Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Эрик ва Эми

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Гана

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Гана

ОЁ ШУМО бародар ё хоҳареро медонед, ки ба шаҳре кӯчидааст, ки дар он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад? Мо одатан чунин воизонро таъриф карда мегӯем, ки доираи хизмати худро васеъ кардаанд. Оё шумо ягон бор оиди саволҳои зерин фикр карда будед: «Чӣ онҳоро барангехт, ки дар дигар мамлакатҳо хизмат кунанд? Чӣ тавр онҳо худро ба чунин намуди хизмат тайёр карданд? Оё ман низ чунин карда метавонам?» Биёед барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан беҳтараш аз худи ин бародарону хоҳарон пурсем.

ЧӢ ОНҲОРО БАРАНГЕХТ?

Чӣ шуморо барангехт, то дар бораи васеъ кардани доираи хизмататон фикр кунед? Эми, ки ҳоло синнаш аз 30 гузаштааст, аз Иёлоти Муттаҳида мебошад. Ӯ чунин мегӯяд: «Солҳои зиёд ман мехостам, ки дар дигар мамлакат хизмат кунам, лекин фикр мекардам, ки ба ин мақсад расида наметавонам». Чӣ фикри ӯро дигар кард? Эми мефаҳмонад: «Соли 2004 ҳамсароне, ки дар Белиз хизмат мекарданд, маро ба наздашон даъват намуданд, то ки як моҳ дар хизмати пешравӣ бо онҳо шарик шавам. Ман розӣ шудам. Ва бароям ин хеле маъқул шуд! Як сол пас, ман ба Гана кӯчидам, то дар он ҷо ҳамчун пешрав хизмат кунам».

Арон ва Стефани

Стефани, ки ҳоло қариб 30-сола асту аз Иёлоти Муттаҳида мебошад, чанд сол пеш вазъияти худро нағзакак аз назар гузаронида фикр кард: «Саломатиам хуб аст ва масъулияти оилавӣ надорам. Ман дар асл ба Яҳува аз ҳозир дида бештар хизмат карда метавонам». Чунин худтафтишкунии ростқавлона ӯро барангехт, ки доираи хизматашро васеъ кунаду ба Гана кӯчад. Филип ва Ида ҳамсарони калонсоли пешрав, ки аз Дания мебошанд, фақат орзу мекарданд, то ба ҷое кӯчанд, ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад. Онҳо барои орзуяшонро амалӣ гардонидан имконият меҷустанд. Филипп мегӯяд: «Вақте имконият пайдо шуд, гӯё Яҳува ба мо гуфт, ки “Ба пеш!”». Соли 2008 онҳо ба Гана сафар карда дар он ҷо аз се сол зиёд хизмат намуданд.

Брук ва Ҳанс

Ҳанс ва Брук, ҳамсарони пешрав, ки қариб 30-сола мебошанд, ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида хизмат мекунанд. Соли 2005 онҳо ба осебдидагони офати табиӣ, ки дар натиҷаи тӯфони «Катрина» рӯй дода буд, кӯмак расониданд. Чанде пас онҳо барои дар барномаи байналхалқии сохтмонӣ ёрдам кардан ба филиал нома фиристоданд, лекин ҷавобаш наомад. Ҳанс мегӯяд: «Баъдтар мо дар анҷуман нутқеро шунидем. Дар ин нутқ гуфта шуд, ки Довуд тан дод, ки вай маъбадро намесозад ва дар мақсадаш дигаргунӣ даровард. Мисоли Довуд ба мо кӯмак кард, то фаҳмем, ки агар як мақсад нашуд, дигар мақсади рӯҳонӣ мондан ягон гандагӣ надорад» (1 Вақ. 17:1–4, 11, 12; 22:5–11). Брук илова мекунад: «Яҳува мехост, ки мо дигар дарро кӯбем».

Баъди шунидани воқеаҳои рӯҳбаландкунандаи дӯстонашон, ки дар дигар мамлакатҳо хизмат мекарданд, Ҳанс ва Брук хостанд, ки дар ин намуди хизмат иштирок кунанд. Ва соли 2012 онҳо ба Гана сафар карданд. Дар он ҷо онҳо чор моҳ дар ҷамъомади забони имову ишора хизмат карда онҳоро дастгирӣ намуданд. Ҳарчанд онҳо ба Иёлоти Муттаҳида баргашта бошанд ҳам, хизмат дар Гана хоҳиши онҳоро барои дар ҷои аввал гузоштани кори Салтанат зиёд гардонд. Баъдтар онҳо дар сохтмони филиали Микронезия кӯмак расонанд.

