Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо ба шарофати файзи Худо озод шудед

Шумо ба шарофати файзи Худо озод шудед

«Гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо охир, тобеи... файз ҳастед» (РУМ. 6:14).

СУРУДҲО: 46, 13

1, 2. Чӣ тавр Румиён 5:12 ба мо ёрдам мекунад?

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо оятҳоеро рӯйхат карданиед, ки нағз медонед ва тез-тез истифода мебаред. Дар ин рӯйхат Румиён 5:12 дар куҷо меистад? Фикр кунед, ки шумо чӣ қадар тез-тез гуфтаҳои зеринро чун иқтибос меоред: «Чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд».

2 Ин оят дар китоби «Таълимот» такрору ба такрор омадааст. Вақте ки мо бо фарзандон ё каси дигар бобҳои 3, 5 ва 6-и ин китобро меомӯзем, эҳтимол Румиён 5:12-ро мехонем. Барои фаҳмонидани он ки чаро замин ба биҳишт табдил наёфт, чаро ба мо фидия лозим аст ва чаро мо мемирем, шояд мо ин оятро истифода барем. Лекин ин оят ба мо барои зиёдтар гардонидани миннатдориамон кӯмак карда метавонад. Ҳамчунин он ба мо ёрдам мекунад, ки хоҳиши сахти писанди Худо буданро дар диламон инкишоф диҳем ва иҷрошавии ваъдаҳои Ӯро интизор шавем?

3. Мо бояд ба чӣ иқрор шавем?

3 Албатта, ҳамаи мо бояд тан гирем, ки гунаҳкорем ва ҳар рӯз хато мекунем. Лекин мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Худо нокомил будани моро медонад ва тайёр аст, ки ба мо раҳм зоҳир кунад (Заб. 102:13, 14). Исо ба мо гуфт, ки мо бояд аз Худо хоҳиш кунем, то гуноҳҳоямонро бахшад (Луқ. 11:2–4). Аз ин рӯ мо набояд дар бораи хатогиҳое, ки Худо аллакай бахшидааст, фикр карданро давом диҳем. Биёед дида бароем, ки барои бахшидани гуноҳҳои мо Яҳува чӣ асос дорад.

ЧАРО ЯҲУВА МОРО МЕБАХШАД?

4, 5. а) Чӣ барои фаҳмидани Румиён 5:12 кӯмак мерасонад? б) Калимаи «файз» чӣ маъно дорад?

4 Барои фаҳмидани Румиён 5:12 ба мо бобҳои 3 то 6-и он кӯмак мерасонанд. Масалан аз боби 6-ум мо мефаҳмем, ки чаро Яҳува моро мебахшад. Аз боби 3-юм бошад, мефаҳмем, ки ҳамаи мо гунаҳкорем. Павлус фаҳмонд: «Ҳама гуноҳ карда... бо файзи Ӯ [Худо], ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд» (Рум. 3:23, 24). «Файз» гуфта Павлус чиро дар назар дошт? Вай калимаи юнониеро истифода бурд, ки мувофиқи як луғат маънои некиеро дорад, ки ихтиёран карда мешавад ва дар ҷавоб чизеро талаб намекунад ё интизор намешавад. Бале, одам инро на ба пул харида метавонад, на сазовори он шуда метавонад.

5 Олиме фаҳмонд, ки вақте дар Китоби Муқаддас оиди файзи Худо ва Исо гуфта мешавад, он одатан ба корҳое ишора мекунад, ки онҳо беҳарисона ва ихтиёран барои наҷоти одамизод аз гуноҳу марг кардаанд. Барои ҳамин калимаи «файз», ки дар «Тарҷумаи дунёи нав» чун меҳрубоние, ки сазовораш нестем тарҷума шудааст, хеле мувофиқ аст. Лекин чӣ тавр Худо ин файзро нишон дод? Ва чӣ тавр ин бо умед ва муносибати мо бо Яҳува алоқаманд аст? Биёед инро дида бароем.

6. Файзи Худо чӣ манфиат овард?

6 Ба воситаи «як одам» гуноҳ ва марг «ба ҷаҳон дохил шуд». Аз ин рӯ «бо гуноҳи як кас мамот... ҳукмрон шуд». Павлус илова кард, ки «файзи фаровон»-и Худо «ба василаи... як одам, яъне Исои Масеҳ» зоҳир гашт (Рум. 5:12, 15, 17). Ин файз ба тамоми инсоният самари хуб овард. Акнун «ба воситаи итоати як кас [Исо] бисёр касон одил мешаванд». Дар ҳақиқат файзи Худо ба «ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи... Исои Масеҳ» равона мекунад (Рум. 5:19, 21).

