Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Дар Матто 18:15–17 Исо кадом намуди гуноҳро дар назар дошт?

Исо гуноҳеро дар назар дошт, ки байни ду кас онро ҳал кардан мумкин аст. Лекин агар ин масъала ҳал намешуд ва хориҷкунии шахсро аз ҷамъомад талаб мекард, он гуноҳи ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Масалан ин гуноҳ тӯҳмат ё қаллобиро дар бар гирифта метавонист (w16.05 [bw570], саҳ. 7).

Барои аз хониши Китоби Муқаддас бештар манфиат гирифтан шумо чӣ кор карда метавонед?

Шумо метавонед Китоби Муқаддасро бо зеҳни кушод хонед, барои худ ягон дарс гиред, ҳангоми хондан ба худ саволи зеринро диҳед: «Чӣ тавр маълумоти хондаамро истифода бурда ба дигарон кӯмак карда метавонам?» Ва барои фаҳмидани маълумоти хондагиатон аз маводи иловагӣ истифода баред (w16.05 [bw570], саҳ. 24–26).

Дар рӯъёи Ҳизқиёл марде бо лавозимоти хатнависӣ ва шаш нафар бо олоти харобкунанда киро тасвир мекунанд?

Шаш нафар бо олоти харобкунанда лашкари осмониро тасвир мекунанд, ки ҳангоми вайрон кардани Ерусалим истифода бурда шуданд ва дар Ҳармиҷидӯн низ истифода хоҳанд шуд. Дар рӯзҳои мо марде бо лавозимоти хатнависӣ Исоро тасвир мекунад. Ӯ ба онҳое ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегарданд, аломати наҷотро мегузорад (w16.06 [bw571], саҳ. 16, 17).

Чӣ тавр масеҳиён ҳаёташонро одӣ карда метавонанд?

Эҳтиёҷоти воқеии худро муайян кунед ва аз хароҷоти беҳуда даст кашед. Буҷет тартиб диҳед. Аз чизҳое, ки истифода намебаред, халос шавед ва қарзҳоятонро баргардонед. Соати кориатонро кам кунед ва васеъ кардани доираи хизмататонро ба нақша гиред (w16.07 [bw572], саҳ. 10).

Дар Китоби Муқаддас чӣ аз тиллову нуқра дида қиматбаҳотар дониста мешавад?

Дар Айюб 28:12, 15 гуфта шудааст, ки хиради илоҳӣ аз тиллову нуқра беҳтар аст. Ҳангоми ҷустани он кӯшиш кунед, ки фурӯтан ва дар имон қавӣ монед (w16.08 [bw573], саҳ. 18,19).

Оё мумкин аст, ки бародарон имрӯз риш монанд?

Дар баъзе маданиятҳо риши хушрӯ қайчӣ кардагӣ раво ва гиромӣ дониста мешавад ва барои паҳн кардани хушхабар умуман монеа намешавад. Лекин баъзе бародарон қарор мекунанд, ки риш намонанд (1 Қӯр. 8:9). Дар дигар маданияту маҳаллҳо бошад, риш мондан барои Шоҳидони Яҳува нораво ҳисобида мешавад (w16.09 [bw574], саҳ. 21).

Дониш, фаҳмиш ва хирад аз ҳам чӣ фарқ доранд?

Шахсе ки дониш дорад, маълумот ё далел ҷамъ мекунад. Касе ки фаҳмиш дорад, чӣ тавр як далел бо дигар далел вобаста буданашро мебинад. Лекин шахсе ки хирад дорад, донишу фаҳмишро дар амал истифода мебарад (w16.10 [bw575], саҳ. 18).