Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо бояд Яҳуваро ҳамд гӯем?

Чаро мо бояд Яҳуваро ҳамд гӯем?

«Худои моро сароидан... ҳамду санои шоиста аст» (ЗАБ. 146:1).

СУРУДҲО: 9, 23

1–3. а) Забур 146 ва 147, эҳтимол, кай навишта шудааст? б) Мо аз ин таронаҳои Забур чӣ меомӯзем?

ОДАТАН, вақте кор ва ё гапи ягон кас ба мо маъқул мешавад, мо ӯро таъриф мекунем. Вале барои Яҳуваро ҳамду сано гуфтан мо сабабҳои зиёдтар дорем. Мо Ӯро барои қуввати бепоёнаш, ки дар офаридаҳояш дидан мумкин аст, ва муҳаббаташ, ки дар қурбон кардани Писари азизаш зоҳир гашт, ҳамд мегӯем.

2 Нависандаи Забур 146 ва 147 сахт хоҳиш дошт, ки Яҳуваро ҳамду сано гӯяд. Ӯ дигаронро низ бармеангехт, ки Худоро бо вай якҷоя ҳамд гӯянд. (Забур 146:1, 7 ва 147:1-ро хонед.)

3 Мо намедонем, ки ин таронаро кӣ навиштааст. Эҳтимол, нависандаи он дар замони аз асирии Бобил баргаштани исроилиён зиндагӣ кардааст (Заб. 146:2). Таронасаро Яҳуваро барои ба ватани худ баргаштан ва ибодати покро барқарор кардани халқаш ҳамд мегӯяд. Забурнавис барои ҳамд гуфтани Яҳува дигар сабабҳо низ дошт. Кадом сабабҳо? Худи шумо барои ҳамду сано хондани Яҳува, чӣ сабабҳо доред? Биёед ҷавоби ин саволҳоро дида бароем.

ЯҲУВА ДИЛШИКАСТАГОНРО ШИФО МЕБАХШАД

4. Вақте подшоҳ Куруш исроилиёнро озод кард, онҳо чӣ ҳис карданд ва чаро?

4 Танҳо тасаввур кунед, ки исроилиёни асиргашта худро дар Бобил чӣ хел ҳис мекарданд. Онҳое, ки исроилиёнро ба ғуломӣ бурданд, масхара карда мегуфтанд: «Барои мо аз сурудҳои Сион бихонед». Аммо исроилиён барои суруд хондан на хоҳиш ва на сабаб доштанд, чунки Ерусалим валангор шуда буд (Заб. 136:1–3, 6). Онҳо дилшикаста гардида ба рӯҳбаландию тасаллӣ мӯҳтоҷ буданд. Аммо, чи тавре ки Яҳува пешгӯйӣ намуд, Куруш, подшоҳи Форс, онҳоро наҷот дод. Ин подшоҳ Бобилро забт намуда гуфт: «Худованд... ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим... хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста биравад» (2 Вақ. 36:23). То чӣ андоза ин суханон исроилиёнро тасаллӣ бахшиданд!

5. Забурнавис дар бораи қудрати шифо бахшидани Худо чӣ гуфт?

5 Яҳува на фақат халқи Исроилро тасаллӣ медод. Инчунин Ӯ ҳар як шахсро дар алоҳидагӣ тасаллӣ медод. Имрӯз ҳам Худо ҳамин хел амал мекунад. Забурнавис дар бораи Яҳува навишта буд: «Дилшикастагонро шифо мебахшад, ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад» (Заб. 146:3). Дар вақти касалӣ ва ё рӯҳафтодагӣ мо дилпур буда метавонем, ки Худо дар бораамон ғамхорӣ мекунад. Яҳува сахт мехоҳад, ки моро тасаллӣ диҳад ва дарду азобамонро кам кунад (Заб. 33:19; Иш. 57:15). Ӯ ба мо хирад ва қувват медиҳад, то ҳар гуна душвориҳоро паси сар карда тавонем (Яъқ. 1:5).

