Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Чаро волидони мусофир ҳангоми ба фарзандонашон дар бораи Яҳува таълим додан бояд ба назар гиранд, ки кадом забон ба онҳо фаҳмотар аст?

Фарзандони муҳоҷирон шояд забони маҳаллиро дар мактаб ва кӯча ёд гиранд. Барои кӯдак донистани якчанд забон фоиданок буда метавонад. Волидон бояд дар бораи он фикр кунанд, ки дар кадом ҷамъомад фарзандашон ба Яҳува наздиктар мешавад: дар ҷамъомаде, ки ба забони маҳаллӣ мегузарад ё дар ҷамъомаде, ки ба забони модарии онҳо мегузарад. Волидони масеҳӣ мустаҳкам кардани имони фарзандонашонро аз хоҳишҳои худ дида болотар мемонанд (w17.05 [bw582], саҳ. 9–11).

Вақте Исо аз Петрус пурсид, ки «оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?», «инҳо» гуфта ӯ чиро дар назар дошт? (Юҳ. 21:15)

Аз афташ, Исо хариду фурӯши моҳиро дар назар дошт. Баъд аз марги Исо Петрус ба кори пештараи худ, яъне моҳидорӣ, баргашт. Масеҳиён бояд аниқ кунанд, ки кор дар ҳаёти онҳо кадом ҷойро ишғол мекунад (w17.05 [bw582], саҳ. 22, 23).

Масеҳиёне, ки барои муҳофизати худ аз яроқи оташфишон истифода мебаранд, бояд кадом принсипҳоро ба назар гиранд?

Баъзе аз ин принсипҳо чунинанд: ҳаёт дар назари Худо муқаддас аст; вақте Исо ба шогирдонаш гуфт, ки бо худ шамшер гиранд, ӯ гуфтанӣ набуд, ки бо он худро муҳофизат (Луқ. 22:36, 38); мо шамшерҳои худро ба олоти шудгор табдил медиҳем; ҳаёт аз чизу чора дида қадру қимати бештар дорад; мо виҷдони дигаронро ҳурмат мекунем ва мехоҳем, ки рафтори намунавӣ дошта бошем (2 Қӯр. 4:2) (w17.07 [bw584], саҳ. 31, 32).

Чаро нақли Матто ва Луқо дар бораи саршавии ҳаёти Исо аз ҳам фарқ мекунанд?

Дар нақли Матто воқеаҳо бештар бо Юсуф алоқаманданд. Масалан, ӯ дар бораи он навишт, ки чӣ тавр Юсуф ба ҳомиладории Марям, ба дастуроти Худо оиди ба Миср гурехтан ва баъдтар аз он ҷо баргаштан муносибат кард. Луқо бошад, диққатро бештар ба Марям равона кард. Масалан, ӯ дар бораи он навишт, ки чӣ тавр Марям ба назди хешаш Элисобаъ рафт. Ҳамчунин ӯ навишт, ки ҳангоми гум шудани Исои хурдсол Марям чӣ ҳис кард (w17.08 [bw585], саҳ. 32).

Аз кадом сабабҳо Каломи Худо нест шуданаш мумкин буд?

Маънои калима ва ибораҳое, ки дар Китоби Муқаддас истифода шуда буданд, бо мурури вақт тағйир ёфтанд. Бо дигар шудани вазъияти сиёсӣ забони оммафаҳм низ дигар шуд. Барои ба забони фаҳмо тарҷума кардани Китоби Муқаддас зиддиятҳо нишон дода шуд (w17.09 [bw586], саҳ. 19–21).

Волотарин навъи муҳаббат кадом аст?

Волотарин навъи муҳаббат (ага́пе) бар принсипҳо асос ёфтааст ва дилбастагиву меҳрубониро дар бар мегирад. Он шахсро бармеангезад, ки беғаразона ба дигарон некӣ кунад (w17.10 [bw587], саҳ. 7).