Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Сабр бояд амали комил дошта бошад»

«Сабр бояд амали комил дошта бошад»

«Сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед» (ЯЪҚ. 1:4).

СУРУДҲО: 24, 7

1, 2. а) Мо аз сабру тоқати Ҷидъӯн ва 300 сарбози ӯ чӣ меомӯзем? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мувофиқи суханони Исо чаро сабр муҳим аст?

ҶАНГ ҳанӯз дар авҷ буд, лекин ҳамаи ҷанговарон хаставу лакот шуда буданд. Ҷидъӯн бо ҳамроҳонаш мидёниён ва тарафдорони онҳоро тамоми шаб то 32 км таъқиб карданд. Баъд чӣ рӯй дод? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҷидъӯн ба Ӯрдун расид: ӯ ва сесад нафаре ки ҳамроҳаш буданд, убур карданд. Онҳо монда шуда буданд». Ҷидъӯн ва ҳамроҳонаш ҳоло дар ҷанг ғолиб наомада буданд, чунки аз лашкари душман боз 15 000 нафар боқӣ монда буд. Онҳо дарк менамуданд, ки ҳоло вақти ақиб гаштан нест, зеро ин душманон онҳоро солҳои дароз азоб медоданд. Аз ин рӯ онҳо таъқиб кардани душманро давом доданд ва оқибат ғолиб омаданд (Дов. 7:22; 8:4, 10, 28).

2 Мо низ имрӯз дар ҷанги бераҳмонае иштирок мекунем. Душманони мо Шайтон, ҷаҳони ӯ ва нокомилиамон аст. Баъзеи мо солҳои дароз бо ин душманон мубориза мебарем. Бо кӯмаки Яҳува мо дар ин гуна ҷангҳо борҳои зиёд ғолиб баромада тавонистем. Аммо ҳоло ғалабаи пурра ба даст наовардаем. Баъзан ба назарамон чунин метобад, ки дигар қуввати мубориза бурдан надорем. Ё шояд интизории анҷоми ин ҷаҳон моро хаста кардааст. Исо огоҳ карда буд, ки дар замонҳои охир одамон бо муносибати бераҳмона ва озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо ӯ инчунин гуфта буд, ки агар сабр кунем, ғолиб меоем. (Луқо 21:19-ро хонед.) Сабр чист? Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки пурсабр бошем? Мо аз онҳое ки сабру тоқат зоҳир карда буданд, чӣ меомӯзем? Чӣ тавр «сабр бояд амали комил дошта бошад»? (Яъқ. 1:4) Биёед ин саволҳоро дида бароем.

САБР ЧИСТ?

3. Сабр чист?

3 Мувофиқи Китоби Муқаддас сабр на танҳо маънои ба ягон душворӣ тоқат карданро дорад, он чизи бештареро дар бар мегирад. Пурсабрӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ба душвориҳо дуруст муносибат кунем. Шахси пуртоқат далеру устувор аст ва ба душвориҳо тоб меорад. Дар як китоб гуфта мешавад: «Шахси пурсабр душвориҳоро на бо сари хам, балки бо умеди қавӣ қабул мекунад. Ин хислат ба шахс кӯмак мекунад, ки ҳангоми боди шадиди душвориҳо аз по наафтад. Шахси пурсабр дар озмоишҳои сахттарин ғолиб меояд, чунки аз пушти дарду ранҷ мақсадашро мебинад».

4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки сабр бар муҳаббат асос ёфтааст?

4 Сабри масеҳӣ бар муҳаббат асос ёфтааст. (1 Қӯринтиён 13:4, 7-ро хонед.) Муҳаббат ба Яҳува ба мо кӯмак мерасонад, ки ба ҳама чизе ки Ӯ роҳ медиҳад, тоқат кунем (Луқ. 22:41, 42). Агар мо бародару хоҳаронро дӯст дорем, нисбати нокомилии онҳо пурсабр мешавем (1 Пет. 4:8). Муҳаббат ба ҳамсарамон ба мо кӯмак мекунад, ки ба душвориҳои ҳаёти оилавӣ тоб орем. Бо чунин душвориҳо ҳатто оилаҳои хушбахт низ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар натиҷа, пайвандҳои издивоҷамон мустаҳкам мешавад (1 Қӯр. 7:28).

ЧӢ БА ШУМО КӮМАК МЕКУНАД, КИ ПУРСАБР БОШЕД?

5. Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мерасонад, ки босабр бошем?

