Аз тилло дида чизи беҳтарро кобед
Оё шумо ягон бор тилло ёфта будед? Шумораи ками одамон онро ёфтанд. Лекин миллионҳо одамон аз тилло ҳам чизи қиматбаҳотар ёфтанд. Ин чизи қиматбаҳо хиради илоҳӣ мебошад, ки онро бо «зари холис» харида намешавад (Айюб 28:12, 15).
АЗ ЯК ҶИҲАТ моро ки Китоби Муқаддасро тадқиқ карда меомӯзем ба тиллоҷӯй монанд кардан мумкин аст. Барои ёфтани хиради бебаҳои Каломи Худо ба мо бисёр меҳнат кардан лозим аст. Чун омӯзандагони Китоби Муқаддас биёед ҳоло се тарзи ёфтани тиллоро дида баромада барои худ дарс мегирем.
ПОРЧАИ ТИЛЛОРО ЁФТЕД
Тасаввур кунед, ки ҳангоми сайру гашт дар лаби дарё ногаҳ чашматон ба чизе меафтад, ки аз нури офтоб медурахшад. Шумо меистеду мебинед, ки он порчаи тиллост. Ҳаҷми он аз сараки гӯгирд хурдтару аз алмоси қиматбаҳо дида камёфт аст. Албатта, баъд аз ин шумо бо умеди боз тилло ёфтан ба гирду атроф менигаред.
Ин лаҳзаҳоро ба он монанд кардан мумкин аст, ки вақте якум бор Шоҳидони Яҳува ба шумо аз Китоби Муқаддас хабари умедбахшро расонданд. Эҳтимол ин лаҳзаҳо бароятон фаромӯшнашаванда буд. Зеро шумо аввалин бор порчаи тиллои рӯҳониро ёфтед, яъне дар Китоби Муқаддас номи Худо — Яҳуваро дидед (Заб. 82:19, ТДН). Ва ё шояд фаҳмидед, ки дӯсти Яҳува шуда метавонед (Яъқ. 2:23). Он вақтҳо шумо дарҳол фаҳмидед, ки аз тилло ҳам чизи қиматбаҳотар ёфтед! Барои ҳамин шояд ба чизҳои фаҳмидаатон қаноат накарда саъю кӯшиш мекардед, ки аз ин ҳам зиёдтар тиллои рӯҳонӣ ҷустуҷӯ кунед.
ТИЛЛОИ БИСЁР ЁФТЕД
Заррачаҳои тилло дар зери оби дарё ё кӯл ҷамъ мешаванд. Ин тиллое мебошад, ки бо реги дарё омехта шудааст. Заршӯй дар як мавсим аз рег ҳамин қадар тилло ҷамъ мекунад, ки он ба даҳҳо ҳазор доллар баробар буда метавонад.
Вақте шумо бо яке аз Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кардед, шояд худро мисли заршӯе ҳис кардед, ки макони тиллоро ёфт. Ҳар боре ки оиди оятҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза мерондед, эҳтимол донишатон зиёд гашта рӯҳан бой мешудед. Оиди ҳақиқатҳои бебаҳои Каломи Худо мулоҳиза ронда шумо фаҳмидед, ки чӣ тавр ба Яҳува наздик шуда худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ дошта метавонед (Яъқ. 4:8; Яҳд. 20, 21).
Чи хеле ки заршӯй барои ёфтани макони тилло сахт кӯшиш мекунад, шумо низ барои ёфтани тиллои қиматбаҳои рӯҳонӣ саъю кӯшиш кардед. Мат. 28:19, 20).
Баъди аз худ кардани таълимоти асосии Китоби Муқаддас, шумо худро ба Худо бахшидед ва таъмид гирифтед (ҶУСТУҶӮРО ДАВОМ ДИҲЕД!
Тиллоҷӯй миқдори ками тиллоро аз сангҳое, ки баъд аз вулқон пайдо мешаванд, ёфта метавонад. Дар даруни ин сангҳо тилло ба таври кофист, аз ин рӯ барои ба даст овардани он, сангҳоро мекафонанд ва онро мисли рег майда мекунанд. Лекин дар маъдани хокгашта тиллоро даррав дидан номумкин аст. Барои чӣ? Чунки дар таркиби як тонна маъдани аълосифат тақрибан 10 грамм тилло буда метавонад. Аммо ин қадар меҳнату заҳмат барои ба даст овардани тилло, албатта, арзанда аст!
Баъди аз худ кардани «таълимоти ибтидоии Масеҳ» минбаъд низ саъю кӯшиш кардан лозим аст (Ибр. 6:1, 2). Барои аз омӯзиши Китоби Муқаддас фикрҳои нав ба навро фаҳмидан ва дарс гирифтан, бароятон меҳнат кардан лозим аст. Инак, барои пурсамар гардонидани омӯзиши шахсиатон шумо чӣ кор карда метавонед, ҳатто агар солҳои сол Каломи Худоро омӯхта истода бошед ҳам?
Ҳамеша ҷӯяндаи дониш бошед. Китоби Муқаддасро пурра ва ҳаматарафа омӯзед. Кӯшишу ғайрат карданро давом диҳед ва он гоҳ шумо хираду роҳбарии Яҳуваро аз Каломи Ӯ меёбед (Рум. 11:33). Ҳамчунин барои беҳтар фаҳмидани Китоби Муқаддас аз маводҳои иловагие, ки ба забони шумо дастрасанд, истифода баред. Барои ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёфтан пурсабр бошед. Аз дигарон пурсед, ки ба фикри онҳо кадом ояту мақолаҳо махсусан рӯҳбаландкунанда ва фоиданок мебошанд. Фикрҳои шавқовареро, ки ҳангоми омӯзиши Каломи Худо ёфтед, ба дигарон нақл кунед.
Албатта, мақсади шумо набояд фақат ҷустани дониш бошад. Ҳаввории Павлус огоҳ кард, ки «дониш мағрур мегардонад» (1 Қӯр. 8:1). Аз ин рӯ кӯшиш кунед, ки фурӯтан ва дар имон қавӣ бошед. Мунтазам ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсӣ гузаронед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ намоед ва дигаронро дастгирӣ кунед. Илова бар ин шумо хурсандӣ мегиред, зеро дарк мекунед, ки чизҳои ёфтаатон аз тилло ҳам қиматбаҳотар аст (Мас. 3:13, 14).