БА СӮИ МАҚСАДИ ХУД ҚАДАМ ГУЗОШТАНД

Чӣ тавр шумо худро ба чунин намуди хизмат тайёр кардед? Стефани мегӯяд: «Ман аз маҷаллаи “Бурҷи дидбонӣ” мақолаҳоеро ҷустуҷӯ кардам, ки дар бораи хизмат дар ҷойҳое, ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, маълумот дода шудааст» *. Ӯ илова мекунад: «Ман ҳамчунин бо пирони ҷамъомад, нозири ноҳиявӣ ва ҳамсараш дар бораи хоҳиши дар дигар мамлакат хизмат карданам, гап задам. Ғайр аз ин ман доимо оиди ин мақсадам ба Яҳува дуо мегуфтам». Ҳамзамон Стефани ҳаракат мекард, ки сарфакор бошад ва ин ба ӯ кӯмак расонд, ки маблағи даркориро барои хизмат дар дигар мамлакат ҷамъ кунад.

Ҳанс мегӯяд: «Мо аз Яҳува дар дуо роҳнамоӣ мепурсидем, ки моро ба ҷои лозима фиристад. Ҳамчунин мо дар дуоямон аниқ мегуфтем, ки дар кадом рӯз аз рӯи нақшаамон амал карданием». Ин ҳамсарон ба чор филиал нома фиристоданд. Баъд аз он ки филиали Гана ба номаашон ҷавоб дод, онҳо ба муддати ду моҳ барои хизмат ба он ҷо сафар карданд. Ҳанс мегӯяд: «Ҳамкорӣ бо ҷамъомад ба мо ҳамин хел маъқул шуд, ки мо дар он ҷо бисёртар истодем».

Адриа ва Ҷорҷ

Ҷорҷ ва Адриа, ҳамсарон аз Канада, ки қариб 40 сола мебошанд, ҳамеша дар ёд доштанд, ки Яҳува на хоҳиши дуруст, балки кӯшишу ғайратро баракат медиҳад. Барои ҳамин онҳо сӯи мақсади худ қадамҳои устувор гузоштанд. Онҳо ба хоҳаре, ки дар Гана хизмат мекард, занг зада бисёр чизҳоро пурсиданд. Ҳамчунин онҳо ба филиали Канада ва Гана нома навиштанд. Адриа мегӯяд: «Баъди ин мо фикр кардем, ки боз чӣ хел ҳаётамонро аз ин ҳам одитар гардонем». Чунин кӯшишу ғайрат ба онҳо имкон дод, ки соли 2004 ба Гана кӯчанд.

ҲАЛЛИ МУШКИЛИҲО

Баъд аз кӯчидан шумо бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед ва чӣ тавр онро паси сар кардед? Барои Эми душвории аввалиндараҷа ин буд, ки вай хонаашро ёд мекард. Ӯ мегӯяд: «Ҳама чиз аз он чизе, ки ман одат карда будам, тамоман фарқ мекард». Чӣ ба вай кӯмак кард, ки ба ҷои нав одат кунад? Эми ҷавоб медиҳад: «Аъзоёни оилаам ба ман занг зада мегуфтанд, хизмати маро хеле қадр мекунанд. Ин суханони онҳо ба ман кӯмак мекарданд, ки хизматамро дар ин ҷо давом диҳам. Чанде пас ман ҳамроҳи оилаам ба воситаи видеочат гап мезадагӣ шудем. Азбаски мо ҳангоми сӯҳбат якдигарро медидем, оилаам ба назарам дур наметофт». Эми нақл мекунад, ки дӯстӣ бо хоҳари ботаҷриба, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, барои фаҳмидани маданияти он ҷо ба ӯ кӯмак расонд. Ӯ мегӯяд: «Ҳар боре ки ман сабаби ин ё он тавр рафтор кардани одамони он маҳалро намефаҳмидам, ба дугонаам муроҷиат мекардам ва ӯ ба ман кӯмак мерасонд. Бо ёрдами ӯ ман фаҳмидам, ки дар кадом ҳолат чӣ тавр рафтор кунам ва ин ба ман кӯмак кард, ки бо хурсандӣ хизмат кунам».

Ҷорҷ ва Адриа нақл карданд, ки вақте бори аввал ба Гана омаданд ба назарашон чунин намуд, ки гӯё ба замонҳои қадим баргашта бошанд. Адриа мегӯяд: «Мо ба ҷои мошинаи ҷомашӯӣ лаганро истифода мебурдем. Ба назарам чунин менамуд, ки аз пештара дида барои тайёр кардани хӯрок даҳ маротиба зиёдтар вақт сарф мешуд. Лекин бо гузашти вақт баъд аз паси сар кардани вазъиятҳои душвор мо таҷрибадор шудем». Брук мегӯяд: «Мо пешравон нигоҳ накарда ба душвориҳое, ки дар хизмат рӯ ба рӯ мешавем, хушбахт ҳастем. Вақте мо ҳама воқеаҳои шавқоварро ба ёд меорем, он мисли як гулдастаи зебое аз хотираҳо мегардад, ки бароямон хеле пурарзишанд».

