Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ман ба дигарон кӯмак карда хурсандӣ гирифтам

Ман ба дигарон кӯмак карда хурсандӣ гирифтам

ВАҚТЕ 12-сола будам, ман фаҳмидам, ки чизи қиматбаҳое дорам, ки ба дигарон дода метавонам. Дар як анҷуман бародаре аз ман пурсид, ки оё мавъиза кардан мехоҳам. Ман «ҳа, албатта» гуфтам, ҳарчанд пеш аз ин ягон бор мавъиза накарда будам. Ман бо он бародар якҷоя ба минтақа рафтам, ӯ ба ман якчанд рисола дар бораи хушхабари Салтанати Худо дода гуфт: «Ту ба одамони он тарафи кӯча мавъиза кун, ман бошам, дар ин тарафи кӯча». Ман бо ҳаяҷон хона ба хона мавъиза кардам ва чанде пас бинам, ки ҳама рисолаҳоро паҳн кардаам. Маълум шуд, ки бисёр одамон ба хушбаре, ки ман мерасондам, мӯҳтоҷ буданд.

Ман соли 1923 дар Чатем (Кент, Англия) таваллуд шудам ва дар муҳите ба воя расидам, ки одамонаш ноумед буданд, чунки Ҷанги Якуми Ҷаҳон ваъда оиди тинҷию амониро иҷро накард. Дили падару модарам аз диндорон монд, чунки рӯҳониёни калисо фақат фоидаи худашонро фикр мекарданд. Вақте ман қариб 9-сола будам, модарам ба толори Иттиҳоди Тадқиқотчиёни байналхалқии Китоби Муқаддас мерафтагӣ шуд. Дар он ҷо одамоне, ки Шоҳидони Яҳува ном доштанд, вохӯриҳо мегузарониданд. Яке аз хоҳарон бо мо кӯдакон аз рӯи Китоби Муқаддас ва китоби «Барбати Худо» омӯзиш мегузаронд. Ба ман ин омӯзиш хеле маъқул буд.

АЗ БАРОДАРОНИ ПИРОНСОЛ ТАЪЛИМ МЕГИРАМ

Ман дар наврасиам ба одамон аз Каломи Худо хабари умедбахшро мерасондам ва ин кор ба ман маъқул буд. Одатан ман хона ба хона танҳо мавъиза мекардам, ҳамчунин бо дигарон дар кори мавъиза ҳамкорӣ карда бисёр чизҳоро меомӯхтам. Масалан, рӯзе ҳамроҳи бародари калонсоле бо велосипед ба минтақа мерафтем, ки аз наздамон коҳини калисое мегузашт ва ман гуфтам: «Ана, буз рафта истодааст!» Бародар истоду аз ман хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш каме нишинам ва гуфт: «Кӣ туро вазифадор кард, ки ӯро чун буз ҳукм кунӣ? Биё фақат ба одамон хушхабарро расонида аз ин хурсандӣ мегирем ва довариро ба дасти Яҳува месупорем». Ман дар он рӯзҳо фаҳмидам, ки ба дигарон кӯмак кардан то чӣ андоза хушбахтӣ меовардааст (Мат. 25:31–33; Аъм. 20:35).

Дигар бародари калонсоле ба ман ёд дод, ки барои аз кӯмак ба дигарон хурсандӣ гирифтан, баъзан бояд пурсабр бошем. Зани ин бародар Шоҳидони Яҳуваро дӯст намедошт. Рӯзе ман бо ин бародар ба хизмат рафтам ва ӯ барои каме дам гирифтан маро ба хонааш таклиф кард. Вақте занаш фаҳмид, ки вай аз мавъиза омадааст, барои ҳамин сахт қаҳраш омад. Ва халтачаҳои чойро ба тарафи мо партофтан гирифт. Бародар занашро ҷанг накарда, табассумкунон халтачаҳои чойро аз замин ҷамъ карда ба ҷояш монд. Бо гузашти солҳо пурсабрии бародар самара овард, чунки занаш Шоҳиди Яҳува шуд.