5 Аз Яҳува қувва пурсед. Яҳува «Худои сабру тасаллӣ» аст (Рум. 15:5). Танҳо Ӯ вазъият, ҳиссиёт ва тарбияи моро пурра фаҳмида метавонад. Ӯ аз ҳама беҳтар медонад, ки ба мо барои пурсабр будан чӣ лозим аст. Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува мегӯяд: «Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад, ва истиғосаи онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад» (Заб. 144:19). Вақте мо аз Яҳува сабру тоқат мепурсем, Ӯ чӣ тавр ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад?

6. Чӣ тавр Яҳува дар озмоиш ба мо «сабукӣ медиҳад»?

6 1 Қӯринтиён 10:13-ро хонед. Вақте мо аз Яҳува барои дар озмоишҳо истодагарӣ кардан кӯмак мепурсем, Ӯ ба мо «сабукӣ медиҳад». Чӣ тавр? Оё Ӯ душвориҳоро бартараф мекунад? Баъзан. Аммо бештар Яҳува қувват медиҳад, то ба душвориҳо «тоб оварда» тавонем ва «бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр» бошем (Қӯл. 1:11). Яҳува хуб медонад, ки мо чӣ қадар бардошт карда метавонем. Барои ҳамин намегузорад, ки мо ба озмоиши чунон душворе рӯ ба рӯ шавем, ки содиқ монда натавонем.

7. Чаро барои пурсабр буданамон ғизои рӯҳонӣ муҳим аст? Мисол оред.

7 Имонатонро бо хӯроки рӯҳонӣ қавӣ гардонед. Барои ба кӯҳи баландтарини ҷаҳон Эверест баромадан, кӯҳнавард бояд ҳар рӯз 6 000 калория истеъмол кунад, ки аз ғизои ҳаррӯзаи инсон чанд маротиба зиёд аст. Барои он ки ӯ то охир сабр кунад ва ба мақсади худ расад, бояд ҳар рӯз ҳар чӣ бештар хӯроки серғизо истеъмол кунад. Ба ин монанд барои ба мақсади худ расидан, мо бояд ҳар чӣ бештар хӯроки рӯҳонӣ истеъмол кунем. Барои он ки ба хондан, омӯзиш кардан ва ба ҷамъомадҳо рафтан вақт ҷудо кунем, ба мо назму тартиб лозим аст. «Ғизое... ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад», ба мо барои мустаҳкам кардани имонамон кӯмак мерасонад (Юҳ. 6:27).

8, 9. а) Мувофиқи Айюб 2:4, 5 чаро дар озмоишҳо содиқ мондан муҳим аст? б) Вақте ки шумо бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавед, кадом саҳнаи ноаёнро тасаввур карда метавонед?

8 Саволи баҳсталабро фаромӯш накунед. Вақте ки ходими Яҳува бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавад, барояш чизи аз ҳама муҳим набояд ранҷу азобаш бошад. Ҳангоми озмоишҳо рафторамон нишон медиҳад, ки оё мо дар ҳақиқат Яҳуваро Худои Таоло меҳисобем ё не. Шайтон, душмани Худо, Ӯро бо суханони зерин таъна зад: «Ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод; аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти [Айюб] бизан,— Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод» (Айюб 2:4, 5). Аз рӯи гуфтаҳои Шайтон ягон хизматгори Худо фидокорона ва аз рӯи муҳаббат ба Ӯ хизмат намекунад. Оё фикри Шайтон дигар шудааст? Не! Асрҳо пас баъди ба замин партофта шуданаш, Шайтон «маломатгари бародарони мо» номида шудааст, «ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат» мекунад (Ваҳй 12:10). Шайтон саволи баҳсталабро фаромӯш накардааст. Ӯ сахт мехоҳад, ки мо роҳбарии Худоро рад кунем ва ба Ӯ хизмат карданро бас кунем.

Вақте бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавед, ин гуна саҳнаи ба чашм ноаёнро тасаввур кунед. Аз як тараф Шайтон ва девҳои ӯ истодаанд ва мегӯянд, ки шумо зери бори гарони душвориҳо таслим мешавед. Аз дигар тараф Яҳува, Писари Ӯ ва тадҳиншудагону миллионҳо фариштагон истодаанд. Онҳо шуморо дилбардорӣ мекунанд ва сабру тоқати шуморо дида хеле хурсанд мешаванд. Баъд шумо суханони худи Яҳуваро мешунавед, ки мегӯяд: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (Мас. 27:11).

10. Чӣ тавр шумо дар пурсабрӣ ба Исо пайравӣ карда метавонед?

