Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» аст

«Фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» аст

«Онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд» (РУМ. 8:5).

СУРУДҲО: 45, 36

1, 2. Боби 8-уми Румиён асосан ба кӣ дахл дорад?

ОЁ ШУМО дар Шоми ёдбуди ҳазрати Исо Румиён 8:15–17-ро хонда будед? Эҳтимол, хондед. Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки чӣ тавр масеҳиён мефаҳманд, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шудаанд. Дар Румиён 8:1 дар бораи тадҳиншудагон гуфта шудааст, ки онҳо бо Исои Масеҳ дар ягонагӣ мебошанд. Лекин оё боби 8-уми Румиён танҳо ба тадҳиншудагон дахл дорад? Оё он ҳамчунин ба онҳое ки умеди заминӣ доранд, манфиат оварда метавонад?

2 Боби 8-уми Румиён асосан барои тадҳиншудагон навишта шудааст. Онҳо ки «соҳиби навбари Рӯҳ» ҳастанд, «мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ» мебошанд (Рум. 8:23). Бале, онҳо дар оянда фарзандони осмонии Худо мегарданд. Ин имконпазир аст, чунки онҳо таъмид гирифтанд ва Яҳува ба воситаи қурбонии Исои Масеҳ гуноҳҳояшонро бахшида онҳоро фарзандони одили худ номид (Рум. 3:23–26; 4:25; 8:30).

3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки боби 8-уми Румиён ба касоне ки умеди заминӣ доранд, дахл дорад?

3 Вале боби 8-уми Румиён ба масеҳиёни умеди заминидошта низ дахл дорад. Мо инро аз бобҳои аввали Румиён фаҳмида метавонем. Масалан, дар боби 4-ум Павлус дар бораи Иброҳим навишт. Ин марди имондор дар замоне зиндагӣ мекард, ки ҳоло ба халқи Исроил Қонун дода нашуда буд ва Исо барои гуноҳҳоямон намурда буд. Ба ин нигоҳ накарда Яҳува имони барҷастаи Иброҳимро дид ва ӯро одил ҳисобид. (Румиён 4:20–22-ро хонед.) Ба ин монанд, Яҳува масеҳиёни имрӯзаро, ки умеди заминӣ доранд, одил ҳисобида метавонад. Онҳо ҳам аз маслиҳате, ки дар боби 8-уми Румиён ба одилон дода шудааст, баҳра бурда метавонанд.

4. Дар вақти хондани Румиён 8:21 мо бояд кадом саволҳоро ба худ диҳем?

4 Дар Румиён 8:21 Яҳува кафолат медиҳад, ки дунёи нав ҳатман меояд. Дар ин оят ваъда дода шудааст: «Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд». Савол ба миён меояд, ки оё мо соҳиби ин баракат хоҳем шуд. Оё шумо худро дар дунёи нав мебинед? Биёед Румиён боби 8-ро муҳокима карда фаҳмем, ки барои дар дунёи нави Худо зиндагӣ кардан чӣ бояд кард.

«ДАР БОРАИ ЧИЗИ ҶИСМОНӢ ФИКР» НАКУНЕД

5. Павлус дар Румиён 8:4–13 кадом масъалаи ҷиддиро қайд кард?

5 Румиён 8:4–13-ро хонед. Дар Румиён боби 8-ум дар бораи ду намуди гуногуни одамон, онҳое ки «ба ҳасби ҷисм зиндагӣ» мекунанд ва онҳое ки «ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ» мекунанд, гуфта шудааст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки Павлус дар ин оятҳо дар бораи масеҳиён ва шахсоне ки масеҳӣ набуданд, гуфт. Лекин Павлус бо ин суханон «ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум» буданду «ба муқаддасӣ даъват» шудаанд, муроҷиат кард (Рум. 1:7). Аз ин рӯ ҳам онҳое ки «ба ҳасби ҷисм зиндагӣ» мекарданд ва ҳам онҳое ки «ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ» мекарданд, ходимони Худо буданд. Онҳо аз якдигар бо чӣ фарқ мекарданд?

6, 7. а) Дар Китоби Муқаддас калимаи «ҷисм» ба кадом маъно истифода шудааст? б) Дар Румиён 8:4–13 калимаи «ҷисм»-ро Павлус ба кадом маъно истифода бурд?

