Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳамсарон, издивоҷатонро муваффақ созед

Ҳамсарон, издивоҷатонро муваффақ созед

«Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад [эҳтиром кунад, ТДН]» (ЭФС. 5:33).

СУРУДҲО: 39, 3

1. Онҳоеро ки оиладор мешаванд, чӣ интизор аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ВАҚТЕ арӯсу домод дар рӯзи тӯй ба висоли ҳамдигар мерасанд, онҳо чунон хурсанд мешаванд, ки шодии онҳоро бо сухан гуфтан душвор аст. То ин рӯз онҳо ба ҳамдигар то ҳамин дараҷа дил бастанд, ки барои як умр ба ҳамдигар вафодор мондан тайёранд, ки қавл диҳанд. Албатта, баъди оиладор шудан ба ҳамсарон лозим меояд, ки дар ҳаёташон дигаргуниҳо дароранд. Барои ин Яҳува чун Асосгузори оила дар Каломаш барои издивоҷ маслиҳатҳои хирадмандона дод, зеро мехоҳад, ки ҳар як ҷуфт дар ҳаёти оилавӣ хушбахту муваффақ бошад (Мас. 18:22). Вале, дар Каломи Худо кушоду равшан гуфта шудааст, ки аз сабаби нокомилӣ онҳое, ки оила барпо мекунанд «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт» (1 Қӯр. 7:28). Чӣ тавр то ҳадди имкон ин душвориҳоро камтар кардан мумкин аст? Чӣ ба масеҳиён кӯмак мерасонад, то издивоҷи муваффақ дошта бошанд?

2. Кадом намуди муҳаббатро ҳамсарон бояд зоҳир кунанд?

2 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки зоҳир кардани муҳаббат дар издивоҷ хеле муҳим аст. Масалан, бародардӯстӣ (ба забони юнонӣ фили́а) ва муҳаббати ошиқона дар издивоҷ хурсандӣ меорад. Ва агар онҳо кӯдакдор бошанд, муҳаббат нисбат ба аъзоёни оила (сторге́) муҳим аст. Лекин он муҳаббате, ки бар принсипҳо асос меёбад (ага́пе), муваффақияти издивоҷро кафолат медиҳад. Ҳаввории Павлус ба ин муҳаббат ишора карда чунин навишт: «Бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад [эҳтиром кунад, ТДН]» (Эфс. 5:33).

НАҚШИ ҲАМСАРОН

3. Дар издивоҷ муҳаббат то чӣ андоза бояд қавӣ бошад?

3 Павлус навишт, ки шавҳарон бояд занони худро чунон дӯст доранд, чи хеле ки Масеҳ ҷамъомадро дӯст медошт ва ҷонашро барои он фидо кард (Эфс. 5:25). Пайравони Исо бояд якдигарро дӯст доранд, чуноне ки ӯ онҳоро дӯст дошт. (Юҳанно 13:34, 35; 15:12, 13-ро хонед.) Аз ин рӯ муҳаббати ҳамсарони масеҳӣ бояд то ҳамин дараҷа сахт бошад, ки агар лозим шавад, барои якдигар ҷонашонро дареғ надоранд. Лекин ҳангоми сар задани душвориҳои ҷиддӣ, баъзе ҳамсарон шояд ҳис кунанд, ки муҳаббаташон ба ҳамдигар қавӣ нест. Чӣ ба онҳо кӯмак мерасонад? Муҳаббати ага́пе, ки ба принсипҳо асос ёфтаасту «ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад». Бале, «муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯр. 13:7, 8). Дар ёд доштани қавли худ оиди муҳаббату вафодорӣ ба ҳамсарони масеҳӣ кӯмак мерасонад, ки якҷоя проблемаҳоро аз рӯи принсипҳои Яҳува ҳал кунанд.

4, 5. а) Зан ба сарварии шавҳараш чӣ гуна бояд муносибат кунад? б) Мард чун сардори оила ба чӣ вазифадор аст? в) Як ҷуфти ҳамсарон дар издивоҷашон кадом дигаргуниҳоро дароварданд?

4 Ҳаввории Павлус дар бораи ӯҳдадориҳои зану шавҳар гуфт, ки занон бояд фармонбардори шавҳарони худ бошанд, чи хеле ки ба Масеҳ фармонбардоранд, чунки шавҳар сардори зан аст, чунон ки Масеҳ сардори ҷамъомад ва наҷотдиҳандаи он аст (Эфс. 5:22, 23). Албатта, ин гуфтаҳо қадри занро паст намекунанд. Дар асл ин ба зан кӯмак мекунад, то нақшеро, ки Яҳува аз аввал барои зан дода буд, иҷро кунад, яъне барои шавҳараш «мададгор»-и мувофиқ шавад (Ҳас. 2:18). Чи хеле ки Масеҳ чун сардори ҷамъомад муҳаббат зоҳир мекунад, шавҳарон низ бояд сарварони меҳрубон бошанд. Вақте шавҳар чунин мекунад, барои зан ҳурмат, дастгирӣ ва итоат кардан ба шавҳараш осон мегардад.