Ман ба дигарон бисёртар мавъиза кардан мехостам ва ҳамроҳи модарам моҳи марти соли 1940 дар шаҳри Дувр таъмид гирифтам. Сентябри соли 1939 Бритониё зидди Германия ҷанг эълон кард. Дар он вақт ман 16-сола будам. Рӯзе моҳи июни соли 1940 ман дар пеши остонаи дар истода дидам, ки ҳазорҳо аскарони осебдидаро бо мошинҳои боркаш мебурданд. Онҳо аскароне буданд, ки пас аз муҳорибаи Дюнкерк зинда монданд. Ман дар чашмони онҳо ягон умедро намедидам ва сахт мехостам, ки ба онҳо дар бораи хушхабари Салтанати Худо нақл кунам. Баъдтар худи ҳамон сол Бритониё тез-тез бомбаборон карда мешуд. Ҳар шаб, ман медидам, ки чӣ тавр бомбаҳои аскарони Германия аз болои сари мо парида мегузаштанд. Он лаҳзаҳое, ки бомбаҳо ғиззас карда мегузаранду шумо афтиданашонро мешунавед, ин даҳшатовар аст. Рӯзи дигар вақте мо ба берун баромадем, дар гирду атроф хонаҳои валангоршударо медидем. Ман боз ҳам бештар дарк мекардам, ки Салтанати Худо ягона умед ба оянда аст.

ҲАЁТАМРО БА КӮМАКИ ДИГАРОН БАХШИДАМ

Соли 1941 ман ҳаётеро сар кардам, ки бисёр хурсандиҳо овард. Ман дар заводи таъмири киштиҳо дар шаҳри Чатем шогирди киштисоз шуда кор мекардам, ки даромади калон дошт. Мо чун Шоҳидони Яҳува аллакай медонистем, ки масеҳиён набояд барои як халқият шуда муқобили дигар халқият ҷанг кунанд. Соли 1941 мо фаҳмидем, ки набояд дар корхона ва заводҳое, ки бо артиш алоқамандӣ доранд, кор кунем (Юҳ. 18:36). Азбаски заводи киштисозӣ киштиҳои ҳарбии зериобӣ месохт, ман корамро партофта хизмати пурравақтро сар кардам. Бори аввал ман дар Сайренсестер (шаҳраки зебоманзар дар Котсволдс) чун пешрав таъин шудам.

Дар синни 18-солагӣ маро аз сабаби ба хизмати ҳарбӣ нарафтанам нӯҳ моҳ ҳабс карданд. Вақте ки маро якум бор ба ҳуҷраи ҳабсхона дароварда дарашро маҳкам кардан ман худамро танҳо ҳис кардам. Ин даҳшатнок буд! Вале чанде пас ҳабсшудагон ва назоратчиён пурсуҷӯ мекарданд, ки чаро ман дар ин ҷоям ва ман бо хурсандӣ дар бораи имонам ба онҳо шаҳодат медодам.

Баъди озод шудан аз ман хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи бародар Ленард Смит * дар шаҳрҳои гуногуни Кент мавъиза кунам. Аз соли 1944 сар карда Кент бомбаборон мешуд. Дар он вақт мо байни Аврупои забтшуда ва Лондон, ки майдони муҳориба буд, қарор доштем. Ин чиз одамро ба даҳшат меовард, чунки вақте шумо мешунидед, ки мотори самолёт аз кор баромад, медонистед, ки пас аз якчанд сония он ба замин афтода мекафад, ва чунин ҳолат зуд-зуд рӯй медод. Дар ин вазъу шароит мо бо оилае, ки аз панҷ нафар иборат буд, омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондем. Баъзан мо дар таги мизи оҳанин барои худамонро ҳимоя кардан пинҳон мешудем. Ин кӯшишҳои мо бенатиҷа намонд, чунки баъдтар ҳама аъзоёни он оила таъмид гирифтанд.

