Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо бояд якҷоя Яҳуваро ибодат кунем?

Чаро мо бояд якҷоя Яҳуваро ибодат кунем?

«Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд» (АЪМ. 2:46).

СУРУДҲО: 20, 53

1–3. а) Чӣ тавр масеҳиён нишон медоданд, ки вохӯриҳояшонро қадр мекунанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

ВАҚТЕ Коринна 17-сола буд, модарашро ҳабс карданд ва ба лагери меҳнатӣ фиристоданд. Дертар Коринна ҳам, ба Сибир, ки ҳазорон километр аз хонааш дур аст, бурда шуд. Он ҷо ӯ дар як колхоз мисли ғулом меҳнат мекард. Баъзан ӯ маҷбур буд, ки дар сармои сахт бе либоси гарм кор кунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Коринна ва хоҳари дигар қарор доданд, ки ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то аз колхоз баромада ба ҷамъомад раванд.

2 Коринна мегӯяд: «Мо бегоҳ аз корамон рафтем ва то роҳи оҳан 25 километрро тай кардем. Қатора соати дуи шаб ба роҳ мебаромад. Мо шаш соат дар қатора рафтем, баъд 10 километри дигар то ҷойи вохӯриамон пиёда рафтем». Оё ин ҳама кӯшишу талоши онҳо арзанда буд? Коринна мегӯяд: «Дар вохӯрӣ мо “Бурҷи дидбонӣ”-ро омӯхтем ва сурудҳои Салтанатро сароидем. Ин моро рӯҳбаланд сохт ва имонамонро мустаҳкам кард». Баъди се рӯз ба колхоз баргашта онҳо нафаси озод кашиданд, зеро фаҳмиданд, ки бригадир набуданашонро пай набурдааст.

3 Хизматгорони Худо ҳамеша вохӯриҳояшонро қадр мекарданд. Масалан, масеҳиёни асри як «ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд», то Яҳуваро ибодат кунанд ва аз Ӯ таълим гиранд (Аъм. 2:46). Албатта, шумо низ мисли онҳо мехоҳед, ки доимо ба вохӯриҳои ҷамъомад равед. Аммо мисли ҳамаи хоҳару бародарон ба шумо низ баъзан ба вохӯриҳо рафтан душвор аст. Аз сабаби серкорӣ шояд шумо ҳис кунед, ки барои ба ҷамъомадҳо рафтан вақту қувват надоред. Пас, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба вохӯриҳо рафта тавонем? [1] Чӣ тавр мо омӯзандагони Китоби Муқаддас ва дигаронро ташвиқ карда метавонем, то доимо ба ҷамъомадҳо раванд? Дар ин мақола дида мебароем, ки чаро ба вохӯриҳо рафтанамон 1) ба мо фоида меорад, 2) ба дигарон кӯмак мекунад ва 3) ба Яҳува писанд аст. [2]

ВОХӮРИҲО БА МО ФОИДА МЕОРАНД

4. Чӣ тавр вохӯриҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки дар бораи Яҳува дониш гирем?

4 Дар вохӯриҳо мо таълим мегирем. Дар ҳар як вохӯрӣ мо дар бораи Яҳува Худо дониш мегирем. Масалан, чанде пеш аксари ҷамъомадҳо дар омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад китоби «Ба Яҳува наздик шавед»-ро омӯхтанд [3]. Аз дида баромадани хислатҳои Худо ва шунидани шарҳҳои ҳамимононамон муҳаббати мо нисбати Падари осмониамон зиёд мешуд. Ҳамчунин мо бодиққат нутқҳо, намоишҳо ва хониши Китоби Муқаддасро гӯш карда донишамонро зиёд мегардонем (Наҳемё 8:8). Ҳамчунин ҳар ҳафта ба хониши Китоби Муқаддас тайёрӣ дида мо барои худ бисёр фикрҳои муфидро пайдо мекунем ва аз шунидани фикрҳои дигарон дар вақти вохӯрӣ баҳра мебарем.

5. Он чизе ки дар вохӯриҳо мефаҳмем, чӣ тавр ба мо кӯмак мерасонад?

