Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аввал Салтанатро ҷӯед, на чизу чораро!

Аввал Салтанатро ҷӯед, на чизу чораро!

«Малакути Худоро биталабед ва ҳамаи ин барои шумо илова хоҳад шуд» (ЛУҚ. 12:31).

СУРУДҲО: 40, 44

1. Фарқи байни чизҳои даркорӣ ва чизҳои мехостагӣ дар чист?

МЕГӮЯНД, ки шиками одам сер асту чашмаш гурусна. Дар ҳақиқат чунин метобад, ки бисёриҳо сарфаҳм намераванд, ки чизҳои даркорӣ чӣ асту чизҳои мехостагӣ чӣ. Ин ду чиз аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд? Аз чизҳои даркорӣ ҳаёти шумо вобаста аст. Масалан, хӯрокаю пӯшока ва ҷои зист ин талаботи асосии мо мебошад. Чизҳои мехостагӣ ин чизҳоест, ки шумо доштан мехостед, вале онҳо барои ҳаёти ҳаррӯзаатон на он қадар муҳиманд.

2. Одамон кадом чизҳоро ба даст овардан мехоҳанд?

2 Хоҳиши одамон хеле гуногун аст ва аз маҳалли зисташон вобастагӣ дорад. Масалан, дар давлатҳои тараққикардаистода бисёриҳо шояд барои харидани телефони мобилӣ, мотосикл ва ё замин пул доштан мехоҳанд. Дар давлатҳои тараққикарда бошад, одамон мехоҳанд, ки сару либосҳои қиматбаҳо, хонаи калон ва мошини қимат дошта бошанд. Дар паси ин гуна хоҳишҳо хатаре ниҳон аст. Вале новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунем ё чӣ қадар пул дорем, мо метавонем ба чизпарастӣ дода шуда боз бисёр чизҳоеро ба даст овардан мехоҳем, ки лозим нестанду пуламон ба он намерасад.

БА ЧИЗПАРАСТӢ ДОДА НАШАВЕД

3. Чизпарастӣ чист?

3 Чизпарастӣ чист? Ин на ба боигарии рӯҳонӣ, балки ба чизу чора дода шудан аст. Чизпарастӣ ба майлу хоҳиш ва мақсади ҳаёти мо таъсир расонида дар диламон хоҳиши ба даст овардани молу мулки бисёрро бедор мекунад. Шарт нест, ки шахси чизпараст пули бисёр дошта бошад ва ё чизҳои қиматбаҳо харида тавонад. Чунки ҳатто одамони камбағал ба доми чизпарастӣ афтида кори Худоро яктараф монда метавонанд (Ибр. 13:5).

4. Шайтон аз «ҳаваси чашмон» чӣ тавр истифода мебарад?

4 Шайтон аз ин ҷаҳон истифода бурда моро фирефта мекунад, то бовар кунем, ки доштани чизи бисёр новобаста аз он ки онҳо ба мо лозиманд ё не, моро хушбахт мегардонад. Вай дар истифода бурдани «ҳаваси чашмон» усто аст (1 Юҳ. 2:15–17; Ҳас. 3:6; Мас. 27:20). Ҷаҳон ҳама чизҳои даркору нодаркорро пешкаш мекунад, ки баъзеашон дилфиребанд. Оё боре чунин шудааст, ки шумо аз ҳавас ягон чизро дар реклама ё мағоза дида харидеду баъдтар дарк кардед, ки бе он ҳам зиндагӣ карда мешудааст? Аслан доштани чунин чизҳои нодаркор ҳаёти моро серташвиш мегардонанд. Агар мо диққатамонро ба ин чизҳо равона кунем, он гоҳ аз одатҳои рӯҳонӣ, яъне хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас, тайёрӣ ва ташриф овардан ба вохӯриҳо, ва доимо дар кори мавъиза иштирок намудан дур мешавем. Огоҳии Юҳаннои ҳаввориро фаромӯш накунед: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст».

