Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Оё ҷуфти масеҳӣ барои ҳомиладор нашудан аз спирал (воситаи пешгирии ҳомиладорӣ дар даруни бачадон) истифода бурда метавонад?

Дар ин бобат ҳар як ҷуфти масеҳӣ бояд худаш қароре барорад, ки муқобили виҷдонаш набошад. Барои ин онҳо бояд муҳокима кунанд, ки ин воситаи пешгирии ҳомиладорӣ чӣ тавр амал мекунад ва кадом принсипи Каломи Худо дар ин маврид рост меояд.

Яҳува ба Одаму Ҳавво ва баъдтар ба Нӯҳ ва оилааш чунин амр дод: «Борвар ва афзун шавед» (Ҳас. 1:28; 9:1). Китоби Муқаддас намегӯяд, ки масеҳиён бояд аз рӯйи ин амри Худо амал кунанд. Барои ҳамин ҳар як ҷуфт бояд қарор кунад, ки барои ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ ё зиёд нашудани шумораи аъзои оилаашон аз ягон воситаи пешгирии ҳомиладорӣ истифода мебаранд ё не. Ҳамсарон бояд кадом ҷиҳатҳоро ба назар гиранд?

Ҳар як қарори ҷуфти масеҳӣ оиди банақшагирии таваллуди кӯдак бояд бар Навиштаҳо асос ёбад. Аз ин рӯ ходимони Худо ҳеҷ вақт барои пешгирии таваллуди кӯдак исқоти ҳамл (аборт) намекунанд. Чунки исқоти ҳамл ҳомиладориро қатъ мегардонад ва намегузорад, ки ҳуҷайра афзоиш ёфта кӯдак таваллуд шавад. Исқоти ҳамл ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи эҳтиром кардани ҳаёт муқобил мебарояд (Хур. 20:13; 21:22, 23; Заб. 138:16; Ирм. 1:5). Дар бораи истифодаи спирал чӣ гуфтан мумкин аст?

Дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) *, аз 15 майи соли 1979, саҳ. 30, 31, ин масъала муҳокима шуда буд. Аксари спиралҳое, ки дар он вақтҳо ҳама истифода мебурданд, аз пластмасс буда, дар даруни бачадон барои пешгирӣ кардани ҳомиладорӣ гузошта мешуданд. Дар ин мақола гуфта шуда буд, ки чӣ гуна амал кардани ин спирал пурра маълум нест. Бисёр мутахассисон гуфта буданд, ки спирале, ки дар бачадон гузошта мешавад, намемонад, ки сперматазоид бо тухмҳуҷайраи зан якҷоя шуда онро бордор гардонад. Агар бордоршавӣ рӯй надиҳад, пас ҳаёти нав низ оғоз намеёбад.

Вале баъдтар маълум гашт, ки баъзан бо истифодаи спирал ҳам тухмҳуҷайраи зан бордор мегардад. Ва тухмҳуҷайраи бордоршуда берун аз бачадон афзоиш меёбад ё он метавонад ба тарафи бачадон ҳаракат кунад. Вақте ки ин тухмҳуҷайра ба бачадон мерасад, спирал намемонад, ки ин тухмҳуҷайра афзоиш ёбад. Ҳамин тавр ҳомиладорӣ қатъ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки ин протсесс ба аборт монанд аст. Дар охири мақола чунин гуфта шуда буд: «Ходимони содиқи Худо нисбати истифода бурдани спирал ҷиддӣ муносибат мекунанд ва маълумоти фаҳмидаашонро дар асоси гуфтаҳои Китоби Муқаддас оиди эҳтиром кардани ҳаёт бармекашанд» (Заб. 35:10).

Ин мақола соли 1979 нашр шуда буд, вале аз он вақт инҷониб илм ва тиб хеле тараққӣ кард.

Ҳоло бошад, боз ду намуди спирал дастраси халқ гардидааст. Як намуди он дар таркибаш мис дорад ва тахминан аз соли 1988 дар Иёлоти Муттаҳида паҳн гаштааст. Дигар намудаш аз худаш ҳормон мебарорад ва соли 2001 ба фурӯш баромадааст. Мо дар бораи кори ин ду намуди спирал чӣ медонем?

