Саволҳои хонандагон
«Мӯҳр» ва «гарав»-е ки ҳар як тадҳиншуда аз Худо мегирад, чист? (2 Қӯр. 1:21, 22).
Гарав. Мувофиқи як манбаи илмӣ калимаи юноние ки дар 2 Қӯринтиён 1:22 чун «гарав» тарҷума шудааст, «истилоҳи юридикӣ ва тиҷоратӣ» буд, ки маънои зеринро дошт: «Пардохти аввал, ки бо он нархи чизеро қисман пешпардохт мекунанд. Ин ҳуқуқи даъво карданро дар масъалаҳои юридикӣ кафолат медиҳад ё шартномаеро қонунӣ мегардонад». Дар мавриди тадҳиншудагон пардохти пурра ё худ мукофоти онҳо, чи хеле ки дар 2 Қӯринтиён 5:1–5 тасвир шудааст, ин гирифтани тани осмонӣ мебошад. Ҳамчунин онҳо соҳиби бефаноӣ мешаванд (1 Қӯр. 15:48–54).
Дар забони юнонии ҳозира калимаи ба ин монанд барои ифодаи ангуштарини никоҳ истифода мешавад. Ин хеле бамаврид аст, чунки ҳар як тадҳиншуда қисми завҷаи рамзии Масеҳ мешавад (2 Қӯр. 11:2; Ваҳй 21:2, 9).
Мӯҳр. Дар замонҳои гузашта мӯҳрро чун имзо барои исбот намудани ҳаққонияти чизе, тааллуқ доштани чизе ба касе ва бастани шартнома истифода мебурданд. Мӯҳр зада шудани тадҳиншудагон маънои онро дорад, ки онҳо бо рӯҳи муқаддас гӯё тамға зада шуданду моликияти Яҳува ҳисоб мешаванд (Эфс. 1:13, 14). Лекин ин мӯҳри охирин нест. Мӯҳри охиринро тадҳиншуда пеш аз марги содиқонааш ва ё то саршавии мусибати бузург содиқ монданаш мегирад (Эфс. 4:30; Ваҳй 7:2–4).