7. Чаро гуфтан мумкин аст, ки фидия ин меҳрубониест, ки мо сазовораш нестем?

7 Яҳува метавонист, ки писарашро барои фидияи мо ба замин нафиристад. Ғайр аз ин одамони нокомилу гунаҳкор худашон барои гирифтани фидияе, ки Яҳува ва Исо барои бахшидани гуноҳҳо пешкаш карданд, сазовор шуда наметавонистанд. Барои ҳамин бахшида шудани гуноҳҳо ва имконияти ҷовидона зистан ин дар ҳақиқат меҳрубониест, ки мо сазовораш нестем. Мо бояд ин ҳадияи Худоро хеле қадр кунем ва гузорем, ки он ба ҳаёти ҳаррӯзаамон таъсир расонад.

БАРОИ ФАЙЗИ ХУДО МИННАТДОРЕМ

8. Кадом фикри нодурустро мо бояд аз худ дур кунем?

8 Насли нокомили Одам буда мо ба хатогӣ, ба корҳои бад ва ба гуноҳ кардан майл дорем. Хатогии ҷиддӣ мебуд, агар мо файзи Худоро суиистифода бурда чунин фикр кунем: «Ҳатто агар ман ягон кори хато кунам ҳам, набояд зиқ шавам, чунки Яҳува бахшанда аст-ку». Афсӯс, ҳатто дар замонҳои ҳаввориён баъзе масеҳиён чунин фикр мекарданд. (Яҳудо 4-ро хонед.) Имрӯз низ мо бояд эҳтиёт шавем, то ки дигарон ба мо таъсир накунанд ва оҳиста-оҳиста мо ҳам чунин фикр карданро сар накунем.

9, 10. Чӣ тавр Павлус ва дигарон аз ғуломии гуноҳ ва марг озод шуданд?

9 Павлус ба масеҳиён гуфт, ки нодуруст мебуд агар онҳо чунин фикр кунанд: «Хайр, Худо маро мефаҳмад. Вай ба хатогиям чашм мепӯшад». Павлус гуфт, ки онҳо бояд аз чунин тарзи фикрронӣ даргурез бошанд, чунки «нисбат ба гуноҳ» мурдаанд. (Румиён 6:1, 2-ро хонед.) «Нисбат ба гуноҳ мурда»-анд гуфта Павлус чиро дар назар дошт?

10 Худо фидияро нисбати Павлус ва дигар одамони он замон истифода бурд. Аз ин рӯ Яҳува гуноҳҳои онҳоро бахшид, ба воситаи рӯҳулқудс тадҳин намуд ва онҳоро писарони худ номида умед ба ҳаёти осмонӣ дод. Аз содиқ мондани онҳо дар осмон зиндагӣ кардан ва бо Исо ҳукмронӣ карданашон вобаста буд. Лекин ҳангоми зинда будан ва дар замин ба Худо хизмат карданашон Павлус гуфта метавонист, ки онҳо нисбат ба гуноҳ мурдаанд. Вай мисоли Исоро, ки чун инсон мурду чун рӯҳ дар осмон зинда шуд, истифода бурд. Марг бар Исо дигар ҳукмрон набуд. Ба ин монанд масеҳиёни тадҳиншударо низ чун онҳое, ки «барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар... Исои Масеҳ зинда» ҳисоб кардан мумкин аст (Рум. 6:9, 11). Тарзи ҳаёти онҳо дигар мисли пешина набуд. Онҳо дигар ба таъсир ё фишори хоҳишҳои гунаҳкоронаашон дода намешуданд ва барои тарзи ҳаёти пешинаашон мурда буданд.

11. Ба кадом маъно мо «нисбати гуноҳ» мурдаем?

11 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Пеш аз Шоҳиди Яҳува шуданамон мо доимо гуноҳ мекардем ва ҳатто намефаҳмидем, ки кадом корамон дар пеши Худо хато ё бад аст. Мо гӯё ғуломи «нопокӣ ва шарорат», яъне «бандагони гуноҳ» будем (Рум. 6:19, 20). Баъд аз фаҳмидани ҳақиқати Каломи Худо мо дар ҳаётамон дигаргунӣ даровардем ва худро ба Худо бахшида таъмид гирифтем. Аз он вақт инҷониб мо аз таҳти дил ба таълим ва меъёрҳои Худо итоат кардан мехоҳем. Мо «аз гуноҳ фориғ [озод] шуда, бандагони адолат» гаштем (Рум. 6:17, 18). Барои ҳамин мо ҳам гуфта метавонем, ки «нисбати гуноҳ» мурдаем.

12. Ҳамаи мо чӣ интихоб дорем?

