Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Бо гирякунандагон гиря кунед»

«Бо гирякунандагон гиря кунед»

«Ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед» (1 ТАС. 5:11).

СУРУДҲО: 53, 28

1, 2. Чаро донистан лозим аст, ки чӣ тавр шахсони ғамзадаро тасаллӣ диҳем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

«АЗ МАРГИ писарамон қариб як сол гузашта бошад ҳам, дили мо то ҳол реш-реш аст»,— мегӯяд хоҳаре бо номи Сюзи. Ҳамчунин бародаре, ки занашро ногаҳон аз даст дод, мегӯяд, ки баъди вафоти занаш дарди ҷонгудозеро ҳис кард. Сад афсӯс, шумораи чунин шахсони мусибатзада кам нест. Барои бисёр бародарону хоҳарон марги шахси наздикашон ногаҳонӣ буд, зеро онҳо гумон намекарданд, ки то Ҳармиҷидӯн онҳоро аз даст медиҳанд. Эҳтимол, касе аз наздиконатон вафот кардааст ё шумо шахсеро медонед, ки мотамзада аст. Агар чунин бошад, шояд шумо фаҳмидан хоҳед, ки чӣ тавр шахсони ғамзадаро тасаллӣ додан мумкин аст.

2 Баъзан мегӯянд, ки табиби беҳтарин вақт аст. Магар захми дили мотамзада танҳо бо гузашти вақт шифо меёбад? Зане, ки ҳамсараш вафот кардааст, дар ин бора мегӯяд: «Ба фикрам, чунин гуфтан дурусттар мебуд: шифобахш будан ё набудани вақт аз чӣ тавр истифода бурдани он вобаста аст». Чи тавре ки барои сиҳат шудани ягон ҷароҳат вақт ва табобат лозим аст, ҳамон тавр барои шифо ёфтани захми дил низ вақту ғамхорӣ лозим аст. Вале, чӣ ҷароҳатҳои дили мусибатзадагонро дармон бахшида метавонад?

ЯҲУВА — «ХУДОИ ҲАР ТАСАЛЛО»

3, 4. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ғаму ғуссаи шахсони мусибатзадаро мефаҳмад?

3 Сарчашмаи асосии тасаллӣ, бешубҳа, Падари дилсӯзамон Яҳува мебошад. (2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед.) Яҳува, ки намунаи беҳтарини дилсӯзиву ғамхорӣ аст, ба халқаш чунин мегӯяд: «Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам» (Иш. 51:12; Заб. 118:50, 52, 76).

4 Худои мо низ, ки Падари марҳаматҳо мебошад, марги шахсони барояш азизро, масалан, Иброҳим, Исҳоқ, Мусо ва Довудро, дидааст (Ад. 12:6–8; Мат. 22:31, 32; Аъм. 13:22). Дар Каломи Ӯ гуфта шудааст, ки Яҳува бесаброна аз нав зинда шудани ин ходимонашро интизор аст (Айюб 14:14, 15). Пас аз эҳё шудан онҳо саломатии комил дошта хушу хурсандона зиндагӣ хоҳанд кард. Ғайр аз ин, Яҳува марги пуразоби Писари азизашро дида буд (Мат. 3:17). Дарду ранҷеро, ки Ӯ он вақт кашид, бо сухан баён кардан душвор аст (Юҳ. 5:20; 10:17).

5, 6. Чӣ тавр Яҳува моро тасаллӣ медиҳад?

5 Мо боварии комил дорем, ки Яҳува моро тасаллӣ медиҳад. Барои ҳамин мо ба Ӯ дуо гуфта дили пурдарди худро холӣ мекунем. Яҳува дарду ғами моро мефаҳмад ва тасаллӣ дода метавонад. Биёед бинем, ки Ӯ инро чӣ тавр мекунад.

6 Худо моро бо рӯҳулқудсаш тасаллӣ медиҳад (Аъм. 9:31). Рӯҳулқудси Худо манбаи пурзӯри тасалло мебошад. Исо ваъда дода буд, ки Падари осмониамон бо майлу хоҳиши зиёд «ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13). Сюзи, ки суханонашро дар боло оварда будем, мегӯяд: «Борҳои зиёд ману шавҳарам ба зону афтода аз Яҳува зора мекардем, ки моро тасаллӣ диҳад ва ҳар дафъа осоиштагии Худо дилҳои мо ва фикрҳои моро нигаҳбонӣ мекард». (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.)

