Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бо имон амал кунед ва ба Худо писанд оед

Бо имон амал кунед ва ба Худо писанд оед

«Ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд» (ИБР. 6:12).

СУРУДҲО: 3, 54

1, 2. Йифтоҳ ва духтараш бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуданд?

ҶАВОНДУХТАРЕ ба пешвози падараш медавад. Вай хеле хурсанд аст, ки падараш сиҳату саломат аз ҷанг баргашт. Барои ғалабаи падараш духтарак суруд мехонад ва шодикунон мерақсад. Падараш бошад, доду фарёдзанон либоси худро пора мекунад ва мегӯяд: «Оҳ духтарам! Ту маро дар залолат андохтӣ». Сипас ба духтараш мегӯяд, ки ба Яҳува ваъдае додааст, ки ҳаёти духтарашро пурра дигаргун месозад. Ин ваъда маънои онро дорад, ки духтар ҳеҷ гоҳ оиладор ва фарзанддор шуда наметавонад. Лекин духтар бе дудилагӣ падарашро бармеангезад, ки ба ваъдааш вафо кунад. Суханони духтар нишон медиҳанд, ки ӯ ба Яҳува боварии комил дорад. Ӯ медонад, ки чизе Яҳува талаб накунад, ҳамааш ба фоидаи ӯст (Дов. 11:34–37). Падар аз имони духтари худ фахр мекунад, зеро медонад, ки фидокории духтараш Яҳуваро шод мегардонад.

2 Йифтоҳ ва духтари худотарсаш дилпур буданд, ки ҳама корҳои Яҳува дурустанд. Онҳо ҳатто дар ҳолати душвор ба Ӯ такя карданд. Барои ба даст овардани розигии Яҳува онҳо ба ҳама кор тайёр буданд.

3. Чаро дида баромадани мисоли Йифтоҳ ва духтараш бароямон фоиданок аст?

3 Мо медонем, ки ба Яҳува вафодор мондан на ҳамеша осон аст. Мо бояд «дар роҳи имон» кӯшишу ғайрат кунем (Яҳд. 3). Биёед дида мебароем, ки чӣ тавр Йифтоҳу духтараш душвориҳои ҳаёташонро паси сар карданд. Чӣ тавр онҳо ба Яҳува вафодор монданд?

БА ТАЪСИРИ ҶАҲОН НИГОҲ НАКАРДА БО ИМОН РАФТОР КУНЕД

4, 5. а) Вақте исроилиён ба Замини ваъдашуда даромаданд, Яҳува ба онҳо чӣ амр дод? б) Мувофиқи таронаи 105-уми Забур беитоатии халқи Исроил ба чӣ оварда расонд?

4 Ҳар рӯз Йифтоҳу духтараш ба хотир меоварданд, ки беитоатии исроилиён ба чӣ оварда расонд. Тақрибан 300 сол пеш аз ин Яҳува ба исроилиён амр фармуд, ки халқҳои бутпарастро аз Замини ваъдашуда несту нобуд кунанд, лекин онҳо ба Ӯ итоат накарданд (Такр. Ш. 7:1–4). Бисёри исроилиён ба халқи бутпарасти Канъон пайравӣ карда худоҳои бардурӯғро ибодат мекарданд ва ҳаёти бадахлоқона ба сар мебурданд. (Забур 105:34–39-ро хонед.)

5 Аз сабаби беитоатии исроилиён Яҳува онҳоро аз душманонашон ҳимоя намекард (Дов. 2:1–3, 11–15; Заб. 105:40–43). Он солҳо барои оилаҳои худотарс ба Яҳува вафодор мондан хеле душвор буд. Лекин мувофиқи Китоби Муқаддас дар он рӯзҳо шахсони вафодоре мисли Йифтоҳу духтараш, ҳамчунин Элқоно, Ҳанно ва Самуил буданд, ки Яҳуваро хурсанд кардан мехостанд (1 Подш. 1:20–28; 2:26).

6. Мо бояд аз чӣ дурӣ ҷӯем?