6. Мо аз суханони забурнавис, ки дар Забур 146:4 оварда шудаанд, чӣ гуна тасаллӣ мегирем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

6 Забурнавис ба осмон нигоҳ карда гуфт, ки Яҳува «миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад» ва «ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад» (Заб. 146:4). Таронасаро ситораҳоро медид, аммо ҳатто тасаввур намекард, ки то чӣ андоза онҳо сершуморанд. Дар рӯзҳои мо олимон муайян кардаанд, ки шумораи ситораҳо хеле зиёд аст. Баъзеи онҳо тахмин мекунанд, ки танҳо дар галактикаи Роҳи Каҳкашон миллиардҳо ситора вуҷуд дорад. Дар коинот бошад, шояд садҳо миллиард галактика мавҷуд аст. Дар ҳақиқат, мо ситораҳоро ҳисоб карда наметавонем, аммо Яҳува на танҳо шумораашонро, балки номи ҳар яки онҳоро медонад (1 Қӯр. 15:41). Дар бораи одамон, ки офаридаҳои заминии Ӯ мебошанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё Худое, ки ҳар як ситораро бо номаш медонад, шуморо намешиносад? Бале, Худо медонад, ки шумо дар куҷоед, худро чӣ хел ҳис мекунед ва ба чӣ мӯҳтоҷед. Ӯ ҳама вақт аз ҳолу аҳволи шумо бохабар аст.

7, 8. а) Яҳува дар бораи мо чиро медонад? б) Чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки моро нағз мефаҳмад? Мисол оред.

7 Яҳува на фақат шуморо мешиносад, балки қудрат ва хоҳиши ба шумо ёрдам карданро дорад. (Забур 146:5-ро хонед.) Шояд шумо фикр кунед, ки вазъиятатон аз ҳад душвор аст ва шумо қувваи онро бардоштан надоред. Яҳува шуморо нағз мефаҳмад, Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (Заб. 102:14). Мо аз рӯйи нокомилиамон такрор ба такрор хато мекунем. Чӣ қадар мо аз суханон, хоҳишҳо ва рашку ҳасади нодурустамон пушаймонем! Ҳарчанд Яҳува ҳеҷ гоҳ хато намекунад, Ӯ ҳиссиёти моро нағз мефаҳмад, зеро хиради бепоён дорад (Иш. 40:28).

8 Бисёри ходимони Худо дар вақти душвориҳо дасти Яҳуваро дида буданд (Иш. 41:10, 13). Масалан, вақте Киёко ном хоҳари пешравро ба дигар ҷой таъйин карданд, ӯ рӯҳафтода гардид. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки ин хоҳарро нағз мефаҳмад? Дар ҷамъомади наваш бисёриҳо ҳиссиёти ӯро мефаҳмиданд. Ӯ ҳис мекард, ки гӯё Яҳува ба вай чунин гуфтан мехоҳад: «Ман туро дӯст медорам, на барои он ки пешрав мебошӣ, балки, барои он ки ту худатро ба ман бахшидӣ ва духтарам ҳастӣ. Ман мехоҳам, ки ту чун Шоҳиди Ман хурсанд бошӣ!» Оё шумо ҳам дар ҳаёти худ ҳис кардед, ки Худо шуморо нағз мефаҳмад?

ЯҲУВА МОРО БО ЧИЗҲОИ ЗАРУРӢ ТАЪМИН МЕКУНАД

9, 10. Ёрдами аз ҳама муҳиме, ки Яҳува ба мо мерасонад, кадом аст? Мисол оред.

9 Ҳамаи мо ба хӯрок, пӯшок ва дигар чизҳои зарурӣ эҳтиёҷ дорем. Шояд шумо аз норасоии хӯрок ғам хӯред. Аммо Яҳува заминро тавре офаридааст, ки ҳосилоташ ба ҳама, ҳатто ба «бачаҳои зоғ, ки сӯи Ӯ мехонанд», мерасад. (Забур 146:8, 9-ро хонед.) Агар Яҳува ба зоғҳо ғамхорӣ мекарда бошад, пас, оё ба мо ғамхорӣ нахоҳад кард? (Заб. 36:25).