5 Хоҳаре бо номи Анора [1] розӣ аст, ки баъди оиладоршавӣ дар издивоҷ дигаргуниҳо даровардан лозим меояд. Ӯ чунин мегӯяд: «Дар вақти муҷаррадиам, ман аз касе вобаста набудам ва ғами худамро худам мехӯрдам. Баъди оиладоршавиам ба ман лозим омад, ки ба шавҳарам такя карданро ёд гирам. Рости гап, ин на ҳама вақт осон буд, лекин аз рӯи маслиҳати Яҳува амал кардан ҳар дуи моро ба ҳам наздик кард». Шавҳари ӯ, Умед чунин мегӯяд: «Бароям одатан қарор қабул кардан осон набуд. Дар издивоҷ фикри ду касро ба назар гирифта ба як қарор омадан душвор аст. Лекин вақте ман ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ роҳнамоӣ мепурсам ва бодиққат суханони занамро гӯш мекунам, бароям қарор қабул кардан рӯз ба рӯз осонтар аст. Ҳоло ман ҳис мекунам, ки мо як команда мебошем!»

6. Чӣ тавр муҳаббат кӯмак мерасонад, ки дар издивоҷ якдигарнофаҳмиҳоро паси сар кунем?

6 Зану шавҳаре, ки пайвандҳои издивоҷашон қавӣ аст, ба нокомилии якдигар гузашт менамоянд. Онҳо «ба ҳамдигар илтифот намуда» якдигарро бо омодагӣ мебахшанд. Албатта, ҳам зан ва ҳам шавҳар хатогӣ мекунанд. Дар чунин мавридҳо барои ҳамсарон имконият пайдо мешавад, ки аз хатогиҳои худ дарс гирифта якдигарро бахшанд ва муҳаббатеро зоҳир кунанд, ки муттаҳид месозад (Қӯл. 3:13, 14). Зеро «муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст... ба дил кина намегирад» (1 Қӯр. 13:4, 5). Нофаҳмиҳо дар издивоҷ бояд ҳар чӣ зудтар бартараф карда шаванд. Ҳамсарони масеҳӣ барои ҳамин бояд кӯшиш кунанд, ки то ғуруби офтоб нофаҳмиҳоро ҳал намоянд (Эфс. 4:26, 27). Барои аз таҳти дил «бахшиш, туро хафа кардам» гуфтан, далерӣ ва фурӯтанӣ лозим аст. Лекин агар ҳамсарон ин хислатҳоро зоҳир накунанд, якдигарнофаҳмиҳо дурудароз давом карда байнашон муросо намешавад.

МУҲИМИЯТИ МЕҲРУ НАВОЗИШ

7, 8. а) Китоби Муқаддас оиди алоқаи ҷинсӣ чӣ маслиҳат медиҳад? б) Чаро дар издивоҷ меҳру навозиш муҳим аст?

7 Китоби Муқаддас ба ҳамсарон маслиҳатҳое медиҳад, ки барои иҷро кардани вазифаи заношӯӣ кӯмак мерасонад. (1 Қӯринтиён 7:3–5-ро хонед.) Дар издивоҷ ҳиссиёту эҳтиёҷоти ҳамсарро ба назар гирифтан хеле муҳим аст. Агар зан аз шавҳараш меҳру навозиш набинад, аз алоқаи ҷинсӣ хурсандӣ намегирад. Китоби Муқаддас ба шавҳарон маслиҳат медиҳад, ки бо занони худ «бомулоҳиза рафтор» кунанд (1 Пет. 3:7). Алоқаи ҷинсӣ набояд ба таври маҷбурӣ шавад, балки бо хоҳиши ҳамдигар. Одатан ниёзи зану шавҳар ба алоқаи ҷинсӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Лекин аз ҷиҳати эмотсионалӣ вақт барои ҳар ду ҳамсар бояд муносиб бошад.

8 Китоби Муқаддас оиди чӣ гуна ва чӣ қадар зоҳир намудани меҳру навозиш ягон қоидаи махсус намедиҳад. Лекин дар он оиди чунин ҳиссиёт гуфта шудааст (С. Сур. 1:2; 2:6). Ҳамсарон бояд ҳамдигарро меҳру навозиш кунанд.

9. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ба касе ки ҳамсари мо нест шаҳватомез нигоҳ накунем?