6 Биёед дар аввал маънои калимаи «ҷисм»-ро дида бароем. Дар Китоби Муқаддас калимаи «ҷисм» ҳар хел истифода мешавад. Павлус «ҷисм» гуфта чиро дар назар дошт? Баъзан ин калима ба бадани инсон ва баъзан ба муносибати хешутаборӣ ишора мекунад (Рум. 2:28; 1 Қӯр. 15:39, 50). Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо «ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шуд» ва Павлус бошад яҳудиёнро «ба ҳасби ҷисм» хешу табори худ номид (Рум. 1:3; 9:3).

7 Вале он чизе ки Павлус дар боби 7-ум навишт барои фаҳмидани калимаи «ҷисм», ки дар Румиён 8:4–13 оварда шудааст, ёрдам мекунад. Ӯ «ба ҳасби ҷисм зиндагӣ» карданро бо «ҳаваси гуноҳҳо», ки баъдтар «дар андоми... [онҳо] амал мекард», алоқаманд намуд (Рум. 7:5). Дар ин ҷо Павлус фаҳмонд, ки ин гуна шахсон диққаташонро ба хоҳишҳои гунаҳкорона равона карда чизе ки хоҳанд мекунанд.

8. Чаро дар бораи хоҳишҳои ҷисм ҳатто масеҳиёни тадҳиншударо огоҳ кардан муҳим буд?

8 Лекин шумо шояд ҳайрон мешавед, ки чаро Павлус масеҳиёни тадҳиншударо аз хатари «ба ҳасби ҷисм» зиндагӣ кардан огоҳ намуд. Оё имрӯз ходимони Худо бо ин гуна хатар рӯ ба рӯ мешаванд? Сад афсӯс, ки ҳар яки мо ба хоҳишҳои ҷисм дода шуда метавонем. Масалан, Павлус навишт, ки баъзеҳо дар байни бародарони Рум ғуломи ҳавасҳои худ шуданд, яъне ба хоҳиши шаҳвонӣ ё ба хӯрдану нӯшидан ва ғайраҳо, дода мешуданд. Баъзе аз онҳо одамони содаро фиреб мекарданд (Рум. 16:17, 18; Флп. 3:18, 19; Яҳд. 4, 8, 12). Инчунин ба хотир оред, ки дар он вақтҳо бародаре аз Қӯринт «зани падари худро гирифта» буд (1 Қӯр. 5:1). Пас фаҳмост, ки барои чӣ Худо ба воситаи Павлус масеҳиёнро огоҳ кард, ки «дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр» накунанд (Рум. 8:5, 6).

9. Огоҳие ки дар Румиён 8:6 оварда шудааст, ба кадом мавридҳо дахл надорад?

9 Ин огоҳӣ дар рӯзҳои мо низ муҳим аст. Ҳатто баъд аз чандин солҳои хизмат ба Яҳува масеҳӣ фикрашро ба чизҳои ҷисмонӣ равона карда метавонад. Оё Павлус бо ин гуфтанӣ буд, ки мо набояд ҳеҷ гоҳ дар бораи хӯрок, кор, вақтхушӣ ва ишқу муҳаббат фикр кунем? Албатта, не. Ин чизҳои табиӣ дар ҳаёт мебошад. Ҳатто Исо аз хӯрок ва хӯрондани дигарон хурсанд мешуд. Вай мефаҳмид, ки одамизод ба ин чизҳо ниёз дорад. Ва Павлус навишт, ки дар издивоҷ зоҳир кардани ишқу муҳаббат хеле муҳим аст.

Суханони мо аз чӣ шаҳодат медиҳанд? (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)

10. Ибораи «фикр рондан», ки дар Румиён 8:5, 6 оварда шудааст, чӣ маъно дорад?

10 Пас «дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр» рондан чӣ маъно дорад? Калимаи юноние, ки Павлус дар ин ҷо истифода бурд, маънои фикр ё дили худро ба чизе равона карданро дорад. Одам ин қобилияташро истифода бурда нишон медиҳад, ки дар дилаш чӣ аст. Онҳое ки мувофиқи хоҳишҳои ҷисмашон зиндагӣ мекунанд, андармони хоҳишҳои гунаҳкоронаашон мегарданд. Олиме дар бораи суханони Румиён 8:5 чунин гуфт: «Фикр рондан ин нисбати чизе доимо шавқи зиёд зоҳир кардан, дар бораи он гап задан ва ба он дода шудан мебошад».