6 Имрӯз тарзи фикрронӣ ва рафтори одамон ба канъониён монанд аст. Ҳаёти онҳо ба алоқаи ҷинсӣ, зӯроварӣ ва пулпарастӣ равона шудааст. Лекин Яҳува ба мо огоҳиҳои аниқу равшан медиҳад. Ӯ мехоҳад, ки моро аз таъсироти бад муҳофизат кунад, ҳамон тавре ки исроилиёнро мекард. Оё мо аз хатогии онҳо ибрат мегирем? (1 Қӯр. 10:6–11). Биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро карда аз тарзи фикрронии ин ҷаҳон дурӣ ҷӯем (Рум. 12:2).

БА НОУМЕДӢ НИГОҲ НАКАРДА БО ИМОН РАФТОР КУНЕД

7. а) Исроилиён бо Йифтоҳ чӣ тавр рафтор карданд? б) Йифтоҳ бо исроилиён чӣ тавр рафтор кард?

7 Дар замони Йифтоҳ халқи Исроил ба Яҳува итоат намекард. Аз ин сабаб Яҳува роҳ дод, ки фалиштиён ва аммӯниён исроилиёнро азоб диҳанд (Дов. 10:7, 8). Илова бар ин бародарони Йифтоҳ ва сардорони Исроил бо ӯ беинсофона рафтор карданд. Азбаски онҳо ба ӯ ҳасад мебурданд ва ӯро бад медиданд, ӯро пеш карда, аз замини ҳаққу ҳалолаш маҳрум сохтанд (Дов. 11:1–3). Йифтоҳ роҳ надод, ки рафтори бераҳмонаи онҳо ба ӯ таъсир расонад. Мо инро аз куҷо медонем? Ҳангоме ки пирон ба наздаш омада илтимос карданд, ки кӯмак кунад, ӯ дарҳол розӣ шуд (Дов. 11:4–11). Чаро Йифтоҳ ин тавр рафтор кард?

8, 9. а) Кадом принсипҳои қонуни Мусо шояд ба Йифтоҳ барои қабул намудани қарори дуруст ёрдам карданд? б) Чӣ барои Йифтоҳ аз ҳама муҳим буд?

8 Йифтоҳ ҷанговари бақувват буд. Ӯ таърихи халқи Исроил ва қонуни Мусоро хуб медонист. Мулоҳиза оиди муносибати Яҳува бо халқаш ба Йифтоҳ кӯмак мекард, ки неку бадро фаҳмад (Дов. 11:12–27). Ин ба ӯ кӯмак мекард, ки қарорҳои дуруст қабул кунад. Ӯ аниқ медонист, ки Яҳува ба қаҳру ғазаб ва қасдгирӣ чӣ гуна муносибат мекунад ва мехоҳад, ки одамон якдигарро дӯст доранд. Илова бар ин Қонун дар бораи чӣ тавр ба якдигар ва ба душманонашон муносибат карданро таълим медод. (Хуруҷ 23:5 ва Ибодат 19:17, 18-ро хонед.)

9 Шояд ба Йифтоҳ намунаи Юсуф кӯмак карда буд. Юсуф нигоҳ накарда ба он ки бародаронаш «аз ӯ нафрат» доштанд, онҳоро бахшид (Ҳас. 37:4; 45:4, 5). Мулоҳиза оиди ин ба Йифтоҳ кӯмак кард, ки тарзе рафтор кунад, ки ба Яҳува маъқул бошад. Ҳарчанд бародаронаш ӯро ранҷонида буданд, Йифтоҳ аз хизмати Яҳува ва халқи Ӯ даст накашид (Дов. 11:9). Ӯ хафагиро як тараф гузошта, барои халқаш ва номи Яҳува ҷангид. Он ки Йифтоҳ ба Яҳува имон зоҳир кард, ҳам ба худаш ва ҳам ба дигарон фоида овард (Ибр. 11:32, 33).

10. Чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонанд, ки дили Худоро шод гардонем?

10 Мо аз намунаи Йифтоҳ чӣ меомӯзем? Агар бародарони масеҳӣ моро рӯҳафтода созанд ва ё бо мо муносибати хуб накунанд, мо чӣ гуна рафтор мекунем? Мо бояд кӯшиш кунем, то ҷамъомадҳоро тарк накунем ва роҳ надиҳем, ки ҳисси хафагӣ моро аз хизмати Яҳува боздорад. Биёед ба Йифтоҳ пайравӣ карда ба Яҳува гӯш диҳем ва ҳар гуна душвориҳоро паси сар кунем. Ин тавр рафтор карда мо ҳам мисли Йифтоҳ ба дигарон намунаи хуб шуда метавонем (Рум. 12:20, 21; Қӯл. 3:13).