ИСО — САРКОҲИНИ ДИЛСӮЗ

7, 8. Чаро мо дилпурем, ки Исо моро тасаллӣ дода метавонад?

Вақте ки Исо дар рӯйи замин мезист, ӯ дар гуфтору рафтор ба Падари ғамхораш пайравӣ карда нишон медод, ки нисбати ғаму дарди одамон бепарво нест (Юҳ. 5:19). Ӯ барои он фиристода шуд, ки «шикастадилон» ва «ҳамаи мотамзадагонро» тасаллӣ бахшад (Иш. 61:1, 2; Луқ. 4:17–21). Одамон медиданд, ки Исо ба ғаму дарди дигарон шарик аст ва онро сабук кардан мехоҳад (Ибр. 2:17).

8 Исо аллакай дар ҷавониаш бо марги хешовандон ва шиносонаш рӯ ба рӯ шуда буд. Эҳтимол, падархонди ӯ, Юсуф, ҳанӯз дар ҷавонии Исо мурда буд *. Тасаввур кунед, ки марги падар ба Исои нармдилу меҳрубон, ки он вақт наврас ё навҷавон буд, чӣ қадар ғаму ғусса овард ва чӣ тавр дидани дарди модар ва бародару хоҳаронаш барои ӯ душвор буд.

9. Вақте Лаъзор мурд, чӣ тавр Исо нишон дод, ки ғаму дарди дигаронро мефаҳмад?

9 Исо борҳо нишон дод, ки дарди дигаронро нағз мефаҳмад. Масалан, вақте ки дӯсти наздикаш Лаъзор мурд, Исо дид, ки то чӣ андоза Марям ва Марто азоб мекашанд. Ҳарчанд ӯ медонист, ки Лаъзорро зинда мекунад, бо тамоми вуҷудаш ғаму андӯҳи он хоҳаронро ҳис кард ва дилаш сӯхта гиря кард (Юҳ. 11:33–36).

10. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Исо имрӯз низ ҳамдард аст?

10 Оё Исо имрӯз низ дилсӯзӣ ва ҳамдардӣ зоҳир мекунад? Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст» (Ибр. 13:8). Азбаски худи Исо, «Сарвари ҳаёт», чӣ будани ғаму дарди мотамзадагиро медонад, ӯ ба онҳое, ки азобу уқубат мекашанд, кӯмак расонда метавонад (Аъм. 3:15; Ибр. 2:10, 18). Мо боварӣ дошта метавонем, ки ӯ ҳоло ҳам ба азоби дигарон бепарво нест, дарду ғами мусибатзадагонро нағз мефаҳмад ва «саридарвақт» дилбардорӣ мекунад. (Ибриён 4:15, 16-ро хонед.)

САБР ВА ТАСАЛЛӢ АЗ НАВИШТАҲО

11. Кадом оятҳо шуморо бештар тасаллӣ медиҳанд?

11 Воқеае, ки ҳангоми марги Лаъзор рӯй дод, танҳо яке аз порчаҳои тасаллибахши Каломи Худост. Ин ҳайратовар нест, «зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Агар шумо аз ғами ҷигарсӯзи марги наздикон азоб кашида истода бошед, аз оятҳои зерин тасалливу оромӣ ёфта метавонед:

  • «Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Заб. 33:19, 20).

  • «Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» (Заб. 93:19).

  • «Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст, бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо... устувор гардонад» (2 Тас. 2:16, 17) *.

ҶАМЪОМАД — МАНБАИ ТАСАЛЛӢ

12. Беҳтарин ёрдами мо ба одамони ғамгин кадом аст?

12 Манбаи дигари тасаллӣ барои одамони ғамдор ҷамъомад мебошад. (1 Таслӯникиён 5:11-ро хонед.) Шумо чӣ кор карда метавонед, то онҳоеро, ки «рӯҳи ғамгин» доранд, дилбардорӣ кунед ва қавӣ гардонед? (Мас. 17:22). Фаромӯш накунед, ки «вақте барои хомӯш мондан ва вақте барои сухан рондан» ҳаст (Воиз 3:7). Бевазане бо номи Делен мегӯяд: «Одами мотамзада фикру ҳиссиёти худро гап задан мехоҳад. Барои ҳамин беҳтарин ёрдаме, ки дигарон карда метавонанд, ин гапашро набурида гӯш кардан аст». Юния, ки бародараш худкушӣ карда буд, мегӯяд: «Ғаму дарди каси дигарро пурра нафаҳмед ҳам, зиқ нашавед. Муҳим он аст, ки шумо мехоҳед вайро фаҳмед».