5. Бо онҳое ки аз паи чизу чора мешаванд, чӣ рӯй медиҳад?

5 Шайтон мехоҳад, ки мо ғуломи боигарӣ шавему ба Яҳува хизмат накунем (Мат. 6:24). Лекин касоне ки танҳо аз паси ба даст овардани чизу чора мешаванд, ҳаёташон бемаъно мегардад. Онҳо ноумеду зиқ мешаванд ва ё бо душвориҳои молию пулӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ва ё ҳатто имони худро ба Яҳува ва ба Салтанаташ гум карда метавонанд (1 Тим. 6:9, 10; Ваҳй 3:17). Ҳақ будани ин суханонро масали Исо дар бораи коранда нишон медиҳад. Вақте хушхабари Салтанат «дар миёни хорҳо» кошта мешавад, «ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд ва он бесамар мегардад» (Марқ. 4:14, 18, 19).

6. Мо аз мисоли Борух чӣ меомӯзем?

6 Биёед мисоли Борухро, ки котиби Ирмиё буд, дида бароем. Иҷроишавии пешгӯӣ оиди валангоршавии Ерусалим наздик буд, вале Борух барои худ «чизҳои бузург»-ро меҷуст. Ба ҷои ин ӯ бояд танҳо ба ваъдаи зерини Яҳува умед мебаст: «Ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт» (Ирм. 45:1–5). Яҳува молу мулки он шаҳрро нигоҳ доштанӣ набуд (Ирм. 20:5). Ҳоло ки анҷоми ин тартибот наздик аст, вақти он нест, ки мо барои худамон чизу чораи бисёр ҷамъ кунем. Мо набояд фикр кунем, ки чизу чораи қиматбаҳоямон дар мусибати бузург боқӣ мемонад (Мас. 11:4; Мат. 24:21, 22; Луқ. 12:15).

7. Мо чиро дида мебароем ва чаро?

7 Барои ба чизпарастӣ дода нашудан ва аз ҳад зиёд дар бораи худ фикр накардан Исо маслиҳати беҳтарин дод. Ин маслиҳати ӯро дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ ёфтан мумкин аст (Мат. 6:19–21). Биёед баъзе гуфтаҳои Исоро, ки дар Матто 6:25–34 навишта шудааст, хонда муҳокима кунем. Ин ба мо кӯмак мекунад, то дарк намоем, ки аввал бояд Салтанати Худоро ҷӯем, на чизу чораро (Луқ. 12:31).

ЯҲУВА ОИДИ НИЁЗҲОИ МО ҒАМХОРӢ МЕКУНАД

8, 9. а) Чаро мо набояд дар бораи ниёзҳои ҳаррӯзаамон аз ҳад зиёд ғам хӯрем? б) Исо дар бораи одамон ва ниёзҳои онҳо чиро медонист?

8 Матто 6:25-ро хонед. Исо ба шунавандагонаш гуфт, ки «барои ҳаёти худ ғамхорӣ» накунанд. Онҳо дар бораи чизҳое фикр мекарданд, ки набояд дар борааш ғам мехӯрданд. Барои ҳамин Исо беҳуда ин суханонро нагуфт. Ташвиши беҳуда, ҳатто дар бораи ниёзҳои ҳаррӯза метавонад ҳушу хаёли шахсро парешон кунад ва ӯро аз доштани муносибати наздик бо Худо маҳрум созад. Исо шогирдонашро дар Мавъизаи Болоикӯҳиаш чор маротиба огоҳ кард, ки беҳуда ғам хӯрдан хатарнок аст (Мат. 6:27, 28, 31, 34).