БО ФИДОКОРӢ ИМОНАТОНРО НИШОН ДИҲЕД

11, 12. Йифтоҳ ба Яҳува чӣ ваъда дод ва он чӣ маъно дошт?

11 Йифтоҳ дарк мекард, ки барои бар аммӯниён ғолиб омадан ба кӯмаки Яҳува мӯҳтоҷ аст. Ӯ ба Яҳува ваъда дод, ки агар дар ҷанг ғолиб ояд, ҳар касеро ки якум шуда ба пешвозаш барояд, «ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ» ба Ӯ мебахшад (Дов. 11:30, 31). Ин чӣ маъно дошт?

12 Одамонро ба қурбонӣ овардан дар назари Яҳува нафратовар аст. Аз ин рӯ мо медонем, ки ин қурбонии аслӣ набуд (Такр. Ш. 18:9, 10). Мувофиқи қонуни Мусо қурбонии сӯхтанӣ пурра ба Яҳува бахшида мешуд. Бинобар ин шахсе ки Йифтоҳ ба Яҳува бахшиданӣ буд, бояд тамоми умр ба Ӯ хизмат мекард. Яҳува дуои Йифтоҳро шунид ва ӯ дар ҷанг ғалаба кард (Дов. 11:32, 33). Аммо Йифтоҳ киро ба Яҳува бахшид?

13, 14. Суханони Йифтоҳ, ки дар Доварон 11:35 навишта шудаанд, дар бораи имони ӯ чиро ошкор мекунанд?

13 Биёед ба воқеае ки дар аввали мақола тасвир шудааст, баргардем. Вақте Йифтоҳ аз ҷанг бармегардад, ӯро духтараш, ки фарзанди яккаву ягонааш буд, пешвоз мегирад. Оё Йифтоҳ ба ваъдааш вафо кард? Оё ӯ духтарашро ба Яҳува барои як умр дар хайма хизмат кардан бахшид?

14 Дар ин вазъият ба Йифтоҳ боз принсипҳои Китоби Муқаддас кӯмак кард, ки қарори дуруст қабул кунад. Шояд ӯ суханони Хуруҷ 23:19-ро ба ёд овард. Дар он ҷо ба халқи Худо гуфта шуда буд, ки чизи беҳтаринашонро бо омодагӣ ба Яҳува диҳанд. Ҳамчунин дар Қонун навишта шуда буд, ки «агар касе барои Худованд назр кунад... пас набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд» (Ад. 30:3). Мисли Ҳаннои содиқ, ки шояд ҳамзамони ӯ буд, Йифтоҳ ба ваъдааш вафо кард. Ҳарчанд ӯ медонист, ки духтараш дар хайма хизмат карда ҳеҷ вақт фарзанддор намешавад ва касе насли ӯро давом дода заминашро мерос гирифта наметавонад (Дов. 11:34). Ба ҳар ҳол Йифтоҳ бо имон чунин гуфт: «Ман даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаам, ва наметавонам баргардам» (Дов. 11:35). Яҳува қурбонии қиматбаҳои ӯро қабул кард ва ӯро баракат дод. Агар шумо ба ҷои Йифтоҳ мебудед, чӣ тавр рафтор мекардед?

15. Ҳар яке аз мо чӣ гуна қасам ёд кардаем ва чӣ тавр ба ваъдаамон вафо карда метавонем?

15 Вақте мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшидем, мо ваъда додем, ки нигоҳ накарда ба ҳеҷ чиз ба Ӯ хизмат мекунем. Мо медонем, ки ҳамеша мувофиқи ваъдаи худ зиндагӣ кардан осон нест. Вақте ки аз мо кардани кореро ки ба мо на он қадар маъқул аст, хоҳиш менамоянд, мо чӣ гуна рафтор мекунем? Агар мо дар ин гуна вазъиятҳо ба Худо итоат намоем, имони худро ба Яҳува нишон медиҳем. Шояд қурбониҳое ки мо меоварем, осон набошанд, аммо баракатҳое ки аз паси он меоянд, абадиянд (Мал. 3:10). Дар бораи духтари Йифтоҳ чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ ба ваъдаи падараш чӣ тавр муносибат кард?