9 Агар шахс Яҳува ва ҳамсари худро дӯст дорад, ба издивоҷи ӯ ҳеҷ чиз зарар расонида наметавонад. Аз сабаби тамошои порнография баъзе ҳамсарон меҳру муҳаббаташонро гум карданд ва ё ҳатто аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳамсарон бояд бо ин гуна одатҳо ва ё нигоҳи шаҳвонӣ нисбати шахсе ки ҳамсарашон нест, мубориза баранд. Ҳатто бо ҳиссиёти касе ки ҳамсари мо нест бозӣ кардан норавост ва мо бояд аз он даргурез бошем. Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки Яҳува фикрҳо ва амали моро медонад. Донистани ин ба мо кӯмак мекунад, ки барои ба Худо писанд омадан ва нигоҳ доштани беайбиамон хоҳиши қавӣ дошта бошем. (Матто 5:27, 28 ва Ибриён 4:13-ро хонед.)

ВАҚТЕ ПАЙВАНДҲОИ ИЗДИВОҶ СУСТАНД

10, 11. а) Ҷудошавӣ то чӣ андоза паҳн гаштааст? б) Китоби Муқаддас оиди зиндагии ҷудогона чӣ мегӯяд? в) Чӣ ба ҳамсарон кӯмак мекунад, ки ба зиндагии ҷудогона саросема нашаванд?

10 Проблемаҳои дар издивоҷ бамиёномада, сабаби он гардида метавонанд, ки яке аз ҳамсарон ё ҳардуяшон мехоҳанд, ки аз ҳамдигар ҷудогона зиндагӣ кунанд ва ё расман ҷудо шаванд. Дар баъзе ҷойҳо қариб ними зиёди издивоҷҳо бо ҷудошавӣ анҷом меёбанд. Албатта, дар байни Шоҳидони Яҳува ҷудошавӣ ин қадар зиёд нест, лекин рӯз ба рӯз шумораи оилаҳое, ки дар издивоҷашон душвориҳои ҷиддӣ ҳастанд, зиёд шуда истодаанд.

11 Китоби Муқаддас чунин дастурот медиҳад: «Завҷа аз шавҳараш набарояд,— ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад,— ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад» (1 Қӯр. 7:10, 11). Зиндагии ҷудогона кори шӯхӣ нест. Ҳарчанд ба назар зиндагии ҷудогона роҳи ҳалли мушкилӣ тобад ҳам, одатан он душвориҳоро зиёдтар месозад. Баъди он ки Исо суханони Худоро оиди пайвандҳои издивоҷ такрор кард, ӯ чунин гуфт: «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:3–6; Ҳас. 2:24). Ин маънои онро дорад, ки ҳамсарон набояд «он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст» ҷудо кунанд. Яҳува ба издивоҷ чун ба пайвандҳои якумра менигарад (1 Қӯр. 7:39). Ҳамсарон бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳар кас барои рафтораш пеши Худо худаш ҷавоб медиҳад. Барои ҳамин вақте ягон нофаҳмиҳо мешавад, ҳамсарон онро бояд дарҳол ҳал кунанд, то ки вазъият аз будаш бадтар нашавад.

12. Чаро ҳамсарон ҷудогона зиндагӣ кардан мехоҳанд?

12 Хаёлу орзуҳое, ки аз воқеият дуранд, сабаби дар оила сар задани душвориҳо шуда метавонанд. Вақте орзуҳои шахс оиди оиладоршавӣ ҷомаи амалӣ намепӯшанд, ӯ худро зиқу рӯҳафтода, фиребхӯрда ҳис мекунад ва ҳатто аз худашу ҳамсараш норозӣ шуда метавонад. Ҳамчунин дар оила аз сабаби ба пул, хешутабор ва тарбияи кӯдак муносибати гуногун доштан якдигарнофаҳмӣ пайдо мешавад. Лекин, хушбахтона, бисёр оилаҳои Шоҳидони Яҳува роҳи ҳалли ин гуна масъалаҳоро ёфтанд, зеро ба Яҳува гузоштанд, ки онҳоро роҳнамоӣ кунад.

13. Барои ҷудогона зиндагӣ кардан чӣ сабаб шуда метавонад?

13 Барои ҷудогона зиндагӣ кардани ҳамсарон якчанд сабабҳо вуҷуд дошта метавонад. Масалан, аз сабаби саркашӣ аз таъмини оила, зӯроварӣ ё хатари ҷиддӣ ба беҳбудии рӯҳонӣ, баъзеҳо қарор карданд, ки ҷудогона зиндагӣ мекунанд. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳамсарон бояд аввал аз пирон кӯмак пурсанд. Ин бародарони ботаҷриба ба ҳамсарон маслиҳат дода метавонанд, ки гуфтаҳои Каломи Худоро ба кор баранд. Ҳамчунин барои ҳалли душвориҳои оилавӣ онҳо бояд ба Яҳува дуо гуфта рӯҳи муқаддас пурсанд, то мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас амал намуда самари рӯҳро зоҳир карда тавонанд (Ғал. 5:22, 23). [2]

14. Китоби Муқаддас ба бародар ё хоҳаре, ки ҳамсараш Шоҳиди Яҳува нест, чӣ мегӯяд?