9 Чаро Исо гуфт, ки дар бораи чӣ хӯрдан, чӣ нӯшидан ва чӣ пӯшидан ғам нахӯрем? Магар ин чизҳо бароямон даркор нестанд? Албатта, даркоранд! Агар мо аз ин ҷиҳат танқисӣ кашем, магар дар ин бора фикр намекунем? Бешубҳа, фикр мекунем ва Исо инро нағз медонист, чунки аз ниёзҳои ҳаррӯзаи одамизод бохабар буд. Илова бар ин ӯ дар бораи душвориҳое медонист, ки шогирдонаш садсолаҳо пас «дар айёми охир», ки «замонҳои сахт фаро» мерасад, рӯ ба рӯ хоҳанд шуд (2 Тим. 3:1). Ба ин душвориҳо бекорӣ, беқурбшавии пул, норасоии хӯрока ва қашшоқӣ дохил мешаванд. Ва имрӯз бисёр одамон аз ин душвориҳо азоб мекашанд. Дар баробари ин Исо медонист, ки «ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар» аст.

10. Мувофиқи суханони Исо дар ҳаёти пайравонаш чӣ бояд аз ҳама муҳим бошад?

10 Исо шунавандагонашро таълим дода гуфт, ки дар бораи ниёзҳои моддиашон ба Падари осмонӣ муроҷиат карда чунин гӯянд: «Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ» (Мат. 6:11). Ё чи хеле ки дар дигар маврид гуфт, чунин гӯянд: «Ҳар рӯз нони моро бар ҳасби ниёзи ҳаррӯзаамон ба мо ато кун» (Луқ. 11:3, Тарҷумаи дунёи ҷадиди форсӣ). Лекин он маслиҳат маънои онро надошт, ки мо бояд фақат дар бораи хӯрду хӯрок ва пӯшок фикр кунем. Дар ин дуои намунавӣ Исо қайд кард, ки дар бораи омадани Салтанати Худо дуо гуфтан муҳим аст (Мат. 6:10; Луқ. 11:2). Вале барои он ки шунавандагонаш ӯро нағзтар фаҳманд, Исо Яҳуваро чун Ризқдиҳандаи беҳамто тасвир кард.

11, 12. Мо аз ғамхории Яҳува нисбати паррандагон чӣ мефаҳмем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Матто 6:26-ро хонед. Мо бояд «ба мурғони ҳаво нигоҳ» кунем. Ҳарчанд парранда хурд бошад ҳам, бисёр дона, мева, ҳашарот ё кирм мехӯрад. Тасаввур кунед, агар ҳаҷми парранда мисли одам бошад, чӣ қадар вай аз одам дида бисёртар хӯрок мехӯрад. Ҳарчанд онҳо барои пайдо кардани хӯрок шудгор накунанд ва дона накоранд ҳам, Яҳува ба онҳо ризқу рӯзӣ мерасонад (Заб. 146:9). Лекин Худо хӯрокро дар нӯли онҳо намемонад-ку! Паррандаҳо бояд худашон хӯрок кобанд ва барои онҳо хӯрок фаровон аст.

12 Исо боварӣ дошт, ки агар Яҳува нисбати паррандагон ғамхорӣ кунад, пас бешубҳа талаботи асосии одамизодро қонеъ карда метавонад [1] (1 Пет. 5:6, 7). Худо хӯрокро дар даҳони мо намемонад, лекин Ӯ меҳнати моро барои дарёфт кардани хӯрока ё ба даст овардани чизҳои лозима баракат медиҳад. Агар мо ба ягон чиз мӯҳтоҷ шавем, Яҳува дигаронро бармеангезад, ки ба мо кӯмак расонанд. Ҳарчанд Исо дар барои лонаи паррандагон ҳеҷ чиз нагуфта бошад ҳам, Яҳува ба онҳо инстинкт, қобилият ва чизҳои лозима додааст, то ки онҳо барои худашон лона созанд. Яҳува ба мо низ барои ёфтани сарпаноҳ кӯмак мерасонад.

13. Чӣ исбот мекунад, ки мо аз паррандагон дида бештар қадр дорем?

13 Исо аз шунавандагонаш пурсид: «Оё шумо аз онҳо [паррандагони осмон] хеле беҳтар нестед?» Бешубҳа, Исо дар хотир дошт, ки ба наздикӣ ҳаёташро барои одамизод қурбон мекунад. (Бо Луқо 12:6, 7 муқоиса кунед.) Исо ҷонашро барои ягон махлуқоти дигар надод. Ӯ на барои паррандагони осмон, балки барои мо ҷонашро фидо кард, то ки аз ҳаёти ҷовидона баҳра барем (Мат. 20:28).

