Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Поёни шаби сиёҳ сафед аст

Поёни шаби сиёҳ сафед аст

«ТУ ПАДАРИ БЕРАҲМӢ,— дод зада гуфт коргари КГБ *.— Ту зани ҳомиладор ва духтарчаатро партофтӣ. Кӣ ба онҳо ғамхорӣ мекунад? Аз динат даст кашу ба хонаат рафтан гир». Ман гапамро такрор карда гуфтам: «Не, ман оилаамро напартофтаам. Шумо маро дастгир карда ба ин ҷо овардед. Лекин барои чӣ?» Офитсер даррав ҷавоб гардонда гуфт: «Шоҳиди Яҳува будан ҷинояти вазнин аст».

Ин воқеа соли 1959 дар маҳбаси Иркутск (Русия) рӯй дод. Мехоҳам ба шумо нақл кунам, ки чӣ тавр ману занам Мария «барои адолат уқубат» кашидем ва барои содиқ монданамон соҳиби кадом баракатҳо шудем (1 Пет. 3:13, 14).

Ман соли 1933 дар яке аз қишлоқҳои Украина, ки Золотники ном дорад, таваллуд шудаам. Соли 1937 холаам бо шавҳараш, ки Шоҳиди Яҳува буданд, аз Фаронса ба хонаи мо меҳмонӣ омаданд. Онҳо ба мо китобҳои «Ҳокимият» ва «Раҳоӣ»-ро, ки аз тарафи Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ нашр мешуданд, тӯҳфа карданд. Вақте падарам ин китобҳоро хонд, бовариаш ба Худо зиёд гашт. Афсӯс, соли 1939 падарам ба бемории сахт гирифтор шуд, аммо пеш аз маргаш ӯ ба модарам гуфт: «Ин ҳақиқат аст. Онро ба фарзандонамон таълим деҳ».

СИБИР — МИНТАҚАИ НАВ БАРОИ МАВЪИЗА

Апрели соли 1951 ҳукуматдорон Шоҳидони Яҳуваро аз ғарби СССР ба Сибир бадарға карданд. Ман ҳам ҳамроҳи модарам ва бародари хурдиам, Григорий, аз Украинаи Ғарбӣ бадарға карда шудам. Баъди 6000 километрро бо қатора тай карданамон мо ба шаҳри Тулун (Сибир) расидем. Баъди ду ҳафта бародари калониам, Богданро, ба лагери меҳнатӣ, ки дар наздикии шаҳри Ангарск ҷойгир буд, ба муддати 25 сол ба меҳнати сахт маҳкум карданд.

Ман ҳамроҳи модару бародарам, Григорий, дар гирду атрофи шаҳри Тулун мавъиза мекардам. Барои ин мо ҳар дафъа ягон чизро баҳона мекардем. Масалан, мо мепурсидем: «Оё дар ин ҷо ягон кас гов мефурӯшад?» Вақте ин гуна шахсонро меёфтем, дар аввал бо ӯ дар бораи ба таври аҷоиб офарида шудани гов сӯҳбат мекардем, баъдтар бошад, дар бораи Офаридгор гап мезадем. Он вақтҳо дар рӯзнома дар бораи Шоҳидони Яҳува навишта шуда буд, ки онҳо гов ҷустуҷӯ мекунанд, вале дар асл мо одамони фурӯтани гӯсфандмонандро мекофтем ва ёфтем! Бо ин гуна шахсони меҳмондӯст омӯхтани Китоби Муқаддас ба мо хурсандӣ мебахшид. Имрӯз дар ҷамъомади Тулун зиёда аз 100 воиз хизмат мекунад.

ИМОНИ МАРИЯ САНҶИДА ШУД

Занам, Мария, ҳақиқатро дар Украина дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ фаҳмид. Вақте вай 18-сола буд, як коргари КГБ бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки Мария бо ӯ ҳамхоба шавад, аммо Мария ҳар дафъа устуворона таклифи ӯро рад мекард. Як рӯз, вақте вай ба хона баргашт, дид, ки дар ҷойи хобаш он мард дароз кашидааст. Мария гурехт. Аз ин рафтори ӯ офитсер ба қаҳр омада таҳдид кард, ки барои Шоҳиди Яҳува буданаш ӯро ҳабс мекунад, ва ҳамин тавр ҳам кард. Марияро соли 1952 ба муддати даҳ сол ҳабс карданд. Ӯ худро мисли Юсуф, ки барои нигоҳ доштани беайбиаш ҳабс шуда буд, ҳис мекард (Ҳас. 39:12, 20). Ронандае, ки ӯро аз толори суд ба зиндон мебурд, гуфт: «Натарс. Бисёр одамон ҳабс мешаванд, лекин аз он ҷо ҳурматро нисбати худ гум накарда бармегарданд». Ин суханон ба вай қувват бахшиданд.