5 Дар вохӯриҳо мо ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро меомӯзем (1 Тас. 4:9, 10). Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» барои қонеъ кардани ниёзҳои халқи Худо тайёр карда шудааст. Оё ягон бор чунин шудааст, ки ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» рафта, шумо ба мақсадҳои худ дигаргунӣ даровардед, бародар ё хоҳареро бахшидед ва ё сифати дуоҳоятонро беҳтар кардед? Вохӯрие ки дар байни ҳафта мегузарад, моро барои мавъиза тайёр мекунад. Мо тарзи мавъиза кардани хушхабар ва таълим додани Навиштаҳоро меомӯзем (Мат. 28:19, 20).

6. Дар вохӯриҳои масеҳӣ чӣ моро рӯҳбаланд мекунад ва қувват мебахшад?

6 Мо дар вохӯриҳо рӯҳбаландӣ мегирем. Ин ҷаҳони Шайтон майнаи сари моро хароб гардонда, моро зиқ ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст мекунад. Дар ҷамъомадҳо бошад, мо қувват мегирем ва рӯҳбаланд мешавем. (Аъмол 15:30–32-ро хонед.) Дар вохӯриҳо мо баъзан иҷрошавии пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро дида мебароем. Дар натиҷа, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки дигар ваъдаҳои Яҳува, ки ҳанӯз иҷро нашудаанд, ҳатман амалӣ мегарданд. Ба ғайр аз касоне ки баромад мекунанд, моро ҳамчунин онҳое ки шарҳ медиҳанд ва ё суруд мехонанд, рӯҳбаланд месозанд (1 Қӯр. 14:26). Вақте мо пеш ва ё баъд аз вохӯриҳо бо бародару хоҳарон сӯҳбат мекунем, тароват мегирем ва ҳис мекунем, ки ҳамаамон як оила ҳастем (1 Қӯр. 16:17, 18).

7. Чаро бо ҳамимонон ҷамъ шудан муҳим аст?

7 Дар вохӯриҳо рӯҳи муқаддас ба мо таъсир мекунад. Исои ҷалолёфта гуфта буд: «Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд» (Ваҳй 2:7). Бале, Исо ҷамъомади масеҳиро ба воситаи рӯҳи муқаддас сарварӣ мекунад. Ба туфайли рӯҳи муқаддас мо метавонем ба васвасаҳо муқобилият кунем, хушхабарро далерона мавъиза намоем ва қарорҳои дуруст қабул кунем. Барои ҳамин мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба вохӯриҳо равем ва рӯҳулқудси Худоро гирем.

МО ДАР ВОХӮРИҲО БА ДИГАРОН КӮМАК МЕКУНЕМ

8. Чӣ тавр ҳузури мо, шарҳҳо ва сурудхониамон дар ҷамъомадҳо ба ҳамимононамон кӯмак мекунад? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Ӯ аз вохӯриҳо хушҳол шуда мерафт» нигаред.)

8 Дар вохӯриҳо мо имконият дорем, ки муҳаббати худро ба хоҳару бародаронамон нишон диҳем. Бисёре аз онҳо душвориҳои зиёдеро аз сар мегузаронанд. Павлуси расул навишта буд: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем» (Ибр. 10:24, 25). Барои рӯҳбаланд кардани якдигар ба ҷамъомадҳо рафта мо нисбати хоҳару бародаронамон ғамхорӣ нишон медиҳем. Дар вохӯриҳо мо нишон медиҳем, ки мехоҳем бо онҳо бошем, ҳамроҳашон сӯҳбат кунем ва аз ҳолу аҳволашон пурсон шавем. Ҳамчунин бо гӯш кардани шарҳҳои хоҳару бародарон ва хониши сурудҳо мо онҳоро рӯҳбаланд месозем (Қӯл. 3:16).

9, 10. а) Чӣ тавр суханони Исо аз Юҳанно 10:16 моро бармеангезад, ки ба ҷамъомадҳо равем? б) Вақте мо мунтазам ба вохӯриҳо меравем, ин ба онҳое ки оилаашон аз онҳо рӯй гардондааст, чӣ тавр таъсир мекунад?

9 Вохӯриҳо моро бо ҳамимонон муттаҳид месозанд. (Юҳанно 10:16-ро хонед.) Исо худро ба чӯпон ва пайравонашро ба рамаи гӯсфандон монанд кард. Лекин, агар ду гӯсфанд дар теппа бошад, ду гӯсфанди дигар дар водӣ ва як гӯсфанд дар ягон ҷойи дигар, оё онҳоро як рама номидан мумкин аст? Не, барои он ки рамаи гӯсфандон якҷоя меистад ва аз пайи чӯпон меравад. Мисли ин мо низ мехоҳем ба ҷамъомадҳо равем ва аз бародару хоҳарон ҷудо нашавем. Мо бояд якҷоя ҷамъ шавем ва зери дасти «як чӯпон» «як рама» бошем.