14. Чаро ғам хӯрдан бефоида аст?

14 Матто 6:27-ро хонед *. Чаро Исо гуфт, ки шахсе ки бисёр ғам мехӯрад, умрашро каме ҳам дароз карда наметавонад? Бо ин суханонаш ӯ гуфтани буд, ки мо дар бораи ниёзҳоямон ғам хӯрда умри худро дароз карда наметавонем. Дар ҳақиқат агар мо аз ҳад зиёд ғам хӯрем оқибат касал мешавем ва умрамон кӯтоҳ шуданаш мумкин.

15, 16. а) Мо аз ғамхории Яҳува нисбати «савсанҳои саҳро» чӣ омӯхта метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Кадом саволҳоро ба худ дода метавонем ва чаро?

15 Матто 6:28–30-ро хонед. Ҳамаи мо мехоҳем, ки сару либоси зебо дошта бошем, махсусан вақте ки ба хизмат, ҷамъомад ва анҷуманҳо меравем. Агар ҳамин хел бошад, магар «барои либос» ғам хӯрдан зарур аст? Исо бори дигар ба шогирдонаш ёдрас кард, ки чӣ тавр Яҳува дар бораи офаридаҳояш ғамхорӣ мекунад. Дар ин маврид мо аз «савсанҳои саҳро» бисёр чизро омӯхта метавонем. Исо «савсанҳои саҳро» гуфта, шояд чунин гулҳоро ба монанди гули ёқут, сунбул, савсанҳои бунафшранг ва лоларо дар назар дошт, ки ҳамаашон ба таври худ зебоянд. Ин гулҳо барои худ ришта намересанд ва сару либоси зебо намебофанд. Вале онҳо то ҳамин дараҷа зебо мебошанд, ки Исо чунин гуфт: «Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст»!

16 Дар бораи гуфтаҳои зерини Исо фикр кунед: «Агар Худо алафи саҳроро... чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонида наметавонад!» Албатта, метавонад! Вале ба шогирдони Исо имон намерасид (Мат. 8:26; 14:31; 16:8; 17:20). Онҳо бояд имону бовариашонро ба Яҳува қавитар мегардонданд. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо боварии комил дорем, ки Яҳува моро таъмин карда метавонад ва барои ин хоҳиш дорад?

17. Чӣ ба муносибати мо бо Яҳува таъсир карда метавонад?

17 Матто 6:31, 32-ро хонед. Бисёр одамоне ки Яҳуваро намешиносанд аз паи ба даст овардани пулу моли бисёр шуданд. Аммо агар мо чунин кунем, ин муносибати моро бо Худо вайрон карда метавонад. Мо медонем, ки Яҳува Падари мост ва моро дӯст медорад. Барои ҳамин мо бояд боварӣ дошта бошем, ки агар ҳамавақт хости Худоро иҷро кунем ва Салтанати Ӯро дар ҷои якум монем, Ӯ ба мо ҳама чизҳои даркориро медиҳад. Содиқӣ ба Худо бояд моро барангезад, ки бо «хӯрок ва либос»-амон қаноат кунем (1 Тим. 6:6–8).

ОЁ САЛТАНАТИ ХУДО ДАР ҶОИ АВВАЛИ ҲАЁТАТОН МЕИСТАД?

18. Яҳува дар бораи ҳар яки мо чиро медонад ва барои мо чӣ кор мекунад?

