Дар замонҳои Исо ҳам, мардони яҳудӣ «бо ҳар сабаб» ба занонашон хиёнат мекарданд (Мат. 19:3). Яҳува Худо аз чунин талоқ нафрат дошт. (Малокӣ 2:13–16-ро хонед.)

13 Имрӯз дар байни ҳамсароне, ки ходимони Яҳува мебошанд хиёнат норавост ва он баъзан рӯй медиҳад. Вале фарз кардем, ки ходими Худо бо ҳамсари дигар кас гурехта, аз ҳамсари худ ҷудо шуда бо он шахс оиладор мешавад. Агар вай аз кори кардааш тавба накунад, барои рӯҳан пок нигоҳ доштани ҷамъомад ӯро хориҷ мекунанд (1 Қӯр. 5:11–13). Пеш аз чунин шахсонро дар ҷамъомад барқарор намудан онҳо бояд нишон диҳанд, ки тавба карданд (Луқ. 3:8; 2 Қӯр. 2:5–10). Барои барқароршавии хориҷшудагон мӯҳлати аниқ гузошта намешавад. Лекин барои исбот кардани тавбаи самимӣ ба гунаҳкор вақт лозим аст, шояд як сол ва ё аз ин ҳам зиёдтар. Ҳатто баъди дар ҷамъомад барқарор шуданаш шахс бояд «пеши курсии доварии Худо ҳозир» шавад, то аниқ гардад, ки тавбаи вай ҳақиқист (Рум. 14:10–12; ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 сентябри с. 2006, саҳ. 29, 30 нигаред).

ИЗДИВОҶ ДАР БАЙНИ МАСЕҲИЁН

14. Мақсади асосии Қонун дар чӣ буд?

14 Қонуни Мусо беш аз 1500 сол исроилиёнро роҳнамоӣ мекард. Масалан, Қонун ба одамон принсипҳоеро медод, ки барои ҳал кардани душвориҳои оилавӣ кӯмак мерасонд ва сӯи Масеҳ роҳнамоӣ мекард (Ғал. 3:23, 24). Вақте ки Қонун баъди марги Исо бекор карда шуд, Яҳува бо халқаш аҳди нав баст (Ибр. 8:6). Ин аҳди нав намегузошт, ки халқи Худо баъзе корҳое, ки пештар дар Қонун иҷозат дода шуда буд, кунад.

15. а) Барои издивоҷ кадом меъёр бояд асосӣ бошад? б) Агар ҳамсарон ҷудо шудани бошанд, бояд чиро ба назар гиранд?

15 Дар ҷавоби фарисиён Исо гуфт, ки Мусо ба талоқ иҷозат дода бошад ҳам, «дар ибтидо чунин набуд» (Мат. 19:6–8). Исо бо ин нишон дод, ки он меъёрҳое, ки Худо оиди издивоҷ дар боғи Адан муқаррар карда буд, бояд барои оилаҳои масеҳӣ асосӣ бошанд (1 Тим. 3:2, 12). Ҳамсарон «як тан» шуда набояд ҷудо шаванд. Муҳаббат ба Худо ва ба ҳамдигар риштаи издивоҷашонро мустаҳкам мегардонад. Бе сабаби зино расман ҷудо шудан ба шахс имкон намедиҳад, ки аз нав оиладор шавад (Мат. 19:9). Албатта, худи шахс интихоб мекунад, ки хиёнати ҳамсари тавбакардаашро бахшад ё не. Масалан, пайғамбар Ҳушаъ зани зинокори худ — Ҷумарро бахшид. Ба ин монанд, ҳарчанд исроилиён бутпараст шуда бошанд ҳам, Яҳува тавбаи халқашро дида раҳмаш омад ва онҳоро бахшид (Ҳуш. 3:1–5). Агар шахс хиёнати ҳамсарашро дониста бо ӯ аз нав алоқаи ҷинсӣ кунад, пас ин амалаш нишон медиҳад, ки вай ҳамсарашро бахшидааст ва барои ҷудо шудан дигар асос надорад.

16. Исо оиди муҷаррадӣ чӣ гуфт?

16 Исо ба масеҳиён гуфт, ки ғайр аз сабаби зино набояд аз ҳамсарашон ҷудо шаванд. Баъд аз ин суханонаш Исо дар бораи касоне гуфт, ки муҷаррадӣ барояшон «ато шудааст». Ӯ илова кард: «Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад» (Мат. 19:10–12). Бисёриҳо қарор карданд, ки муҷаррад мемонанд, то ки тамоми ҳушашонро ба хизмати Яҳува равона кунанд. Ва онҳоро барои чунин қарорашон таъриф бояд кард!

17. Чӣ ба ходими Худо кӯмак карда метавонад, то қарор кунад, ки оиладор шавад ё не?

17 Чӣ ба шахс кӯмак мерасонад, то қарор кунад, ки оё муҷаррад монад ё не? Ба вай аниқ кардан лозим аст, ки оё ӯ атои муҷаррадиро инкишоф дода метавонад ё не. Ҳаввории Павлус маслиҳат дод, ки муҷаррад мондан беҳтар аст, лекин ҳамзамон гуфт: «Барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад». Сипас илова кард: «Агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст». Оиладор шудан ба шахс кӯмак карда метавонад, ки ба одатҳои бад, ба мисли мастурбатсия ё бадахлоқии ҷинсӣ, дода нашавад. Ҳамчунин барои оиладоршавӣ синну солро низ ба назар гирифтан лозим аст. Павлус гуфт: «Агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ӯ он чи мехоҳад, бикунад,— гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд» (1 Қӯр. 7:2, 9, 36; 1 Тим. 4:1–3). Лекин шахс набояд аз сабаби ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ зуд оиладор шавад. Зеро ҳоло вай ҷавон аст ва барои ба ӯҳда гирифтани ҳаёти оилавӣ тайёр нест.

18, 19. а) Шоҳидони Яҳува бо кӣ издивоҷ мекунанд? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима мекунем?

18 Шоҳиди Яҳува бояд танҳо бо касе оиладор шавад, ки аллакай ҳаёташро ба Худо бахшидааст ва Ӯро бо тамоми дил дӯст медорад. Ҳамчунин касоне ки оиладор шуданианд, бояд якдигарро чунон дӯст доранд, ки то охири умр якҷоя будан хоҳанд. Албатта, онҳо «дар Худованд» издивоҷ карда баракат хоҳанд ёфт (1 Қӯр. 7:39). Онҳо бояд боварӣ дошта бошанд, ки Китоби Муқаддас барои муваффақ гаштани издивоҷ маслиҳатҳои беҳтарин медиҳад.

19 Имрӯз мо дар «айёми охир» зиндагӣ дорем ва бисёр одамон хислатҳое надоранд, ки ба хушбахтии издивоҷ мусоидат кунад (2 Тим. 3:1–5). Дар мақолаи навбатӣ мо маслиҳатҳои Каломи Худоро дида мебароем, ки он новобаста ба душвориҳои ҷаҳон кӯмак мерасонад, ки масеҳиён дар издивоҷ муваффақ бошанд. Ин маслиҳатҳо ба онҳо кӯмак мерасонад, ки дар роҳе ки сӯи ҳаёти ҷовидона мебарад, минбаъд низ равона шаванд (Мат. 7:13, 14).