14 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки чаро ҳамсарон набояд аз ҳамдигар ҷудо шаванд, ҳатто агар яке аз ҳамсарон Шоҳиди Яҳува набошад ҳам. (1 Қӯринтиён 7:12–14-ро хонед.) Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ҳамсарони беимон аз ҳисоби ҳамсарони имондорашон «қудсият» пайдо мекунанд. Фарзандони онҳо низ «муқаддас» ҳисобида мешаванд ва зери ҳимояи Худо мебошанд. Павлус фаҳмонд: «Аз куҷо ту донӣ, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки завҷаатро наҷот хоҳӣ дод?» (1 Қӯр. 7:16). Қариб дар ҳама ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува ҳамсароне ҳастанд, ки барои ба ҳақиқат омадани зан ва ё шавҳарашон сабаб шуданд.

15, 16. а) Китоби Муқаддас ба зани масеҳӣ, ки шавҳараш ходими Яҳува нест, чӣ маслиҳат медиҳад? б) Агар ҳамсаре ки Шоҳиди Яҳува нест, ҷудогона зиндагӣ кардан хоҳад, ҳамсари масеҳӣ бояд чӣ кор кунад?

15 Ҳаввории Павлус ба занони масеҳӣ маслиҳат дод, ки ба шавҳаронашон итоат кунанд, «то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд». Зан шавҳарашро бештар бо зоҳир кардани «рӯҳи ҳалиму сокит», ки «дар назари Худо гаронбаҳост» ба ҳақиқат оварда метавонад, назар ба он ки фақат дар бораи эътиқодаш гап занад (1 Пет. 3:1–4).

16 Агар ҳамсаре ки Шоҳиди Яҳува нест, ҷудогона зиндагӣ кардан хоҳад, ҳамсари масеҳӣ бояд чӣ кор кунад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст» (1 Қӯр. 7:15). Ин маънои онро надорад, ки акнун масеҳӣ барои аз нав оиладор шудан аз нигоҳи Яҳува асос пайдо кардааст. Ҳамчунин ӯ якравона аз ҳамсараш хоҳиш карда наметавонад, ки ҳамроҳаш зиндагӣ кунад. Баъзан зиндагии ҷудогона метавонад сабаби аз нав оштӣ шудани ҳамсарон гардад. Барои ҳамин ҳамсари масеҳӣ умед дошта метавонад, ки ҳамсараш як рӯз не, як рӯз пайванди издивоҷашонро мустаҳкам карда Шоҳиди Яҳува мегардад.

ИЗДИВОҶ ВА БА ҶО ОВАРДАНИ ИРОДАИ ХУДО

Кори Яҳуваро дар ҷои аввал мондан хушбахтии оилаатонро зиёд мегардонад (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Ҳамсарони масеҳӣ чиро бояд дар ҷои аввал монанд?

17 Азбаски «айёми охир» ба поён расида истодааст, рӯз ба рӯз мо бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавем (2 Тим. 3:1–5). Аз ин рӯ муносибати худро бо Яҳува қавӣ карда мо бо таъсири бади ин ҷаҳон мубориза бурда метавонем. Павлус навишт: «Вақт танг аст». Барои ҳамин «зандорон бояд мисли безанон бошанд... онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанд» (1 Қӯр. 7:29–31). Павлус нагуфт, ки ҳамсарон акнун бояд ба вазифаҳои заношӯӣ хунукназарӣ кунанд. Азбаски вақт кам аст, ба онҳо муҳим аст, ки иродаи Яҳуваро дар ҷои аввал монанд (Мат. 6:33).

18. Чаро Шоҳидони Яҳува издивоҷи хушбахту бомуваффақ дошта метавонанд?

18 Дар ин рӯзҳои душвор бисёр издивоҷҳо вайрон шуда истодаанд. Оё доштани издивоҷи хушбахт ва муваффақ имконпазир аст? Албатта. Ба шарте ки агар мо ба Яҳува ва халқи Ӯ наздик бошем, принсипҳои Каломи Худоро истифода барем ва роҳнамоии рӯҳи муқаддасро қабул кунем. Чунин карда мо «он чиро ки Худо ба ҳам пайвастааст» ҷудо намекунем (Марқ. 10:9).

^ [1] Сархати 5. Номҳо иваз шудаанд.

^ [2] Сархати 13. Ба китоби «Муҳаббати Худо», ба замимаи «Нуқтаи назари Китоби Муқаддас ба талоқ ва зиндагии ҷудогона», нигаред.