10 Ба мукофот назар дӯзед. Тасаввур кунед, ки шумо ба сафари дуру дароз меравед ва дар байни тунел дармемонед. Ҳама ҷо топ-торик аст. Аммо шумо медонед, ки агар саёҳатро давом диҳед, он гоҳ дар охири тунел боз равшаниро хоҳед дид. Ба ин монанд баъзан мо ҳис мекунем, ки проблемаҳо моро аз по меафтонанд. Ҳатто Исо инро аз сар гузаронида буд. Ӯ бо таҳқир, мазоҳу масхара ва марги пуразоб дар ғӯлачӯб тоб овард. Чӣ ба Исо кӯмак расонд, ки дар ин замони торики ҳаёташ устувор монад? Исо ба воситаи «шодие ки Ӯро дар пеш буд» устувор монд (Ибр. 12:2, 3). Ӯ дар бораи натиҷаи сабраш фикр мекард. Исо тасаввур мекард, ки чӣ тавр номи Худоро ҷалол дода ҳуқуқи ҳукмронии Ӯро дастгирӣ мекунад. Ӯ медонист, ки ҳарчанд сабр талх аст, меваи ширин меоварад. Исо дар хотир дошт, ки душвориҳо муваққатӣ аст, аммо мукофоте ки ӯро дар осмон интизор аст, абадист. Имрӯз душвориҳое ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, шояд шуморо хаста кунанд. Аммо дар хотир доред, ки «поёни шаби сияҳ сафед аст». Шуморо ҳаёти осудаи абадӣ интизор аст.

ОНҲОЕ КИ «САБР КАРДААНД»

11. Чаро мо бояд ҳаёти «онҳоеро, ки сабр кардаанд», дида бароем?

11 Ҳангоми тоб овардан ба душвориҳо мо танҳо нестем. Петруси ҳавворӣ ба масеҳиёне ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд, чунин гуфт: «Ба [Шайтон] бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд» (1 Пет. 5:9). Намунаи онҳое ки «сабр кардаанд» ба мо кӯмак мекунад, ки дар имон устувор монем ва боварӣ мебахшад, ки мо метавонем то ба охир сабр кунему соҳиби мукофот шавем (Яъқ. 5:11). Биёед якчанд мисолро дида бароем. [1]

12. Мо аз каррубиёне, ки боғи Аданро нигаҳбонӣ мекарданд, чӣ меомӯзем?

12 Каррубиён. Ин офаридаҳои Яҳува фариштагони боломақом мебошанд. Баъд аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Яҳува ба каррубиён дар замин таъиноти нав дод. Ин таъинот аз таъиноте, ки онҳо дар осмон доштанд, сахт фарқ мекард. Вақте ягон таъиноти душвор мегирем, намунаи онҳо ба мо кӯмак мерасонад, ки пурсабр бошем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо «ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунад»  [2] (Ҳас. 3:24). Китоби Муқаддас намегӯяд, ки каррубиён шикоят мекарданд ва таъиноти навашонро кори паст мешумориданд. Онҳо безор шуда корашонро напартофтанд. Баръакс онҳо то охир, шояд то Тӯфон, ки баъди зиёда аз 1600 сол рӯй дод, дар таъиноти худ монданд.

13. Чӣ ба Айюб кӯмак кард, ки озмоишҳояшро босаброна паси сар кунад?

13 Айюби худотарс. Баъзан шояд шумо аз сабаби он ки дӯст ё ҳамимонатон шуморо хафа кардааст, рӯҳафтода мешавед. Ё шояд шумо аз бемории вазнин ва ё марги шахси наздикатон азоб мекашед. Ин вақт намунаи Айюб ба шумо тасаллӣ бахшида метавонад (Айюб 1:18, 19; 2:7, 9; 19:1–3). Айюб намедонист, ки чаро ин қадар ранҷу азоб мекашад, аммо ҳеҷ вақт аз ҳад зиёд ноумед намешуд. Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки пурсабр бошад? Пеш аз ҳама ӯ «худотарс» буд (Айюб 1:1). Айюб мехост дар ҳар вазъияти қулай ё ноқулай ба Яҳува писанд ояд. Инчунин Яҳува дар бораи офаридаҳои аҷоибаш ба ӯ гап зада кӯмак кард, ки қуввати Ӯро бинад. Ин ба Айюб боварӣ бахшид, ки Яҳува дар вақти мувофиқ ба ранҷу азобҳои ӯ хотима мебахшад (Айюб 42:1, 2). Дар охир «Худованд Айюбро ба вазъияти пештараи ӯ баргардонид... ва Худованд ба Айюб ҳар он чи пештар дошт, дучандон зиёд кард». Айюб «пир ва солхӯрда шуд» ва аз зиндагӣ қаноатманд буд (Айюб 42:10, 17).

14. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 1:6 чӣ тавр пурсабрии Павлус ба дигарон кӯмак кард?