Аз соли 1952 то 1956 Мария дар лагери меҳнатии Русия, ки дар наздикии шаҳри Горкий (ҳоло Нижний Новгород) ҷойгир буд, кор кард. Ӯ дар он ҷо ҳатто дар зимистони қаҳратун дарахтро решакан мекард. Саломатии Мария аз ин кор зарар дида буд, аммо соли 1956 ӯро озод карданд ва вай ба Тулун кӯчид.

ДУР АЗ ЗАНУ ФАРЗАНД

Вақте бародаре ба ман гуфт, ки як хоҳар ба Тулун меояд, ман барои пешвоз гирифтани хоҳар ва бардоштани бори ӯ бо велосипедам ба истгоҳи автобус рафтам. Ман Марияро бо як дидан маъқул кардам. Аз он вақт сар карда ман кӯшиш мекардам, ки дили ӯро ба даст орам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Мо соли 1957 оиладор шудем. Як сол пас духтарамон Ирина таваллуд шуд, аммо ин хурсандии мо дер давом накард. Соли 1959 маро барои чоп кардани адабиётамон ҳабс карданд. Ман ним сол дар камера танҳо будам. Барои диламро ором нигоҳ доштан ман доимо дуо мегуфтам, сурудҳои Салтанатро месароидам ва тасаввур мекардам, ки баъди озод шуданам чӣ тавр мавъиза мекунам.

Соли 1962 дар лагери меҳнатӣ

Вақти дар ҳабс буданам муфаттиш маро пурсуков кард ва дод зада гуфт: «Ба қарибӣ мо шуморо мисли муш ба замин пачақ мекунем!» Ман ҷавоб гардонда гуфтам: «Исо гуфта буд, ки ин хушхабар дар тамоми олам мавъиза ХОҲАД ШУД ва ҳеҷ кас онро боз дошта наметавонад». Баъд муфаттиш хост маро бо суханоне, ки дар аввали нақлам гуфтам, маҷбур кунад, ки аз имонам рӯ гардонам. Вақте диданд, ки зӯрӣ ва фиребу найрангашон ба кор наомад, маро ба мӯҳлати ҳафт сол ба лагери меҳнатие, ки дар наздикии шаҳри Саранск буд, фиристоданд. Дар роҳ ман фаҳмидам, ки духтарчаи дуюмамон, Олга, таваллуд шудааст. Ҳарчанд зану духтаронам аз ман дур буданд, донистани он ки ману Мария ба Яҳува содиқем, маро тасаллӣ медод.

Соли 1965 Мария бо Олга ва Ирина

Дар як сол як бор Мария ба Саранск маро хабаргирӣ меомад. Барои ба назди ман омада боз ба хона баргаштанаш вай бояд 12 рӯз сафар мекард. Ҳар сол ӯ ба ман як ҷуфт пойафзоле меовард, ки дар пошнаи он нусхаи «Бурҷи дидбонӣ» пинҳон карда шуда буд. Хусусан боре ман аз омадани Мария сахт хурсанд шуда будам, чунки ӯ ҳамроҳи худаш духтаронамонро оварда буд. Оё хурсандии маро тасаввур карда метавонед? Ман аз дидори онҳо бениҳоят хурсанд будам, чунки лаҳзае бошад ҳам, бо онҳо буда метавонистам.

ҶОЙИ НАВ, ОЗМОИШҲОИ НАВ

Соли 1966 маро озод карданд ва ман бо оилаам ба шаҳри Армавир, ки дар наздикии баҳри Сиёҳ ҷойгир аст, кӯчидем. Дар ин ҷо писаронамон Ярослав ва Павел таваллуд шуданд.

Чанд вақт пас коргарони КГБ ба хонаи мо омада, адабиётамонро кофтанд ва ин ҳолат якчанд бор такрор ёфт. Онҳо ҳама ҷоро чаппаву роста мекарданд, ҳатто даруни хӯроки говонро низ кофтуков мекарданд. Дар яке аз чунин кофтуковҳо офитсерҳо аз гармӣ арақ карданд ва костюмҳояшон пури чанг шуд. Дили Мария ба онҳо сӯхт, чунки онҳо танҳо вазифаашонро иҷро мекарданду халос. Ӯ ба онҳо шарбат, шоткаи либостозакунӣ, тағораи об ва дастмол дод. Баъдтар, вақте сардорашон омад, онҳо ба ӯ нақл карданд, ки чӣ тавр мо ба онҳо меҳрубонӣ кардем. Вақти рафтан сардорашон ба тарафи мо табассум кард. Мо натиҷаи «бадиро бо некӣ мағлуб» карданамонро дида хеле хурсанд шудем (Рум. 12:21).