Чӣ тавр мо мисли Йифтоҳ ва духтари ӯ имон зоҳир карда метавонем? (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)

16. Духтари Йифтоҳ ба ваъдаи падараш чӣ гуна муносибат кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

16 Ваъдаи Йифтоҳ аз ваъдаи Ҳанно фарқ дошт. Ҳанно ваъда дода буд, ки писараш Самуилро чун назир барои дар хайма хизмат кардан пешкаш мекунад (1 Подш. 1:11). Шахсе ки чун назир хизмат мекард, метавонист оиладор шавад. Аммо духтари Йифтоҳ чун «қурбонии сӯхтанӣ» ба Яҳува бахшида шуда буд. Аз ин рӯ ӯ наметавонист ба шавҳар барояд ва фарзанддор шавад (Дов. 11:37–40). Чун духтари яке аз сардорони Исроил ӯ метавонист шавҳари беҳтарин кунад. Лекин ҳоло ӯ бояд фурӯтанона дар хайма хизмат мекард. Ин ҷавондухтар чӣ тавр рафтор кард? Ӯ гуфт: «Эй падарам! Ту даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаӣ, пас чунон ки аз даҳонат берун омадааст, бо ман амал намо» (Дов. 11:36). Бо ин суханонаш ӯ нишон дод, ки хизмат ба Яҳува барояш дар ҷои аввал меистад. Ӯ хоҳишҳои табиии ба шавҳар баромадан ва фарзанддор шуданро як тараф карда, хизмат ба Яҳуваро интихоб кард. Чӣ тавр мо ба фидокории ӯ пайравӣ карда метавонем?

17. а) Чӣ тавр мо ба имони Йифтоҳ ва духтараш пайравӣ карда метавонем? б) Чӣ тавр суханони Ибриён 6:10–12 моро ба фидокорӣ бармеангезанд?

17 Ҳазорҳо хоҳару бародарони ҷавон бо омодагӣ имконияти оиладор ва фарзанддор шуданро қурбонӣ мекунанд. Чаро? Барои он ки онҳо мехоҳанд диққаташонро бештар ба хизмат равона созанд. Инчунин бисёри масеҳиёни пиронсол вақтеро ки онҳо метавонистанд бо фарзандон ва ё бо наберагонашон гузаронанд, қурбон мекунанд. Ин бародару хоҳарони пиронсол тамоми вақту қувваташонро ба хизмати Яҳува мебахшанд. Баъзе аз онҳо дар корҳои сохтмонӣ ё дар Мактаб барои воизони Салтанат иштирок мекунанд ва ба ҷойҳое ки ниёз ба воизон бештар аст, мекӯчанд. Дигарон бошанд, дар арафаи Шоми ёдбуд корҳои шахсиашонро як тараф монда бештар хизмат мекунанд. Хизмате ки мо аз таҳти дил мекунем, Яҳуваро хеле шод мегардонад ва Ӯ ҳеҷ гоҳ ин кору муҳаббати моро фаромӯш намесозад. (Ибриён 6:10–12-ро хонед.) Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо барои ба Яҳува бештар хизмат кардан ба фидокорӣ тайёред?

МО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

18, 19. Мо аз намунаи Йифтоҳ ва духтараш чӣ меомӯзем ва чӣ тавр ба онҳо пайравӣ карда метавонем?

18 Чӣ ба Йифтоҳ кӯмак кард, ки душвориҳоро паси сар кунад? Ӯ гузошт, ки Яҳува ӯро роҳнамоӣ кунад. Йифтоҳ қарор кард, ки ба Яҳува содиқ мемонад. Ӯ нагузошт, ки рафтори дигарон ба ӯ таъсир расонад. Яҳува Йифтоҳ ва духтарашро баракат дод ва онҳоро барои нигоҳ доштани ибодати пок истифода бурд. Ҳатто вақте дигарон ба Яҳува итоат намекарданд, Йифтоҳ ва духтараш ба Ӯ имон зоҳир карданд.

19 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд» (Ибр. 6:12). Биёед ба Йифтоҳ ва духтараш пайравӣ кунем ва доимо дар хотир дорем, ки агар ба Яҳува вафодор бимонем, Ӯ моро баракат медиҳад.