ХИЗМАТ ДАР ДИГАР МАМЛАКАТ

Даъваткунӣ ба анҷуман дар аввали хизмати пешравиам. Ирландия (аз тарафи чап)

Баъди ҷанг ман ҳамчун пешрав ду сол дар Ирландияи ҷанубӣ хизмат кардам. Мо намедонистем, ки то чӣ андоза Ирландия аз Англия фарқ мекунад. Мо ҳангоми хонакобӣ ба одамон мегуфтем, ки миссионер ҳастем, ҳамзамон дар кӯчаҳо маҷалла тақсим мекардем. Дар ин шаҳри католикӣ бисёр чизҳои аз ақл берунро дидам! Вақте марде мезанам гуфта моро тарсонд, ман рафта ба милиса шикоят кардам. Милиса бошад, дар ҷавоб гуфт: «Хайр, баъд чӣ?!» Мо аз он бехабар будем, ки коҳинони калисо дар ин маҳал то чӣ андоза ҳокимият доштанд. Агар одамон китобҳои моро мегирифтанд, рӯҳониёни калисо тавре мекарданд, ки онҳо бекор монанд. Мо бошем, бо таъсири онҳо ҳар дафъа бе хона мемондем.

Баъди чунин воқеаҳо мо фаҳмидем, ки вақте ба минтақаи нав ба мавъиза меравем, беҳтараш на дар гирду атрофи ҷои зистамон, балки танҳо дар он ҷойҳое мавъиза кунем, ки одамонаш коҳинони гуногун доранд. Ва дар охир мо дар маҳалли зистамон мавъиза мекардем. Нигоҳ накарда ба таҳдиду зӯроварӣ, мо дар Килкеннӣ бо ҷавоне дар як ҳафта се бор омӯзиш мегузарондем. Ба дигарон ҳақиқати Каломи Худоро фаҳмондан ба ман хеле маъқул буд, барои ҳамин бо мақсади дар Мактаби Ҷилъод таҳсил намудан нома навистам.

Киштие, ки аз соли 1948 то 1953 барои мо миссионерон чун хона буд (аз тарафи рост)

Баъди панҷ моҳи таҳсил дар Мактаби Ҷилъод (Ню-Йорк) чор нафари моро ба ҷазираҳои хурди баҳри Кариб таъин карданд. Ноябри соли 1948 мо бо киштии (шхуна) 18-метра, ки Сибиа ном дошт, аз Ню-Йорк баромадем. Ман аз ин пеш ягон бор бо киштӣ сафар накарда будам ва ин бароям хеле ҳаяҷоновар буд. Дар байнамон Гаст Маки баҳрнаварди ботаҷриба буд. Ӯ барои идора кардани киштӣ ба мо чизҳои асосиро ёд дод. Масалан, ӯ ба мо тарзи бардоштану фаровардани бодбон, ба воситаи қутбнамо аниқ намудани самт ва ҳангоми шамол идора кардани киштиро ёд дод. Бо кӯмаки бародар Гаст мо дар давоми 30 рӯз тӯфонҳои хатарнокро паси сар намуда ба ҷазираҳои Багам расидем.

«КАЛОМИ ХУДОВАНДРО... БА ҶАЗИРАҲОИ ДУРДАСТ ЭЪЛОН НАМОЕД»

Пас аз якчанд моҳи хизматамон дар ҷазираҳои хурди Багам, мо бо киштӣ ба ҷазираҳои Антил омадем, ки масоҳати он аз ҷазираҳои Вирҷиния то Тринидад қариб 800 км мебошад. Мо дар муддати 5 сол, асосан дар ҷазираҳое хизмат мекардем, ки дар он ҷо ягон Шоҳиди Яҳува набуд. Баъзан ҳамин хел мешуд, ки мо ҳафтаҳои дароз имконияти гирифтан ва равон кардани мактубро надоштем. Лекин дар ҷазираҳо хизмат кардан ба мо хеле маъқул буд! (Ирм. 31:10).