10 Вохӯриҳо кӯмак мекунанд, ки мо чун як оилаи муттаҳид бошем (Заб. 132:1). Аз баъзе хоҳару бародарон волидон ва наздиконашон рӯй гардонданд. Лекин Исо ваъда дод, ки онҳо оилаи меҳрубону ғамхоре меёбанд (Марқ. 10:29, 30). Вақте шумо доимо ба вохӯриҳо меравед, шумо метавонед барои ягон аъзои ҷамъомад падар, модар, бародар ё хоҳар шавед. Оё донистани ин моро барнамеангезад, ки барои ба ҳама вохӯриҳо рафтан ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем?

МО ЯҲУВАРО ХУРСАНД МЕСОЗЕМ

11. Чӣ тавр ба вохӯриҳо рафта мо ба Яҳува он чизеро ки Ӯ сазовор аст, медиҳем?

11 Дар вохӯриҳо мо ба Яҳува чизеро медиҳем, ки Ӯ сазовор аст. Чун Офаридгор Яҳува сазовори ҳамду сано, ҷалол, сипос ва эҳтиром аст. (Ваҳй 7:12-ро хонед.) Вақте мо ба Яҳува дуо мегӯем, суруд мехонем ва дар борааш гап мезанем, мо ҳамин тавр Ӯро ибодат мекунем. Дар ҳақиқат, Яҳува сазовори ин аст! Мо имконияти пуршарафи ҷалол додани Ӯро, ки ҳама чизро бароямон ато кардааст, қадр мекунем.

12. Вақте мо ба вохӯриҳо меоем, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

12 Яҳува ҳамчунин сазовори он аст, ки мо ба Ӯ итоат кунем. Худо аз мо талаб мекунад, ки ҷамъомадҳои худро тарк накунем, хусусан дар вақти наздикшавии анҷом. Агар ба ин амри Яҳува гӯш диҳем, Ӯро хурсанд месозем (1 Юҳ. 3:22). Яҳува хоҳиши дар ҷамъомадҳо иштирок карданамонро мебинад ва ин кӯшишҳои моро қадр мекунад (Ибр. 6:10).

13, 14. Чӣ тавр мо дар ҷамъомадҳо ба Яҳува ва Исо наздик мешавем?

13 Ба вохӯриҳо рафтанамон нишон медиҳад, ки мо ба Яҳува ва Писараш наздик шудан мехоҳем. Дар вохӯриҳо Яҳува моро аз саҳифаҳои Китоби Муқаддас роҳнамоӣ медиҳад (Иш. 30:20, 21). Ҳатто шахсоне ки ба Яҳува хизмат намекунанд, баъди ба вохӯриҳои мо омаданашон чунин мегӯянд: «Ҳақиқатан Худо бо шумост» (1 Қӯр. 14:23–25). Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддас ҷамъомадҳоро роҳбарӣ мекунад ва чизе ки мо дар онҳо таълим мегирем, аз Ӯ сарчашма мегирад. Барои ҳамин дар вохӯриҳо мо мефаҳмем, ки Яҳува ба мо чӣ мегӯяд ва чӣ қадар дӯстамон медорад. Ҳамин тавр мо ба Ӯ наздик мешавем.

14 Исо гуфт: «Дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам» (Мат. 18:20). Сарвари ҷамъомад — Масеҳ «дар миёни» ҷамъомадҳо «мегардад» (Ваҳй 1:20–2:1). Яҳува ва Исо бо моянд ва дар вохӯриҳо ба мо қувват мебахшанд. Вақте Яҳува мебинад, ки мо барои наздик шудан ба Ӯ ва Писараш ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, Ӯ аз ин бениҳоят хурсанд мешавад.

15. Фаҳмонед, ки чӣ тавр ба ҷамъомадҳо рафта мо итоаткории худро ба Яҳува нишон медиҳем.