ХИЗМАТИ ПУРСАМАР

Чаро шумо ин намуди хизматро ба дигарон маслиҳат медиҳед? Стефани чунин мегӯяд: «Хизмат дар маҳалле, ки одамонаш ташнаи ҳақиқатанду ҳар рӯз бо ту омӯзиш кардан мехоҳанд, хурсандии зиёд меорад. Васеъ кардани доираи хизматам, яке аз қарорҳои беҳтарини ман дар ҳаёт мебошад». Соли 2014, Стефани бо Арон оиладор шуд ва имрӯз онҳо дар филиали Гана хизмат мекунанд.

Пешраве бо номи Кристина, ки ҳоло 30-сола асту аз Олмон мебошад, мегӯяд, ки ин намуди хизмат одамро ботаҷриба мегардонад. Кристина то ба Гана омадан дар Боливия хизмат мекард. Ӯ гапашро давом дода чунин мегӯяд: «Ман аз оилаам дур ҳастам ва ҳамеша барои кӯмак ба Яҳува муроҷиат мекунам. Яҳува бароям аз пештара дида воқеитар гашт. Ҳамчунин ман аз ягонагии халқи Яҳува баҳра мебарам. Дар ин ҷо хизмат кардан ҳаётамро пурбаракат гардонд». Кристина ба наздикӣ бо Гидеон оиладор шуд ва онҳо якҷоя дар Гана хизматашонро давом медиҳанд.

Кристина ва Гидеон

Филип ва Ида нақл мекунанд, ки барои пешравӣ кардани омӯзандагонашон чӣ кор карданд. «Мо пештар 15 ё аз ин ҳам зиёд омӯзанда доштем, вале ба хотири нағз таълим додан шумораи онҳоро то 10 нафар кам кардем». Оё ин кори онҳо ба омӯзандагон манфиат овард? Филип нақл мекунад: «Ман бо ҷавонмарде омӯзиш мекардам, ки Майкл ном дошт. Ӯ ҳар рӯз омӯзиш карда метавонист ва ба омӯзиш хеле нағз тайёрӣ медид, ки дар натиҷа мо дар давоми як моҳ китоби “Таълимот”-ро тамом кардем. Баъд аз ин Майкл воизи таъмиднаёфта шуд. Дар рӯзи аввали хизматамон ӯ ба ман гуфт, ки “Ту ба ман барои гузаронидани омӯзиш кӯмак карда метавонӣ?” Ман ба вай ҳайрон шуда нигоҳ кардам. Майкл ба ман гуфт, ки бо се кас омӯзиш сар кардаасту барои гузарониданаш ёрдам диҳам». Бинед, ки то чӣ андоза барои воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, ки ҳатто омӯзандагон бо дигарон омӯзиш мегузаронанд!

Ида ва Филип

Эми нақл мекунад, ки чӣ тавр ӯ фаҳмид, ки дар Гана ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад: «Чанде пас аз ба Гана омадан мо дар қишлоқи хурдакаке мавъиза кардем ва одамони ношунаворо мекофтем. Мо дар ин қишлоқи хурдакак на фақат як кас, балки ҳашт касро ёфтем, ки ба забони имову ишора гап мезананд!» Ҳоло Эми бо Эрик хонадор шудааст. Онҳо чун пешрави махсус хизмат карда ба ҷамъомади забони имову ишора ёрдам мекунанд. Дар Гана беш аз 300 воизон ва шавқмандони ношунаво ҳастанд. Хизмат дар Гана барои Ҷорҷ ва Адриа имконият дод, ки миссионер кӣ буданашро дар худ ҳис кунанд. Барои ҳамин вақте онҳоро ба синфи 126-уми Мактаби Ҷилъод таклиф карданд, аз ин бениҳоят хурсанд шуданд! Ҳоло онҳо дар Мозамбик миссионер шуда хизмат мекунанд.

МУҲАББАТ БАРАНГЕХТ

Аз дидани он ки бисёр воизон аз мамлакатҳои дигар бо бародарону хоҳарони маҳаллӣ якҷоя дар дарав меҳнат мекунанд, дилҳои мо шод мешавад (Юҳ. 4:35). Ба ҳисоби миёна, ҳар сол дар як ҳафта 120 нафар дар Гана таъмид мегиранд. Ба мисли 17 воизе, ки доираи хизмати худро васеъ карда ба Гана кӯчиданд, ҳазорҳо воизони рӯи ҷаҳонро муҳаббат ба Худо барангехт, ки «худро бо омодагӣ пешкаш» кунанд. Онҳо дар минтақаҳое хизмат мекунанд, ки дар он ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад. Ин гуна воизон дили Яҳуваро хеле шод мегардонанд (Заб. 109:3; Мас. 27:11).

^ сарх. 9 Ба «Хизмат ба Салтанат» аз августи с. 2011 ба мақолаи «Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?» ва аз январи с. 2006, ба мақолаи «Оё шумо тайёред, ки дар ҷое ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, хизмат кунед?» (рус.) нигаред.