12 Ҳоло бошад суханони зерини Павлусро ба худ нисбат диҳед: «Бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед» (Рум. 6:12). Агар мо ҳар кореро, ки ҷисми нокомиламон мехоҳад, кардан гирем бо ин мегузорем, ки гуноҳ дар ҷисмамон «ҳукмрон» шавад. Мо интихоб дорем, ки ба таъсири гуноҳ дода шавем ё не. Барои ҳамин савол ба миён меояд, ки дили мо дар асл чиро мехоҳад. Аз худ пурсед: «Оё ман роҳ медиҳам, ки хоҳишҳои нодуруст дар ман инкишоф ёфта маро ба роҳи бад баранд? Оё ман ин хоҳишҳои нодурустро зуд аз худ дур мекунам?» Ҷавоб ба ин саволҳо нишон медиҳад, ки то чӣ андоза мо файзи Худоро, ки онро барои бахшидани мо зоҳир мекунад, қадр мекунем.

МУБОРИЗАЕ, КИ ДАР ОН ҒОЛИБ ОМАДА МЕТАВОНЕД

13. Чӣ ба мо боварӣ мебахшад, ки аз гуноҳ даст кашидан имконпазир аст?

13 Халқи Яҳува баъди шинохтани Ӯ аз корҳои пештарааш даст кашид. Дар гузашта онҳо «корҳое мекард[анд], ки ҳоло аз онҳо шарм» медоранд ва барои ин корҳояшон сазовори марг буданд (Рум. 6:21). Лекин онҳо ҳаёташонро тағйир доданд. Масеҳиёни шаҳри Қӯринт аз ҷумлаи онҳоянд. Павлус навишт, ки баъзе аз онҳо бутпараст, зинокор, бачабоз, дузд, бадмаст ва ба ин монанд буданд. Аммо онҳо «пок шуданд» ва «қудсият пайдо» карданд (1 Қӯр. 6:9–11). Дар ҷамъомади Рум низ чунин вазъият дида мешуд. Павлус ба онҳо навишт: «Андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар ихтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад» (Рум. 6:13). Вале Павлус боварӣ дошт, ки онҳо рӯҳан пок монда аз меҳрубонии носазовори Яҳува манфиат гирифта метавонанд.

14, 15. Мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?

14 Баъзе бародарону хоҳарони имрӯза ҳам ба масеҳиёни шаҳри Қӯринтус монанд буданд, вале онҳо дигар шуданд. Ин бародарону хоҳарон аз рафтори бади худ даст кашида «пок шуданд». Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Шумо дар пеши Худо чӣ гуна шахс ҳастед? Оё донистани он ки ҳоло ба шарофати файзи Худо бахшида шудаед, шуморо бармеангезад, ки дигар ғуломи гуноҳ набошед? Оё «худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда... дар ихтиёри Худо вогузор» менамоед?

15 Барои ин мо бояд аз гуноҳҳои ҷиддие, ки баъзе масеҳиёни Қӯринт мекарданд, даргурез бошем. Аз рӯи хирад мебуд, агар мо меҳрубонии носазовори Худоро қабул кунему дигар нагузорем, ки гуноҳ бар мо ҳукмфармо шавад. Лекин, оё мо бо итоаткорӣ гуноҳҳоеро, ки баъзеҳо на он қадар ҷиддӣ меҳисобанд, рад мекунем? (Рум. 6:14, 17).

16. Мо аз куҷо медонем, ки бояд аз гуноҳҳое, ки дар 1 Қӯринтиён 6:9–11 навишта нашудаанд, даргурез бошем?

16 Дар бораи Павлуси ҳавворӣ фикр кунед. Мо боварӣ дорем, ки вай гуноҳҳои ҷиддиеро, ки дар 1 Қӯринтиён 6:9–11 номбар шудааст, накардааст. Лекин ӯ иқрор шуд, ки гуноҳ мекунад: «Ба гуноҳ фурӯхта шудаам. Ман, охир, он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, мекунам» (Рум. 7:14, 15). Ин нишон медиҳад, ки дигар чизҳое буданд, ки Павлус онро чун гуноҳ мешуморид ва бо онҳо низ мубориза мебурд. (Румиён 7:21–23-ро хонед.) Биёед мо низ ба ӯ пайравӣ карда ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба Яҳува итоаткор бошем.

17. Чаро шумо ростқавл будан мехоҳед?