11. Кадом чизҳо барои мо муҳим шуда метавонанд?

11 Барои масеҳиёни Рум дида баромадани он ки ҳаёташон ба чӣ равона карда шудааст, муҳим буд. Онҳо бояд дар бораи саволи зерин фикр мекарданд: «Оё “чизи ҷисмонӣ” мақсади асосии ҳаётам аст?» Хуб мебуд, ки мо ҳам дар бораи тарзи ҳаёти худ фикр карда саволҳои зеринро диҳем: «Чӣ барои мо бисёртар шавқовар аст? Мо бештар дар бораи чӣ гап мезанем? Ҳар рӯз мо ба чӣ ҳаракат мекунем?» Ҳушу ёди баъзеҳо эҳтимол ба чашидани намудҳои гуногуни шароб, ба оро додани хона, ба либоспӯшӣ, сармоягузорӣ, ба нақша гирифтани саёҳат ва ғайраҳо равона шудааст. Ин чизҳо дар кулли худ бад нестанд, онҳо як ҷониби муқаррарии ҳаётанд. Масалан, Исо боре обро ба шароб табдил дод, Павлус бошад ба Тимотиюс гуфт, ки «каме шароб» нӯшад (1 Тим. 5:23; Юҳ. 2:3–11). Лекин магар Исо ва Павлус фақат дар бораи шароб гап мезаданд ва онро болобардор мекарданд? Оё ҳушу ёдашон ба он равона шуда буд? Не, албатта. Мо чӣ? Дар ҳаёти мо чӣ муҳим аст?

12, 13. Чаро фикрронии худро тафтиш кардан муҳим аст?

12 Худтафтишкунӣ хеле муҳим аст. Чаро? Павлус навишт: «Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст» (Рум. 8:6). Ин хеле ҷиддӣ аст, чунки агар мо «ба ҳасби ҷисм зиндагӣ» кунем, ҳоло муносибатамонро бо Яҳува гум мекунем ва дар оянда бошад ҳаётамонро аз даст медиҳем. Вале Павлус дар назар надошт, ки агар ягон кас «дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр» кунад, ӯ ҳатман мемурад. Ин гуна шахс дигар шуда метавонад. Дар бораи бародари ҷамъомади шаҳри Қӯринт фикр кунед, ки аз сабаби ба хоҳишҳои ҷисм дода шуданаш аз ҷамъомад хориҷ шуд. Лекин ба ин нигоҳ накарда вай тағйир ёфт ва ба роҳи ҳаёт баргашта тавонист (2 Қӯр. 2:6–8).

13 Ин нишон медиҳад, ки имрӯз низ масеҳиёне, ки ба хоҳиши ҷисм дода шуданд тағйир ёфта метавонанд. Албатта, огоҳии Павлусро дар хотир нигоҳ доштан ба мо кӯмак мерасонад, ки дар ҳаёти худ тағйироти лозима дарорем.

«ДАР БОРАИ ЧИЗИ РӮҲОНӢ ФИКР» КУНЕД

14, 15. а) Масеҳиён дар бораи чӣ бояд фикр кунанд? б) «Дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр» кардан чӣ маъно надорад?

14 Баъд аз он ки Павлус моро «дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр» накунед гуфта огоҳ кард, ӯ чунин гуфт: «Фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» аст. Дар ҳақиқат ҳам ҳаёт ва осоиштагӣ баракат аст! Чӣ тавр мо соҳиби ин баракат шуда метавонем?

15 «Дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр» кардан маънои онро надорад, ки ҳушу хаёли шахс бояд фақат ба чизҳои ғайривоқеӣ равона карда шавад. Ба ӯ лозим нест, ки ҳама вақт дар бораи Китоби Муқаддас, муҳаббат ба Худо ва умед ба оянда фикр кунад ва гап занад. Биёед ба ёд орем, ки чӣ тавр дар асри як Павлус ва дигарон, ки писанди Худо буданд зиндагӣ мекарданд. Онҳо мехӯрданд ва менӯшиданд, аксарияташон оиладор шуда аз ҳаёти оилавӣ баҳра мебурданду барои таъмин кардани худ кор мекарданд (Марқ. 6:3; 1 Тас. 2:9).