Миссионероне, ки аъзои экипажи киштӣ буданд (аз чап ба рост): Роналд Паркин, Дик Райд, Гаст Маки ва Стенли Паркер

Мо ба соҳиле наздик шуда лангар задем. Одамони он ҷо ҷамъ шуданд, то фаҳманд, ки мо кистем. Баъзеи онҳо дар умрашон ягон бор чунин киштӣ ва одамони сафедпӯстро надида буданд. Аҳолии он ҷазираҳо одамони хушмуомила ва имондор буданд, ки Китоби Муқаддасро нағз медонистанд. Бисёр вақт онҳо ба мо моҳӣ, авокадо (мева) ва чормағзи заминӣ медоданд. Дар киштӣ барои хоб, пухту паз ва ё шустушӯй ҷой намерасид, лекин мо як илоҷ мекардем.

Мо рӯзи дароз ба одамон мавъиза мекардем. Ҳангоми сӯҳбат мо мегуфтем, ки дар асоси Китоби Муқаддас нутқ мешавад. Сипас бегоҳӣ ба воситаи зангӯлаи киштӣ одамонро ҷамъ мекардем. Лаҳзаҳое, ки одамон аз хонаашон ба лаби соҳил мефаромаданд, хеле аҷоиб буд. Зеро чароғҳои фурӯзони онҳо мисли ситораҳое буданд, ки гӯё аз теппаҳо ба поён мефаромаданд. Баъзан садҳо нафар ҷамъ меомаданд ва то ними шаб саволҳо медоданд. Онҳо суруд хонданро дӯст медоштанд, барои ҳамин мо баъзе сурудҳои Салтанатро чоп карда ба онҳо тақсим кардем. Вақте ки мо чоркаса сароиданро сар мекардем, онҳо ба мо шарик шуда месароиданд ва овозашон дар якҷоягӣ хеле зебо садо медод. Он лаҳзаҳо фаромӯшнашаванда буданд!

Баъди гузаронидани омӯзиш баъзе омӯзандагон ҳамроҳамон ба назди дигар омӯзандаҳо мерафтанд, то дар он низ иштирок кунанд. Азбаски мо баъди чанд ҳафта ба дигар ҷо мерафтем, одатан ба омӯзандагон мегуфтем, ки то омаданамон бо дигар шавқмандон омӯзишро давом диҳанд. Баъзеҳо ба супориши гирифтаашон хеле ҷиддӣ муносибат мекарданд ва мо аз ин хурсанд мешудем.

Имрӯз дар бисёри он ҷазираҳо осоишгоҳҳо сохта шудаанд, лекин пештар дар он ҷо фақат дарахтони палма, кӯлҳои кабуд ва соҳили регзор буду халос. Одатан мо аз як ҷазира ба ҷазираи дигар шабона шино мекардем. Делфинҳо бозикунон баробари киштии мо шино мекарданд, ба гӯш фақат овози об мерасид, ки ба тани киштӣ бармехӯрд ва моҳтоб бо нури худ баҳр ва роҳи моро равшан мекард.

Баъд аз панҷ соли хизмат дар ҷазираҳо, мо ба Пуэрто-Рико рафтем, то киштиамонро бо киштии мотордор иваз кунем. Дар Пуэрто-Рико ман ба хоҳар Максина Бойд ошиқ шудам, ки ӯ дар он ҷо миссионер шуда хизмат мекард. Ӯ аз хурдиаш боғайратона хушхабарро мавъиза мекард. Баъдтар Максина дар Ҷумҳурии Доминика миссионер шуда хизмат кард, вале соли 1950 ҳукуматдорони католик ӯро аз он мамлакат пеш карданд. Чун аъзои экипажи киштӣ ман танҳо як моҳ дар Пуэрто-Рико истода метавонистам. Ба наздикӣ бояд ба ҷазираҳо бармегаштам ва муддати якчанд сол дар он ҷо меистодам. Барои ҳамин ман ба худам гуфтам: «Роналд, агар ин духтар ба ту маъқул бошад, сустӣ накун!» Се ҳафта пас ман ба Максина гуфтам, ки бо ӯ оиладор шудан мехоҳам ва баъди шаш ҳафта мо тӯй шудем. Моро дар Пуэрто-Рико миссионер таъин карданд, ҳамин тавр ман дигар ба киштии матордор нашиштам.