15 Вақте мо ба вохӯриҳо меравем, ба Яҳува нишон медиҳем, ки ба Ӯ итоат кардан мехоҳем. Яҳува моро маҷбур намесозад, ки гуфтаҳояшро иҷро кунем (Иш. 43:23). Барои ҳамин вақте мо гуфтаҳои Яҳуваро гӯш мекунем, мо нишон медиҳем, ки Ӯро дӯст медорем ва ҳокимияташро дастгирӣ мекунем (Рум. 6:17). Масалан, сарвари корхона метавонад аз мо талаб кунад, ки берун аз соати корӣ кор кунем ва ин шояд халал расонад, ки мунтазам ба ҷамъомад равем. Ё шояд ҳокимиятдорони мамлакататон мегӯянд, ки агар касе барои ибодат кардани Яҳува ҷамъ шавад, ҷарима месупорад, ҳабс карда мешавад ё ҷазо мегирад. Ё дар мо васваса пайдо мешавад, ки ба ҷойи ба ҷамъомадҳо рафтан истироҳат кунем. Дар чунин вазъиятҳо мо худамон қарор мекунем, ки бояд чӣ кор кунем (Аъм. 5:29). Вақте мо ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунем, дили Ӯро хурсанд мегардонем (Мас. 27:11).

МИНБАЪД НИЗ ЯКҶОЯ ҶАМЪ ШАВЕД

16, 17. а) Мо аз куҷо медонем, ки вохӯриҳои ҷамъомад барои масеҳиёни асри як муҳим буданд? б) Бародар Ҷорҷ Гангас дар бораи вохӯриҳо чӣ гуфта буд?

16 Баъди Пантикости соли 33-и эраи мо масеҳиён мунтазам барои ибодат кардани Яҳува ҷамъ меомаданд. Онҳо «ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд» (Аъм. 2:46). Нигоҳ накарда ба таъқиботи ҳокимияти Рум ва сарварони дини яҳудӣ масеҳиён ҷамъомадҳои худро тарк намекарданд.

17 Хизматгорони имрӯзаи Худо низ барои вохӯриҳо аз Яҳува миннатдоранд. Ҷорҷ Гангас, ки зиёда аз 22 сол аъзои Ҳайати роҳбарикунанда буд, чунин гуфт: «Барои ман бо хоҳару бародарон будан беҳтарин хурсандии ҳаёт ва манбаи рӯҳбаландӣ аст. Ба ман маъқул буд, ки яке аз аввалинҳо шуда ба Толори Салтанат равам ва, кӯшиш мекардам, ки яке аз охиринҳо шуда аз он равам. Ман аз сӯҳбат бо халқи Худо хурсандии бепоён мегирам. Дар байни онҳо ман худро дар хона, дар иҳотаи оила ва биҳишти рӯҳонӣ ҳис мекунам». Ӯ илова мекунад: «Чи тавре ки ақрабаки қутбнамо доимо ба тарафи шимол моил аст, дили ман низ ҳамеша ба он майл дорад, ки ба вохӯриҳо равам»

18. Шумо нисбати ҷамъомадҳо чӣ ҳис мекунед ва ба чӣ азм намудед?

18 Оё шумо ҳам мисли бародар Гангас вохӯриҳоро дӯст медоред? Агар ҳа, пас, ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то бо бародару хоҳарон дар вохӯриҳо бошед, ҳатто агар душвор бошад. Ба Яҳува нишон диҳед, ки шумо бо суханони зерини шоҳ Довуд розиед: «Макони хонаи Туро дӯст медорам» (Заб. 25:8).

^ [1] Сархати 3. Баъзе ҳамимононамон аз сабаби вазъиятҳое ки аз онҳо вобаста нест, масалан бемории ҷиддӣ доимо ба вохӯриҳо рафта наметавонанд. Онҳо дилпур буда метавонанд, ки Яҳува вазъияташонро мефаҳмад ва ибодати самимиашонро қадр мекунад. Пирон метавонанд ба шахсони бемор кӯмак кунанд, то барномаи вохӯриҳоро ба воситаи телефон ё сабти он гӯш кунанд ва ҳамин тавр аз барномаи рӯҳонӣ баҳра баранд.

^ [2] Сархати 3. Нигаред ба чорчӯбаи «Чаро бояд ба вохӯриҳо равем?».

^ [3] Сархати 4. Дар ҷамъомадҳои тоҷикӣ китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» муҳокима шуд