Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Яъқуб баъди ба даст овардани нахустзодагии бародараш Эсов аҷдоди Масеҳ шуд?

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Оё шахсоне, ки ба насабномаи Масеҳ дохил шуданд, ҳамаашон ҳуқуқи нахустзодагиро доштанд?

Пештар ин фикр дар адабиётҳоямон тасдиқ шуда буд. Ба ақидаи мо, чунин хулоса ба суханони Ибриён 12:16 мувофиқ буд. Дар ин оят гуфта мешавад, ки Эсов чизҳои муқаддасро қадр накарда, «барои як таом» нахустзодагии худро ба Яъқуб фурӯхт. Ба назар чунин менамуд, ки, вақте Яъқуб ҳуқуқи нахустзодагиро соҳиб шуд, ӯ бо ин ҳуқуқи яке аз аҷдодони Масеҳ буданро ба даст овард (Мат. 1:2, 16; Луқ. 3:23, 34).

Лекин чуқуртар дида баромадани воқеаҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки барои аҷдоди Масеҳ будан шарт набуд, ки мард писари нахустзода бошад. Биёед дар ин бора баъзе далелҳоро дида бароем.

Аз писарони Яъқуб (Исроил) Реубен писари нахустзодааш буд, ки аз Леё таваллуд шуд. Баъдтар, зани дӯстдоштааш Роҳел писари аввалини худ Юсуфро ба дунё овард. Вақте Реубен рафтори ношоиста кард, ҳуқуқи нахустзодагӣ аз вай ба Юсуф гузашт (Ҳас. 29:31–35; 30:22–25; 35:22–26; 49:22–26; 1 Вақ. 5:1, 2). Вале на Реубен ва на Юсуф ба насабномаи Масеҳ дохил нашуданд. Ба ин насабнома Яҳудо, писари чоруми Яъқуб, ки аз Леё буд, дохил шуд (Ҳас. 49:10).

Дар Луқо 3:32 панҷ нафар мардони дигар номбар шудаанд, ки ба насабномаи Масеҳ дохил шуданд. Ҳар яки онҳо, аз афташ, нахустзода буданд. Бӯаз Убидро ба дунё овард, Убид бошад, Йисойро (Рут 4:17, 20–22; 1 Вақ. 2:10–12).

Аммо писари Йисой Довуд нахустзода набуд. Аз байни ҳашт писари Йисой ӯ хурдӣ буд (1 Подш. 16:10, 11; 17:12; Мат. 1:5, 6). Писари Довуд Сулаймон низ нахустзода набуд (2 Подш. 3:2–5).

Ин маънои онро надорад, ки дар Исроили қадим нахустзода будан аҳамияте надошт. Одатан писари аввалин мартабаи баландтар дошт ва аксар вақт баъди падар ӯ сардори оила мешуд. Ӯ ҳамчунин ҳиссаи дучанди меросро соҳиб шуда метавонист (Ҳас. 43:33; Такр. Ш. 21:17; Еҳ. 17:1).

Вале ҳуқуқи нахустзодагӣ метавонист аз писари якум ба дигараш гузарад. Масалан, вақте Исмоил бо модараш ба биёбон ронда шуд, ҳуқуқи нахустзодагӣ аз Исмоил ба Исҳоқ гузашт (Ҳас. 21:14–21; 22:2). Ва чи хеле ки дар боло қайд шуд, ҳуқуқи нахустзодагӣ аз Реубен ба Юсуф гузашта буд.

Биёед бори дигар бубинем, ки дар ояти Ибриён 12:16 чӣ гуфта шудааст: «Мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад». Ин ҷо кадом фикр қайд шудааст?

Павлуси ҳавворӣ дар ин оят насабномаи Масеҳро муҳокима намекунад. Ӯ фақат мехост масеҳиёнро барангезад, ки бо роҳи рост равона шаванд. Ин тавр рафтор карда онҳо «аз файзи Худо маҳрум» намегаштанд, лекин, агар ба бадахлоқии ҷинсӣ дода мешуданд, мисли Эсов аз файзи Худо маҳрум мегаштанд (Ибр. 12:12–16). Чунки вай хоҳиши ҷисмро аз чизҳои муқаддас дида болотар гузошт.

Эсов дар замонҳои пайғамбарон зиндагӣ мекард ва имконият дошт, ки аз номи оилааш баъзан ба Худо қурбониҳо орад (Ҳас. 8:20, 21; 12:7, 8; Айюб 1:4, 5). Вале, азбаски Эсов фақат дар бораи чизҳои ҷисмонӣ фикр мекард, ҳамаи баракатҳоеро, ки чун нахустзода ба даст оварда метавонист, ба як табақ хӯрок иваз кард. Шояд ӯ аз азобу уқубатҳое, ки барои насли Иброҳим пешгӯйӣ шуда буданд, гурехтан мехост (Ҳас. 15:13). Боз аз чӣ маълум буд, ки Эсов бештар ба чизҳои ҷисмонӣ майл дошт ва чизҳои муқаддасро қадр намекард? Ӯ ду зани бутпараст гирифт, ки сабаби ғаму андӯҳи волидонаш гаштанд (Ҳас. 26:34, 35). То чӣ андоза ӯ аз бародараш Яъқуб фарқ мекард! Яъқуб танҳо бо зане оиладор шудан мехост, ки Худои ягонаро ибодат мекунад (Ҳас. 28:6, 7; 29:10–12, 18).

Инак, дар асоси муҳокимаи боло дар бораи насабномаи Масеҳ чӣ хулоса баровардан мумкин аст? Баъзе шахсоне, ки аҷдоди Масеҳ гаштанд, нахустзода буданд, баъзеашон бошад, не. Яҳудиён инро медонистанд ва эътироф мекарданд, ки Масеҳ аз насли Довуд — писари хурдии Йисой буд (Мат. 22:42).