10 Аз ҳама муҳимаш, Яҳува моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ таъмин мекунад. Инчунин Ӯ ба мо осоиштагии Худро, ки «аз ҳар хирад болотар аст», медиҳад (Флп. 4:6, 7). Биёед мисоли Мутсуо ва занашро дида бароем. Вақте соли 2011 дар Ҷопон сунами рӯй дод, онҳо дасти Яҳуваро дар ҳаёташон баръало диданд. Ҳамсарон ба болои боми хонаашон баромада ҷонашонро аз марг халос карданд. Он рӯз онҳо қариб тамоми чизу чораашонро аз даст доданд. Бародар Мутсуо ва занаш шаби хунук ва тираву торро дар ошёнаи дуюми хонаи вайронаашон гузаронданд. Саҳар онҳо дар байни харобаҳо ягон чизи рӯҳбаландкунанда мекофтанд. Ягона китобе, ки онҳо ёфтанд, ин «Солномаи Шоҳидони Яҳува — 2006» буд. Ногаҳ чашми Мутсуо ба сарлавҳаи «Сунамии даҳшатноктарин дар таърих» афтид. Дар он мақола дар бораи заминҷунбие, ки соли 2004 дар Суматра рӯй дод, нақл шуда буд. Ин заминҷунбӣ аз паси худ сунамии хеле калон ва харобкунандае овард, аз ин рӯ он дар таърих чун сунамии даҳшатноктарин қайд гардидааст. Вақте Мутсуо ва занаш онро хонданд, гиря карданд. Ин ҳамсарон ҳис карданд, ки Худо саривақт ба онҳо кӯмак намуд. Инчунин Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон ба ҳамсарон аз ҷиҳати моддӣ ёрдам кард. Аммо, вақте намояндае аз Кумитаи филиал ҷамъомади онҳоро хабар гирифт, онҳо қуввату рӯҳбаландии бештар гирифтанд. Мутсуо мегӯяд: «Ман ҳис кардам, ки Яҳува гӯё дар пеши ҳар яки мост ва ба мо ғамхорӣ мекунад. Ин, дар ҳақиқат, тасаллибахш аст!» Чи хеле ки дидем, Яҳува пеш аз ҳама моро рӯҳан дастгирӣ мекунад, лекин Ӯ аз ҷиҳати моддӣ таъмин карданамонро низ фаромӯш намесозад.

АЗ ЁРДАМИ ЯҲУВА БАҲРА БАРЕД

11. Онҳое, ки аз ёрдами Яҳува баҳра бурдан мехоҳанд, чӣ кор бояд кунанд?

11 Яҳува ҳамеша тайёр аст, ки «ҳалимонро... тақвият» диҳад (Заб. 146:6а). Агар мо бо Худо муносибати мустаҳкам дошта бошем, аз ин кӯмаки Ӯ фоида гирифта метавонем. Барои ин зарур аст, ки ҳалимию хоксориро дар худ инкишоф диҳем (Саф. 2:3). Одами ҳалиму хоксор босаброна интизор мешавад, ки кай Яҳува беадолатӣ ва ранҷу азоберо, ки ӯ мекашад, бартараф месозад. Ин хел одамон ба Яҳува писанданд.

12, 13. а) Барои он ки Яҳува ба мо ёрдам кунад, бояд аз чӣ дурӣ ҷӯем? б) Чӣ гуна одамон ба Яҳува маъқуланд?

12 Аз тарафи дигар, Яҳува «шариронро то ба замин паст мезанад» (Заб. 146:6б). Ҳеҷ кас намехоҳад, ки ба қаҳри Худо гирифтор шавад. Ҳамаи мо мехоҳем, ки сазовори муҳаббати Яҳува бошем. Барои ҳамин мо бояд он чизеро ки Ӯ бад мебинад, бад бинем (Заб. 96:10). Масалан, мо бояд аз бадахлоқии ҷинсӣ нафрат кунем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд аз ҳар чизе ки моро ба ин кори нодуруст тела медиҳад, аз ҷумла порнография, дурӣ ҷӯем (Заб. 118:37; Мат. 5:28). Шояд бо ин гуна чизҳо мубориза бурдан душвор бошад, аммо саъю кӯшишамон арзанда аст, чунки бо ин роҳ мо соҳиби баракатҳои Худо мешавем.

13 Дар ин гуна мубориза мо бояд на ба қувваи худ ё ягон одами дигар, балки ба қувваи Яҳува такя кунем. Агар мо барои наҷот ёфтан «ба иқтидори асп» ва ё «ба соқҳои одам» такя кунем, оё ин ба Худо маъқул мешавад? Не, албатта! (Заб. 146:10). Ба ҷойи ин мо бояд ба Яҳува часпида Ӯро зориву илтиҷо кунем, ки ба мо кӯмак расонад. Худо одамизод нест, аз ин рӯ, вақте мо такрор ба такрор аз Яҳува ёрдам мепурсем, Ӯ аз шунидани зориҳои мо безор намешавад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худованд ба тарсгорони Худ таваҷҷӯҳ менамояд, ва ба онҳое ки ба эҳсони Ӯ умедворанд» (Заб. 146:11). Яҳува моро дӯст медорад, барои ҳамин мо пурра боварӣ дорем, ки Ӯ барои бо хоҳишҳои нодурустамон мубориза бурдан ба мо ҳамеша ёрдам мекунад.