Мис. Чи тавре ки аллакай қайд шуд, спирал ҳаракати сперматазоидро сӯйи тухмҳуҷайра душвор мегардонад. Илова бар ин, спирале, ки дар таркиби худ мис дорад, барои сперматазоид мисли заҳр мебошад, яъне ин намуди спирал чун кушандаи сперма амал мекунад *. Ҳамчунин спирале, ки дар таркибаш мис дорад, деворҳои бачадонро тағйир медиҳад.

Ҳормон. Дигар намуди спирал дар таркибаш ҳормон дорад. Ин ҳормон ба ҳормоне монанд аст, ки дар таркиби ҳабҳо (таблетка) барои пешгирии ҳомиладорӣ вуҷуд дорад. Чунин намуди спирал мисли спирали солҳои пеш амал мекунад, вале он ҳамчунин дар даруни бачадон аз худ ҳормон мебарорад. Дар натиҷа организми баъзе занон тухмҳуҷайра ҳосил намекунад. Албатта, тухмҳуҷайра ки набошад, ҳомиладорӣ ҳам намешавад. Спирале, ки аз худ ҳормон мебарорад, девори бачадонро тунук мекунад *. Инчунин ин гуна спирал луоберо, ки дар даҳонаки бачадон ҳаст, ғафстар мегардонад ва намемонад, ки сперматазоид аз маҳбал (даромадгоҳи узви таносули занон) ба бачадон гузарад.

Чи тавре ки қайд кардем, ҳар ду намуди спирал девори бачадонро тағйир медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки агар тухмҳуҷайраи зан бордор шуда ба бачадон фарояд, он дар девори бачадон ҷойгир шуда наметавонад. Ҳамин тавр ҳомиладорӣ дар марҳилаи аввалаш қатъ мегардад. Ба ҳар ҳол, олимон боварӣ доранд, ки ин гуна ҳолат кам рӯй медиҳад ва дар мавриди истеъмоли ҳабҳо барои пешгирии ҳомиладорӣ низ чунин шуда метавонад.

Барои ҳамин ҳеҷ кас аниқ гуфта наметавонад, ки спирале, ки дар таркибаш мис ё ҳормон дорад, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки тухмҳуҷайра бордор гардад. Тадқиқоти олимон нишон медиҳад, ки чунин намудҳои спирал тухмҳуҷайраи занро аз бордоршавӣ ҳимоя мекунад ва заноне, ки ин гуна спиралҳоро истифода мебаранд, на ҳама вақт ҳомиладор мешаванд.

Хуб мебуд, ки ҷуфти масеҳие, ки ин гуна спиралҳоро истифода бурдан мехоҳад, аввал бо духтури ботаҷриба маслиҳат кунанд. Духтур ба онҳо метавонад фаҳмонад, ки кадом намуди спирал дар минтақаи онҳо дастрас аст ва он чӣ гуна манфиат ва ё зарар дорад. Ҳамсарон набояд гузоранд ё интизор шаванд, ки касе, ҳатто духтур, ба ҷойи онҳо қарор барорад (Рум. 14:12; Ғал. 6:4, 5). Ин қарори шахсӣ мебошад. Ҷуфти масеҳӣ бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро ба назар гирифта қароре барорад, ки ба Яҳува маъқул бошад ва барои нигоҳ доштани виҷдони пок ёрдам кунад. (Бо 1 Тимотиюс 1:18, 19 ва 2 Тимотиюс 1:3 муқоиса кунед.)

^ сарх. 4 Ба забони русӣ ин мақола дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми феврали с. 1999, саҳ. 30, 31, чоп гардид.

^ сарх. 4 Дар як маълумотномае чунин гуфта шудааст: «Спирале, ки дар таркибаш мис бисёртар аст, таъсираш аз 99% зиёдтар аст. Ин маънои онро дорад, ки дар як сол аз 100 зане, ки чунин спиралро истифода мебарад, яктояш ҳомиладор шуда метавонад. Спирале, ки дар таркибаш камтар мис дорад, таъсираш ҳам камтар аст» (England’s National Health Service).

^ сарх. 5 Азбаски ҳормони дар спирал буда девори бачадонро тунук мегардонад, духтурон баъзан онро ба занони оиладор ё муҷарраде тавсия медиҳанд, ки ҳайзи (менструатсияи) вазнин доранд.