17 Масалан мо медонем, ки барои ба Яҳува хизмат кардан мо бояд ростқавл бошем. (Масалҳо 14:5 ва Эфсӯсиён 4:25-ро хонед.) Мо намехоҳем, ки ба Шайтон, ки «падари дурӯғ аст» монанд шавем. Ҳанониё бо занаш маҳз аз сабаби дурӯғ гуфтанашон мурданд. Мо намехоҳем, ки ба чунин одамон монанд шавем; мо аз дурӯғгӯйӣ ҳазар мекунем (Юҳ. 8:44; Аъм. 5:1–11). Лекин ростқавлӣ танҳо дурӯғ нагуфтанро дар бар намегирад. Агар мо дар ҳақиқат барои файзи Худо миннатдор бошем, ҳаракат мекунем, ки дар дигар мавридҳо низ ростқавл бошем.

18, 19. Ростқавл будан чӣ маъно дорад?

18 Одам дурӯғ нагуфта дурӯғгӯй буда метавонад. Яҳува мехоҳад, ки халқаш тамоман дурӯғ нагӯяд. Ӯ исроилиёни қадимро огоҳ кард: «Муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам». Сипас Ӯ гуфт, ки барои ин чӣ кор кардан даркор аст: «Дуздӣ накунед, ва мункир нашавед [фиреб накунед, ТДН], ва ба якдигар дурӯғ нагӯед» (Ибд. 19:2, 11). Ҳарчанд мо рӯи рост дурӯғ нагӯем ҳам, агар дигаронро ба чизе ки нодуруст аст, бовар кунонем, ин нишон медиҳад, ки мо ростқавл нестем.

Оё шумо бо азми қавӣ дурӯғгӯӣ ва фиребро рад мекунед? (Ба сархати 19 нигаред.)

19 Фарз кардем, шахсе аз раисаш ҷавоб мегирад ё ба ҳамкоронаш мегӯяд, ки пагоҳ ба кор омада наметавонад ё ин ки барвақттар аз кор меравад, чунки бояд назди «духтур» равад. Дар асл бошад, ӯ ба дорухона меравад ё пули духтурро бурда медиҳаду баъд аз паси кори худаш мешавад. Яъне мақсади асосии ин шахс барвақттар ба дамгирӣ рафтан буд. Магар гуфтан мумкин аст, ки ин шахс ростгӯ аст? Духтурравии ин одам як зарра гапи рост дошту халос. Магар ӯ фиреб накард? Шумо эҳтимол бисёр мисолҳои ба ин монандро медонед, ки дидаю дониста одам дигаронро фиреб мекунад. Шояд шахс бо мақсади аз ҷазо гурехтан ё бар фоидаи худ дурӯғ гӯяд. Ҳатто агар ин дурӯғи холис набошад ҳам, оё гуфтан мумкин аст, ки ӯ пурра ба амри зерини Худо итоат кард: «Ба якдигар дурӯғ нагӯед»? Мо аз рӯи гуфтаҳои зерин амал кардан мехоҳем: «Узвҳои худро ғуломи росткорӣ созед, то дар покӣ рафтор кунед» (Рум. 6:19).

20, 21. Миннатдорӣ барои файзи Худо бояд моро ба чӣ барангезад?

20 Миннатдории мо нисбати файзи Худо ин на танҳо аз зинокорӣ, бадмастӣ ва дигар корҳои бад даргурез будан аст. Касе ки барои файзи Худо миннатдор аст, на танҳо аз бадахлоқии ҷинсӣ мегурезад, балки ҳар майлу вақтхушиҳоеро, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ оварда мерасонанд, рад мекунад. «Узвҳои худро ғуломи росткорӣ» сохтан на танҳо касро аз бадмастӣ нигоҳ медорад, балки моро водор мекунад, то ба ҳамон дараҷае нанӯшем, ки маст шавем. Ҳарчанд бо чунин васвасаҳо дода нашудан осон набошад ҳам, лекин он имконпазир аст.

21 Мақсади мо на фақат аз гуноҳҳои ҷиддӣ, балки аз ҳар амали нодуруст даргурез будан аст. Албатта, мо сад фоиз аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонем. Вале мо бояд мисли Павлус бошем, ки ӯ ба бародарон чунин гуфт: «Бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед» (Рум. 6:12; 7:18–20). Вақте мо бо ҳар гуна майлу хоҳиши бад мубориза мебарем, миннатдории худро барои файзи Худо ва Исои Масеҳ нишон медиҳем.

22. Ҳамаи онҳоеро, ки барои файзи Худо миннатдоранд, чӣ интизор аст?

22 Ба шарофати файзи Худо гуноҳҳои мо бахшида шудаанд ва минбаъд ҳам бахшида мешаванд. Инро қадр карда, биёед аз ҳар майлу хоҳишҳое, ки моро ба гуноҳ тела медиҳанд, даргурез бошем. Павлус дар бораи мукофоте, ки дар оянда моро интизор аст, чунин гуфт: «Ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист» (Рум. 6:22).