14 Павлуси ҳавворӣ. Оё шумо аз рӯи имонатон бо муқобилият ва ё таъқибот дучор мешавед? Оё шумо нозири ноҳиявӣ ё пири ҷамъомад мебошед ва аз бори масъулият монда шудаед? Пас, намунаи Павлус ба шумо кӯмак расонда метавонад. Ӯ бо таъқиботи бераҳмона рӯ ба рӯ мешуд ва инчунин ҳамеша ғами бародару хоҳаронро мехӯрд (2 Қӯр. 11:23–29). Аммо Павлус бо рӯҳафтодагӣ мубориза мебурд ва намунаи ӯ моро қувват мебахшад. (2 Қӯринтиён 1:6-ро хонед.) Дар хотир доред, ки агар шумо дар душвориҳо сабру тоқат карда тавонед, намунаи шумо ҳам ба дигарон рӯҳбаландӣ мебахшад.

ОЁ САБРИ ШУМО «АМАЛИ КОМИЛ» ХОҲАД ДОШТ?

15, 16. а) Чӣ тавр душвориҳо моро комил гардонда метавонанд? б) Чӣ тавр сабри мо дар мавридҳои гуногун «амали комил» дошта метавонад?

15 Зери таъсири рӯҳи Худо, Яъқуби ҳавворӣ чунин навишт: «Сабр бояд амали комил дошта бошад». Ин чӣ маъно дорад? Яъне сабр бояд ба мо кӯмак расонад, ки «комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта» бошем (Яъқ. 1:4). Ҳангоми душвориҳо камбудиҳоямон маълум мегарданд, мо мефаҳмем, ки кадом хислатро бояд бештар инкишоф диҳем. Лекин вақти паси сар кардани душвориҳо шахсияти мо беҳтар мешавад. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки душвориҳо моро комил мегардонанд. Масалан, мо пурсабрӣ, миннатдорӣ ва раҳмдилиро дар бар мекунем.

Вақти аз душвориҳо гузаштан шахсияти мо беҳтар мешавад (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)

16 Азбаски душвориҳо моро беҳтар мегардонанд, мо намехоҳем, ки барои аз озмоиш халос шудан қонунҳои Яҳуваро вайрон кунем. Масалан, агар шумо бо фикрҳои бадахлоқона мубориза бурда истода бошед, таслим нашавед! Аз Яҳува пурсед, ки барои аз худ дур кардани фикрҳои бад ба шумо кӯмак расонад. Оё ҳамсаратон ба шумо муқобилият мекунад? Рӯҳафтода нашавед! Ба Яҳува хизмат карданро давом диҳед. Дар натиҷа, имонатон ба Яҳува мустаҳкамтар мегардад. Дар хотир доред, ки барои ба Яҳува писанд омадан, мо бояд пурсабр бошем (Яъқ. 1:12; Рум. 5:3–5).

17, 18. а) Чаро то охир сабр кардан муҳим аст? Мисол оред. б) Ҳозир, ки анҷом наздик аст, мо ба чӣ боварӣ дорем?

17 Мо бояд на танҳо як лаҳза, балки то охир сабр кунем. Тасаввур кунед, ки киштие ғарқ шуда истодааст. Одамон барои наҷот ёфтан бояд ба сӯи соҳил шино кунанд. Аз байни онҳо як нафар ҳамон замон, дигаре бошад, ҳангоми то соҳил якчанд метр мондан шино карданро бас мекунад. Оё чӣ қадар шино кардани онҳо аҳамият дорад? Не, оқибати ҳар дуи онҳо як хел аст. Ба ин монанд, агар мо дар дунёи нав зиндагӣ кардан хоҳем, бояд то охири охир сабр кунем. Биёед мисли Павлуси ҳавворӣ боварӣ дошта бошем, ки гуфта буд: «Ноумед намешавем» (2 Қӯр. 4:1, 16).

18 Мо боварии пурра дошта метавонем, ки Яҳува барои то охир сабр карданамон кӯмак хоҳад кард. Мо бо суханони Павлуси ҳавворӣ, ки дар Румиён 8:37–39 навишта шудаанд, розием: «Мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем. Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар... Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад». Албатта, баъзан мо хаста мешавем. Лекин биёед ба Ҷидъӯн ва лашкараш пайравӣ кунем. Онҳо хаста шуда буданд, аммо душманро «ҳанӯз таъқиб менамуданд» (Дов. 8:4).

^ [1] Сархати 11. Инчунин шумо метавонед бо баъзе воқеаҳои рӯҳбаландкунанда аз ҳаёти имрӯзаи халқи Худо шинос шавед. Масалан, аз «Солнома»-и солҳои 1992 (англ.), 1999 ва 2008 (рус.) шумо дар бораи имони устувори бародарони Эфиопия, Малави ва Русия хонда метавонед.

^ [2] Сархати 12. Дар Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки ин супориш ба чанд нафар каррубӣ дода шуда буд.