18 Матто 6:33-ро хонед. Агар мо кори Салтанатро дар ҷои аввал монем он вақт Яҳува ҳама чизҳои ба мо даркориро медиҳад. Исо фаҳмонд, ки чаро мо ба ин боварӣ карда метавонем. Ӯ гуфт: «Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред». Яҳува пеш аз мо медонад, ки мо ба чӣ ниёз дорем (Флп. 4:19). Худо медонад, ки кадом вақт ба мо сару либос лозим аст. Ҳамчунин Ӯ медонад, ки мо ба ғизо ниёз дорем ва кадом хона ба мову оилаамон мувофиқ аст. Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки чизҳоеро, ки ба он ниёз дорем, албатта, ба мо медиҳад.

19. Чаро мо набояд дар бораи оянда аз ҳад зиёд ғам хӯрем?

19 Матто 6:34-ро хонед. Аҳамият диҳед, Исо бори дуюм гуфт, ки «барои фардо ғамхорӣ накунед». Яҳува ниёзҳои ҳаррӯзаи моро қонеъ мекунад. Аз ин рӯ мо набояд дар бораи оянда аз ҳад зиёд ғам хӯрем. Агар шахс дар бораи оянда аз ҳад зиёд ғам хӯрад, ӯ на ба Худо, балки ба худаш такя мекунад ва муносибаташ бо Яҳува зарар дида метавонад (Мас. 3:5, 6; Флп. 4:6, 7).

АВВАЛ САЛТАНАТИ ХУДОРО ҶӮЕД ВА ЯҲУВА БА ШУМО ҒАМХОРӢ МЕКУНАД

Оё барои пешравии кори Салтанат ҳаётатонро одӣ карда метавонед? (Ба сархати 20 нигаред.)

20. а) Шумо кадом мақсадҳои рӯҳониро гузошта метавонед? б) Чӣ хел ҳаётатонро одӣ карда метавонед?

20 Агар мо чизпараст бошем, қурбониҳое, ки барои пешравии кори Салтанат мекунем, бефоидаанд. Мо бояд мақсадҳои рӯҳонӣ монем. Масалан, оё шумо ба ҷамъомаде гузашта метавонистед, ки дар он ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад? Оё шумо чун пешрав хизмат карда метавонистед? Агар пешрав бошед, оё мақсади дар Мактаб барои воизони Салтанат таҳсил карданро доред? Оё шумо чун ихтиёрӣ дар Байт-Ил ва ё дар офисҳои дурдасти тарҷумонӣ хизмат карда метавонистед? Ё шумо аъзои муваққатии шӯъбаи лоиҳа ва сохтмони маҳаллӣ шуда дар сохтмони Толорҳои Салтанат иштирок карда метавонистед? Дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр ҳаётатонро одӣ гардонида дар фаъолияти Салтанат саҳми бештари худро гузошта метавонед. Бо дуо оиди чорчӯбаи «Тарзи одӣ кардани ҳаёт» мулоҳиза ронед ва барои амалӣ гардонидани мақсадатон қадамҳо гузоред.

21. Барои ба Яҳува наздик шудан чӣ ба мо кӯмак мерасонад?

21 Исо беҳуда нагуфт, ки мо аввал Салтанатро ҷӯем, на чизу чораро. Агар ин тавр кунем, ба мо ҳеҷ вақт лозим намеояд, ки дар бораи ниёзҳои моддиамон ғам хӯрем. Агар мо пурра ба Яҳува такя кунем ва ба Ӯ наздиктар шавем, мо кӯшиш намекунем, ки ҳар як хоҳишамонро иҷро карда чизеро, ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад, харем, ҳатто агар барои хариданаш имкон дошта бошем ҳам. Ҳаёти худро аз ҳозир одӣ кардан ба мо кӯмак мерасонад, ки «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» созем (1 Тим. 6:19).

^ [1] Сархати 12. Барои фаҳмидани он ки чаро Яҳува баъзан роҳ медиҳад, ки ходимонаш аз норасоии хӯрокворӣ танқисӣ кашанд, ба «Саволҳои хонандагон», дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 сентябри соли 2014, саҳ. 22 нигаред.

^ сарх. 14 «Кадоме аз шумо ташвиш кашида умри худро ақаллан каме дароз карда метавонад?» (Матто 6:27, ТДН)