13. Ҳангоме ки ба сари кас мусибат меояд, мо бояд чиро ба назар гирем?

13 Ба назар гиред, ки ғаму дарди онҳое, ки ба сарашон мусибат меояд, ҳар хел аст ва ҳар кас онро ҳар хел баён мекунад. Баъзан танҳо худи шахс медонад, ки дили ӯ аз марги шахси наздикаш то чӣ андоза хун гаштааст. Ба ӯ баён кардани он чизе ки дар таги дилаш аст, осон нест. Дар Каломи Худо навишта шудааст: «Дил талхии ҳиссиёти худро медонад, ва дар шодии вай бегонае иштирок надорад» (Мас. 14:10). Ҳатто вақте ки шахс ҳиссиёташро мегӯяд, фаҳмидани он чизе, ки ӯ гуфтанӣ аст, ба дигарон на ҳама вақт осон аст.

14. Чӣ тавр шахсони мусибатзадаро тасаллӣ додан мумкин аст?

14 Баъзан мо ба онҳое, ки дилашон пурдарду алам аст, чӣ гуфтанро намедонем. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки «забони хирадмандон офият мебахшад», яъне шифо медиҳад (Мас. 12:18). Бисёриҳо суханони тасаллибахшро аз брошураи «Вақте ки шахси наздике мемирад» ёфтанд *. Лекин одатан кӯмаки беҳтарин ин «бо гирякунандагон» гиря кардан аст (Рум. 12:15). Габи, ки шавҳарашро аз даст додааст, мегӯяд: «Дили ман бо гиря гап мезанад. Барои ҳамин, вақте ки дӯстонам ҳамроҳи ман гиря мекунанд, ғамам сабуктар мешавад. Дар ин хел вақтҳо ман ҳис мекунам, ки бо дарду алами худ танҳо нестам».

15. Агар ба мо шахсро рӯ ба рӯ тасаллӣ додан душвор бошад, чӣ кор карда метавонем? (Инчунин ба чорчӯбаи « Суханоне, ки тасаллӣ медиҳанд» нигаред.)

15 Агар бароятон шахсро рӯ ба рӯ тасаллӣ додан душвор бошад, ӯро ба воситаи хат, СМС ё номаи электронӣ тасаллӣ диҳед. Дар нома шумо метавонед ояти рӯҳбаландкунанда ва ё баъзе хислатҳои каси вафоткардаро нависед. Инчунин хотираҳои хуберо, ки дар борааш доред, ёдрас кардан мумкин аст. Юния мегӯяд: «Вақте ки маро бо номаи кӯтоҳе рӯҳбаланд мекунанд ё ба меҳмонӣ даъват менамоянд, ин ба ман хеле ёрдам мекунад. Он гоҳ ман ҳис мекунам, ки маро дӯст медоранд ва нисбатам ғамхоранд».

16. Боз як тарзи тасаллӣ додан кадом аст?

16 Дуо гуфтан бо онҳое, ки шахси наздикашонро аз даст додаанд, ғаму андӯҳашонро камтар мекунад. Шояд дар вақти ғам фикрҳои худро гуфтан осон нест, лекин дуое, ки аз таҳти дил гуфта мешавад, бо гиряву овози ларзон бошад ҳам, ба дарди чунин шахсон давою дармон мешавад. Делен, ки дар борааш гуфта будем, ба хотир меорад: «Баъзан, вақте ки хоҳарон ба наздам меомаданд, ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки дуо гӯянд. Дуоро сар кардан ба онҳо осон набуд, вале баъди андаке аз овозашон маълум буд, ки онҳо худро ба даст гирифтаанд ва суханоне мегуфтанд, ки то мағзи дилам рафта мерасиданд. Имони мустаҳкам, муҳаббат ва ғамхории онҳо имони маро устувортар мекард».

ТАСАЛЛӢ ДОДАНРО БАС НАКУНЕД

17–19. Чаро бояд тасаллӣ доданро давом диҳем?