Нигоҳ накарда ба кофтуковҳо мо дар Армавир мавъиза карданро давом медодем. Инчунин мо гурӯҳи хурди воизонеро, ки дар наздикии шаҳри Курганинск зиндагӣ мекарданд, қавӣ мегардондем. Ман хеле хурсандам, ки имрӯз дар Армавир шаш ҷамъомад ва дар Курганинск чор ҷамъомад ҳаст.

Рӯзҳое буданд, ки мо ба таври лозима ба Яҳува хизмат намекардем. Аммо мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки ба воситаи бародарон моро ислоҳ мекард ва қувват мебахшид (Заб. 129:3). Душвории дигар бо ҷосусони КГБ паҳлӯ ба паҳлӯ хизмат кардан буд. Ин ҷосусон ноаён ба ҷамъомад дохил мешуданд. Баъзеашон худро дар хизмат боғайрат нишон медоданд. Баъзеи дигарашон ҳатто дар ҷамъомад масъулият доштанд. Бо гузашти вақт асли рӯяшон маълум шуд ва мо кӣ будани онҳоро фаҳмидем.

Соли 1978 Мария дар 45-солагиаш боз ҳомиладор шуд. Азбаски вай дилкасал буд, духтурон хавотир шуда гуфтанд, ки аборт кунад. Мария розӣ нашуд. Баъзе духтурон дар беморхона аз пасаш бо сӯзандору гашта мехостанд, онро ба бадани ӯ гузаронанд, то ки кӯдакаш афтад. Барои зинда нигоҳ доштани кӯдак Мария аз беморхона гурехт.

КГБ ба мо амр дод, ки шаҳрро тарк кунем. Мо ба қишлоқе, ки ба шаҳри Таллин наздик буд, кӯчидем. Он дар Эстония, ки он вақт як қисми СССР ҳисоб мешуд, ҷойгир буд. Дар Таллин Мария баръакси гуфтаҳои духтурон сиҳату саломат кӯдаки солимро ба дунё овард. Мо писарчаамонро Виталий ном мондем.

Баъдтар мо аз Эстония ба ҷануби Русия, ба қишлоқи Незлобная, кӯчидем. Мо дар шаҳрҳои ҳамсоя ба одамоне, ки аз тамоми мамлакат ба он ҷо барои дамгирӣ ва табобат кардан меомаданд, эҳтиёткорона мавъиза мекардем. Онҳо ба ин ҷо барои сиҳат шудан меомаданд, аммо бисёрашон ба ҳаёти ҷовидонӣ умед пайдо карда мерафтанд.

БА ФАРЗАНДОНАМОН ДӮСТ ДОШТАНИ ЯҲУВАРО ТАЪЛИМ МЕДИҲЕМ

Мо кӯшиш мекардем, ки дар дили фарзандонамон муҳаббат ба Яҳува ва хоҳиши ба Ӯ хизмат карданро ҷо кунем. Мо зуд-зуд бародару хоҳаронеро, ки ба фарзандонамон таъсири нағз мерасонданд, ба меҳмонӣ даъват менамудем. Меҳмони доимии мо бародарам Григорий буд, ки ӯ солҳои 1970–1995 чун нозири сайёр хизмат мекард. Аз омадани ӯ ҳамаамон хурсанд мешудем, чунки бародарам зиндадил ва шӯх буд. Мо бо меҳмонон аз рӯйи Китоби Муқаддас ҳар хел бозиҳо мекардем. Ин чиз ба фарзандонамон ёрдам кард, ки ҳикояҳои Китоби Муқаддасро дӯст доранд.

Писаронам бо занонашон.