16. Павлус диққаташро ба чӣ равона мекард?

16 Ба ҳар ҳол ин ходимони Худо намегузоштанд, ки ин тарзи ҳаёташон мақсади асосӣ гардад. Павлус хаймадӯз буд, вале Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ин мақсади асосии ҳаёти ӯ набуд. Ӯ доимо диққаташро ба мавъиза ва кори таълимдиҳӣ равона мекард. (Аъмол 18:2–4; 20:20, 21, 34, 35-ро хонед.) Ва ин корро Павлус ба бародарону хоҳарони Рум тавсия медод. Бале, ҳаёти Павлус ба фаъолияту корҳои рӯҳонӣ равона шуда буд. Ҷамъомади Рум бояд ба ӯ пайравӣ мекарданд ва мо низ бояд чунин кунем (Рум. 15:15, 16).

17. Агар мо «дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр» кунем, чиро ба даст меорем?

17 Агар мо «дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр» кунем, чиро ба даст меорем? Румиён 8:6 аниқу равшан нишон медиҳад: «Фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» аст (Рум. 8:6). Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ба рӯҳи муқаддас гузорем, то ба тарзи фикрронии мо таъсир расонда онро идора намояд. Агар чунин кунем тарзи фикррониамон писанди Худо мегардад. Ва мо боварии комил дошта метавонем, ки чизҳои рӯҳониро мақсади ҳаёти худ карда ҳаёти пурмаъно ва хушбахтро ба даст меорем. Ин натиҷаи бардавом меорад, яъне ҳаёти бефаноӣ дар осмон ва ҳаёти ҷовидонӣ дар замин.

18. Бо кадом роҳ мо осоиштагиро ба даст оварда метавонем?

18 «Фикрҳои рӯҳонӣ... сулҳу осоиштагӣ» аст гуфта Павлус чиро дар назар дошт? Бисёриҳо мехоҳанд, ки дар дил осоиштагӣ дошта бошанд, лекин кам одамон онро меёбанд. Ба шарофати Яҳува мо аллакай аз сулҳу осоиштагӣ баҳра мебарем. Як ҷиҳати осоиштагӣ ин бо аъзои оила ва бародару хоҳарон дар сулҳ будан аст. Мо нағз медонем, ки ҳамаамон нокомил ҳастем. Барои ҳамин дар байни бародарону хоҳарон проблемаҳо пайдо шуда метавонанд ва агар онҳо пайдо шаванд, мо мувофиқи маслиҳати зерини Исо рафтор мекунем: «Бо бародари худ мувосо кун» (Мат. 5:24). Дар ёд доред, ки дигар бародар ё хоҳар низ ба Яҳува, ки Атокунандаи осоиштагист, хизмат мекунад (Рум. 15:33; 16:20).

19. Мо боз аз чӣ гуна осоиштагӣ баҳра бурда метавонем?

19 Ҳамчунин агар мо дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунем, бо Офаридгорамон дар осоиштагӣ буда метавонем. Ишаъё суханонеро навишт, ки дар рӯзҳои ӯ дахл доштанду аммо дар рӯзҳои мо дар миқёси бузургтар иҷро шуда истодаанд: «Дили боматонатро Ту [Яҳува] дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад». (Иш. 26:3; Румиён 5:1-ро хонед.)

20. Чаро шумо барои маслиҳати дар боби 8-уми Румиён овардашуда миннатдоред?

20 Новобаста аз он ки мо чӣ гуна умед дорем, ҳамаи мо аз маслиҳате, ки дар Румиён боби 8-ум оварда шудааст, манфиат гирифта метавонем. Мо миннатдорем аз он ки Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки диққати худро ба хизмати Яҳува равона кунем, на ба хоҳишҳои ҷисм. Мо боварӣ дорем, ки агар дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунем, он гоҳ соҳиби баракати зерин хоҳем шуд: «Бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи... Исои Масеҳ» (Рум. 6:23).