17 Аниқ гуфтан мумкин нест, ки барои сабуктар шудани дарду ғами шахс чанд вақт лозим аст. Одатан дар рӯзҳои аввал ёрон ва хешу табори бисёр ба дилбардорӣ меоянд, вале баъдтар ҳама ба кору бори худ банд мешаванд. Аз ин рӯ барои тасаллӣ додан ҳамеша тайёр бошед. «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад» (Мас. 17:17). Мо, ҳамимонон, бояд то шифо ёфтани захми дили шахс барояш манбаи оромию тасаллӣ бошем. (1 Таслӯникиён 3:7-ро хонед.)

18 Баъзе санаҳо, суруду мусиқӣ, суратҳо, ҳатто бӯйҳо, садоҳо ё мавсими сол сабаби тоза шудани дарду ғами шахс шуда метавонад. Бисёр корҳое, ки ҳамсари танҳо бори аввал як худаш мекунад, масалан, ба анҷуман ё Шоми ёдбуд меравад, дарднок мешавад. Як бародар мегӯяд: «Ман медонистам, ки бори аввал бе занам рӯзи тӯямонро пешвоз гирифтан хеле дардовар мешавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Лекин якчанд бародару хоҳар дӯстони наздикамро ба хонаам даъват карданд, то ки ман танҳо набошам».

19 Аммо рӯҳбаландӣ на танҳо дар рӯзҳои махсус даркор аст. Хоҳар Юния мегӯяд: «Бисёр вақт маро дар рӯзҳое хабар мегирифтанд, ки бо ҳеҷ гуна хотираҳо алоқаманд набуданд. Ман ин хел дастгириро хеле қадр мекардам ва аз он тасаллӣ меёфтам». Албатта, ҳама дарду ғами чунин шахсонро дур кардан ё ҷойи шахси вафоткардаро пур намудан аз дасти мо намеояд, лекин мо ғами онҳоро камтар карда метавонем (1 Юҳ. 3:18). Хоҳар Габи ба ёд оварда мегӯяд: «Ман аз Яҳува аз таҳти дил миннатдорам, ки пирони меҳрубону ғамхор дар лаҳзаҳои душвор ҳамроҳам буданд. Дар ин хел вақтҳо ман ҳис мекардам, ки Яҳува бо меҳру муҳаббат маро ба оғӯш гирифтааст».

20. Худо барои тасаллӣ додани шахсони мусибатзада чӣ ваъда додааст?

20 Чӣ тасаллибахш аст донистани он ки Яҳува, Худои ҳар тасалло, оқибат ҳама ғаму ғуссаро дур мекунад. Ба наздикӣ «ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро [Масеҳро] хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад». Он гоҳ Худо дили наздиконашонро пурра таскину тасаллӣ хоҳад дод (Юҳ. 5:28, 29). Ӯ ваъда медиҳад, ки «маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва... ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард» (Иш. 25:8). Он вақт ҳамаи сокинони замин дигар «бо гирякунандагон» гиря намекунанд, балки «бо шодикунандагон» шодӣ хоҳанд кард (Рум. 12:15).

^ сарх. 8 Мувофиқи Китоби Муқаддас ҳангоми 12-сола будани Исо Юсуф зинда буд. Лекин, вақте ки Исо мӯъҷизаи якуми худро ба амал овард, яъне обро ба шароб табдил дод, дар бораи Юсуф чизе гуфта нашудааст. Баъд аз ин воқеа низ дар бораи ӯ ёдрас карда намешавад. Ҳангоме ки Исо дар сутуни азобу шиканҷа буд, ӯ модараш Марямро ба Юҳаннои ҳавворӣ супурд, то ба вай ғамхорӣ кунад. Агар Юсуф зинда мебуд, Исо чунин намекард (Юҳ. 19:26, 27).

^ сарх. 11 Дигар оятҳое, ки бисёриҳоро тасаллӣ бахшиданд, инҳоянд: Забур 19:2, 3; 30:8; 37:9, 10, 16; 54:23; 120:1, 2; Ишаъё 57:15; 66:13; 1 Петрус 5:7 ва Филиппиён 4:13.

^ сарх. 14 Ҳамчунин ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1 ноябри с. 2010, ба мақолаи «Мисли Исо ғамзадагонро тасаллӣ диҳед», нигаред.