Аз чап ба рост (қатори дуюм): Ярослав, Павел, Виталий

Қатори якум: Алёна, Рая, Светлана

Соли 1987 писарамон Ярослав ба шаҳри Рига, ки дар Латвия ҷойгир аст, кӯчид. Он ҷо ӯ имконият дошт, ки озодтар мавъиза кунад. Аммо, вақте вай ба хизмати ҳарбӣ рафтанро рад кард, ӯро ҳабс карданд. Дар тӯли яку ним сол вай дар нӯҳ зиндони гуногун буд. Писарам мегӯяд, ки дар вақтҳои душвор истодагарӣ кардани ман ба ӯ ёрдам кард, ки сабру тоқат кунад. Баъдтар Ярослав хизмати пешравиро сар кард. Соли 1990 писарамон Павел дар 19-солагиаш хост, ки дар Сахалин ном ҷазирае, ки шимолтар аз Ҷопон ҷойгир аст, хизмати пешравиашро давом диҳад. Дар аввал мо намехостем, ки вай ба он ҷо равад, чунки дар Сахалин танҳо 20 воиз буд ва ин ҷазира аз хонаамон 9000 километр дур буд. Аммо оқибат мо розӣ шудем ва аз ин қарорамон пушаймон нагаштем. Дили одамони ин ҷо ба гӯш кардани хушхабар моил аст. Якчанд сол пас дар ин ҷо ҳашт ҷамъомад пайдо шуд. Павел дар Сахалин то соли 1995 хизмат кард. Он вақт танҳо писари хурдиамон, Виталий, бо мо дар хона монд. Вай аз хурдӣ хондани Китоби Муқаддасро дӯст медошт. Дар синни 14-солагӣ ӯ хизмати пешравиро сар кард. Ман ҳам ҳамроҳи ӯ ду сол чун пешрав хизмат кардам. Он лаҳзаҳо фаромӯшнашаванда буданд. Вақте Виталий 19-сола шуд, пешрави махсус шуда ба дигар ҷо рафт.

Соли 1952 коргари КГБ ба Мария гуфта буд: «Интихоб кун, ё аз имонат рӯ мегардонӣ ё даҳ сол зиндонӣ мешавӣ. Ту дар ҳабс пир мешавӣ ва, вақте аз он ҷо мебароӣ, ба ҳеҷ кас даркор намешавӣ». Аммо ҳама чиз баръакс шуд. Мо аз муҳаббати Яҳува, фарзандонамон ва одамони бисёре, ки барои ба ҳақиқат омаданашон ёрдам кардем, баҳра бурдем. Ману Мария имконият доштем, ки ба ҷойҳое, ки фарзандонамон хизмат мекарданд, равем. Миннатдории онҳое, ки фарзандонамон барои ба ҳақиқат омаданашон кӯмак карда буданд, моро хеле хурсанд кард.

АЗ ЯҲУВА БАРОИ НЕКИҲОЯШ МИННАТДОРЕМ

Соли 1991 фаъолияти Шоҳидони Яҳува расман ба қайд гирифта шуд. Ин чиз ба мо ёрдам кард, ки дар кори мавъиза боғайраттар шавем. Масалан, ҷамъомади мо барои дар рӯзҳои истироҳат дар шаҳру деҳаҳои гирду атроф мавъиза кардан автобус харид.

Соли 2011 бо занам

Ман хеле хурсандам, ки Ярослав ва занаш, Алёна, Павел ва занаш, Рая, дар Байт-Ил хизмат мекунанд. Инчунин ман хурсандам, ки Виталий ҳамроҳи занаш, Светлана, чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад. Ман хеле хурсандам, ки писаронам бо оилаашон ба Яҳува хизмат мекунанд. Духтари калониамон, Ирина, бо оилааш дар Германия зиндагӣ мекунад. Шавҳари ӯ бо се писараш чун пири ҷамъомад хизмат мекунанд. Духтарамон Олга бошад, дар Эстония зиндагӣ мекунад ва тез-тез ба ман занг зада меистад. Афсӯс, ҳамсари азизам, Мария, соли 2014 аз олам гузашт. Ман бесаброна зиндашавии ӯро интизорам! Ҳоло ман дар шаҳри Белгород зиндагӣ мекунам. Бародарони ин ҷо маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд.

Таҷрибае, ки ман аз ҳаёт омӯхтам нишон медиҳад, ки барои беайб мондан бояд аз баҳри ягон чиз бароӣ, лекин бовар кунед, баракатҳое, ки он бо худ меорад, ба ҳар гуна қурбониҳо меарзад. Ману ҳамсарам ҳатто тасаввур намекардем, ки барои нигоҳ доштани содиқиамон соҳиби баракатҳои зиёд мешавем. Пеш аз барҳам хӯрдани СССР, соли 1991, дар он зиёда аз 40 000 воиз буд. Имрӯз шумораи воизон дар давлатҳое, ки пеш қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, ба зиёда аз 400 000 нафар расидааст. Ҳоло ман 83-солаам ва чун пири ҷамъомад хизмат мекунам. Яҳува ҳамеша ба ман барои истодагарӣ кардан қувват медод. Бале, Яҳува маро хеле баракат дод (Заб. 12:6).

^ сарх. 4 КГБ шакли ихтисоршудаи Кумитаи бехатарии давлатӣ ба забони русӣ мебошад.