Аз соли 1956 сар карда ман чун нозири ноҳиявӣ ҳамроҳи занам ба ҷамъомадҳо ташриф меовардам. Бисёри бародарон камбағал буданд, вале мо аз дидорбиниашон шод мешудем. Масалан, дар деҳаи Потала Пастилио, ду оилаи серфарзанд буд ва ман барои онҳо най менавохтам. Боре аз як духтарчаи хурди он оила, ки номаш Хилда буд, пурсидам, ки оё ҳамроҳи мо мавъиза кардан мехоҳад. Вай гуфт: «Ман мехоҳаму лекин пойафзол надорам». Мо ба вай пойафзол харидем ва Хилда ҳамроҳамон ба мавъиза рафт. Баъд аз чандин солҳо, соли 1972 ману Максина ба Байт-Или Бруклин рафтем. Хоҳаре, ки ҳамон вақт хатмкунандаи мактаби Ҷилъод буд, наздамон омад. Ӯ гуфт, ки ба Эквадор таъин шудааст ва аз мо пурсид: «Маро дар хотир доред? Ман ҳамон духтараке аз Пастилио мебошам, ки пойафзол надоштам». Ин Хилда буд! Мо аз хурсандӣ гиря кардем!

Соли 1960 аз мо хоҳиш карданд, ки дар филиали Пуэрто-Рико хизмат кунем, ки он дар бинои хурди дуошёна дар Сантурс (Сан-Хуан) ҷойгир буд. Дар аввал қисми зиёди корро ману Леннарт Ҷонсон мекардем. Леннарт бо ҳамсараш аввалин Шоҳидони Яҳува дар Ҷумҳурии Доминика буданд ва соли 1957 онҳо ба Пуэрто-Рико омаданд. Чанде пас Максина дар кори бақайдгирии обунашавандагон иштирок кард ва дар як ҳафта аз ҳазор кас зиёд обуна мешуданд. Ба вай ин кор хеле маъқул буд, чунки ӯ дар бораи ҳамаи одамоне, ки ғизои рӯҳонӣ мегирифтанд, фикр мекард.

Азбаски дар Байт-Ил имконияти ба дигарон кӯмак расонидан бисёр аст, бароям хизмат дар ин ҷо хеле маъқул аст. Лекин ин хизмат душвориҳои худро дорад. Масалан, ҳангоми анҷумани байналхалқӣ, ки соли 1967 дар Пуэрто-Рико гузашт, ман дар дӯши худ масъулияти бисёрро ҳис мекардам. Нейтан Норр, ки он замон президенти Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ буд, ба Пуэрто-Рико омад. Ӯ нафаҳмида гуфт, ки ман барои миссионерон нақлиёт ташкил накардаам, лекин ин масъаларо ман ҳал карда будам. Чанде пас ӯ оиди ташкилотчигӣ маслиҳати сахт дода гуфт, ки аз ман норозист. Ман бо ӯ баҳс кардан нахостам, аммо муддати дароз худро хафа ва беқадр ҳис кардам. Лекин пас аз чанд вақт ману Максина бо бародар Норр вохӯрдем ва ӯ моро ба ҳуҷрааш таклиф карда бароямон хӯрок пухт.