14. Забурнавис ба чӣ пурра бовар мекард?

14 Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки дар душвориҳоямон кӯмак мекунад. Таронасаро дар бораи ба Ерусалим баргаштани исроилиён фикр карда оиди корҳои Яҳува чунин гуфт: «Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳоятро мустаҳкам мекунад; фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд. Дар ҳудуди ту сулҳу осоиштагӣ барқарор менамояд» (Заб. 147:2, 3). Донистани он ки Яҳува дарвозаҳои Ерусалимро мустаҳкам мекунад, забурнависро боварӣ бахшид, ки Худо ҳатман ходимонашро муҳофизат менамояд.

Чӣ тавр Каломи Худо дар вақти душворӣ ба мо кӯмак мекунад? (Ба сархатҳои 15–17 нигаред.)

15–17. а) Мо аз сабаби душвориҳо худро чӣ хел ҳис карда метавонем ва чӣ тавр Яҳува ба воситаи Каломаш ба мо кӯмак мекунад? б) Мисол оред, ки чӣ тавр Каломи Худо «зуд паҳн мешавад».

15 Шояд шумо аз сабаби ягон душворӣ сахт ғам хӯред, аммо фаромӯш накунед, ки Яҳува барои паси сар кардани душвориҳо ба шумо хирад дода метавонад. Забурнавис дар бораи Яҳува гуфт: «Сухани Худро ба замин мефиристад: сухани Ӯ бағоят зуд паҳн мешавад». Баъд ӯ оиди барф, сармо ва жола сухан ронда қайд кард: «Кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?» Таронасаро илова кард, ки Яҳува «каломи Худро мефиристад ва онҳоро об мекунад» (Заб. 147:4–7). Наход Худои пурқудрат ва бохирад, ки барф ва жоларо идора мекунад, ба шумо барои аз сар гузаронидани ҳар гуна душвориҳо ёрдам карда натавонад?

16 Имрӯз Яҳува моро ба воситаи Каломаш, Китоби Муқаддас, роҳнамоӣ мекунад. «Сухани Ӯ бағоят зуд паҳн мешавад», то дар вақти зарурӣ ба мо роҳнамоӣ кунад. Лаҳзае дар бораи фоидае, ки шумо аз Китоби Муқаддас, адабиёти «ғуломи мӯътамад ва доно», JW бродкастинг, сайти jw.org ва аз сӯҳбат бо пирону дигар ҳамимонон мегиред, фикр кунед (Мат. 24:45). Оё шумо дар ҳаётатон дида будед, ки чӣ тавр Яҳува дар вақти зарурӣ шуморо роҳнамоӣ карда буд?

17 Хоҳаре бо номи Симона дар ҳаёти худ қувваи Каломи Худоро дид. Ӯ худро паст ҳис карда фикр мекард, ки Яҳува аз вай розӣ нест. Аммо, вақте рӯҳафтода мешуд, вай ҳамеша ба Худо дуо гуфта ёрдам мепурсид. Инчунин ӯ хондани Китоби Муқаддас ва оиди он мулоҳиза ронданро давом медод. Симона мегӯяд: «Вазъияте набуд, ки ман дастгирӣ ва роҳнамоии Яҳуваро надида бошам». Ин ба ӯ ёрдам кард, ки ба қадри имкон рӯҳияи мусбиро нигоҳ дорад.

18. Чаро шумо фикр мекунед, ки Яҳува ба шумо наздик аст, ва барои ҳамд гуфтани Ӯ чӣ сабабҳо доред?

18 Таронасаро медонист, ки Яҳува аз байни халқҳо халқи Исроилро чун халқи худ интихоб кардааст. Исроил ягона халқе буд, ки Худо «калом», «фароиз... ва дастурҳои Худро» ба онҳо дода буд. (Забур 147:8, 9-ро хонед.) Имрӯз низ мо ягона халқе мебошем, ки бо исми Худо хонда шудаем. Мо хеле хурсандем, ки Яҳуваро мешиносем ва Каломашро дар ҳаёт истифода мебарем, ҳамчунин имконияти бо Ӯ наздик шуданро дорем. Бешубҳа, мо низ мисли нависандаи Забур 146 ва 147 барои Яҳуваро ҳамду сано хондан ва дигаронро ба ин кор барангехтан сабабҳои зиёд дорем.