Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо тасаввуроти худро дуруст ба кор мебаред?

Оё шумо тасаввуроти худро дуруст ба кор мебаред?

ОН ЧИСТ ки танҳо 1,4 кг вазн дораду «мураккабтарин чиз дар тамоми дунё» мебошад? Майнаи сари инсон. Он як чизи беҳамтову нотакрорест. Чӣ қадаре ки мо дар бораи он бештар фаҳмем, ҳамон қадар миннатдориамон барои корҳои «аҷоиб»-и Яҳува бештар мешавад (Заб. 138:14). Биёед танҳо як қобилияти майнаи сарро дида бароем: тасаввуротро.

Тасаввурот чист? Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ин калима чунин маънидод мешавад: «Шакл ва ё сурати чизеро дар фикру хаёли худ муайян намудан». Мо метавонем сурати чизеро дар фикрамон муайян кунем, ки ҳеҷ гоҳ надидаем ва воқеаро тасаввур кунем, ки ҳеҷ гоҳ бо мо рӯй надодааст. Ин қобилиятро мо бисёр истифода мебарем. Масалан, оё шумо ягон бор дар бораи ҷойи наве хонда будед? Гарчанд шумо ҳеҷ гоҳ ба он ҷо нарафта будед, оё тавонистед, ки нақши онро дар хаёли худ тасаввур кунед? Бешубҳа, ин бароятон он қадар душвор набуд. Ҳар гоҳе ки мо дар бораи чизе хаёл мекунем, ки онро намебинем, намешунавем, намечашем, ба он намерасем ё бӯй намекашем, он вақт гуфтан мумкин аст, ки мо қобилияти тасаввур карданро ба кор мебарем.

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо ба сурати Худо офарида шудаем (Ҳас. 1:26, 27). Пас, аз ин бармеояд, ки худи Яҳува дорои тасаввуроти беҳамто мебошад. Азбаски Ӯ ба мо чунин қобилиятро додааст, мехоҳад, ки мо онро барои фаҳмидани хосташ ба кор барем (Воиз 3:11). Чӣ тавр тасаввуроти худро дуруст истифода барем? Чӣ тавр аз истифодаи нодурусти ин қобилият дур бошем?

ИСТИФОДАИ БЕХИРАДОНАИ ТАСАВВУРОТ

1) Аз фикру хаёли бемаврид ва нодуруст дурӣ ҷӯед.

«Орзу айб нест» мегӯянд. Орзуву хаёл кардан ҳатто як андоза фоида дорад. Лекин дар китоби Воиз 3:1 гуфта мешавад, ки «барои ҳар кор» вақте ҳаст. Барои ҳамин шахс бояд эҳтиёт шавад, ки бемаврид бо ягон кор машғул нашавад. Фарз кардем, ки шумо дар ҷамъомад нишастаед. Лекин ба ҷои гӯш кардани барнома парвози хаёлҳо шуморо ба дигар ҷо мебаранд. Ё ки ҳангоми омӯзиши шахсӣ ҳушу ёдатон ба дигар чиз меравад. Дар ин маврид тасаввуроти шумо дӯст не, балки душманатон мегардад. Исо ба ҳамаи мо огоҳии ҷиддие дод, ки дар сари худ фикрҳои нопокро ба монанди бадахлоқӣ напарварем (Мат. 5:28). Баъзе чизҳое ки мо тасаввур мекунем, метавонанд барои Яҳува нафратовар бошанд. Аз фикру хаёли нопок то ба амал овардани бадахлоқӣ як қадам аст. Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки тасаввуротатон шуморо аз Яҳува дур созад!

2) Ба пулу мол такя накунед.