Мо якчанд бор аз Пуэрто-Рико ба хабаргирии хешутаборам ба Англия сафар кардем. Дар оилаамон як ману модарам ҳақиқатро қабул карда будем. Падарам бошад, ҳақиқатро қабул кардан нахост. Лекин вақте аз Байт-Ил нотиқон меомаданд, модарам одатан аз онҳо хоҳиш мекард, ки дар хонаамон истанд. Бо гузашти солҳо падарам фаҳмид, ки ин нозирони фурӯтан то чӣ андоза аз коҳиноне, ки аз онҳо нафрат дошт, фарқ мекарданд. Дар натиҷа соли 1962 падарам таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шуд.

Ҳамроҳи Максина пас аз тӯй дар Пуэрто-Рико ва соли 2003 дар солгарди 50-уми оиладориамон

Соли 2011 ҳамсари азизам, Максина аз олам чашм пӯшид. Ман он замонеро, ки ӯ аз нав зинда мешавад, хеле интизорам. Умеди ӯро аз нав дидан маро тасаллӣ мебахшад! Дар муддати 58 соли зиндагиамон, мо бо Максина дидем, ки чӣ хел халқи Яҳува дар Пуэрто-Рико аз 650 то ба 26 000 нафар расид! Соли 2013 филиали Пуэрто-Рико бо филиали Иёлоти Муттаҳида якҷоя шуд. Ва маро ба Уолкилл (Ню-Йорк) таъин намуданд. Баъди 60 соли хизмат дар ҷазираҳо, ман худро ранги қурбоқаи коки * зодаи Пуэрто-Рико ҳис мекардам. Ман дар Пуэрто-Рико хушбахт будам, лекин вақти ба пеш ҳаракат кардан расида буд.

«ХУДО ОН КАСРО ДӮСТ МЕДОРАД, КИ САХӢ БОШАД»

Ман то ҳол аз хизмат дар Байт-Ил хурсандӣ мегирам. Ҳозир 90-солаам ва кори ман аъзоёни оилаи Байт-Илро рӯҳбаланд кардан аст. Ба ман гуфтанд, ки аз рӯзе ки ба Уолкилл омадам, беш аз 600 нафарро ташриф овардам. Баъзеҳо ба наздам барои проблемаҳои шахсӣ ва оилавиашонро муҳокима кардан меоянд. Дигарон бошанд, оиди беҳтар кардани хизматашон дар Байт-Ил маслиҳат мепурсанд. Ҳамсарон бошанд, дар масъалаҳои оилавӣ маслиҳат мепурсанд. Ҳамчунин байтилчиёне, ки таъиноташон иваз мешавад, барои маслиҳат ба ман муроҷиат мекунанд. Ман ҳамаи онҳоеро ки ба ман муроҷиат мекунанд, бодиққат гӯш мекунам ва агар бамаврид бошад, одатан ба онҳо чунин мегӯям: «“Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад”. Барои ҳамин аз коратон хурсандӣ гиред, чунки он барои Яҳува аст» (2 Қӯр. 9:7).

Агар шумо аз хизмат дар Байт-Ил ё дигар ҷой хурсандӣ гирифтан хоҳед, шумо бояд диққатро ба он равона созед, ки чаро кори мекардаатон муҳим аст. Чи коре ки дар Байт-Ил накунед, ин хизмати муқаддас аст, зеро ин ба «ғуломи мӯътамад ва доно» кӯмак мекунад, ки бародарияти умумиҷаҳониро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин созад (Мат. 24:45). Дар куҷое ки мо хизмат накунем, барои ҷалол додани Яҳува имконият дорем. Биёед он чизе ки Яҳува мефармояд аз таҳти дил иҷро кунем, чунки «Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад».

^ сарх. 13 Тарҷумаи ҳоли Ленард Смит дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 апрели соли 2012 навишта шудааст.

^ сарх. 29 Қурбоқаи коки дар ҷазираҳои Пуэрто-Рико машҳур аст. Ӯ бегоҳиҳо ко-кии-ко-кии гуфта суруд мехонад.