Бе пул рӯзи одам намегузарад. Лекин, агар шумо фикр кунед, ки зиндагӣ бо пулу мол ширин аст ва чизу чора ба одам хушбахтӣ меорад, сахт хато мекунед. Сулаймон, ки хиради беҳамто дошт, чунин навишт: «Дороии сарватдор шаҳри мустаҳками ӯст, ва дар хаёли ӯ мисли ҳисори баланд аст» (Мас. 18:11). Сентябри соли 2009 аз сабаби боришоти зиёд 80 фоизи ҷазираи Манила (Филиппин) зери об монд. Оё ба одамони бой ҳеҷ зараре нарасид? Марди сарватманде ки ҳангоми ин фалокат чизу чораашро аз даст дода буд, мегӯяд: «Обхезӣ ҳеҷ касро рӯихотир накард. Он ҳам ба сари бой ва ҳам камбағал бадбахтӣ овард». Тасаввур кардани он ки пулу мол гарави бехатарӣ аст, осон мебошад. Лекин дар асл ин дурӯғи маҳз аст.

3) Бисёр ғам нахӯред.

Исо ба мо маслиҳат додааст, ки аз ҳад зиёд ғам нахӯрем (Мат. 6:34). Шахси воҳимачӣ тасаввуроти худро аз ҳад зиёд кор мефармояд. Агар шумо беҳудаву баҳуда хавотир шавед, ва оиди чизҳое ғам хӯред, ки ҳоло рӯй надодаанд ва ё шояд ҳеҷ гоҳ рӯй надиҳанд, қуввати худро бефоида сарф мекунед. Навиштаҳо мегӯянд, ки чунин ғаму ташвиш моро рӯҳафтода месозад. Мо метавонем ҳатто ба депрессия афтем (Мас. 12:25). Хеле муҳим аст, ки маслиҳати Исоро ба кор барем ва дар бораи рӯзе ки наомадааст, ғам нахӯрем.

ИСТИФОДАИ БОХИРАДОНАИ ТАСАВВУРОТ

1) Дурандеш бошед.

Навиштаҳо моро бармеангезанд, ки дурандеш бошем (Мас. 22:3). Мо метавонем тасаввуроти худро ба кор бурда фикр кунем, ки оқибати рафторамон чӣ мешавад. Фарз кунед, ки шуморо ба ягон маърака ба меҳмонӣ даъват карданд. Барои ба рафтан розӣ шудан ё нашудан ба шумо тасаввуротатон кӯмак карда метавонад. Аз худ бипурсед: «Ба ғайр аз ман боз кӣ даъват шудааст? Чӣ қадар одам дар он ҷо мешавад? Кай ва дар куҷо он мегузарад? Дар он ҷо чӣ рӯй доданаш мумкин? Оё дар он ҷо принсипҳои Китоби Муқаддас вайрон намешаванд?» Чи хеле ки мегӯянд, «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ», барои ҳамин ба кор бурдани тасаввурот ба шумо кӯмак мерасонад, ки аз ҳодисаҳое ки ба муносибати шумову Яҳува зарар расонда метавонанд, дурӣ ҷӯед.

2) Тасаввуротро ба кор бурда душвориҳоро ҳал кунед.

Тасаввурот ба мо дар ҳал кардани душвориҳо кӯмак мерасонад. Фарз кардем, ки гапатон бо ягон аъзои ҷамъомад мегурезад. Шумо барои оштӣ шудан, чӣ тавр рафтор мекунед? Барои ин бояд чанд чизро ба назар гиред. Тарзи гапзанӣ ва муомилаи вай чӣ хел аст? Вақти қулай барои дар бораи душворӣ гап задан кадом аст? Кадом калимаҳоро бояд интихоб кард ва бо кадом оҳанг бояд гап зад? Тасаввуроти худро ба кор бурда шумо метавонед роҳи беҳтарини ҳалли мушкилиро ёбед (Мас. 15:28). Агар шумо душвориҳоро ҳамин тавр бо мулоҳизаву андеша ҳал кунед, сулҳро дар ҷамъомад нигоҳ медоред.

3) Ҳангоми хониш ва омӯзиши Китоби Муқаддас тасаввуротро ба кор баред.

Хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас хеле муҳим аст. Лекин аз ин ҳам муҳим он аст, ки мо маълумоти хондаамонро аз худ кунем. Мо бояд аз саҳифаҳои Китоби Муқаддас барои худ дарсе гирем ва аз паи ба кор бурдани он шавем. Мо бояд ба воситаи хониши Китоби Муқаддас миннатдории худро барои корҳои Яҳува зиёд гардонем. Истифода бурдани тасаввурот ба мо дар ин кор кӯмак мерасонад. Чӣ тавр? Китоби «Ба имони онҳо пайравӣ кунед»-ро (рус.) дида бароед. Дар ин китоб дар бораи ходимони даврони қадим тавре нақл карда мешавад, ки хонанда шароиту вазъияти замони онҳоро нағз тасаввур кунад. Ҳангоми хондани ин китоб мо гӯё шоҳиди зиндаи ин воқеаҳо мегардем: мо мебинем, мешунавем, бӯйро ҳис мекунем ва ҳиссиёти одамонеро ки дар бораашон мехонем, дарк мекунем. Дар натиҷа, мо аз воқеаҳое ки ба фикрамон пештар онҳоро нағз медонистем, дарсҳои амалӣ ва фикрҳои рӯҳбаландкунанда мегирем. Истифода бурдани тасаввурот омӯзиши шахсиро зинда ва фоидабахш мегардонад.

4) Ҳамдард бошед.

Ҳамдард касест, ки ба дарди шахси дигар шарик мешавад ва дарди дили ӯро дар худаш ҳис мекунад. Азбаски Яҳува ва Писараш ҳамдард мебошанд, мо бояд ба онҳо пайравӣ кунем (Хур. 3:7; Заб. 71:13). Чӣ тавр мо ин хислатро инкишоф дода метавонем? Яке аз тарзҳои беҳтарин ин ба кор бурдани тасаввурот мебошад. Масалан, бародар ё хоҳаре бо чизе рӯ ба рӯ мешавад, ки он ҳеҷ гоҳ аз сари мо нагузаштааст. Лекин мо метавонем аз худ бипурсем: «Агар ман ба ҷои ӯ мебудам, чӣ ҳис мекардам? Дар ин маврид ман ба чӣ ниёз медоштам?» Агар мо барои ба ин саволҳо ҷавоб додан тасаввуроти худро ба кор барем, дар худ ҳамдардиро инкишоф дода метавонем. Мо дар ҳар як ҷониби ҳаёт беҳтар мешавем, агар тасаввуроти худро ба кор барем. Он пеш аз ҳама дар хизмат ва муносибат бо бародару хоҳарон ба мо кӯмак расонда метавонад.

5) Дунёи навро тасаввур кунед.

Навиштаҳо баракатҳои дунёи навро ба пуррагӣ тасвир мекунанд (Иш. 35:5–7; 65:21–25; Ваҳй 21:3, 4). Дар адабиёти мо зебоиву ҳашамати он дар расмҳо оварда шудааст. Бо кадом мақсад? То ки мо худро дар дунёи нав дида тавонем. То мо тасаввур кунем, ки аллакай дар он ҷоему аз баракатҳои бешумор лаззат мебарем. Яҳува, ки ба мо чунин қобилиятро ато кардааст, медонад, ки тасаввурот чӣ қувваи бузурге дорад. Агар мо онро ба кор бурда иҷрошавии ваъдаҳои Худоро тасаввур кунем, боварии мо ба онҳо бештар мешавад. Ҳамчунин ин ба мо кӯмак мерасонад, ки ба душвориҳои имрӯза тоб оварем ва ба Худо содиқ монем.

Тасаввурот атои олиҷанобест аз ҷониби Худо. Он ба мо дар зиндагии ҳаррӯза ва хизмат кӯмак карда метавонад. Биёед бо дуруст ба кор бурдани он ба Яҳува миннатдориамонро нишон диҳем.